суббота, 3 июля 2010 г.

Футбол МЧ 2010


Дишаб аз телевизион бозии тимхои мунтахаби Голандия ва Бразилияро бегох тамошо кардам. Бози вокеан хам хуб чолибу дидани буд. Дар аввал бартариятро футболбозони Бразилия доштанд, аммо гайричашмдошт дастаи дустдоштаам, ки онро хам ба хотири футболбозони хуб доштанаш, чун Кака (хамчунин у мусалмон аст) мухлиси мекардам, бозиро бохтанд. Ба хисоби 2:1.
Соати 11:30 шаб ба вакти Душанбе низ футболи чолиби дастахои Уругвай ва Гана баргузор гардид. Баъди бист дакикаи бози бартариятро футболбозони тими мунтахаби Гана ба даст гирифтанд, хатто дар 2 дакикаи иловагии кисми аввали бози 1 гол хам заданд. Аммо дар кисми дуввум харчанд кушиданд, уругваихо хисобро ахиран аз сусти ва бепарвоии дастаи Гана истифода бурданд ва хисобро баробар карданд.
Довар вакти иловаги таин кард ва 30 дакикаи дигар бози карданд. Дар дакикаи ахирон (120-ум) ганагихо хело бомахорат бози карда, тубро вориди дарвоза кардан хостанд, аммо Суарес бозингари раками 9 Уругвай бо дасташ тубро аз даруни дарвоза гардонд ва довар ба у корти сурх доду пеналти таин намуд. Аммо гайричашмдошти мухлисон, Ассамоа Гян тубро натавонист вориди дарвоза созад ва туб ба болочуб бархурда, хамин тавр хисоб мусови монд ва дар зарбахои 11 метра Уругвай голиб омад. Эх. Чи кадар мехостам, ки дастаи мунтахаби Гана голиб ояд, зеро ин давлат зиёда аз 45% мусалмон дорад. Ва хатто дар майдон дидан мумкин буд, ки хам мухлисон ва хам футболбозонеро, ки даст ба дуо мебардоштанд, аммо такдир насиби онхо набудааст. Ба хар хол дастаи Гана хело хам хуб бози кард. Харчанд ба мархилаи 2/1 финали набаромад, аммо онхоро голиб хисобидан лозим аст. Зеро футболи хело хам чолибе нишон доданд.
Худ ин бегох ва шабаш футболи дастаи Аргентинаро бо Олмон тамошо намудан лозим аст. Хело бозии хубе хохад шуд. Хамчунин дастаи Испаниё бо Парагвай бози хохад кард, ки он низ бозии хубе хохад буд.

пятница, 2 июля 2010 г.

Модари меҳрофарин бо ёди мост. (Асари бародарам Абдулқодири Раҳим)


Ба офтоб ҳам монандаш намекунам, чун ӯ бартар аз офтоб аст. Ман ин ҳақиқатро сӣ сол пеш аз духтараки нобиное дарёфтам. ӯ таманно мекард: «Парвардигоро, аз ту мехоҳам, ки як бор, барои як лаҳза дидаи биноям бубахшӣ, то боре ба чеҳраи офтобу модарам, ки бас дӯсташон медорам, бинигарам. Медонам, бояд дар олам аз чеҳраҳои онҳо зеботар чеҳрае набошад. Ҳайф аст, агар дар ҳама умр аз дидорашон бенасиб монам ва оламро ҳамчунин падруд бигӯям».
Он гоҳ касе аз мо пурсид: «Агар бигӯянд, ки аз ин ду якеро бояд бубинӣ, кадомеро интихоб мекунӣ»?
Гуфт: «Агар бар ҷойи ман ҳар каси дигаре ҳам мебуд, дидори модарро аз Худо мехост».
Ва баъд бо гунгу каре рӯ ба рӯ шудам. Як вожаро медонист ва онро бо меҳр, бо самимият мегуфт: «Оча!», яъне модар. 
