пятница, 13 сентября 2019 г.


...Ҳама дидаҳо ба сӯям дӯхта шуданд. Дар оғоз дасту по гум кардам, баъд ба худ омадаму чунин ҳикоят кардам: «Дар деҳаи мо, деҳаи дури кӯҳистон саге буд, бас хурд. Мепиндоштем, ки ӯ бо гузашти сол бузург мешавад, аммо ҳеҷ бузург намешуд. Бар касе кор надошт. На одамеро озор медод, на ҳайвоне хонагиро. Ба соҳибаш мегуфтанд: «Магар дар ин ҷо ба насли саг қаҳтӣ омад, ки ин саги хурдро аз ким- кадом кишвари дур овардӣ»?
Мегуфт: - Магар он шуморо тангӣ кардааст?
Мегуфтанд: - Не, нони маро намехӯрад, аммо барои деҳа айб аст. Ҳеҷ кас охир боре овозашро ҳам нашунидааст. Дарвоқеъ, овоз дорад?
Бечора соҳибаш аз таъну маломат хаста мешуд ва ҳамеша сарафканда буд. Як шаб, чӣ мегӯед, ки гурге хостааст вориди деҳа бишавад. Дигар сагҳои бузург тарсида гурехтаанд. Танҳо ҳамин саг, саги хурд бо гург то ба рӯз муқобилият кардааст. Дар қисмати охири шаб аз он гург захм бармедорад, аммо бо он ҳол ҳам монеаи ворид шудани гург ба деҳа мешавад. Субҳ мардум чун асли воқеаро дармеёбанд ва мебинанд, ки онҳо дар муқобили якдигар қарор доранд, ба тааҷҷуб меафтанд. Ба бузургии неруи он саги хурду вафодории он ба соҳибаш ва аҳли деҳа бовар ҳосил менамоянд. Аммо ҳоли саг бадтар шудан мегирад. Дармеёбанд, ки пас аз чанд муддате бояд бимирад. Ба соҳибаш мегӯянд, маслиҳат медиҳанд, ки сагро бипарронад, то ранҷи ҷонканияшро набинанд ва ҳам  мурдан барои он осон бишавад. Соҳибаш мегӯяд: «Барои ман иҷрои ин кор бисёр душвор мебошад. Мемирам, ба мурдан ризо мешаваму ба ин амал даст намезанам. Не, дастам пеш намеравад. Агар касе аз шумо ин корро ба анҷом мерасонад, марҳамат, ман зид намебароям». Ба ӯ мегӯянд: «Ба ростӣ, мо метарсем, мо аз ин саги ту метарсем. Бо як гург, даранда, ҳайвони ваҳшӣ то ба субҳ муқобилият карду ғолиб омад, мабодо ба мо ҳуҷум биёрад. Аз ту хоҳиш мекунем, ҳайвони безабонро дар ин ҳол во магузор». Оқибат соҳиби саг мераваду аз хона камонро меорад. Ба он дар ҳузури саг тир ворид мекунад. Чашмони саг пур аз об мешавад. Мебинад охир, ки соҳибаш, он нафаре, ки ӯро аз роҳи дур овардаву бо меҳр парварида, ҳолиё мепарронад. Ин гуна мурданро барои худ нанг мешуморад. Неруи нав пайдо мекунад, балки ҳамаи неруи мавҷудаашро ҷамъ меовараду ба сӯи соҳибаш меояд. Онҳое, ки ин манзараро медиданд, метарсанд, ки саг барои ин амали ноҷавонмардона дигар ба соҳибаш ҳеҷ гузаште намекунад ва ӯро пора-пора менамояд. Мехоҳанд ба ёрияш бирасанд, аммо саг, он саги маҷрӯҳ пешдастӣ мекунаду меояд ва пойҳои соҳибашро ба нишони сипосу эҳтироми бузург мебӯсад, балки мелесад ва ҳамон замон, ҳамон ҷо ҷон медиҳад».

Порча аз романи “Марг”-и устод Абдулқодири Раҳим

пятница, 6 сентября 2019 г.

Мусофир

Марди роҳе ё худ мусофири асиле кохи шоҳро дар зимни суҳбат бо ӯ работ хонд. Шоҳ дилозурда шуду ранҷид ва гуфт: - Оё намебинӣ, ки ин кох аст, на работ?
Марди роҳ гуфт: - Аз кӣ ба ту он мерос мондааст?
Шоҳ изҳор дошт: - Аз падарам.
Марди роҳ пурсид:- Падарат низ онро ба мерос гирифтааст?
Шоҳ гуфт: - Оре.
Марди роҳ боз суол кард: - Агар ту аз дори дунё биравӣ, онро ба кӣ ба мерос мегузорӣ?
Шоҳ посух дод: - Бар писарам.
Марди роҳ гуфт:- Магар ҳанӯз ҳам дарнаёфтӣ маконе, ки дар он пеш аз ту зистанд ва ҳам баъд аз ту мезиянд, работ аст, на кох?
Шоҳ бигрист. Чаро? Чунки андешид ва ҳақиқатро дарёфт. Ин гиря бартару беҳтар аз дигар гиряҳо аст. Бар асари ҳар қатра ашк дар чунин ҳол садҳазор гуноҳ бармехезад. Раҳмати Худовандӣ ба ҷӯш меояд, талотум мекунад ва гуноҳ соҳибашро гум мекунад. Шоҳ бар назди он марди роҳ халтаи пур аз зар ниҳод, аммо ӯ онро нагирифт ва гуфт: «Туро ин зар дилбастаи дунё ва душмани уқбо гардонид. Ман бар ту чи бадиеро раво дидам, ки аз дилбастагии уқбо маҳрумам месозӣ»? Шоҳ зимни посух изҳор дошт: «Ин бар ивази панду насиҳат аст». Марди роҳ гуфт: «Оё ман ба мардуми бозор монандам? Дар ин кор хариду фурӯш нест». Шоҳ гуфт: «Аз ман чӣ мехоҳӣ»? Марди роҳ изҳор дошт: «Ту чӣ дорӣ, то ман бихоҳам? Мебинам, ки ҳеҷ чиз надорӣ». Шоҳ пас аз он аҷзи худро дарёфту ба зорӣ гуфт: «Ҳамин ҳолӣ таом меоранд, маро дар хӯрдани он ҳамроҳӣ бикун»! Марди дарвеш оҳи сард аз дили пурдард баровард ва гуфт: «Вақт бар беҳуда сарф кардам. Бар ҳаво сухан намудам, чун дар ту ҳеҷ асари онро наёфтам. Туро шоҳе дигар дар ин кор метавонад ҳамроҳ бошад, на ман, ки марди роҳам.
Аз романи "Марг" - и устод Абдулқодири Раҳим

вторник, 18 декабря 2018 г.

