пятница, 30 декабря 2011 г.

Газале аз Мавлоно

Ин бор сармаст омадам, то чому согар бишканам,
Сокиву мутриб хар дуро ман косаи сар бишканам.
Аз каф асо гар бифканам Фиръавнро очиз кунам,
Гар теша дар дастам фитад, ман бути Озар бишканам.
Имруз сармаст омадам, то дайрро вайрон кунам,
Гурзи фаридуни кашам, Заххокро сар бишканам.
Гар каж ба суям бингарад, гуши фалакро барканам,
Гар таъна бар холам занад, дандони ахтар бишканам.
Чун ру ба Меъроч оварам, аз хафт кишвар бигзарам,
Чун пой бар гардун кашам, нав чарху чанбар бишканам.
Ман мурги олихимматам, аз ошёна барпарам,
То каргасони чархро хам болу хам пар бишканам.
Мfн тоири фархундаам, дар кунчи хабс афтодаам,
Бошад магар, ки ворахам, рузе кафас дар бишканам.

среда, 7 декабря 2011 г.

Шеъре аз Махди Ахавони Солис

Лаҳзаи дидор наздик аст,
Боз ман девонаам, мастам.
Боз меларзад дилам, дастам.
Боз гӯӣ дар ҷаҳони дигаре ҳастам.
Лаҳзаи дидор наздик аст.
Ҳой! Нахарошӣ ба ғафлат гунаамро теғ,
Вой, напарешӣ сафои зулфакамро бод.
Абрӯямро нарезӣ дил,
Эй нахӯрда, маст,
Лаҳзаи дидор наздик аст!