Ва девонаеро дидам, ки миёни издиҳом бас ором буд ва кирдори зиште аз ӯ содир намешуд ва сухани баде аз забонаш намебаромад. Ҳама дар тааҷҷуб афтодем, аз он ки ӯ пештар ба ҳар нафаре, ки дар назараш меомад, зиён мерасонд ва алфози қабеҳ аз забон ҷорӣ мекард. Маълумам гардид, ки он лаҳзаҳо модар дар паҳлуяш будааст. Ба ростӣ, ҳеҷ нафареро ёд надоштем, ки бад-он ҳусни адаб намуда бошад.
Пас аз он навиштаи ҳакимеро, ки дар девори дармонгоҳе овезон буд, хондам: «Одамӣ ба қадри ду чиз замоне мерасад, ки ҳар дуро аз даст додааст: яке тандурустӣ ва дигаре ҷавонӣ». Ба худ гуфтам: «Агар ӯ модарро аз даст медод, ҳаройина бар ин гуфта онро ворид мекард ва пеш аз тандуристиву ҷавонияш мегузошт». Ман дар ҳафтсолагӣ охир неъмати ҷавониро аз даст додам ва худро пири ҳафтодсола дидам. Оре, замоне, ки модарам аз сарои фонӣ ба диёри ҷовидонӣ рафт. Ва пас аз он буд, ки ганҷи тандурустиро ҳам аз даст додам. Бародаронам чун аз ин ду неъмат маҳрум гаштанд, ба назди модарам рафтанд. Мегуфтанд: «Модар моро садо мекунад ва ба назди худ мехонад. Дигар бо ин ҷудоӣ намесозем ва як рӯзи офтобӣ, он гоҳ, ки рангинкамон аз ҳастии худ башорат медиҳад, меравем». Ва рафтанд, бо видоъ, он шаш бародар.
Њамаро дар ёд дорам. Рӯз мешуморидем, ки ба Наврӯз, Наврӯзи оламафрӯз бирасем. Ба шодмонӣ гуфтем: «Шонздаҳ рӯз монд». Ва он замон буд, ки модари азизи мо фарзанд ба дунё овард. Ин муждаро ба пайвандон расондем. Қ андамон доданд, ки даҳонҳои мо ширин шавад ва ҳамчунон ширин сухан бигӯем. Аз он қ андҳо якеро нахӯрда, хабар оварданд, ки модарамон мурдааст. Бори аввал бе овози занги мактаб, бе анҷоми дарс аз мактаб баромадему ба хона омадем.
Ман даҳшати маргро намедонистам ва эҳсос ҳам намекардам. Мегуфтанд, ки модарат меравад ва боз меояд. Аз забони худи ӯ ҳам борҳо шунида будам: «Агар ки як рӯз ман аз ин хона биравам, боз меоям. Агар ки ҳам бигӯянд, ки ӯ рафтаву дигар ҳеҷ барнамегардад, бовар макун. Магар дили модар аз санг аст, ки ҷигарбандони худро танҳо ё бар дигаре мегузораду меравад ва ҳеҷ намеояд? Осмонро, абрро, заминро, хонаро, сабзаро, обро шоҳид мегирам». 
Ва ӯ омад, аввал ба хоб, баъд ба бедорӣ, агарчи чиҳил рӯз аз он як рафтанаш гузашта буд. Ба тасаллоям ҳамсабақ онам омаданд, вақ те дарёфтанд, ки ман гиристаам ва болиштам аз оби дида тар аст. 
Гуфтанд: «Бояд нагирйӣ, мо - ҳама ятимем, сағираем». Ман ин вожаҳоро бори аввал мешунидам, аммо эҳсос мекардам, ки онҳо марҳами решам шуданд.
Ва нигоҳҳои ҳазину маъсумонаи онҳо изҳор медоштанд, ки сарнавишти мо ба ҳам монанд асту ин ҷо хонаи ятимон мебошаду дур аз пайвандон зиндагӣ ба сар мебарему мехонем.
Барои омӯзгор низ сухан гуфтан аз модар ба ҳангоми дарс бас душвор мешуд, чун медонисту медид, ки чашмони мо пур аз об мегардад. 