Подош

Ин тасвири мазраъаи Роҷиҳӣ дар шаҳри Бурайдаи вилояти Қасими Арабистони Саудӣ аст. Ин мазраъа дорои 200 000 (дусад ҳазор) дарахтони нахли хурмост. Тамоми мазраъа тамомии он вақф дар роҳи Худо мебошад, ки даромадаш барои Муассисаи хайрияи Ҳарамайни шарифайн (яъне Масҷиди Ҳаром дар Маккаи Мукаррама ва Масҷиди Паёмбар (с) дар Мадинаи Мунаввара) барои ифтори рӯзадорон дар моҳи мубораки Рамазон сарф мешавад ва аз ҷумлаи бузургтарин вақфҳои дар роҳи Аллоҳ дар ҷаҳон мебошад.
Соҳиби ин мазраъаи бузург, миллиардери саудӣ Сулаймони Роҷиҳӣ мегӯяд:
Ман дар хонаводаи фақире зиндагӣ мекардам. Як рӯз муаллимамон аз ҳамаи хонандагон хост, то як риёли саудӣ барои ширкат кардан дар урдугоҳ (лагер) биоварем. Вақте ки дидам, хонаводаам як риёл надоранд, ки маро бидиҳанд, хеле гиря кардам.
Як рӯз пеш аз рафтани хонандагон ба урдугоҳ, ҳангоми  дар синфхона будан, муаллимамон , ки фаластинӣ буд, аз ман суоле кард. Дуруст ҷавоб додам ва ӯ маро як риёл ҷоиза дод ва ҳамаи ҳамсинфонам бароям кафкӯбӣ карданд. Дарҳол бо он як риёл барои рафтан ба урдугоҳ омода шудам ва гиряам табдил ба хушҳолӣ гашт.
Рӯзҳо гузашт ва баъд аз солҳое, ки мактабро хатм намуда будам, кор мекардам. Ногаҳон ба хотирам муаллими фаластиниам расид, ки маро як риёл дода буду мушкили бузургеро аз дӯшам бартараф карда буд. Бе он ки нафаре аз наздиконам огоҳ шавад, тасмим гирифтам ба суроғи он муаллимам биравам ва аз ҳолу аҳволаш бохабар шавам. Тавонистам ӯро пайдо намоям ва бо ӯ мулоқот намоям. Фаҳмидам аз фақру тангдастие, ки ба сараш омадааст, бекор асту қасди бозгашт ба ватанашро дорад. Баъди оне, ки худамро ба ӯ муаррифӣ кардам, ба ӯ гуфтам:
- Эй устоди гиромӣ! Ту чанд сол аст, ки болои ман як қарзи бузурге дорӣ.
Бо тааҷҷуб гуфт:
- Ман аз касе қарздор нестам ва ҳам касе аз ман қарздор нест.
Ба ӯ гуфтам:
- Оё донишомӯзеро, ки як риёл дода будӣ, дар хотир дорӣ?
Баъди оне, ки фикр карда ба ёд овард, лабханде карду гуфт:
- Бале, бале. Ту омадаӣ, ки як риёли маро бозгардонӣ?
Ӯро савори мошин кардаму назди як хонаи боҳашаммати зебое мошинро нигоҳ доштам. Аз мошин пиёда шудему гуфтам:
- Устоди азизам! Ин ҳамон қарзест, ки аз шумо гирифта будам.Бо он мошин ва тамоми ҷиҳози хона, ки барои зиндагӣ муҳаёст.
Муаллимам бо тааҷҷуб ба ман нигаристу ҳайратзада гуфт:
- Ин хеле зиёд аст...
Ба ӯ гуфтам:
- Шояд боварат нашавад, аммо хушҳолии ман бо он як риёли шумо, хеле бештар аз ин хушҳолиатон барои хона, мошин ва тамоми ин чизҳо буд. Он хушҳолии баёдмонданиро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунам.
Сулаймони Роҷиҳӣ дар идомаи ҳикояташ гуфт:
- То метавонӣ дилҳоро шод ва мушкилотро осон кун ва подошашро аз Худованд бихоҳ!
(Муассисаи “Рекордҳои ҷаҳонии Гиннес”, ин вақфро ба унвони бузургтарин вақфи хайрия дар рӯи замин ба қайд гирифта аст. Бузургтарин мазраъаи дарахти хурмои ҷаҳон)
Таҳияи Раҳимов Орзу

четверг, 23 ноября 2017 г.

Боварӣ


Ҳамаашро нағз дар ёд дорам. Наврас будаму хонандаи мактаб. Соли 1992 буд. Дар кишвар бародар муқобили бародар сангар андохт ва силоҳ ҳоким шуд. Тарс ҳама ҷо ва ҳама касро фаро гирифта буд. Кишварро хавфи парокандагӣ таҳдид мекард ва умеду орзуҳо аз ҳама чиз канда шуда буд. Меҳр намонд. Садоқат рафт. Навмедӣ ва ояндаи норӯшан дар чеҳраҳо намудор буд. Ба ёд дорам, вақте нооромиҳо буд, мо ки бача будем, мегуфтанд, дар Хучанд бояд намояндаҳои халқ иҷлосия гузаронанд ва ҷангро хотима диҳанд. Аммо, боварӣ кам буд ва ноумедӣ буд ва тасаввураш ҳам мушкил буд, ки силоҳдорон оё мегузошта бошанд? Аммо, иҷлосия баргузор шуд ва ба бахти ин миллати бузург, ин кишвари худоназаркарда, марде, ки дар чеҳрааш нур буду дар қалбаш муҳаббату садоқати ин Ватан – Эмомалӣ Раҳмонов, намояндаи халқ ба раисии Шӯро интихоб карда шуд. Аввалин суханонаш то ҳанӯз  дар гӯшам ҳаст, ки аз ойинаи нилгун тамошо мекардем: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам.» Оре, матонат дар гуфтораш буд ва бо ҳарорат, бо садоқат ҳарф мезад. Ман, ки наврас ҳам будам, одаму оламро дуруст мешинохтаму дарк мекардам ва баъди ин сухан дӯсташ доштам. Чун падар, чун бародар, чун нафаре, ки дидани чеҳрааш аз ойинаи нилгун бароям фараҳ меовард.
Падарамро ҳам ба ёдам ҳаст, ки баъди суханрониҳо ва интихобаш ба раисии Шӯро, гуфт: «Шукри Худо! Иншоаллоҳ ҳамааш хуб мешавад. Эмомалӣ аз чеҳрааш маълум аст, ки худодод аст ва метавонад мардуми кишварро дубора даври ҳам ҷамъ оварад.»
Соли 1995 буд ва ба Душанбе омадаму донишҷӯ шудам. Ҳанӯз ҳам дар ҳар гӯшаи кишвар силоҳдорон буданд, аммо пойтахт хело оромтар буд. Ва аз он замон, чун дигар шаҳрвандони кишвар, қадам ба қадам шоҳиди сулҳу оромӣ, пешравӣ ва ободонӣ шудам. Ва то ҳанӯз ҳам шоҳидем.
Ба расмаш назар мекунам ва дар чеҳрааш осудагӣ ва оромиро дарк мекунам. Боварӣ дорад ба худ ва ба ояндаи неки кишвар. Ман ҳам бо диданаш дар худ оромиро эҳсос мекунам ва мушкилиҳои хурди рӯзгорамро фаромӯш мекунам. Чун медонам, ки ҳамааш хуб хоҳад шуд. Чун ӯ Президенти кишвар ва Президенти ман аст!
Рӯзи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муборак бод!
Орзу Раҳимов

