понедельник, 17 декабря 2012 г.

Один старый мужчина переехал жить к своему сыну, невестке и четырехлетнему внуку. Его руки дрожали, глаза плохо видели, походка была ковыляющей. Семья ела вместе за одним столом, но старые, трясущиеся дедушкины руки и слабое зрение затрудняли этот процесс. Горошины сыпались с ложки на пол, когда он зажимал в руках стакан, молоко проливалось на скатерть.

Сын и невестка стали все больше раздражаться из-за этого.

— Мы должны что-то предпринять, — сказал сын. — С меня достаточно того, как он шумно ест, пролитого им молока, и рассыпанной пищи на полу.

Муж и жена решили поставить отдельный маленький столик в углу комнаты. Там дедушка стал есть в одиночестве, в то время как остальные члены семьи наслаждались обедом. После того, как дедушка дважды разбивал тарелки, ему стали подавать еду в деревянной миске. Когда кто-то из семьи мельком взглядывал на дедушку, иногда у него были слезы в глазах, потому что он был совсем один. С тех пор единственными словами, которые он слышал в свой адрес, были колкие замечания, когда он ронял вилку или рассыпал пищу.

Четырехлетний мальчик наблюдал за всем молча. Однажды вечером, перед ужином, отец заметил его играющим с деревянной щепкой на полу. Он ласково спросил малыша:
— Чем ты занимаешься?
Так же доверчиво мальчик ответил:
— Я делаю маленькую миску для тебя и мамы, из которой вы будете кушать, когда я вырасту.
Мальчик улыбнулся и продолжил работать. Эти слова так ошеломили родителей, что они потеряли дар речи. Потом слезы заструились на их лицах. И хотя ни одного слова не было произнесено, оба знали, что надо сделать.
В тот вечер муж подошел к дедушке, взял за руку и нежно проводил его обратно к семейному столу. Все оставшиеся дни он ел вместе с семьей. И почему-то ни муж ни жена больше не беспокоились, когда падала вилка, разливалось молоко или пачкалась скатерть.
Дети необыкновенно проницательны. Их глаза всегда замечают, их уши всегда прислушиваются, и их разум всегда тщательно обрабатывает информацию, которую они поглощают. Если они видят нас терпеливыми, поддерживающими атмосферу любви в доме, они будут копировать это поведение всю свою оставшуюся жизнь. Мудрый родитель понимает, что каждый день закладывает кирпичик в будущее своего ребенка.
Давайте будем разумными строителями и достойным образцом для подражания. . 
http://www.wasat.ru/audio/

суббота, 15 декабря 2012 г.

Мустафо Маҳмуд:
العقل الذي يطلب برهاناً على وجود الله هو عقل فقد التعقل، فالنور يكشف لنا الأشياء ويدلنا عليها ولا يمكن أن تكون الأشياء هي دليلنا على النور، كمن يسير في ضوء النهار ثم يقول: أين دليلك على أن الدنيا نهار؟!! .. أثبت لي بالبرهان. (مصطفى محمود،رحلتي من الشك إلى الإيمان)
Ақле ки барои ҳастии Аллоҳ бурҳон металабад, ақлест, ки хосияти андешаронияшро гум карда, зеро ки рӯшноӣ ашёро барои мо ошкор месозад ва онҳоро нишон медиҳад. Ин ашё наметавонанд, ки далел бар вуҷуди нур шаванд: Монанди касе ки дар рӯшании рӯз роҳ мераваду мегӯяд: Далелат чист, ки дунё рӯз аст? Бароям бо далелу бурҳон собит кун, ки рӯз ҳаст! (Мустафо Маҳмуд; Риҳлатӣ мина-ш-шакки ила-л-имон)

среда, 5 декабря 2012 г.

Паёмбари рахмат (с)


                             Паёмбар (с) паёмбари рахмат буд!
         Дар аходис омада, ки Расулуллох (с) бо вучуди оне, ки Умми Чамил (хамсари Абулахаб, ки дар мазамматаш сураи Масад омадааст) ба у душманихои ошкор мекарда ва хатто дар сари рохаш хори маргелонро мерехт, то ба пояш рафта азияташ кунад. Мегуянд чун Умми Чамил бемор шуд, Паёмбар (с) ба аёдаташ рафт.
            Ва мебинем Паёмбарро (с) дар хадис, ки чун ба шахри Тоиф барои даъвати мардум ба дини ислом рафтанд, хама сангаш заданд. Бо сару руи хуншор аз шахр берун мешавад ва зери сояи ангурон дам мегирад. Фариштаи куххо меояду мегуяд: - Ё Расулаллох, ичозат бидех, то кухро болои ин мардуми бадкор чаппа кунам. Паёмбар (с) мегуяд: - На! Шояд аз насли эшон касоне биоянд, ки Аллохи ягонаро парастиш кунанд.
            Хамчунин ривоят шуда, ки чавоне яхуди буд, ки имон наоварда буд ва аз имон овардан мегурехт. Чун бемории маргаш фаро расид, Расули Худо (с) ба болинаш рафт ва уро аёдат кард. Барои он чавон гуфт: Имон биовар, то фардои киёмат аз оташ начот ёби. Он чавон нигохе ба падараш кард. Падараш, ки омадани Паёмбар (с) барояш боиси хайрат буд, ки бо вучуди душмании яхуд ва дасисахояшон боз кина ба дил нагирифта, ба аёдати писараш омадааст, токат накард, ва бо лаби ларзон гуфт: Писарам он чи ошкору нихонист, Худованд медонад. Даъваташро бипазир, зеро хак аст ва хак мегуяд. Он чавон имон оварду чон дод. Паёмбар (с) гуфтанд: Сипос Аллохро, ки ин чавонро ба воситаи ман аз оташи дузах дур кард. 
       Хангоми фатхи Маккаи мукаррама Паёмбари ислом (с) чун Худованд барояш хама кори мехостаашро барояш дар соате ичозат медихад. Фотехона ба шахр дохил мешаваду ба Каъба рафта, бутхоро ба замин меафтонад. Мардум хама чамъ омадаанд ва мунтазири онанд, ки бо онхо чи мекунад? Охир онхо касоне буданд, ки уро аз шахраш пеш намуданд. Бар зиддаш лашкар кашиданд ва наздиктарин ва дустдортарини дустонашро куштанд. Аммо бо ин хама ру ба онхо мекунаду мегуяд: - Фикр мекунед, ки бо шумо чи хохам кард? Хама мегуянд: - Ахун каримун ва ибну ахин карим. Ту бародари карими мои ва фарзанди бародари карими мои. Аз ту чуз хайру хуби чизеро наметавон интизор буд. Бе он, ки ба ислом даъваташон кунад, мегуяд: - Изхабу ва антумут-тулакоу. Биравед, хамаи шумо озодед. Аммо касе такон намехурад. Чун таърих инро ба ёд надошту нахохад дошт. Зеро шохону сарлашкарон чун шахреро фатх мекунанд, занону кудаконро асир мегиранду мардонашро мекушанд. Аммо У Паёмбар аст. Саллаллоху алайхи ва саллам. У на император асту на сарлашкар. 
 Мардум баъди ин караму бахшиши ногуфтании У (с) хама он чо имон меоранд ва аз кирдори гузаштаи худ шармашон меояд. Ва аз эшон нафароне буданд, ки кофири сарсахт ва душманаш буданд, аммо баъди ин ба ислом хизматхои бепоёне мекунанду чоми шаходат менушанд.
       Ин гуна буд Паёмбари мо (с), ки кина намегирифт ва бехтарин буду вокеан хам Паёмбари рахмат буд. Чун Аллохи мутаол фармуда аст дар хаккаш:
    Ва мо арсалнока илло рахматал-лилъоламин - Ва нафиристодем мо туро, магар ки рахмате аз барои оламиён.