Ва як рӯз модарам на ба хоб, балки ба бедорӣ омаду гуфт, ки ман ин зани меҳрубон, омӯзгори саропо меҳрро модар хитоб кунам. Гуфтани вожаи модар нисбати омӯзгор пас аз он дигар ҳеҷ душворам нанамуд. Андак-андак бо гузашти рӯзҳо нишонаҳои модарамро дар ӯ пайдо кардам.
Њама дар ин ҷо медонист, онҳое, ки модарро аз даст додаанд, зиёданд. Як зани фаррош мегуфт: «Кӯдак ятим намешавад, агар падараш аз олам бигузарад. Аммо чун модараш бимирад, яқ ин, ӯ ятим аст, сағира аст». 
Ва медидем, ки модарон ба ин макон барои дидорбинии фарзандонашон пайваста меомаданд, бо ҳадя, бо қанду шириниҳо. Ва ҳам онҳоро ба ҳангоми таътил ва рӯзҳои истироҳат ба хонаҳо мебурданд.
Ба суроғи мо, дидорбинии мо, онҳое, ки модар надоштем, падаронамон гоҳ-гоҳ, ба соле як ё ду бор меомаданд. 
Дар афсонаҳои мо аммо ҳамеша писар ба ҷустуҷӯи падари гумшудаву бе ному нишон мерафт ва ӯро меёфту ҳамроҳаш бо пирӯзӣ бармегашт. Њеҷ як чунин афсонаеро намедонистем, ки дар он фарзанд ба суроғи модар мебарояду бо корнамоӣ, талош, донишу хирад, андеша ӯро ба хона меорад.
Қ иссаи талхи сарнавишти ятимии ҳар нафарро аз бар карда будем ва бо қ иссаи худ қ иёс менамудем.
Як ҳамдарси мо пайваста сурат мекашид, сурати занеро. Мегуфт, ки он модараш ҳаст. Дӯст медошт, ки мо бо дидани он сурат бигӯем: «Модарат зани зебо ва меҳрубон аст. Фариштае, олиҳаеро мемонад». Чашмонаш бо шунидани ин суханон ғарқ и об мегардиду изҳор медошт: «Рост аст, рост аст ин».
Як рӯз ман ба ӯ гуфтам: «Як ҳақиқатро, як сирро барои ту ошкор мекунам, аммо ба касе магӯ». Намедонам, чаро чунин гуфтам, дар ҳоле ки он сир набуд ва на ҳақиқате, ки бояд пинҳонаш медоштам. Розӣ шуд ва гуфт: «Бигӯ, онро пинҳон медорам».
Гуфтам: «Модари ту ба модари ман монандиҳо дорад. Ба Худо савганд мехӯрам, ки модари ман ҳам зебо буд, сарбанди сафеду куртаи сурх дошт. Фақ ат чашмонаш фарқ  мекунанд. Чашмони модари ман сабз буд, на сиёҳ».
ӯ гирист, талху бо алам гирист. Баъд савгандам дод, ки ҳар он чӣ мегӯяд, ба касе ошкор насозам. Чун савганд хӯрдам, гуфт: «Модари ман кӯр буд. Ман дар асл ранги чашмони ӯро намедонам, шояд ҳам сабз буд, мисоли чашмони модари ту. Ман ранги сафедро замоне душман гирифтам, ки дидам чашмони нобинои модарам сафед менамоянд». 
Пурсидам: «Ту барои чӣ модаратро дӯст медорӣ»? 
Посух дод: «Намедонам. Шояд барои он ки ӯ модари ман аст. Шояд барои он ки модар аст».
Ва ман сӣ сол бад-ин пурсиш посух наёфтам.
Марди мӯйсафеде ҳам, ки синнаш аз ҳафтод гузашта буд, аз модар ёд меовард ва ин вожаро бо муҳаббати зиёд ба забон меовард. Гумон мебурдӣ, ки аз ҳама меҳру навозиши модар баҳравар шудааст. Дар асл боре рӯи модарро надида буд ва чеҳраашро низ ёд надошт.