Тафсири ояти 4 сураи Иброҳим

Тафсири ояти 4 сураи Иброҳим
(Баргардон аз «Тафсири Маъорифул-Қуръон»- Мавлоно Муҳаммадшафеъи Усмонӣ рҳ. Ҷилди 4)
«Ва мо арсално мин расулин илло билисони қавмиҳи лиюбайина лаҳум, фаюзиллул-лоҳу ман яшоъу ва яҳди ман яшоъ. ва ҳувал-ъазизул-ҳаким»
Тарҷума: Ва ҳеҷ расулеро мо нафиристодем, магар ба забони қавми ӯ, то ки тафҳим кунад ба онҳо. Пас гумроҳ мекунад Худо касеро, ки бихоҳад ва роҳнамоӣ мекунад касеро, ки бихоҳад. Ва Ӯ ғолибу ҳаким аст.
Хулосаи тафсир
         Шубҳаеро, ки баъзе куффор дар бораи «муназзалун-минал-лоҳи (фиристодашуда аз ҷониби Аллоҳ таоло)» будани ин китоб ворид кардаанд, ки чаро арабӣ аст, зеро эҳтимол меравад, ки худи Паёмбар (с.а.с.) онро тасниф карда бошад ва чаро ба забони аҷамӣ нест, то ин эҳтимол боқӣ намемонад ва Қуръон бо дигар китобҳои осмонӣ дар аҷамӣ будан мувофиқи ҳам мебошад. Пас ин шубҳа лағви маҳз аст, зеро ки мо ҳамаи паёмбарони гузаштаро ҳам ба забони қавми худи онҳо ба унвони паёмбар фиристодаем, то ки аҳкоми илоҳиро бо забони худи онҳо барои онҳо баён кунанд, ки мақсуди аслӣ баёни возеҳи он аст. Пас омадани ҳамаи китобҳо дар як забон ҳадаф нест. Боз, пас аз баён кардан касеро, ки Худованд бихоҳад, гумроҳ мекунад, ки ин аҳкомро қабул намекунад ва касеро, ки бихоҳад ҳидоят мекунад, ки ин аҳкомро қабул мекунад ва Ӯ таоло бар ҳамаи корҳо ғолибу ҳоким аст. Пас ба сабаби ғолиб шудан, метавонад хамаро ҳидоят кунад, вале бисёре аз ҳикматҳо муқтазои он нестанд.
Маориф ва масоил
         Дар нахустин оят, ин тасҳил ва неъмати илоҳӣ баён гардид, ки ҳар гоҳ Худованди мутаол хостааст, ки паёмбареро ба сӯи қавм мабъус  гардонад, пас ҳамзабони он қавмро мабъус намуда, то ки ӯ аҳкоми илоҳиро ба забони гуфтугуии худи онҳо нишон диҳад. Ва фаҳми онҳо бар эшон осон гардад. Агар забони паёмбар бо забони қавм мухталиф бошад, пас маълум аст, ки уммат бояд дар фаҳми он аҳком машаққати миёнаравии мутарҷимро таҳаммул кунанд. Боз ҳам фаҳми дурусти он аҳком машкук хоҳад монд. Аз ин лиҳоз, агар барои иброниҳо паёмбаре мабъус кард, пас забони он расул ҳам ибронӣ буд ва забони расули форсиён форсӣ ва барбариён барбарӣ муқаррар гардид. Чӣ дар ин сурат, он расул фарде аз он қавм ва забони модариш забони он қавм бошад. Бо ин, ки забони модарӣ ва пайдоишии он дигаре бошад. Аммо Худованд чунин асбобе падид меоварад, ки ӯ забони он қавмро ёд бигирад. Монанди ҳазрати Лут (а), ки агарчӣ дар асл аҳли Ироқ буд, ки забони он ҷо форсӣ буд, аммо баъд аз ҳиҷрат ба кишвари Шом, аз аҳли онҳо зан гирифт ва забони аҳли Шом забони ӯ қарор гирифт. Он гоҳ Худованд ӯро барои минтақае аз Шом паёмбар муқаррар намуд.
         Расули карим (с.а.с.), ки биъсати ӯ аз назари мақом ва макон барои ҳамаи ҷаҳон ва аз назари замон, то қиёмат ом аст, ҳеҷ қавм ва аҳли ҳеҷ гӯшае аз ҷаҳон аз доираи нубувват ва рисолати эшон хориҷ нест ва то қиёмат ҳар қавм ва ҳар забон, ки падид ояд, ҳама дар дасти даъвати он Ҳазрат (с.а.с.) дохил хоҳанд шуд. Чунон, ки дар Қуръон омадааст: «Ё айюҳан-носу иннӣ расулуллоҳи илайкум ҷамиъанил-лазӣ лаҳу мулкус-самовоти вал-арзи», яъне: Эй мардум!  Ман ба сӯи ҳамаи шумо аз ҷониби Худо расул ҳастам. Дар китоби «Саҳиҳ»-и Бухорӣ ва «Саҳиҳ»-и Муслим ба ривояти ҳазрати Ҷобир (рз) мазкур аст, ки Расули Худо (с.а.с.) имтиёзоти хоси панҷгонаи худро нисбат ба анбиё зикр намуда, фармуд: «Қабл аз ман ҳар расул ва набӣ дар қавм ва хонадони худ мабъус мешуд, аммо Худованд маро ба сӯи ҳамаи миллатҳои ҷаҳон мабъус гардонида аст.»
         Ҳақ таоло имрон ва ободии ин оламро аз аҳди ҳазрати Одам (а) оғоз карда ва ӯро аз нахустин набӣ ва паёмбари мардум қарор дод. Сипас ободии мардум ҳамон гуна, ки аз ҳайси имрон ва иқтисоди хеш интишор ёфт ва тараққӣ кард. Ба ҳамон муносибат интизомоти рушд ва ҳидоят ба василаи русул ва анбиёи мухталиф аз ҷониби Худо баргузор гардид ва барои ҳар қабила муносиби аҳволи ӯ аҳком ва шариатҳо нозил гардид, то ин ки нашву намои олами инсон ба ҳадди камоли худ расид. Он гоҳ Худованд сайидул-аввалин вал-охирин, имоми анбиё, Муҳаммади мустафо (с.а.с.)-ро барои ҳамаи ҷаҳон ва то қиёмат барои ҳар даври комил ва мукаммал карда шуд ва фармуд: «Ман имрӯз динро барои шумо комил кардам ва неъматамро барои шумо ба итмом расонидам…) (аз ояти 3 сураи Моида).