вторник, 27 ноября 2012 г.

Киссаи чавони гунахкор


    Чавоне дар замони донишчуияш бо духтаре ишкварзи менамуд ва окибат он духтар аз у хомила шуд. Хонаводаи духтар инро фахмида, ба назди чавон омаданду гиребонашро гирифтанд. Чавон гуфт: Ман коре накардаам. Равед духтари худро пеши рохашро гиред. Агар розигии у намешуд, ман ин корро бо у намекардам. Хонаводаи духтар шармсор аз хонаи он чавон берун рафтанд.
       Рузхо мегузашт ва рузе чавон ба хона омада, модарашро дид, ки руи хавли дод мезаду бехуш мешуд. Чун уро ба хуш овард, боз доди баланде кашида, аз хуш рафт. Баъди чанде чун ба хуш омад, мегиристу мегуфт: - Хохарат. Хохарат. Чавон гуфт: - Чи хохарам? Ба у чи шудааст? Модараш гуфт: - Хохарат аз писари хамсоя хомиладор аст. Чавон хун ба сараш заду ба хонаи хамсоя давид. Писари хамсояро аз гиребонаш гирифту дод зод, ки чаро ин корро карди? Писари хамсоя гуфт: - Ман коре накардаам ва хам намедонам чи мегуи? Чавон гуфт: - Охир бо хохарам чи карди? Писари хамсоя гуфт: -Чизе накардаам. Хохаратро бигир, ки у худаш ин корро кард.
      Хамон лахза ба ёдаш он духтар ва хонаводаи у омад, ки вакте бародари он духтар  гиребонашро гирифта, аз у мепурсид, хамин тавр, бепарвоёна чавоб медод. Дигар дасташ меларзиду фахмид, ки он лахзаи ногувор ба сари худаш омадааст. Ва аз хонаи хамсоя берун омад.
     Рузхо мегузашт ва чавон бо духтаре оила барпо намуд. Чун шаби аввал ба назди арус даромад, духтар бокира набуд. Бо гиряву тазарруъ аз у хохиш мекард, ки гунохашро бипушонад, то Худованд уро низ бибахшад, зеро ба хато ба ин гунох даст задаасту худаш хам пушаймон аст. Чавон гиря мекарду аммо дигар гиря кардан суде надошт.
     Бо амри Парвардигор сохиби як духтараки дуструяке шуданд, ки чун мохтоби шаби чордањ зебо буду хушсурат. Хангоме, ки шашсола буд, рузе, духтараш гирякунон аз дар даромад. Парешонхол буду либосаш хунолуд. Давон ба суи духтараш рафту пурсид, ки: - Ба ту  чи шудааст? Фахмид, ки аз суи нигахбони сохтмони наздикии хонааш мавриди тачовуз карор гирифтааст. Дигар ба худ намеомад ва гирякунон мегуфт: - Парвардигоро! Бас аст, дигар! Бас! Ин чи рузхоест, ки мебинам…
     Ин хама ба он хотир буд, ки он духтаре, ки дар донишчуи ба у даст дароз карда буд, бародар дошт, ки аз ин кор шармсор шуда буд. Ва падаре, ки аз ин мусибати духтараш гамгин буду афсурдахол. Ва уро низ ба чавоне ба зани доданд, ки у низ мехост аввалин марди хамсараш бошад.
    Пас, эй бародарам! Пеш аз оне, ки ба гунох олуда мешави, биандеш! То Худованд туро низ ба чунин холу руз гирифтор накунад. Ин хама барои он чавон чазое буд, ки дар дунё ба чашми худ дид.

среда, 17 октября 2012 г.



در دهکده‌ای مردی زندگی میکرد که به ابله بودن اشتهار داشت و ابله هم بود . تمام آبادی مسخره اش می کردند .
ابلهی تمام عیار بود و مردم کلی با او تفریح میکردند. ولیاو از بلاهت خود خسته شد . بنابراین از مرد عاقلی راه چاره را پرسید.

مرد عاقل گفت:
مساله ای نیست! ساده است. وقتی کسی از کسی تعریف کرد ، تو انکار کن .
اگر کسی ادعا می کند که «این آدم مقدس است»،فوری بگو: نه ! خوب می دانم که گناه کار است.
اگر کسی بگوید: «این کتابی معتبر است» فوری بگو: «من خوانده و مطالعه کرده‌ام!»
نگران نباش که آن را خوانده یا نخوانده ای٬ راحت بگو «مزخرف است!»
اگر کسی بگوید «این نقاشی یک اثر هنری بزرگ است» راحت بگو:
«این هم شد هنر؟ چیزی نیست مگر کرباس و رنگ. یک بچه هم می تواند آنرا بکشد.»
انتقاد کن٬ انکار کن٬ دلیل بخواه و پس از هفت روز به دیدنم بیا.

بعد از هفت روز آبادی به این نتیجه رسید که این شخص نابغه است:ما خبر از استعدادهای او نداشتیم
و اینکه او در هر موردی اینقدر نبوغ دارد.نقاشی را نشان او می‌دهی و او خطاها را به شما نشان می‌دهد.
کتاب‌های معتبر را نشان میدهی و او اشتباهات و خطاها را گوشزد می‌کند. چه مغز نقاد شگرفی! چه تحلیل گر و نابغه‌ی بزرگی!

پس از هفت روز پیش مرد عاقل رفت و گفت:
دیگر احتیاج به صلاح و مصلحت تو ندارم. تو آدم ابلهی هستی!
تمام آبادی به این آدم فرزانه معتقد بودند و همه می گفتند:
چون نابغه‌ی ما مدعیست این مرد آدمی است ابله٬پس او بایدحتما ابله باشد..!!!

вторник, 16 октября 2012 г.

