пятница, 24 сентября 2010 г.

Порчае аз ашъори Доро Наҷот


Ман худамро борҳо мирондаам,
Зиндагиро борҳо гирёндаам.
Бар мазори синаам хон фотиҳа,
К-охирин умедро гўрондаам.
Ашкро дар зарфи ҷўшоии чашм
Бо алоби мағзи дил ҷўшондаам.
Дар гузори атри нури Мустафо
Гулгуни уммедро руёндаам.
То бузургии Худоро ҳис кунам
Шаш ҷиҳатро дар дилам ѓунҷондаам.


Эй ҳол ҷў аз ҳоли ёр, хоҳӣ-нахоҳӣ, меравем,
Аз олами чуну чаро хоҳӣ-нахоҳӣ, меравем.
Аз рўй чун ҳусни фатоҳ,
Аз мўй чун ранги сиёҳ,
Аз даст чун нақши ҳино
Хоҳӣ-нахоҳӣ, меравем.
Ҷавлони ирфонӣ бизан дар обгини ҷоми Ҳаќ,
Зеро аз ин майхонаҳо хоҳӣ-нахоҳӣ, меравем.
Доро ба дил равзан кушо дар роҳи нури Мустафо,
З-ин раҳ ба дидори Худо хоҳӣ-нахоҳӣ, меравем!