         Шариатҳои анбиёи гузашта ҳам ба эътибори вақт ва масири худ комил ва мукаммал буданд ва наметавон онҳоро ноқис донист. Аммо камоли шариати муҳаммадия (бар соҳиби он салавот ва дуруд бод), ба замон ва минтақаи вижае мутааллиқ нест, балки ин алал-итлоқ коми ласт. Аз ин ҷиҳат, такмили дин ба ин шариат хос аст. Аз ин хотир, силсилаи нубувват бар Расули карим (с.а.с.) хатм гардид.
Қуръони карим чаро ба забони арабӣ нозил шуда аст?
         Дар ин ҷо, суоле падид меояд. Ҳамон гуна, ки анбиёи гузаштаи ҳамзабон, дар қавми онҳо мабъус шудаанд ва ниёзманд ба таҳаммули сахти тарҷума нашудаанд, чаро Набии карим (с.а.с.) танҳо дар миёни араб ба забони арабӣ мабъус гардид ва китоби ӯ – Қуръон ҳам чаро ба забони арабӣ нозил шуд? Аммо агар қадре андеша ва тааммул раво дорем, ҷавоби он рӯшан аст ва ҳар касе метавонад дарк кунад, ки вақте биъсат ва даъвати он Ҳазрат (с.а.с.) барои ҳамаи миллатҳои ҷаҳон ом аст ва дар он садҳо забон роиҷ аст, пас барои иршод ва ҳидояти ҳамаи онҳо ду сурат метавонист бошад: Яке ин, ки Қуръон ба забони ҳар қавми ҷудогона нозил мешуд ва таъолим ва ҳидоятҳои Расули Худо (с.а.с.) ҳам барои ҳар қавми ҷудогона қарор мегирифт. Агар интизоми ин дар сохти қудрати илоҳӣ чандон душвор набувад, аммо ҳадафи бузург – эҷоди ваҳдат ва ҳамоҳангии ахлоқӣ ва муоширатӣ дар миёни ҳама миллатҳои ҷаҳон, бо вуҷуди ҳазорон ихтилоф дар ин сурат ба даст намеомад.
         Илова бар ин, агар Қуръон ва ҳадиси ҳар қавми ҷудогона дар як забон қарор мегирифт, пас дар он роҳҳои бешуморе барои таҳрифи Қуръон боз мешуд ва ҳифзи каломи Қуръони карим, ки вижаи мунҳасир ба фарди ӯст, ки ағёр ва мункирин ҳам ногузир ба пазириши он ҳастанд, ин хусусияти муъҷизона наметавонист бар қарор бимонад ва бо вуҷуди як дин ва як китоб, ин қадар роҳ барои ихтилоф боз мешуд, ки ҳеҷ нуқтае барои  ваҳдат барқарор намемонд. Ва онро аз ин метавон андозагирӣ кард. Бо вуҷуди ин, ки Қуръон ба як забон – арабӣ нозил шуда аст, аммо дар тафсир ва таъбири он дар ҳудуди ҷавоз чӣ қадар ихтилоф иттифоқ афтода ва ихтилофоти туруқи ботил ва ноҷоиз, ки ҳадде надоранд, аммо бо вуҷуди ҳамаи инҳо, ваҳдати миллии мусалмонон ва шахси мумтози онҳо дар ҳамаи мардум мавҷуд аст, ки бар Қуръони карим то ҳадде омил ҳастанд.
         Хулоса ин, ки дар сурати умумияти бисъсат ва рисолати он Ҳазрат (с.а.с.) барои ҳамаи миллатҳои ҷаҳон, ин сурати ҳидоят ва таълими ӯ, ки Қуръон ба забони ҳар миллати ҷудогона бошад, ҳеҷ мардум ҳам, ки фаҳми онро дуруст намедонанд. Лиҳозо, лозим аст, ки Қуръон танҳо ба як забон биояд ва забони расул ҳам, ҳамон забони Қуръон бошад. Сипас ба кишварҳо ва минтақаҳои дигар тарҷумаи он иблоғ ва интишор гарда два олимоне, ки ҷонишини он Ҳазрат (с.а.с.) ҳастанд, дар ҳар мулку миллате, тибқи раҳнамудҳои он Ҳазрат (с.а.с.) ба забони миллат ва минтақаи хеш бифаҳмонад ва шоеъ кунанд. Бинобар ин, Ҳақ таоло ҷалла шаънуҳу аз ҳамаи забонҳои ҷаҳон, забони арабиро аз чанд ҷиҳат интихоб намуд.
Вижагиҳои забони арабӣ
         Нахуст, ин ки забони расмии осмонҳо арабӣ аст. Дуввум, ин ки забони фариштагон арабӣ аст. Саввум, ин ки забони Лавҳул-маҳфуз арабӣ аст. Чунон, ки аз ояти («Бал ҳува Қуръонун маҷид₂₁. Фӣ лавҳин маҳфуз₂₂») мафҳум мегардад. Чаҳорум ин, ки забони аҳли биҳишт, ки ватани аслии инсони мусалмон аст ва ба он ҷо бармегардад, арабӣ аст. Дар Табаронӣ ва «Мустадрак»-и Ҳоким ва «Шаъбул-имон»-и Байҳақӣ ба ривояти ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (рз) манқул аст, ки он Ҳазрат (с.а.с.) фармуда аст: («Аҳиббул-араба лисалосин; лианнӣ арабиюн вал-Қуръону арабиюн ва калому аҳлил-ҷаннати арабиюн»). Ин ривоятро Ҳоким дар «Мустадрак» саҳеҳ дониста, дар «Ҷомеъус-сағир» ҳам аломати саҳеҳ нишон дода аст. Баъзе аз муҳаддисин онро заиф донистаанд. Ҳофизул-ҳадис Аллома Ибни Таймия фармуда аст, ки мазмуни ин ҳадис собит ва аз дараҷаи аҳсан пойинтар нест.
         Маънии ҳадис ин аст, ки шумо аз се ҷиҳат ба арабҳо муҳаббат кунед: яке ин, ки ман араб ҳастам, дуввум ин, ки Қуръон арабист. Саввум ин, ки забони аҳли ҷаннат арабӣ аст. Дар тафсири Қуртубӣ ва ғайра ин ривоят ҳам манқул аст, ки забони ҳазрати Одам (а) дар биҳишт арабӣ буд ва пас аз нузули ӯ ба замин ва қабул шудани тавбаи ӯ ба забони арабӣ тағйироте падид омада, забони сурёнӣ ба вуҷуд омад.