Оре, пас аз сӣ сол мӯйсафеде, марди бузурге, ки ҳакими давронаш мехонданд, гуфт: «Посухи ҳамаи мо - одамон ба ин пурсиш комил нест, зеро мо аз ҷавоб гуфтан оҷизем. Агар ҳамаи инсонҳо қ удрат медоштанду хираду истеъдод ва ҷавоб мегуфтанду онҳоро ҷамъ меовардем, шояд аз ин посухҳо андаке қ аноат ҳосил мекардем. Бояд бидонем, Худованд ҳазорон санъату фан сохтааст, ки модар ба мо меҳр андохтааст. Мо магар ҳазорон санъату фанро медонем, то бузургии модарро эсос намоему бигӯем барои чӣ ӯро дӯст медорем»?
Ва мо дар ин ҳол Худоро ҳамду сано гуфтему ситоиш кардем. Ва шод гаштем, ки ин амал ба хотири модар сурат гирифт. Ва эсос кардем, ки Худованд низ аз мо хушнуд шуд.
Суратҳои кашидаашро ӯ ба ман нишон медод. Ҳар бор модарашро беҳтару зеботару дилработар мекашид, баски чунин дар хаёлу дар назараш меомад.
Мегуфт, ки дар абрҳои сафеду зебои фазо модарашро мебинад.
Мегуфт, ки модараш аз оби равони ҷӯй ҳам бармехезад ва бо ӯ сухан мегӯяд.
Мегуфт, ки ӯро борҳо миёни сабзазорону гулҳо дидааст.
Ва ман дар ин ҳол суханони модарамро ба хотир меовардам, ки ӯ ҳамеша бо мост ва дар ҳар ҷо, дар ҳар сурат меояд.
Як рӯз марди посбон бо дидани суратҳои модари ӯ гуфт: «Ман шунидам, ки одам набояд расми одамро бикашад. Худованд аз ин амал дар ғазаб мешавад ва ҷойи ҳар нафаре, ки сурат мекашад, хоса сурати одамро, дӯзах аст».
Мо дар посухи гуфтаҳои марди посбон, ки аз ин пас душманаш гирифтем ва эътиқ одамон аз ӯ баргашт, сухане надоштем ва ҳарфе гуфта натавонистем, аммо вуҷудамон ларзиду чашмонамон пур аз об шуд - на аз тарси Худо, на аз тарси рӯзи қиёмат, балки дар ин ол диламон ба ҳамсабақ и рассомамон, ки мепиндоштем танҳо ҳамин амал боиси оромии рӯҳаш, тасаллои дилаш мегашт, месӯхт. ӯ дар посух, бо он ки гиря гулӯгираш мекард, гуфт: «Ман танҳо як расм, расми модарамро мекашам, баски дӯсташ медорам ва низ ҳамеша дар паҳлуи ман аст. Ва медонам бо амри Худо аз ӯ ҷудо шудаам, балки модарам ба пеши ӯ рафтааст. Ҳеҷ мумкин нест, ки дили Худо ба мани ятиму сағира насӯзад ва дар оташи дӯзах барои кашидани сурати модари ягонаву меҳрубонам бисӯзад».
Ва ман дер, бас дер дарёфтам, ки ин посух бар ӯ илҳом шуда буд, ба хотири модар.
Ва ман он лаҳза, бас зуд дарёфтам, ки дар чунин як ҳол, чунин як муносибат ятим марги дубораи модарашро мебинад.
Ва ман пас аз ҳафт сол ба ӯ, ки дар риштаи рассомӣ таҳсил мекард, гуфтам: «Оё ту метавонӣ сурати модареро бикашӣ, ки бо симои шоду пур аз ифтихор дар сари гаҳвора нишаставу бо меҳри зиёд, либоси тозаву озода, сарбанди сабз ба кӯдаки чашмонаш пӯшидаву нимбоз аз асари хоб сина медиҳад? Ва тамоми ашё дар ин ҳол бо муҳаббат бар ӯ менигаранду дар дил офаринҳо мегӯянд».