ДАР МАЪНИИ ИН КИ САЙИДАТ-УН-НИСО ФОТИМАТ-УЗ-ЗАҲРО УСВАИ КОМИЛАЕСТ БАРОИ НИСОИ ИСЛОМ

Марям аз як нисбати Исо азиз,
Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз.
Нури чашми Раҳматан л-ил-оламин,
Он имоми аввалину охирин.
Он ки ҷон дар пайкари гетӣ дамид,
Рўзгори тозаойин офарид.
Бонуи он тоҷдори ҳалато,
Муртазо, мушкилкушо, шери Худо.
Подшоҳу кулбае айвони ў,
Як ҳусому як зиреҳ сомони ў.
Модари он маркази паргори ишқ,
Он яке шамъи шабистони Ҳарам,
Ҳофизи ҷамъияти Хайрулумам.
То нишинад оташи пайкору кин,
Пушти по зад бар сари тоҷу нигин.
В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон,
Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон.
Дар навои зиндагӣ сўз аз Ҳусайн,
Аҳли Ҳақ ҳурриятомўз аз Ҳусайн.
Сирати фарзандҳо аз уммаҳот,
Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот.
Мазраъи таслимро ҳосил Батул,
Модаронро усваи комил Батул.
Баҳри мўҳтоҷе дилаш он гуна сўхт,
Бо яҳудӣ чодари худро фурўхт.
Нуреву ҳам оташе фармонбараш,
Гум ризояш дар ризои шавҳараш.
Он адабпарвардаи сабру ризо,
Осиёгардону лаб Қуръонсаро.
Гиряҳои ў зи болин бениёз,
Гавҳар афшондӣ ба домони намоз.
Ашки ў барчид Ҷибрил аз замин,
Ҳамчу шабнам рехт бар Арши барин
. Риштаи ойини Ҳақ занҷири мост,
Поси фармони ҷаноби Мустафост.
Варна гирди турбаташ гардидаме,
Саҷдаҳо бар хоки ў пошидаме.

 Аллома Икболи Лохури

пятница, 12 октября 2012 г.