         Аз он чӣ гуфта шуд, аз ривоёт ҳам таъйид мегардад, ки аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос ва дигар саҳобагон (рз) манқул аст, ки он ҳазрат фармуд: ҳар китобе, ки Худованди мутаол бар анбиё алайҳимуссалом нозил намуда аст, дар асл ба забони арабӣ будаанд.
         Ҷабраили амин (а) онҳоро ба забони қавмашон тарҷума карда аст, ки ба паёмбарон таълим дод ва онон онҳоро ба забони қавмӣ ба умматҳо иблоғ менамоянд ва ин ривоётро Аллома Суютӣ дар «Тафсирул-итқон» ва бештари муфассирин дар зайли ояи мазкур нақл намудаанд. Хулоса ин, ки забони аслии ҳамаи китобҳои осмонӣ арабӣ аст, аммо ғайр аз Қуръон китобҳои дигар ба забонҳои кишварӣ ва миллӣ тарҷума шуда, нозил шудаанд. Аз ин ҷиҳат, маъонӣ ҳама аз ҷониби Худо мебошад, вале алфози онҳо табдил гаштаанд ва ин танҳо аз вижагии Қуръон аст, ки алфози он ҳам монанди маъоназ тарафи Ҳақ таоло омада аст. Ва шояд аз ин ҷиҳат аст, ки Қуръон иддао намуда, ки ҳам ҷинну ҳам инси ҷаҳон ҷамъ шаванд, наметавонанд, ҳаммонанди кучактарин сура, балки ояте дуруст карда, пеш кунанд. Зеро он аз ҳайси лафз ва маънӣ каломи илоҳӣ ва сифати илоҳӣ аст, кик асе наметавонад аз он наққолӣ кунад. Китобҳои дигари осмонӣ, агар чӣ аз ҳайси маънӣ ҳам каломи илоҳианд, вале дар онҳо ба ҷои асли лафзи арабӣ, чун тарҷума шуда аст. Аз ин лиҳоз, дар ҳаққи китоби дигари осмонӣ чунин иддао нафармуда вагарна монанди Қуръон аз ҳайси каломи илоҳӣ будан, ягонагӣ ва бемисол будани ҳар китоб яқинӣ аст.
         Ва барои интихоби забони арабӣ ваҷҳи дигареро шоистагии зотии худи забони арабист, ки барои адои як мафҳум дар он, суратҳои бешумор ва роҳҳои зиёде вуҷуд дорад.
         Ваҷҳи дигар, ин ки Худованди мутаол мусалмононро бо забони арабӣ як муносибати фитрӣ ато фармудааст, ки ба сабаби он ҳар шахс метавонад ба осонӣ ба қадри ниёзи худ, забони арабиро ёд гирад. Аз ин ҷост, ки дар минтақае, ки саҳобаи киром ба он мерасиданд, дар муддати кутоҳе, бидуни икроҳ забони он минтақа арабӣ мешуд. Дар Мисру Шом ва Ироқ забони касе арабӣ набуд, дар сурате, ки имрӯз мамолики арабӣ гуфта мешаванд.
         Ваҷҳи дигар, ин ки аҳли араб агар чӣ қабл аз ислом шикори бадкирдориҳо буданд, аммо шоистагӣ ва малакот ва ҷазбаҳои онҳо дар ҳамон ҳолот ҳам беназир буд ва аз ин ҷиҳат, Худованди мутаол бузургтарин ва охирин паёмбари худро дар миёни онҳо мабъус гардонид ва забони онҳоро забони онҳоро барои Қуръон интихоб намуд. Ва аз ҳама пештар нисбат ба ҳидоят ва таълими онҳо ба Паёмбар (с.а.с.) дастур дод, ки: («Ва анзир ъаширатакал-ақрабин» яъне, ва хешовандони наздикатро бим бидеҳ.). Ва аз ҳама пештар аз ин қавм афродеро дар атрофи Паёмбари карим (с.а.с.) ҷамъ намуд, ки ҷону молу ҳамаи зинадгии худро барои он Ҳазрат (с.а.с.) фидо кардан два таъолими он Ҳазратро (с.а.с.) аз ҷонҳои худ азизтар тасаввур карданд. Ба ин шакл, суҳбат ва таълим барои ишоа ва густариши таълимоти Қуръон насб карда фармуд: «Баллиғӯ ъаннӣ ва лав оятан», яъне оётеро ки аз ман шунидаед, ба мардум бирасонед. Асҳоби ҷоннисор ин раҳнамудҳоро ба дӯш гирифта, ба тамоми гӯшаҳои олам расониданд ва таъолими Қуръонро дар ҷаҳон густариш доданд. Чунон, ки аз вафоти Расули акрам (с.а.с.) ҳанӯз бисту панҷ сол нагузашта буд, ки садои Қуръон дар шарқу ғарб танинандоз гашт.
         Аз тарафи дигар, Ҳақ таоло дар уммат даъвати он Ҳазрат (с.а.с.), ки дар он муштарак ва яҳуду насоро ҳам дохил мебошанд, навъе малака ва ҷазба барои таълим ва таъаллум, тасниф ва таълиф, таблиғу ишоъа тавлид намуда аст, ки назири он дар торихи гузаштаи дунё дида намешавад ва дар натиҷаи он миллатҳои аҷам на танҳо ҷазбаи фаро гирифтани улуми Қуръон ва суннатро доранд, балки дар таҳсили забони арабӣ ва тарвиҷ ва ишоъаи он қадами онҳо аз арабҳо ақибтар нест. Ин як ҳақиқати ҳайратангезест, ки бар забони арабӣ ва муҳоварот ва қавоиди сарфу наҳви (дастури забон) он дар ҳоли ҳозир дар миқдоре китоби мавҷуд аст, бештари онҳо аз нигориши аҷамиҳост.
         Дар ҷамъ ва тадвини Қуръон ва суннат, тафсиру ташреҳи онҳо саҳмияи онҳо (аҷамиҳо) аз арабҳо камтар нест. Аз ин лиҳоз, ба ин шакл забони он Ҳазрат (с.а.с.) ва китоби ӯ бо вуҷуди ин, ки арабӣ аст, тамоми оламро иҳота кардааст. Дар ҳар минтақа ва қавму миллатҳои аҷам чунон уламо падид омадааст, ки таълими Қуръон ва суннатро ба забонҳои миллии худ ба ниҳояти соддагӣ расонидаанд ва он ҳикмат, ки расул дар забони қавмаш мабъус гардад, ба даст омада аст.