ӯ нагуфт, ки метавонам, аммо пурсид: «Модарат ба ин сурат пеши назарат меояд»? Ман хомӯш мондам, балки ҳиссе, нерӯе нагузоштам, ки чизе бигӯям. Аммо ӯ пас аз даҳ сол аз ман пурсид: «Ту хоҳиш надорӣ, ки дар бораи модар чизе бинависӣ? Ман бисёр мехоҳам, ки аз он навишта модари туро бубинам. Охир гуфта будӣ, ки ба модари ман монандиҳо дорад».
Посух гуфтам, ки мехоҳам, аммо наметавонам. ӯ гуфт: «Бовар мекунам. Ҳеҷ кас ки дар мавриди модараш дурӯғ намегӯяд ва хоксорӣ низ наменамояд».
Ва, воқ еан, навишта наметавонистам. Баъд сӯҳбати як муҳақ қ иқ  ба хотирам омад. Мегуфт: «Ба пиндори ман ҳеҷ нафаре асари бузурге дар бораи модар ва дар пояи модар эҷод накардааст. Њар он чӣ навиштанд, худ ҳам аз он қ онеъ набуданд, чун аз ҳазор якеро аз меҳри модар, хидмати модар арза надоштанд. Ва аҷзи худро дар ин ҳол бештар дарёфтанд». 
Бо ин ҳама пас аз ин ман андешидам ва мақ сад гузоштам, ки чизе бинависам, дар бораи модар, агарчи ҳеҷ арзише пайдо накунад, агарчи он шукӯҳ, обрӯ, матонат, сарсупурдагӣ, меҳр, шафқ ат, зебоӣ, дилрабоии ӯро зоҳир насозад. Оре, ба хотири он ҳамсабақи рассомам.
Баъд як рӯзи сарди фасли зимистон бо модари пире, ки дар даст асо дошту либосҳову попӯшиаш аз камбизоатиаш гувоҳӣ медод, вохӯрдам.
Њамроҳи набераи хурдсолаш ба маҳбасхона барои дидори ягона фарзандаш омада буд. Дар посухи пурсишҳо мегуфт, ки ҳамин як фарзанду як набера дорад. Келинаш, модари ин кӯдак, соле пештар оламро падруд гуфтааст. Худо ҷони ӯро аз он намегирад, ки барои ин ҳар ду бояд қарзи модарияшро ба ҷо биёрад. 
Ва модари пире дар гармои тобистон аз сари роҳ ба духтараш, ки дар пахтазор кор мекард, фарёд менамояд: «Биё, ҷон духтарам, худро барои кор насӯзон». «Меоям» мегуфт, аммо намеомад. Баъд модар фарзанди ӯро дар он гармо дар сари роҳ мегузорад ва боз бо овози баланд, ки ба гӯши духтараш бирасад, мегуфт: «Мебинӣ, фарзандат дар зери офтоби сӯзон аст? То ту наоӣ, ман ӯро аз ин ҷо намебарам». Дигар зориҳои духтари ҷавон ба гӯши модари пираш намерасид. Ва модар пас аз он ки ӯ ба хотири фарзандаш омад, мегуфт: «Дидӣ, духтарам, фарзанд барои модар чӣ қ адар азиз аст?! Охир ман ҳам барои ту месӯзам. Ту ҳам барои ман азизӣ...»
Ва ба хотир овардам, ки ятиме қ исса мекард: «Як рӯз моиндарам маро мезад, бо чӯб. Мегиристам ва дар ин ҳол модарамро медидам, ки ба ҳолам аз дур назора дорад. Ва чун хомӯш мешудам, намегиристам, ӯ мерафт. Баъд модареро дидам, ки фарзандашро мезад. Пурсидам, ки барои чӣ фарзандатро мезанӣ. Ба чашмони пурнами ман нигаристу гуфт: «Оҳ, моиндари бераҳмат боз туро зад?! Тасаввур намекунад, ки касе чун ӯ кӯдакони худашро бизанад»? Ман дар симои ӯ, ки холаи ман буд, модарамро дидам. ӯ ба пурсиши ман баъд аз ин посух гуфт: «Ман фарзандамро намезанам, ҷинеро мезанам, ки дар вуҷуди ӯст ва намегузорадаш амали нек намояд». Баъд, барои он ки бештар бовар намоям, қолини хонаашро, ки овезон буд, зад. Аз он гард баромад. Гуфт: «Дидӣ, ман гардро задам, на қолинро».