Рисолати пурмасъулияти омӯзгор


      Аввалин омӯзгор Худованд аст. Ӯ бар Одам (а), нахустин инсон, ҳамаи асмо - ҳамаи донишҳоро омӯхт ва мақому эътиборашро бад-он аз фариштаҳо боло гузошт. Ва бар паёмбари гиромии мо (ба воситаи Ҷабраил) гуфт: "Бихон!", дар ҳоле ки ӯ хонанда набуд ва наметавонист бихонад.
Ва танҳо Ӯ - Худованд ба инсон омӯхт он чиро, ки намедонист. Ва ҳам қаламро барои ин васила гардонид.
Ҳама паёмбарони ростин низ омӯзгор буданд, омӯзгори қавм, омӯзгори башарият. Бар эшон шинохти ҳақу ҳақиқат муҳимтар аз омӯзиши ҳама дунё буд. Дар ҳоле ки қавм гиромияшон намедоштанд ва ҳам озорашон медоданд, онҳоро ба ростӣ, ба шинохти ҳақу ҳақиқат даъват мекарданд, мегуфтанд: "Мо барои ин аз шумо подоше намехоҳем".
Одамӣ ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Вазифаи ӯ аст, ки бояд аз гаҳвора то гӯр илм биёмӯзад. Ва он чӣ омӯхтаасту андӯхтааст, бар дигарон биёмӯзаду бибахшад.
Сарзамине, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ обод нахоҳад гардид ва ҳам танҳо бехирадон метавонанд умед бибанданд, ки он ба ногоҳ рӯзе сарсабз хоҳад шуд, дар ҳоле ки ҳеҷ борони лутф бар он намерезад ва абр аз ӯ ба ҳазор фарсах мегурезад.
Чи бадбахт аст мардуми диёре, ки омӯзгорашро намешиносад ва ӯро гиромӣ намедорад. Мусаллам аст, ҷомеае, ки сипосу сипосгузориро фаромӯш кардаву намедонад, ҳеҷ гоҳ рушд намеёбад ва ба саодату баракат рӯ ба рӯ намегардад. Ва ба мардуме, ки бар рӯи омӯзгор меситезад, дӯзах ҳам танаффур менамояд ва бар он лаънат мехонад.
Омӯзгорро бояд бартар аз падар, бартар аз модар дӯст бидорему қадр бинамоем. Роҳи дуруст, роҳи писандидаро кӣ ба ҷуз омӯзгор ба мо менамояд?
Ҷойи таассуф аст, ки имрӯз ҳирс чашмони моро кӯр карда ва ҳақиқатро намебинем. Агар ҳам мебинем, намешиносем. Ҳолиё сарват, дороӣ меъёри эътибори инсон гардида. Нодориву фақр обрӯи инсонҳои асилро рехта ва онҳоро ба чашми ғаразҷӯён ба хокистар баробар карда. Беқадртарин инсонҳо нодортарини онҳо маҳсуб меёбад. Суханашон асар надорад ва аз ҳолашон ҷуз гурӯҳе хабар надорад. Аммо инро ҳанӯз наметавон бадбахтӣ шумурд. Бадбахтӣ он аст, ки ҳирс ба домони дили омӯзгор даст дароз менамояд ва ӯро тобеи худ месозад. Ӯ дар миёни кирдору омӯзиш ба шогирдон аз ҳирс мегӯяд ва аз ҳирс таълим медиҳаду ҳирсро меомӯзад. Дар ҳоле ки муаллими башарият, паёмбари ростини мо, бо он ки аксар нодору фақир буданд, ба он ифтихор доштанд. Ҳеҷ гоҳ фақру нодорӣ ин қудратро надошт, ки ӯрову пайравонашро битарсонад. Ба Билол, нахустин муаззини ислом, гуфт: "Чунин кун, ки фақир ба Худо расӣ, на ғанӣ". Ва ҳамчунон кард.
Салмони Форсӣ зимни посухи ин пурсиш, ки барои чӣ мегиряд, гуфт: "Савганд ба Худо, аз тарси марг намегирям ва аз ҳаваси дунё намегирям, валекин паёмбари Худо бо мо аҳде карда, гуфта буд: Бояд насибаи ҳар яке аз шумо аз дунё он миқдор бошад, ки насибаи як раҳгузар".
Ӯ аз мансаб мегурехт ва мегуфт: "Агар тавонӣ, ки хок бихӯрӣ ва бар болои ду кас амир набошӣ, пас инчунин бикун". Аммо чун иҷборан амираш таъин карданд, аз гирифтани моҳонаи ҳалоли худ даст кашид, балки онро ба нодорон бахшид. Дар танаш як пора либосе дошт, ки нисфашро мепӯшид ва нисфашро зери пояш меандохт. Ва ӯ бо он шикастанафсиву парҳезгорӣ дар назди сӣ ҳазор нафар хутба мехонд, ки он ба навъе дарс буд. Ва ҳам пиндору гуфтору кирдораш барои он мардум ва барои пасомадагон аз беҳтарин дарсҳо маҳсуб меёфту меёбад.
Аҷаб ин ки мо пайравии ин бузургонро аз ёд бурдаем. Қаноатро намешиносем, агарчи имрӯз ба мол аз он бузургон доротарем. Чи рисолат доштем? Чаро мо ба дунё ин қадар зиёд дил додаем, дар ҳоле ки медонем на ҳамаи моро он насибае, ки мехоҳем, ба даст меояд? Мебинем, омӯзгор низ дар ҳасрати дунёву ҷамъ овардани он асту дасташ бас кӯтоҳ аст, аммо аз баҳри ин умед ҳеҷ намегузарад.
Ва шогирд бо ин ҳол ба ӯ эътимоде надораду нотавоне, раҳгумзада медонаду мехонадаш. Пас сухану дарси ин устод чи гуна бар дили раҳрави нави зиндагӣ коргар меафтад?
Не, ман ҳаргиз намегӯям, ки омӯзгор нодор бошад, ҳарчанд нодор нест, балки муроди ман аз ин гуфта он аст, ки ӯ аз ин ҳолат, аз нодорӣ ҳеҷ натарсад. Ва бояд бидонад, ки бузургтарин кас аст, дар ҳоле ки илм дорад ва аз рӯи он амал мекунад ва ба шогирдон дарс мегӯяд. Ва бояд бидонад, ки аз доротарини дороёни дунёву охират аст.
Ва бояд худро бас арзон надонаду арзон нафурӯшад. Охир мақому мартабаи омӯзгори асил, ҳидояткунандаи башарият ба роҳи рост, аз фаришта болотар аст ва Худованд ӯро дӯст медораду намегузорад, ки дар ду олам хор гардад.
Оре ва ҳам зуд аст, ки дороён дармеёбанд, агар ӯ - омӯзгор доро набошад, дороии онҳо зиёд намегардад, балки пойдор ҳам намемонад. Аз ин рӯ саъй бар он медоранд, ки ӯ доро бошад ва барои ин дороияшонро сарф менамоянд. Магар метавон дар диёре, ки хуршеду маҳу ситора ҳеҷ меҳмон намегарданд ва чароғе фурӯзон намешаваду зулмот онро тарк намекунад, худро хушбахт шумурду аз хушбахтӣ сухан гуфт?
Як нафар дӯсти омӯзгорам ба нигаронӣ мегуфт, ки "чанде аз дороёни зодгоҳаш фарзандонашонро ба хориҷи кишвар фиристоданд, то касб омӯзанду маълумоти олӣ бигиранд, аммо пас аз соле онҳоро ба ватан баргардонданд. Дарёфтанд, ки хондаву омӯхта наметавонанду вақтро ба беҳуда мегузаронанд, чун барои идомаи таҳсил дар мактаби олӣ замина надоранд. Пушаймон аз он буданд, ки ба таълиму тарбияи онҳо боре ҳеҷ таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Ва изҳор доштанд, ки фарзандонро чун нозпарвард намудаанд, ба мушкилот рӯ ба рӯ шудан намехоҳанд.
Фарзанди яке бо ҳуҷҷат омад, ҳуҷҷате, ки донишгоҳро хатм намудааст. Аммо баъд маълум гардид, ки ӯ на касберо хуб омӯхтаву на донишеро ба андозае андӯхтааст".
Пештар ҳама омӯзгор буд, омӯзгори худ, омӯзгори ҳамдигару ҳама. Фарзанди дигареро чун фарзанди худ медонист ва донишу таҷрибаашро барояш дареғ намедошт, ӯро ҳидоят мекард ба роҳи рост, ба омӯзиш, ободонӣ, дӯстдории Ватан, рафъу ислоҳи камбудиҳо.
Масҷидҳо худ мактаб буданд. Ба пиндору гуфтору кирдори одамон дар ин ҷо баҳо мегузоштанд, бе ҳеҷ як хотирбинӣ, бе ҳеҷ як дурӯягӣ. Дар ин макон дарси одамият меомӯхтанд.