         Дар поёнио ят фармудааст: мо барои осонии мардум паёмбарони худро ба забони онҳо ба ин хотир мабъус кардем, ки онон аҳкоми моро ба беҳтарин ба онон бифаҳмонанд. Вале боз ҳам ҳидоят ва гумроҳӣ дар дастраси инсонҳо нест. Балки дар қудрати Худост, ҳар касеро, ки Ӯ бихоҳад дар гумроҳӣ қарор медиҳад ва ҳар касеро, ки Ӯ бихоҳад ҳидоят мекунад ва Ӯст тавоно ва ҳаким.

пятница, 16 января 2015 г.

Қиссаи зебое аз рӯзгори Паёмбари гиромӣ (с)


                  Дар замони Паёмбари Худо (с) дар Мадинаи мунаввара дар бозори шаҳр, пирамарди яҳудии нобиное буд, ки рӯзгорашро аз пушти гадоӣ мегузаронд. Ин пирамард аз рӯзе, ки Паёмбари Худо (с) ба Мадинаи мунаввара омад, мисли дигар яҳудон дар дилаш кина ва ҳасодат ба Ӯ дошт ва пайваста аз забонаш дашному носазогӯӣ бар Паёмбари Худо (с) шунида мешуд. Ин хабар ба гӯши Паёмбар (с) расид ва ба бозор рафта пирамардро ёфт. Чун Ӯ паёмбари ростин ва дорои ахлоқи волое, ки Қуръони Карим ӯро сутуда буд, мисли дигар инсонҳо нарафт, то ӯро танбеҳ бидиҳад ва ё бо ӯ ба ҷидол пардозад. Балки рафт ва таоме харида, бо дастони худ ӯро таом дод. Чун пирамард аз таом хӯрдан фориѓ шуд, дуои нек намуда гуфт: «инсони хубе будаӣ, Худованд нигаҳат дорад!» Паёмбар (с) бе он, ки худро шинос намояд, аз наздаш дур шуд ва ин корро то он замон, ки бистарӣ шуду баъди он аз ин дунё реҳлат намуд, ҳар рӯз идома медод.
         Баъди оне, ки Расулуллоҳ (с) аз дунё гузаштанд, чанд рӯз баъд Абӯбакри Сиддиқ (рз) – он халифа ва ёри бовафои Расулуллоҳ (с) ба назди модарамон – Оиша (рз) омаду гуфт:
- Духтарам ва эй нури чашмам! Оё суннате ҳаст аз суннатҳои Паёмбари Худо (с), ким ан онро бехабар бошаму иҷроаш накарда бошам?
Оишаи сиддиқа (рз) гуфтанд:
- Ту худ суннати Расулуллоҳӣ (с). Ва суннате нест, ки онро ту ба ҷо наоварда бошӣ, магар як суннат ва кори Ӯро (с).
Абӯбакри Сиддиқ (рз) гуфт:
- Он кадом аст, духтарам?
Оиша (рз) гуфт:
- Паёмбар (с) одате доштанд, ки ҳар субҳ аввал ба бозори шаҳр мерафтанд ва он ҷо пирамарди яҳудиест, ки нобиност ва нодор аст. Ӯро таом медоданд, он гоҳ ба корҳои дигари худ машѓул мешуданд.
         Абӯбакри Сиддиқ (рз) дарҳол бархост ва ба бозор рафт. Пирамарди нобинои яҳудиро ёфт ва таом харида ба дасти худ ба даҳонаш гузошт. Бо аввалин луқмае, ки пирамард аз дасти ӯ хӯрд, дар  хашм омада, бо овози баланд гуфт:
- Ту кӣ ҳастӣ, эй мард?
Абӯбакри Сиддиқ (рз) гуфт:
- Ман ҳамонеам, ки ҳар рӯз бароят таом медодам, чанд рӯзе набудам, инак дубора наздат омадам.
Пирамард гуфт:
- На, ту он мард нестӣ. Ту касе дигар ҳастӣ.
Абӯбакри Сиддиқ (рз) гуфт:
- Оре, ман яке аз дӯстон ва ёрони ӯ ҳастам. Вале ту аз куҷо донистӣ, ки ман ӯ нестам. Чун ту намебинӣ ва ман ҳамон кореро кардам, ки ӯ мекард.
Пирамард гуфт:
- Вақте он мард меомад, бӯи хосе дошт, ки бӯяш бароям ошно шуда буд. Ва ҳам дастонаш ботароват буду рӯҳбахш. Инчунин, пеш аз оне, ки луқмаро дар даҳонам гузорад, онро бо дастонаш мулоим мекард. Ин чизҳоро дар ту надидам ва донистам, ки дигар касе ҳастӣ.
         Абӯбакри Сиддиқ (рз) дигар худро дошта натавонист ва бо овоз гиря намуда гуфт:
- Ӯ Муҳаммад (с) Расули Худо буд. Чанд рӯз аст, аз олам гузаштааст, оё нашунидаӣ?
         Вуҷуди пирамарди нобиноро ларза гирифта гуфт:
- Чӣ гуфтӣ? Ӯ Муҳаммад буд? Паёмбари мусалмонон? Вой бар ман. Ман чӣ кардам. Ӯро дашном медодаму носазо мегуфтам ва ӯ маро бо дастонаш омада таом медод, дар ҳоле, ки дашному носазогӯии маро мешунид.
Ва бо овози баланд ба гиря кардан шурӯъ кард. Ва овозаш аз гиря ва надомату пушаймонии кирдори зишти худ баланд буду андомаш меларзид.
         Пирамард бо ин ҳол, ба Абӯбакри Сиддиқ (рз) рӯй оварда гуфт:
- Дастатро бидеҳ, то калимаи шаҳодатро ба забон орам ва мусалмон бишавам, то шояд Худованд аз гуноҳам даргузарад ва маро бо имон аз ин дунё бибарад.
         Ва он замон пирамарди яҳудии нобино мусалмон шуд.
         P.S. Оре, бародар ва хоҳари гиромиам! Ин буд яке аз қиссаҳои дигаре аз рӯзгори он беҳтарин фарзандони Одам (а). Оне, ки васфи ахлоқашро танҳо Парвардигори азимушшаън баён карда, ва инсоният аз васфи он оҷиз аст.
         Бо ҳама он гуна душманиҳое, ки олами ѓарб дар ин рӯзҳо бо ислом дорад, агар эътирозе мехоҳед баён намоед, пас аз рӯзгори Паёмбари Худо (с) ва ахлоқи волои Ӯ сухан бигӯеду нашр намоед, то башарият Ӯро дуруст бишносад. Зеро онҳо намедонанд, ки Паёмбари Худо (с) Раҳматан лилъоламин буданд, на ин ки раҳматан лил-муслимин.
Ва хитоб ба онҳое, ки «Ман Шарлиам» гуфта ҷор мезананд:
«Ман Шарли нестам.» «Ман Муҳаммадиам!!!» Биёед аз он Паёмовари Худованд (с) инсоният ва ахлоқро биомӯзед!


суббота, 27 декабря 2014 г.

Лаззати суҷуд

        (Шайх Мағомисӣ - Имом ва хатиби Масҷиди Қубои Мадинаи мунаввара)