Ва марде, ки маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, мегуфт: «Шумо хушбахтед, ки медонед гӯри модаратон дар куҷост. Ман намедонам, агар медонистам, ба зиёраташ мерафтам. Худро аз ин рӯ бадбахт меҳисобам». Дар ҷавоби ӯ марде изҳор медошт: «Худро бадбахт машмор, барояш аз хона ҳам дуо бифирист, меравад, рӯҳаш шод мегардад. Аммо биандеш, тасаввур намо, ҳоли модароне, ки фарзандонашон аз ҷанг барнагаштанд ва намедонистанд гӯри онҳо дар куҷост, чӣ гуна буд».
Ва бо зане вохӯрдам, ки дар рӯймоле расм ва мӯйи фарзандро баставу чил сол нигоҳ доштааст. Гуфтанд, ки ҷанг сар зад ва фарзанди ӯ бо хоҳиши худ ба ҳимояи Ватан рафт. Он рӯз мӯйи сарашро тарошиданд. Модар аз он мӯй андаке гирифт ва ҳамроҳи расмаш дар рӯймол баст. 
Пас аз соле хабари марги ягона фарзандаш омад. Мегуфтанд, ки то ба охири зиндагиаш ба марги фарзандаш бовар надошт ва интизор буд, ки ӯ меояд.
Ва ба хотир овардам, ки падари пирам садҳо фарсахро тай мекарду ба зиёрат, ба сари гӯри модараш мерафту маро ҳамроҳ мегирифт, то бароям дарс бошад, дарси ибрат. Ашкҳои шашқ атори ӯро дар он синну сол медидаму дар тааҷҷуб меафтодам, мисоли мо, ки ятим намонда буд. Баъд дар бораи модараш соатҳо мегуфт. Мепиндоштӣ, ки зеботарин, донотарин, маҳбубтарин, меҳрубонтарин модари рӯи олам модари ӯст.
Мегуфт: «Пеш аз оне ки ба дарде, ба ранҷе гирифтор шавам, модарам ба хоб меояд ва мебинам, ки дар изтироб аст».
Мегуфт: «Пеш аз он, ки бахт ба рӯи ман бихандад ё худ корам ривоҷ бигирад, ба пирӯзӣ ноил гардам, модарамро ба хоб мебинам, ки бас шод асту чун офтоб механдаду рӯшаниву гармӣ мебахшад».
Мегуфт ва ман бовар мекардам, на аз он ки падарам мегӯяд, балки модари ман ҳам дар ин ҳолат, бад - ин сурат пайдо мешуд.
Чашмони падарам ҳамеша пур аз ҳузн буд ва овозаш низ, намедонам барои модари худ ё модари мо ва ё фарзандони аз дастдодааш. Қ уръонро ҳам ки бо овоз мехонд, маро мегирёнд ва аз асари ин овоз шабаҳи модарамро бо бародаронам медидам. Ва ҳам медидам, ки кампираки зебову меҳрубоне ҳамроҳи онҳост.
Ва бо марде, ки дар мартаба бас бузург буд, барои рӯзнома сӯҳбат доштам. Аз модараш ёдовар шуд, ки ба хотири ӯ бас ранҷҳо бурдаасту хидмати номардеро кардааст ва модараш ҳама гуна таҳқ иру разолатро таҳаммул намудааст. Ва баъд гуфт: «Ман чун ба мансаби баланд расидам, ӯ омаду ба зорӣ аз он ҳама амалаш хост, ки узр бипурсаду барояш вазифа бидиҳам, то рӯзгорашро пеш бубарад. Ман ба ӯ вазифа додам, аммо гуфтам, ки аз модарам узр бипурсад. Розӣ шуд, вале модарам дигар намехост дидорашро бубинаду узрашро бишунавад. Ва ҳам модарам таъкид намуд: «Мабодо, ки ба хотири ман аз ӯ қ ассос бигирӣ, ҳаволаашро ба Худо намудаам. Агар Худо ин маърифатро ба ӯ ато кунад, ки бидонад модар кӣ аст, чи мартаба дорад, ҳеҷ худро намебахшад ва то ба дами марг чашмонаш пурнам мемонад».