Ҳолиё амри маъруфу наҳйи мункарро ба маънии бисёр маҳдудаш мефаҳманд ва намедонанд, ки дин насиҳат аст ва насиҳат дарс. Пештар ҳар нафар пиндору кирдори зиштеро дар касе мушоҳида мекард, ӯро аз он боз медошт. Ва амали некашро тарғиб менамуд, то дигарон пайравияш намоянд.
Ҳолиё бархе аз рӯҳониёни шинохта, ки бештар ба хонаи дороён даъват мешаванд, ҳеҷ амр намекунанд то даст аз ғорати дигарон кӯтоҳ кунанд ва зулм нанамоянду моли ҳалол ҷамъ оранд. Барояшон фатво меҷӯянд ва амалашонро дуруст мешуморанд. Ва ҳам чашми тамаъ ба он мол медӯзанд. Ҳар ойина агар паёмбари гиромии мо аъмоли онҳоро медид, мегуфт: "Исломе, ки ба хуни ҷигараш овардаам, на ин аст ва ман бар шумо на чунин таълим додаам".
Ҳолиё ҷомеа рисолати омӯзгорияшро ба ихтиёри боди фаромӯшӣ вогузоштааст. Хонаҳо хароб мешаванд, занону шавҳарон аз ҳам ҷудо мегарданд, фарзандон ба зино ба дунё меоянду гӯиё ҳеҷ ҳодисаи ғарибе рух надодаву он оқибати баде надорад. То оташ дар буттаи худамон наафтаду насӯзад, намедонем сӯхтан чисту лаб намекушоем ва бонги изтироб намезанем.
Пештар таъсисдиҳандагону масъулони рӯзномаҳо аҳли маориф буданд ва мардум нашрияҳоро чун бунёди мактаби бузург медонист. Ҳар рӯзноманигор омӯзгор буд, омӯзгори ҷомеа ва ба бунёду созандагӣ даъват мекард. Имрӯз ӯ рисолати омӯзгорияшро аз ёд бурдааст. Аҷаб ин аст, ки мардум туфайли васоити ахбори омма аз ҳама ҷангҳои сарду гарми дунё хабар дораду намедонад чӣ ҷанги сарду гарм дар хонаи худу ҳамсояаш мегузарад, то пеши роҳи онҳоро бигирад ва ё дасти мадад барои таъмини сулҳ дароз намояд.
Пештар адабиёт ба хотири рушди маънавиёти ҷомеа буд ва ҳар адиб худро омӯзгори мардум меҳисобид. Қалам ба даст мегирифту менавишт, то адл пойдор бошад, зулм аз миён бархезад, накӯкорӣ намоянд, раҳму шафқат аз миён наравад, бузургсолонро эҳтиром гузоранду дасти навозиш бар сари кӯдакон баранд, ҷаҳлу нодонӣ ҳеҷ роҳ наёбад ва одамон зери осмони соф ба хушию хуррамӣ зиндагӣ намоянд.
Ҳолиё садоҳо баланд мешавад, ки ин адабиёт монеаи пешрафташон дар зиндагӣ гардида ва ба айби он ба ихтироъ рӯ наёвардаанд. Мехоҳанд ба рӯи ин омӯзгорон, адабомӯзонашон бидаванд ва ҳеҷ китоберо аз боби одамият нахонанд.
Пештар гузаштагон, ниёгонро тавсиф менамудем, ҳолиё бегонагонро. Аз дидаҳову шунидаҳо мегӯему афсӯс мехӯрем, ки аз он ба садсолаҳо қафо мондаем. Онҳоро бо ифтихор тавсиф мекунему худро бе дидаи эътибор мазаммат менамоем. Ва намедонем, ки ин ҳам ба навъе ватанфурӯшист, хиёнат ба он мебошад. Мо ба кишварҳои пешрафта на барои он бояд сафар намоем, ки биёему аз тоҷик будан шарм дорем.
Агар дидаи ибрат бикушоем ва ҳақиқатро ҷӯё бошем, меомӯзем, меомӯзонем ва кишварро рушди тоза мебахшем. Дар ин маврид ба умеди касе будан аз осмон ситора овардану аз бодҳои сарду сар-сар умеди сабзидан доштан аст.
Дирӯз зани ҷавоне бо дидаи ашкбор ба идораи рӯзнома омад. Пиндоштам, ҳамин ҳолӣ аз ҷавоне, ки ӯро дар рӯзгор эҳтироми хоса нанамуда, шикоят мекунад. Аммо ӯ аз омӯзгор шикоят кард. Гуфт, ки духтарашро задааст.
Ба хотир овардам, маро ҳам, ки дар синфи як мехондам, муаллим зада буд. Чун шикоят ба падар бурдам, як шапотии обдор ба рӯям зад ва гуфт: "Дигар аз омӯзгор шикоят макун".
Гуфтан мехостам, ки маро ҳам зада буданд ва мо беш аз се ҳазор мактаб дорем, агар аз ҳар мактаб якнафарӣ ба чунин шикоят биёянд…, аммо ӯ пешдастӣ намуд ва изҳор дошт: "Ба ҳама мақомоти дахлдор, шахсони масъул муроҷиат кардам, ҳеҷ кас тадбире наандешид. Охир ман аз он мегирям, ки месӯзам, барои кӯдаки маъюбам месӯзам. Агар аз ин даргоҳ ҳам ноумед биравам…".
Ман андешидам: "Агар он нафароне, ки арзи ин занро шуниданд, рисолаташонро, рисолати омӯзгорӣ, ҳидояткунандагияшонро иҷро мекарданд, шикоят то ба ин ҷо намерасид. Ӯ дигар мехоҳад ба ҳама бигӯяд, ки ба ӯ зулм намуданд. Ва чаро ин занро ба ҷойи хоҳари худ нахонданд? Агар ҳам ҳақ нест, чаро роҳаш нанмуданд, то ҳақиқатро дарёбад"?
Як омӯзгори куҳансоле, ки меҳмони идораи рӯзнома буд, гуфт: "Ба омӯзгорони ҷавон насли мо бояд усулҳои таълиму тарбияро биёмӯзанд. Ва набояд ба омӯзгоре, ки таҷрибаи чандинсолаи омӯзгорӣ надорад, таълиму тарбияи синфҳои ибтидоиро вогузор намоем".
Ба номаи нашршудаи ин омӯзгор раиси ноҳия посух гуфта буд. Раис омӯзгорро ба он айбдор мекард, ки аз имтиёзҳо бархурдор асту соҳиби замин низ гардидааст. Омӯзгор аз он гиламанд буд, ки раис мақсади ӯро нафаҳмидааст. Муроди ӯ расонидани ёрӣ ба омӯзгороне мебошад, ки ба нафақа баромадаанд ва ин масъала ба тамоми гӯшаҳои кишвар дахл дорад, ба як ноҳия маҳдуд намегардад.
Барои посух гуфтан меандешидам, аммо ӯ худ мушкили маро осон кард. Гуфт: "Ҳар кӣ он номаву ин посухро мехонад, дармеёбад, ки раис одитарин масъаларо нафаҳмидааст".
Як омӯзгори варзидаву маъруф мегуфт: "Шикоят аз омӯзгор зиёд аст ва шикояти омӯзгорон ҳам кам нест. Аммо агар ҳама диққату умр сарфи шунидани шикоят бигардаду барои он тадбирандешӣ шавад, мо аз таълиму тарбия қафо мемонем, бисёр қафо ва ҳам он таълиму тарбия дигар асари нек намебахшад". Баъд, ба пиндорам, барои болидагии руҳ ҳикоят кард: "Пас аз бист соли хатми мактаб ҳамсинфон ҷамъ меоянд. Яке аз онҳо дар ҳоли мастӣ ба омӯзгор мегӯяд: "Дидӣ, ана бубин, ин ҳуҷҷатро бубин, сарвари як ташкилотам, ҳол он ки мегуфтӣ, ки ҳеҷ одам намешавам". Омӯзгор бо тааҷҷуб бар ӯ менигарад, мехоҳад посух бигӯяд, аммо раво намедорад, балки бар чунин шахси ҷоҳил суханро ҳайф медонад. Аммо яке аз ҳамсинфон мегӯяд: "Муаллим хато накардааст. Охир нагуфтааст, ки роҳбари ташкилот намешавӣ, балки гуфтааст одам намешавӣ ва ту бо ин амал ин ҳақиқатро собит сохтӣ". Пас аз соле ӯ ба ҷурми фасод дастгир шуд ва ҳашт сол дар маҳбас дарс хонд. Аммо он қадар наомӯхт, ки биёяду аз муаллимаш барои он кирдору гуфтори зишташ узр бипурсад. Шояд Худованд ҳам ӯро мебахшид"?!
Як марди парҳезгор соле пештар ба мо мегуфт: "Худованд одамиро омӯхт ва дӯст медорад, ки ӯ ҳамеша биёмӯзад ва дигаронро биёмӯзад. Аз ин рӯ бояд мақоме баландтар дар назди ӯ аз мақоми омӯзгор набошад. Подоши шоистаи онҳоро худаш медиҳад ва танҳо ӯ ба ин қодир аст". Баъд дарёфтам, ки ӯ умре омӯзгор буда ва ҳам ин суханонро барои иҷрои рисолати он рӯзаш низ гуфта, то мо масъулиятро бишиносем, омӯзгор бошем ва бидонем, ки подоши шоистаро Офаридгор медиҳад. Танҳо Офаридгор.