Ҳеҷ чиз ба субот ва пойдории инсон дар динаш, ба андозаи илму дониши ӯ кумак намекунад. Ҳар кас Худоро он гуна, ки шоистаи шинохти Ӯст, бишносад, ба лаззати суҷуд даст хоҳад ёфт. Лаззати тасбеҳи Худовандро эҳсос намуда, аз Худованд шарм хоҳад дошт, ки баъд аз расидан ба Ӯ, дубора ба гуноҳон баргардад.
            Дар ҳадисе аз Абӯдовуд (р) омада аст, ки Паёмбар Нӯҳ (а) ҳангоми вафот, фарзандонашро фаро хонда фармуд: «Фарзандонам! Шуморо ба ду чиз супориш мекунам ва аз ду чиз манъ мекунам. Шуморо ба «Ло илоҳа иллаЛлоҳу» тавсия ва супориш мекунам. Чаро ки агар осмонҳо ва замини ҳафтгона, ҳамчун ҳалқае ту холӣ бошанд, «Ло илоҳа иллаЛлоҳу» онҳоро дарҳам хоҳад шикаст. Ва шуморо ба «СубҳоналЛоҳи ва биҳамдиҳи» супориш менамоям. Чаро ки ин зикр, намоз ва ва ибодати ҳар махлуқе аст. Бо ин калимот махлуқоти Худованд рӯзӣ дода мешаванд. Ва шуморо манъ мекунам аз ширк ва такаббур варзидан ба Худо.»
        Агар ҳар инсонеро биёварӣ, ки Худо накарда шароб хӯрда ва ё муроди худро аз занҳои номаҳраму фоҳиша ба даст оварда, шабҳояшро дар ҷойҳое сипарӣ карда, ки инсонҳои фоҷир дар он ҷо сипарӣ мекунанд. Ва ин умур дар замоне барои ӯ рух дода, ки масалан дар вақти борандагӣ аст. Агар тақдир бар ин бошад, ки ин шахс, тақво ва Худотарсӣ насибаш шуд ва тавба намуд ва ин аз лавозими тавба аст ва барои Худованд саҷда намуд. Агар бо инсоф бо ту сухан бигӯяд ва туро аз даруни худ бохабар кунад, ба ту хоҳад гуфт, ки ҳеҷ лаззате бо лаззати саҷда ва сар фуруд овардан барои Аллоҳи мутаъол баробарӣ намекунад. Худоро шукру сипос мегӯем, ба хотири ҳамаи раҳматҳояш. Ва аз Ӯ ҳусни хотимаро металабем. Худованд ҳамаи моро, бузургу кучакро аз лаззатҳои ҳаром нигоҳ дорад. Бо ин ҳол, бо вуҷуди ин ки Худованд мову шуморо аз лаззатҳои ҳаром маҳфуз нигаҳ дошта, аммо ба яқин медонам, ки ҳеҷ чизе бо лаззати суҷуд барои Худованд баробарӣ намекунад.
            Бокароматтарин узви бадани инсон пешонии ӯст. Агар инсон ба ин розӣ шуд, ки ба хотири таъзими Аллоҳ таъоло пешонии худ ба замин гузорад, пас ҳеҷ раҳмате аз раҳматҳои Худованд аз ӯ дареғ нахоҳад шуд. Фиръавн мегуфт: «Ман волотарин маъбуди шумо ҳастам.» Ва Худованд вақте Мусо (а) ва Ҳорунро (а) фиристод, ба онҳо фармуд: «Бо ӯ ба нармӣ сухан бигӯед.» Ин дар ҳолест, ки ӯ мегуфт: «Ман худои бузургтари шумо ҳастам.» Пас чӣ гуна аст ҳоли он бандае, ки шабро бар Ӯ соя густурд. Мисли ҳар кадом аз шумо ҷавонон. Чароғро хомӯш кардӣ, ки бихобӣ ва ба бистари хобат омадӣ. Сипас азамат ва бузургии Худованд дар зеҳнат нақш баст. Ва ин дар ҳоле аст, ки медонӣ, ки ҳеҷ роҳе барои дидор бо Парвардигорат дар ин дунё вуҷуд надорад. Ва медонӣ, ки роҳе боқӣ аст ва он ин аст, ки дар муқобили Худованд биистӣ. Дубора чароғро рушан кардӣ ва вузӯъ гирифтӣ, Қуръонро тиловат кардӣ ва барои Худованд саҷда намудӣ.
            Қасам ба он Зоте, ки қасамро ҳалол намудааст. Ҳеҷ лаззате дар дунё нест, ки  ҳамчун лаззати саҷда барои Аллоҳ таъоло бошад. Худованд ба Паёмбараш (с) мефармояд: «Бар (Худованди)  Ғолибу Меҳрубон таваккул кун. Оне, ки чун (ба вақти таҳаҷҷуд)бармехезӣ, туро мебинад. Ва нишастану бархостани туро дар миёни саҷдакунандагон (мебинад).» (с. Шуаро. о. 217-219). Худованд мефармояд: «Рӯзе, ки (ҷома) аз соқ бардошта шавад ва онҳо ба саҷда хонда шаванд, пас, натавонанд.  Ниёиш дар чашмҳояшон ҳувайдо бошад, хорӣ онҳоро фурӯ гирад.Ба дурустӣ,ки онҳо дар ҳоле ба саҷда хонда мешуданд, ки тандуруст буданд.» (с. Қалам. о. 42-43). (Маънои оят ин, ки ҳавлу ҳарос ба авҷи худ мерасад, ва кор сахту душвор мешавад, аз кофирону мушрикон хоста мешавад, ки саҷда кунанд, аммо эшон наметавонанд чунин кунанд ва чашмонашон аз шармандагӣ ба зер афтода ва хориву пастӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст. Пеш аз ин дар дунё ҳангоме, ки солиму тандуруст буданд, ба саҷда бурдан фаро хонда мешуданд.)
         Ту, эй инсон! Алъон ба саҷда кардан амр карда шудаӣ, дар ҳоле, ки солим ҳастӣ. Пас барои ин, ки тавоноии лаббайк гуфтан ба нидои саҷдаро дар Рӯзи Қиёмат дошта бошӣ, дар ин дунё, ба ирода ва ихтиёри худ барои ризои Худованд саҷда кун. Хушо ба ҳоли он бандае, ки қабл аз вуруди қабраш онро нуронӣ ва равшан намуд. Ва хушо ба ҳоли он бандае, ки қабл аз ин ки Худоро дидор кунад, Ӯро аз худ розӣ намуд. Ва намоз хонд, қабл аз он ки бар ӯ намоз хонда шавад.

                                                                           Таҳияи Ҳамидзода Абубакр

вторник, 20 мая 2014 г.

Эҳтиром ва каромати инсон аз назари дини мубини ислом


Инсон беҳтарин ва комилтарин офаридаи Худованд дар байни ҳама махлуқоти Ӯ мебошад. Худованд инсонро аз ду ҷиҳат бар дигар махлуқот бартарӣ додааст. Аввал, ин ки танҳо инсон аст, ки сурати зебо, эътидоли ҷисм ва қаду қомати расо дорад. Ва дуввум, ин ки танҳо инсон аст, ки байни ҳама махлуқот соҳиби ақлу тамиз буда, зиндагии худро ба тавре мегузаронад, ки ҳама махлуқоти дигари Худованд дар хизмати ӯянд.
         Ин ҳама каромату бузургиро маҳз Худованд ба инсон ато кардааст. Дар кутуби осмонӣ ба ин нуқта таваҷҷӯҳи хосса дода шуда, ишора карда шудааст. Дар Қуръони карим, ки  намунаи олии китобҳои осмонӣ ва комилкунандаи онҳост, ба ин нукта ба такрор ишора шудааст. Чунончӣ дар сураи Исроъ, ояти 70 Худованд мефармояд:
«Ва лақад каррамно банӣ Одама ва ҳамалноҳум фил-барри вал-баҳри ва разақноҳум минат-тайиботи ва фассалноҳум ъало касирин мимман халақно тафзило» (Тарҷума: Ҳамоно фарзандони  Одамро гиромӣ кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем; ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чи офаридаем, фазли бисёр додем.)
Ҷои дигар Худованд дар Қуръон дар сураи Тин, ояти 4 мефармояд:
«Ва лақад халақнал-инсона фӣ аҳсани тақвим.» (Тарҷума: Ба дурустӣ, ки мо одамиро дар некӯтарин сурате офаридем.)
         Аз ин ду ояи овардашуда, бармеояд, ки мақоми инсон назди Худованд боло буда,  бар дигар махлуқот бартарӣ дода шудааст. Дар ояҳои бешумори Қуръони Карим мо муносибати инсон бо падару модар, бо ҳамсояҳо, бо меҳмон, бо дӯстон ва бо пайравони дигар динҳоро мебинем, ки намунаи олии эҳтирому каромати инсон аз нигоҳи дини мубини ислом аст.
Инчунин, таълимоти дини мубини ислом, ки сарчашмаи дигари он аз ҳадисҳои гуҳарбори Паёмбари гиромӣ (с) иборат аст, саршор аз эҳтирому каромати инсон аст. Агар ба таърихи исломӣ назар кунем, мебинем, ки Паёмбари акрам (с) чун бар паёмбарӣ мабъус шуданд, байни фарди озоду ѓулом фарқе намегузоштанд ва тибқи ояти 13 сураи Ҳуҷурот: «Инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум – Ҳаройина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост» амал мекарданду дигаронро ба амал кардан ба он амр мефармуданд. Паёмбарро мебинем, ки аз инсонҳое, ки динашро бо вуљуде, ки напазируфтаанд, ба ҳангоми беморӣ аёдат менамод, меҳмоннавозӣ менамояд ва бо шеваи бисёр баланди инсонӣ бо онҳо муносибати олие дорад. Ҳазрати Абубакрро (рз) мебинем, ки бо Билол (рз), ки ѓуломи сиёҳпӯсте буд, рӯи як суфра таом мехӯрд.  Ё худ, халифаи дуввум – ҳазрати Умарро (рз) мебинем, ки ҳангоми фатҳи Байтулмуқаддас бе ягон хунрезӣ вориди шаҳр мешавад, дар ҳоле, ки болои шутур ҳамроҳаш савор асту ӯ пиёда дар рикоби ӯ қарор дорад ва вақте мардум ин ҳолатро мебинанд, гумон мебаранд, ки марди болои шутурбуда амири муъминон аст. Чун ба шаҳри Байтулмуқаддас медарояд, бо шеваи бисёр эҳтиромонае бо аҳли он, хусусан бо роҳбарони дини масеҳӣ бархӯрд менамояд ва чун вақти намоз фаро мерасад, ба даъвати роҳбари масеҳиён. ки ба ӯ таклифи дар калисо намоз хонданро мекунад, љавоби рад медиҳад, то минбаъд дигар мусалмонон ба ин амал даст назананд ва ба лашкариёнаш таъкид мекунад, ки ба муқаддасоти онҳо тавҳин накунанд.
Ҳангоме, ки мусалмонон исломро ба гӯшаҳои дунё мерасонданд, ба каромати инсонҳо, новобаста аз пайравӣ намуданашон ба дини ислом эҳтироми хоссае доштанд. Аз ин буд, ки қаламрави давлати исломӣ ҳарчанд он замон қариб нисфи оламро фаро мегирифт, бо вуљуди ин пайравони дигар динҳо, ки қабл аз ислом ба он пайравӣ менамуданду ҳангоми давлаташон тобеи ислом шудан, баъзеҳо ба дини худ монда буданд, бе ягон мушкилие аз дини пешини худ пайравӣ менамуданд ва ибодаташонро дар ибодатгоҳҳои худ идома медоданд. Аз ин буд, ки дар андак муддат дини мубини ислом, ки ахлоқи волои инсониро тарѓиб менамояд, дар рӯи олам пайравони бештарро касб менамояд. 