Ва бо зане вохӯрдам, ки гуфт: «Ман ба хотири кӯдакони хурдсолам дар айёми ҷавонӣ дигар шавҳар накардам. Онҳоро хонондаму зан додам. Аммо оқ ибат рӯзи хушам надоданд ва маҷбур шудам, ки хонаи худамро тарк намоям. Аммо бо ин ҳама Худоро зорӣ мекунам, ки аз гуноҳашон бигузарад».
Ва модареро дидам, ки ба ҳангоми марг мегуфт: «Бидонед, фарзандонам, ман аз шумо розӣ меравам ва шумо ҳам аз ман розӣ бошед. Аммо бубахшед, ки ман натавонистам он рисолати бузурги модариро ба пуррагӣ ба ҷо биёрам ва ҳастиву вуҷуди худро ба шумо бубахшам. Аммо бидонед, ки барои шумо зистам ва ҳам барои шумо мемирам».
Ва ба хотир овардам, ки момаам маро бо муҳаббат ва чашмони пуроб дар оғӯш мекашиду бӯ мекашид ва мегуфт: «Ягона нишони фарзандам ҳастӣ ва бӯи ӯро дорӣ. Ба хотири шодии рӯҳи модарат хабарам бигир, ба суроғам биё»!
Дишаб боз модарам ба хоб омад. Ҷавону зебову дилрабо буд ва табассум ба лаб дошт, ҳамчунон ки дар хотир доштам ва пайвандонаш низ тавсифаш мекарданд. Тамоми рӯз бо ёди ин хоб будаму бо андешаи модарам.

Бегоҳ дар сари дастархон чун нишастем, аз кӯдаки хурдсоламон ёдовар шуданд. Гуфтанд, кӯдаки ҳамсоя, ки хурдсолтар аз ӯст, ба сӯяш мушти хокеро ҳаво додааст. Дар ҷавоб гуфтааст: «Модари ман ҳоло бемор аст ва ҳам мо мисли шумо мошинаи ҷомашӯӣ надорем. Модарам маро барои ин сарзаниш намекунад, аммо равост, ки бо он ҳол ӯ бароям ранҷ бубарад»?

Ман фарзандамро барои ин посухи илҳомшудааш бӯсидам ва ба ҳамсарам нигаристам. ӯро бештар аз ҳама рӯзҳои пештар зебову дилрабову меҳрубонтар дидам. Оре, зеро ба ҳама маънӣ, ба ҳама дарк ва эҳсоси масъулияти исломиву инсонӣ ӯро он замон на танҳо ҳамсари вафодор, балки модари кӯдаконам дарёфтам. Ва ба худ гуфтам: «Чаро мо, мардон, ба онҳо, ҳамсаронамон чун модари фарзандонамон бо муҳаббати бепоён сухан намегӯему муносибат намекунем»?
Ҳамсарам гуфт: «Таъбири хобатро ёфтам. Панҷуми март рӯзи даргузашти модари азизат ҳаст. Имсол аз он рӯз чил сол мегузарад. То ба он рӯз ман шифо меёбаму дастархон меорояму пайвандонро даъват мекунем. Бо дуову ёди нек рӯҳи ӯро шод менамоем. Модар аз мо танҳо ҳаминро хостор аст».

Ёди падар.

