понедельник, 18 июля 2011 г.


Дафтари хотираи чашмонатро варақ бизан. Шояд дар ягон гӯшае аз он маро ба ёдгор супурда бошӣ...
* * * * * * * * * * * *
Касоне, ки моро меранҷонанд, азизонеанд, ки мо хамеша кӯшиш мекунем, то онҳоро наранҷонем.
* * * * * * * * * * * *
Номае аз ман агар сӯят намеояд, бубахш,
Ҳар чиро ман менависам, ашк покаш мекунад.
* * * * * * * * * * * *
Ба иллати бориши бевафоӣ, шоҳроҳи ишқ ҳамеша лагжонак аст. Эҳтиёт бошед, то наафтед!
* * * * * * * * * * * *
Умедвор будам, ки бо ҳамдигар якҷо пир шавем, на бо дасти ҳамдигар.
* * * * * * * * * * * *
Танҳо гургҳо нестанд, ки либоси меш мепӯшанд. Гоҳе парастуҳо ҳам либоси ишқ бар тан мекунанд!! Ошиқ, ки шудӣ, кӯч мекунанд...
* * * * * * * * * * * *
Офтобпарастро пурсиданд: "Чаро шабҳо саратро пойин меандозӣ?" Гуфт: "Шаб ситораҳо чашмак мезананд, намехоҳам ба офтоб хиёнат кунам.
"

среда, 6 июля 2011 г.

Зиндагӣ ва намоз


Ба намози умр, ки нигоҳ мекардам, малоикро медидам, ки дар суфуфи зебои хеш ӯро ба наззора нишастаанд.
Рӯ ба қибла истодам, аммо дилам ҳанӯз дар паи тааллуқот буд. Гуфтам: «Намедонам, чаро ман ҳамеша ҳангоми дар намоз будан ҳавосам парешон аст?» Ба чашмонам хира шуд: «Мувозиб бош! Касе, ки сари намозаш ҳавосаш ҷамъ набошад, дар зиндагӣ низ ҳавосаш аслан чамъ нахоҳад шуд.»
Гуфту рафт. Аммо ман муддатҳо дар фикри иртибот миёни намозу зиндагӣ будам.
«Намоз муҳимтарин чиз аст, намозатро бо таваҷҷӯҳ бихон!» Бори дигар хондам…