Абдулқодири РАҲИМ,
"Ҷумҳурият"

понедельник, 24 сентября 2012 г.

Тирамох


Тирамох асту дилам пурох аст,
Хирмани андешаам пуркох аст.
Рафтиву аз пушти ту то рахи дур,
То хануз ду чашми ман бар рох аст.

пятница, 14 сентября 2012 г.

Дило таслими ризои Худованд бош!

Дило, ҳамвора таслими ризо бош,
Ба ҳар ҳоле ки бошӣ, бо Худо бош!
Худоро дон, Худоро хон ба ҳар кор,
Мадон ин ёваронро беҳ аз ӯ ёр!
Чу ҳақ бахшад кулоҳи сарбаландӣ,
Ту дил бар дигаре баҳри чи бандӣ?
Худоро бош, агар марди худоӣ,
Макун бегонагӣ, гар ошноӣ!
Ҳадиси дӯзаху ҷаннат раҳо кун,
Парастиш хос аз баҳри Худо кун!
Туро бар ҳар ду гетӣ баргузидат,
Ҳам охир баҳри коре офаридат.
Зи ту ҷуз бандагӣ кардан наёяд,
Аз ӯ худ ҷуз худовандӣ наёяд.
Бар ин дар ҳеҷ икроҳе набошад,
В-аз ин беҳ ҳеҷ даргоҳе набошад.
Агар лофе занӣ ҳам, лофи дин зан,
Ҳамеша даст дар ҳаблу-л-матин зан!
Ба ҳар коре мададгорат Худо бод,
Далели роҳи динат Мустафо бод!
Замимаи "Девон"-и Носири Хусрав.

пятница, 17 августа 2012 г.

Рамазон рафт


Иди Рамазон имрӯз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад ҷӯем дар роҳи муроди хеш,
Бӯе ба машом омад, аз боди сабо табрик.
 *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Афсус, ки айёми шарифи рамазон рафт,
Си ид ба якбораги аз дасти чахон рафт.
Фарёд, ки си пораи ин мохи муборак,
Аз даст ба як бор чу авроки хазон рафт.
Шуд зеру забар чун сафи мижгон сафи тоат,
Шерозаи чамъияти бедордилон рафт.
Бекадрии мо нашавад фош ба олам,
Мохе, ки шаби Кадр дар у буд нихон, рафт.
Бархост тамиз аз башару соири хайвон,
Он руз, ки ин мохи муборак зи миён рафт.
Бо комати чун тир дар ин маърака омад,
Аз бори гунах бо кади монанди камон рафт.
Бардошт зи души хама кас бори гунахро,
Чун бод сабук омаду чун кух гарон рафт.
Чун ашки гайюрон ба саропардаи мижгон,
Дер омаду зуд аз назари ахли чахон рафт.
То оташи чуъи рамазон чехра барафрухт,
Аз номаи аъмол сиёхи чу духон рафт.
Аз рафтани Яъкуб наравад бар дили Соиб,
Он чи, ки ба Соиб зи видои Рамазон рафт.

вторник, 14 августа 2012 г.

Шаби Кадр


Паёмбар cаллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: 
   «Дар ин мох шаби Ќадр аст, ки аз хазор мох бехтар аст. Касе, ки аз хайру (баракоти) он шаб махрум гардад, махруми хаќиќи хамон кас аст». (Мусаннафи Ибни Абушайба).
   Шаби Ќадр дар шабхои тоќи дах рузи охири мохи Рамазон мебошад. Вале баъзе донишмандон дар шаби бистухафтуми Рамазон будани шаби Ќадр ба яќин наздиктар гуфтаанд.
   Ибни Аббос разияллоху анху, Убай ибни Ќаъб разияллоху анху, Ибни Масъуд разияллоху анху ва дигарон дар шаби бистухафтум будани онро ба яќин наздиктар донистаанд.
   Убай ибни Каъб мегуяд: 
   Шаби Ќадр дар дахаи ахир, дар бистухафтуми мохи Рамазон мебошад. 
   Зарр ибни Хубайш мегуяд: 
   Он гох беистисно савганд хурд, ки шаби Ќадр шаби бистухафтуми мохи Рамазон мебошад.
   Пурсидам: Бо чи далел инро мегуи?
   Гуфт: Бо нишонае, ки Расули Худо Саллаллоху алайхи ва саллам моро хабар дода буд: 
   "Субхи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд". (Сахехи Муслим).
   Бародари азиз! Кадри ин шабро бидон ва ин шабро бо ибодат бигзарон !

НИШОНАХОИ ШАБИ КАДР
1. Он шаб аз дигар шабхо нурони мешавад.
2. Калби муъминонро хамон шаб ороми фаро мегирад. Дар он шаб калби муъмин ором ва кушод мешавад.
3. Дар он шаб хаво ором мешавад. Дар он шаб шамол ором мешавду, шамоли сахт намевазад.
4. Гохо шахсони солех шаби кадр кадом шаб буданашро дар хоб мебинанд. Чуноне, ки баъзе сахобагон дар хоб диданд.
5. Инсон дар он шаб аз намоз халовату лаззат мебарад, ки дар дигар шабхо он гуна лаззату халоватро ёфта наметонад.
6. Субхи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд.
Убай ибни Каъб разияллоху анху гуфт: Расули Худо саллаллоху алайхи ва саллам нишонаи шаби кадрро ба мо хабар дода, фармуданд:
"Субхи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд". (Сахехи Муслим).
Ин буд, баъзе нишонахо шаби кадр.
Аз Худованд пурсонем, ки ибодатхоямонро кабул карда бошад, ва моро боз ба шабхои кадри оянда бирасонад

суббота, 4 августа 2012 г.

Афсонаи буд набуд

    
Холо мефахмам, ки чаро дар аввали афсонахо мегуянд: Буд, набуд.

       Яке буд, яке набуд. Ин достони зиндагии мост. Хамеша хамин буда. Яке буд, яке набуд. Дар фахмиши шаркии мо намегунчад бо хам будан. Бояд дигаре набошад.
       Хеч афсонагуе нест, ки достонаш ин гуна огоз шавад, ки яке буд, дигаре хам буд. Хама бо хам буданд. Ва мо асири ин афсонаи кухан, барои будани яке, якеро нест мекунем. Аз дорои, аз обру, аз хасти. Гуё, ки буданамон вобастаи набудани дигарест. Хеч кас намедонад, чуз мо. Хеч кас намефахмад, чуз мо. Ва он кас, ки намедонаду намефахмад, арзише надорад, арзише надорад, хатто барои зистан. Ва ин хунарест, ки онро хуб омухтаем, хунари набудани дигаре.

среда, 18 июля 2012 г.