Хар гох, ки ёди гузашта мекунам, пеш аз хама падарам ёдам меояд. Симои нурони ва чехраи аз гардишу ташвишхои рузгор хастааш беихтиёр пеши ру меояд. Имсол рузи 17 июн ба гузашташ аз ин олами фони 9 соли мелоди пур шуд. Нух аст боз хаётам бе падар мегузарад, аммо хамеш эхсос мекунам, ки у бо ман аст. Панду насихатхояш бо ман аст. Ва хам кафи пур аз дуояш. Умри инсони вокеан хам тез мегузаштааст. Гуё дирузакак буд, ки ба хабаргириаш рафтам. Ва чун харвакта уро болои чонамоз машгули зикру намоз дарёфтам. Дирузакак буд, ки ман чавони 23 сола будам ва имруз аз умрам 31 сол бештар гузашта, аммо хануз рохи хаётро дуруст дарк накардаам. Хаёл мекардам, илм чун гирифти тамом, ту шахси донишманд ва хаётро хуб дарк мекуни, аммо кунун дарёфтаам, ки зиндаги мактаби дигар аст ва падарон устодони бузурги ин мактабанд.
Мехохам ба хобам тез-тез биояд, аммо чунон аз ташвишхои хаёт хаста хобам мебарад, ки дар хобам кариб, ки намеояд. Агар хам ояд, бо хамон симои нурониаш пеши назар меояд, ки пандам медихад. Ва ман дарк мекунам, ки у хаст. Рухи у пандам медихад, то аз рохи рост берун наравам. Сабру тахаммулро ба ман тавсия мекунад ва гуё, ки медонад, ки чи мушкиле дорам ва рохашро танхо ба сабр бояд дарёфт.
Ин хафта бошад рузи 9 июл рузи ба дунё омаданаш аст аз руи шиносномааш. Харчанд, ки мегуфт: "Намедонам, бачам кадом руз ба дунё омадаам, аммо хаминашро медонам, ки 3 сол маро ба шаходатнома бузургам гузаронидаанд ва амаки Абдулмачидат аз ман ду сол калонтар аст, аммо уро дар соли ман гузаронидаанд."
Агар имруз бо мо мебуд, 78 сола мешуд, аммо насиб набудааст ва дар синни 69 солаги бар асари гаму андухи аз рузгор дидааш, комати аз гами фарзандони бармахал аз олам гузашта хамгаштааш, дунёро падруд гуфт.
Вокеан хам ба дили бузург ва ба кисмат сабураш, ки хамаро аз чониби Хак медонист ва шукр мегуфт, ахсан мехонам. Боре фарзандам бемор шуд ва дасту по хурда шудам. Намедонистам чи кунам. Чун Худованд шифоаш дод, падарам хамон замон пеши руям омад, ки рузи марги бародари бузургам, дар беруни хона таъзиякунандагонро кабул мекарду "Инно лиллохи ва инно илайхи рочиун" гуён Худоро зикр мекард. Ва хам боз даруни кабр худаш даромаду фарзандро ба дастони худ ба хок монд.
Гохо мегуфт: "Бачам, дар деха мегуянд, ки Абдулхамид сарвату дорои надорад. Бачам, як шаб хаминро фикр кардаму кариб хобам набурд ва аз гузаштаам ёд овардам. Охир, мисли ман ки аст, ки ин кадар аз наздиконашро аз даст додааст. Пеш аз модарат, бачам, як зану як фарзандамро аз даст додам. Ду бори дигар хонадор шудан хостам, аммо кисмат ба руям нахандид ва чудо шудам. Баъдан 3 бачаи дигарро хар кадом дар 14 то 16 солаги аз даст додам. Баъди солхои чанги дохили бошад, дар пиронсоли ду фарзанди калони дигарро. Дар хар кадоме аз сартахтаги сар карда, то сари сол камаш 3-4 чорвои калон ва чанд сар чорвои хурдро сар буридем. Дигарашро худат хисоб кун, бачам..."
Имсол хам натавонистам дар мохи даргузашташ сари гураш бираваму дуо кунам. Вале хохам рафт. Хохам рафт сари гурашу бахраш фарзандвор дуо хохам кард. Худованд гурашро пурнур ва хонаи охираташро шод гардонад.