понедельник, 30 мая 2011 г.

Ашъори зебои Шаҳриёр

Шаб ба ҳам дар шиканад зулфи чалипоиро,
Субҳдам сар диҳад анфоси масеҳоиро.
Гар аз он Тури таҷаллӣ ба чароғе бирасӣ,
Мусии дил талабу синаи синоиро.
Гар ба оинаи симоби саҳар рашк барӣ,
Ашки симин талаб ойинаи симоиро.
Ранги рӯъё задаам бар уфуқи дидаву дил,
То тамошо кунам он шоҳиди рӯъёиро.
Аз насими саҳар омӯхтаму шӯълаи шамъ,
Расми шӯридагиву шеваи шайдоиро.
Ҷон чӣ бошад, ки ба бозори ту орад ошиқ,
Қимат арзон накунӣ гавҳари зебоиро.
Тӯтиям гӯӣ аз он қанди лаб омӯхт сухан,
Ки ба дил об кунад шаккари гӯёиро.
Дил ба ҳиҷрони ту умрест шикебост маро,
Бори пирӣ шиканад пушти шикебоиро.
Шаб ба маҳтоби рухат булбулу парвонаву гул,
Шамъи базми чамананд анҷуманороиро.
Субҳ сар мекашад аз пушти дарахтон хуршед,
То тамошо кунад ин базми тамошоиро.
Ҷамъ кун лашкари тавфиқ, ки тасхир кунӣ,
Шаҳриёро қуруқи узлату танҳоиро.

Кӯдак ва хазон
"Аз девони Шаҳриёр"
Модаре буду духтареву писаре,
Писарак аз майи муҳаббат маст.
Духтар аз ғуссаи падар маслул,
Падараш тоза рафта буд аз даст.
Як шаб оҳиста бо киноя табиб,
Гуфт: "бо модар ин нахоҳад раст.
Моҳи дигар, ки аз самуми хазон,
Баргҳоро бувад ба хок нишаст.
Сабре, эй боғбон, ки барги умед,
Хоҳад аз шохаи ҳаёт гусаст."
Писар ин ҳолро магар дарёфт,
Бингар ин ҷо моя риққати маст.
Субҳи фардо ду дасти кӯчаки тифл,
Баргҳоро ба шохаҳо мебаст.
Боз як ғазал
Ба чашмак ин хама мижгон ба ҳам мазан ёро,
Ки ин ду фитна ба ҳам мезананд дунёро.
Чӣ шӯъбада аст, ки дар чашмакони обии ту,
Нуҳуфтаанд шаби моҳтоби дарёро.
Ту худ ба ҷомаи хобиву соқиёни сабуҳ,
Ба ёди чашми ту гиранд ҷоми саҳборо.
Каманди зулф ба душ афкану ба саҳро зан,
Ки чашм монда ба раҳ оҳувони саҳроро.
Ба шаҳри мо чӣ ғазолон, ки бодапаймоянд,
Чӣ ҷои ишва ғазолони бодпайморо.
Фиреби ишқ ба даъвии ашку оҳ махӯр,
Ки дарду доғ бувад ошиқони шайдоро.
Ҳанӯз з-ин ҳама наққоши моҳу ахтар нест,
Шабеҳи созтар аз ашки ман сураёро
Ишораи ғазали хоҷа бо ғазолаи туст,
Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро.
Ба ёри мо натавон ёфт Шаҳриёро айб,
Ҷуз ин қадар, ки фаромӯш мекунад моро.
Мо ҳам аз дастам гирифтӣ... (ғазале нихоят зебо)
Эй асас гар шод аз ин хасти, ки шаб мастам гирифти,
Ман аз ин шодам, ки меафтодаму дастам гирифти.
То ки дасте буваду пойе кай харифам буди эй чарх,

понедельник, 9 мая 2011 г.

Фаришаву шоир

Шоиру фариштае бо хам дӯст шуданд.
Фаришта паре ба шоир дод ва шоир шеъре ба фаришта.
Шоир пари фариштаро болои дафтараш гузошт ва шеърҳояш бӯи осмон гирифт.
Фаришта шеърро замзама карду дуояш мазаи ишқ гирифт.
Худо гуфт: "Зиндагӣ аз ин пас барои ҳар дуятон душвор мешавад.
Зеро шоирро, ки бӯи осмонро бишнавад, замин барояш кӯчак аст.
Ва фаришта, ки мазаи ишқро ишқро бичашад, осмон барояш танг".