МОҲИ РАМАЗОН-- ИСТИҚБОЛ ВА ЗИНДА ДОШТАНИ ОН


Муаллиф:

Шайх Абдуллоҳ Ҷибрин

Аз арабӣ тарҷумаи:

Муҳаммадиқболи Садриддин


Ҳамди беҳад Худованди бахшандаро, ки моҳи Рамазонро бартарӣ дод ва дар он Қуръонро ҳамчун роҳнамо барои мардум ва ҷудосозандаи ҳақ аз ботил фур
ӯ фиристод.Меситоям Ӯро ва шукр мегӯямаш бар ин фазилати бузург ва ин миннати бепоён.Шаҳодат медиҳам бар ин, ки нест маъбуде ба ҷуз Худованди якто ва бешарик, ки муназзаҳ аст аз мислу монанд ва гувоҳӣ медиҳам бар ин, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Ӯ ва беҳтарини фарзандони Аднон аст. Дуруди бепоён ба Ӯ ва аёли байт ва асҳоби Ӯ бод.
     Аммо баъд: «Эй бандагони Худованд, битарсед аз Худо ба ваҷҳе, ки сазовори тарсидан аст ва аз ин дори фонӣ бо неъмати Имон биравед. Пас фармонбардории амри Ӯро кунед, то аз сарпечӣ ва зиёнкорӣ эмин бимонед. Дар ҳама ҳолатҳо ба зикри Худо машғул бошед, то аз ҷумлаи ғофилон нагардед. Шукргузори неъматҳои Ӯ бошед, то аз ҷумлаи носипосон нагардед ва огоҳ бошед, эй бандагони Худо, Парвардигор мову шуморо барои ибодат офарида ва ба яктопарастӣ ва итоъат амр намудааст».
        Ба та
ҳқиқ Худованд неъмати бузургеро барои мову шумо арзонӣ намудааст: чун мову шумо ба моҳи мубораки Рамазон расидем, ки барпо доштани он бо тоъат ва ибодат неъмати бузург ва бартарии зиёде дорад, барои шахсе, ки бар он муваффақ гардад. Чунки дар ин моҳи муборак сабабҳои мағфирати гуноҳон ва сабабҳои озод шудан аз оташи дӯзах вуҷуд дорад.
      Пас шахсеро, ки Худованд умрашро дароз намуда, ба ин моҳи муборак расонд ва шабҳои пурбаракату рӯзҳои пурфайзи онро дарёфт, дар ҳақиқат он шахсро Худованд бо бисёр фазилатҳое икром намудааст, ки ғайри ӯро аз он маҳрум гардонидааст. Бисёр шахсоне ҳастанд, ки аҷали эшон пеш аз қудуми моҳи шарифи Рамазон даррасид ва аъмолашон хотима ёфт.
        Каломи Худованд:
      «Моҳи Рамазон, ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил Қуръон нозил шудааст, пас ҳар кас, ки моҳро бубинад, бояд, ки дар он рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар. Худо барои шумо хостори осоиш аст, на сахтӣ ва то он шуморро комил созед. Ва Худоро ба он сабаб, ки роҳнамоиятон кардааст ба бузургӣ ёд кунед ва шукр гўед!»
                                                                                       (Сураи Бақара, ояти 185).
           Ин моҳест, ки саршор аз аъмоли нек ва пурбаракат, моҳи қабули дуъоҳо, моҳи дастгирии ҳоҷатмандон, моҳи озод шудани гарданҳо аз гуноҳон аст, моҳест, ки аз аввал то ба охир лаҳзаҳои гаронбаҳо дорад, моҳест, ки дар он шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст. Шахсе. ки аз хайру баракати он шаб маҳрум гардад дар ҳақиқат аз нафъи бузурге маҳрум гаштааст. Шахсе, ки як хислати некеро дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худованд анҷом медиҳад монанди касест, ки амали фарзиро дар хайри Рамазон анҷом додааст ва шахсе, ки амали фарзиро дар ин моҳ анҷом диҳад, монанди шахсест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Моҳи мубораки Рамазон моҳи сабр аст ва ҷазои сабр, ҷаннат аст. Моҳи мубораки Рамазон моҳи баробарӣ байни мусалмонон аст.
 Моҳест, ки ризқи мӯъмин меафзояд.
        Шахсе, ки дар ин моҳ рӯзадореро ифтор медиҳад Худованд гуноҳи ӯро мебахшад ва аз оташи дӯзах наҷоташ медиҳад, гарчанде ифтори додаи ӯ ба миқдори ҷуръаи об ва пиёлаи шир бошад ва шахсе: ки рузадореро таъом дода сер мекунад, рӯзи қиёмат Худованд ӯро аз ҳавзи Паёмбараш (Кавсар) сероб мегардонад.
       Моҳи мубораки Рамазон моҳест, ки даҳ рузи аввалаш раҳмат ва даҳ рӯзи миёнааш мағфират ва даҳ рӯзи охираш озодӣ аз оташи дӯзах аст. Даҳ рӯзи аввал рахмат барои тамоми мӯъминон аст. Худованд бо фазлу карами бепоёнаш онҳоро раҳмат мекунад, чунки Ӯ раҳиму карим аст. Даҳ рӯзи миёнаи ин моҳ мағфират ва бахшиш барои гунаҳкорон аст, яъне касоне, ки даст ба мухолафати фармудаҳои Худо задаанд ё хатое содир намудаанд. Пас ҳангоме, ки тавба намуда, ба сӯи Парвардигори хеш рӯй меоваранд дар ин моҳи Рамазон Худованд гуноҳҳои онҳоро мебахшад ва тавбаашонро қабул менамояд. Инчунин дар даҳ рӯзи охири ин моҳ Худованди муттаъол гунаҳкоронро аз ҳалокат озод намуда, барои дохили ҷаннат намудан, омода месозад дар ҳоле, ки ба гуноҳҳои пешинаашон барнагарданд. Дар ин маврид ривояте вуҷуд дорад, ки Худованд дар ҳар шабе ба вақти ифтор ҳазор ҳазор (яъне як миллион) бандаро аз оташи дӯзах озод менамояд, чун охирин шаб фаро расад Худованд ба микдоре, ки аз аввали моҳ то охири моҳ озод намуда буд ба ҳамон микдор бандагонро озод менамояд. Пас, биёед барои дарёфти ризои Худованд кӯшиш намоем зеро, ки Ӯ тавбаи бандагонашро мепазирад. Дар фазилати моҳи мубораки Рамазон аз он Ҳазрат (с) ривоят шудааст.
       «Ҳар вакте, ки моҳи Рамазон медарояд дарҳои ҷаннат кушода ва дарҳои дӯзах баста мегардад, ва шайтонҳо ҳамагӣ баста мешаванд. Дарвозаҳои раҳмат боз мегардад ва ҳеҷ яке он пӯшида намешавад ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд».    Ҳамаи ин фазлу раҳмати Худованд ба хотири он аст, ки шайтонҳо дар ин моҳи муборак барои аз роҳи рост дур намудани уммати Муҳаммад (с) имконият надошта бошанд.     Дар ҳар рӯзе аз рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон нидокунандае нидо мекунад:
      «Эй ҷӯяндаи хайр, бишитоб ва истиқбол кун ва эй ҷӯяндаи шар, кутоҳдаст шав!» ва дар ҳар шабе аз шабҳои ин моҳ Худованди муттаъол бандагонашро аз оташи дӯзах наҷот медиҳад, пас барои мусалмон лозим аст, ки тавба намуда, тавассути корҳои неке, ки Худованд иҷрои онро аз бандааш дӯст медорад, рӯй ба даргоҳи Худои бениёз биёрад. Ва ба сабаби тавбаи бандагон Худо гуноҳонашонро бахшида, аз оташи дӯзах наҷоташон медиҳад. Аз ин рӯ бандагон дар ин моҳи муборак бояд ба Худованд наздикӣ ҷӯянд ва ризои Ӯро дарёбанд. Бар эшон лозим аст, ки дар ин моҳи муборак тавбаи насуҳ намуда, аз он хатоҳову кӯтоҳиҳое, ки содир намудаанд, пушаймон гарданд. Инчунин бар мусалмонон лозим аст, ки бо парвардигорашон аҳд намоянд, ки то охири ҳаёташон ба амалҳои нек идома медиҳанд, то ба ин васила Худованд амалҳову тоъату ибодати онҳоро бипазирад ва гуноҳонашонро биомӯрзад,бешак , раҳиму карим аст. Инчунин ҳар мусалмон бояд дар ин моҳи муборак бештар ба корҳои хайр машғул бошад ва тавба намояд:, то Худованд аз азобе, намояд. Худованди муттаъол мусалмононро ба шитофтан ба сӯи корҳои хайр дар ин моҳи муборак амр намуда, фармудааст:
 Каломи Худованд:
      "Бар якдигар пеша гиред барои омӯрзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт,ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барои парҳезгорон муҳайё шудааст, он касон, ки дар тавонгариву тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурӯ мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад! Ва он касон. ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳҳои хеш омӯрзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмӯрзад. Ва чун ба зиштии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, пой нафишуранд."
                                                                 (Сураи Оли Имрон: ояҳои 133:-135)