суббота, 28 декабря 2013 г.

Тафсири сураи Кадр



                                Сураи Ќадр سورة القدر              
Сураи Ќадр дар Маккаи мукаррама нозил шудааст ва он 5 оят дорад. Дар ин сура дар бораи бењтарин шаб – шаби Ќадр сухан меравад.
(1) Инно анзалноњу фї Лайлатил-Ќадр.
Њар ойина мо онро (Ќуръонро) дар Шаби Ќадр нозил кардем.
Бидуни шак, мо Ќуръонро дар он Шаби бузург нозил кардем. Яъне ба якборагї дар он шаб аз Лавњул-мањфуз ба осмони дунё фуруд оварда шуд. Сипас Њазрати Љабраил (а) тайи бисту се сол онро ба тадриљ, андак – андак бар њасби њидоят оварда аст ва низ метавонад мурод аз он, ин бошад, ки оѓози нузули Ќуръон ё чан доят дар ин шаб бошад, сипас баќияи он ба тадриљ нозил шуда бошад. Анзала – ба якборагї фуруд овардан. Наззала – танзил намудан оят-оят ва ё ќисм-ќисм. Ќадр – иззату шараф. Мурод аз номгузории ин шаб ба Лайлатул-Ќадр азамату бузургї ва шарафи ин шаб аст. Маънои дигараш таќдиру њукм мебошад. Пас маънояш он мешавад, ки дар ин шаб тамоми он чї барои махлуќот дар таќдири азалиашон навишта шудааст, барои як сола миќдори он, аз он шаб то Рамазони дигар ба фариштагони маъмури тадбир супурда мешавад. Дар ин шаб,миќдори умр, марг, ризќ, борон ва ѓайра ба фариштагон имло мегардад. Ва љињати ташвиќи бештар фармуд:
(2) Ва мо адрока мо Лайлатул-Ќадр (и).
Ва ту чї медонї, ки Шаби Ќадр чист?
Аз љињати бузургии шаъни ин шаб ин савол омад.
(3) Лайлатул-Ќадри хайрун мин алфи шањр (ин).
Шаби Ќадр бењтар аз њазор моњ аст.
Ки он баробар ба 83 сол мешавад, ки дар он Шаби Ќадр набошад. Яъне барои бандаи муъмин ин фазлу бахшиши илоњї насиб мешавад, ки инсон дар як шаб метавонад, аъмолеро анљом дињад, мисли тавбаву ибодатњои дигар, ки бењтар аз 83 сол бошад, ки аќлњо дар фањмиши он ољиз монад.
(4) Таназзалул-малоикату вар-рўњу фїњо биизни раббињим мин кулли амр (ин).
Фурў меоянд фариштагону Рўњ дар он шаб, ба дастури Парвардигорашон бар њар кор.
"Мин" ба маънои "бо" ба кор рафтааст. Фариштагон дар он шаб бисёр мефароянд. Рўњ – як фариштае бузургест, ки мувофиќи гуфтаи аксари муфассирин мурод Њазрати Љабраил (а) аст, ки бо љамъи зиёде аз фариштагон меоянд.
(5) Саломун њия њатто матлаъил-фаљр (и).
Амон аст, он шаб, то тулўи субњ.
Њар киро он шаб дар њангоми ибодат дарёбанд бар ў дуруд мефиристанд, яъне барояш дуои рањмату маѓфират мекунанд. Ва он Шаби Ќадр бо њамин сифоту баракатњояш то тулўи субњ идома меёбад. Ё он шаб то субњ аз њама офатњо ва бадињо дар амон аст.

         Дар бузургии ин шаб ањодис зиёд омадааст. Ва он шаб дар моњи Рамазон дар дањаи ахири он аст, хусусан дар шабњои тоќи он (шаби 21,23,25,27 ва ё 29 Рамазон). Аз ин љо буд, ки Паёмбари акрам (с) дањаи ахири Рамазонро эътикоф менишастанд ва ибодатњояшонро дар дањаи ахир зиёд мекарданд, то шаби Ќадрро дарёбанд. Аз њазрати Уммулмуъминин Оишаи Сиддиќа (р) дар "Сањењи Бухорї" њадис аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: "Шаби Ќадрро дар дањаи охири Рамазон љустуљў намоед." Инчунин, дар "Сањењи Бухорї" ва "Сањењи Муслим" аз њазрати Абўњурайра (р) наќл шудааст, ки: Расули Худо (с) фармуд: "Њар касе, ки дар Шаби Ќадр барои ибодат бархост, њамаи гуноњони гузаштаи  ў афв мегардад."
 Боз аз  њазрати Уммулмуъминин Оишаи Сиддиќа (р)  наќл аст, ки аз Расули Худо (с) пурсидам:  Агар ман Шаби Ќадрро дарёбам, чї дуое бикунам? Он Њазрат (с) дар љавоб фармуданд: ин дуоро бихон: "Аллоњумма иннака аффувун туњибул-афва фаъфу ъаннї – Бор илоњо! Ту бахшандаи ва афв карданро меписандї, гуноњњои маро афв бифармо!"