      Пас бар ҳар мусалмон лозим аст, ки вақтҳои пурфайзу пур-баракати ин моҳро ғанимат шуморад зеро, ин моҳи муборак ҷойнишине надорад, ки чунин фазилатҳоро доро бошад.
       Рӯзҳои ин моҳи муборак фазли зиёде доранд, ки агар шахсе аз он рӯзҳо истифода намуда, тавбаву надомат намояд ва аз маъсият даст бардорад Худованд гуноҳҳои ӯро меомӯрзад ва худашро мавриди раҳматаш қарор дода, аз азоби дӯзах наҷот медиҳад. Аммо шахсе, ки аз ин рӯзҳо истифода наменамояд ва ба беҳудагардиву хӯшгузарониҳои дунявӣ идома медиҳад. бешак, ӯ ҳангоме, ки гуноҳҳои тавбакунандагон бахшида мешаванд пушаймон мешавад ва ин пушаймонии ӯ дар ҳолест, ки гунаҳкороне монанди ӯ аз фазл ва бахшиши Худованд маҳрум
шудаанд. 
Пас, эй бандагони Худо!худ ба хулосае биёед, шахсе, ки дар чунин моҳи пурфайзу баракат моҳи бузург гуноҳонаш омӯрзида нашаванд пас кадом вақт омӯрзида мешаванд.
      Дарахте,ки мева надорад, фоида надорад сазовор нест ҷуз ин, ки ҳезуми оташ гардад. Дар ривояте омадааст вақте ки Ҳазрати Муҳаммад (с) ба минбар боло мешуданд гуфтанд:
- «Омин, Омин, Омин» сабаби чунин омин гуфтанашро пурсиданд:
Эшон фармудан: «Ҷабраил(с) омаду маро гуфт:
    - Эй Муҳаммад,хору залил ва аз раҳмати Худованд дур бод шахсе, ки моҳи мубораки Рамазон бар ӯ медарояду ба интиҳо мерасад ва ҳеҷ гуноҳи ӯ бахшида намешавад. Эй Муҳаммад, омин: Бигӯ! Пас ман омин гуфтам. Ба ҳамин шакл Паёмбар (с) тамоми ҳадисро баён намуданд. Бидуни шак ин ҳадис далел бар он аст, ки моҳи мубораки Рамазон моҳи омӯрзиши гуноҳон аст. Пас шахсе, ки ворид ба моҳи мубораки Рамазон шавад ва бо вуҷуди ин ба корҳои зишту пур аз маъсият идома диҳад ин тоифа мардум аз ҷумлаи маҳрумшудагон аз раҳмати Худованд мебошанд. Ба таҳқиқ Паёмбари акрам (с) айёми омӯрзиши гуноҳонро баён намуда, моҳи мубораки Рамазонро аз ҷумлаи он айём зикр карда,
Эшон фармудаанд:
       «Касе,ки Рамазонро аз рӯи имон ва ихлос рӯза гирад гуноҳи гузаштааш омӯрзида мешавад».
        Шарҳ ва маънои ҳадис ин аст, ки бояд шахсро имони ба Худованд доштааш ба рӯза гирифтан водорад. Дар ҳоле ки тасдиқ мекунад,
ки Парвардигори ӯ ба ин ибодат ӯро амр намудааст. Инчунин тасдиқ кунад, ки бидуни рўзаи моҳи шарифи Рамазон исломи шахс комил намегардад. Ва рӯзаашро холисан барои касб намудани аҷру савоб гирифта 
бошад, на барои риё ва худнамоӣ.Пас шахсе, ки ба ин минвол моҳи Рамазонро рӯза гирифта, аз хӯрданиҳову, нӯшиданиҳо худро боз
медорад, чашмонашро аз назар кардан сӯи он чӣ Худованд ҳаром гардонидааст нигоҳ медорад ва гӯшҳояшро аз шунидани ғино ғайбату
тӯҳмат ва забонашро аз суханони бад, ғайбату суханчини
ва монанди инҳо боз
 медорад мувофиқи фармудаи Расули акрам (с) гуноҳҳояш омӯрзида мешавад. Аммо шахсе, ки ба ин шакл рӯзаашро комил насохт ва ё онро муҳофизат накард ва рӯзааш дар ӯ асаре нагузошт, пас ин рӯзааш барои ӯ баҷуз дурӣ аз Худованд чизе дигаре
ба бор нахоҳад овард. Тавре, ки маълум гашт рӯза доштан яке аз сабабҳои асосии мағфирати гуноҳон аст.
          Паёмбари гиромӣ (с) сабабҳои дигари мағфирати гуноҳон, монанди бо имону ихлос рӯза гирифтан, бо ихлоси том шаби Қадрро зинда доштан, инчунин дар роҳи хайр садақа ва нафақа кардан, бештар дуъо ва зикри Худованд намуданро зикр кардааст. Ҳамаи ин аз амалҳое ҳастанд, ки Худованд анҷоми ихлосмандонаи онро сабаби мағфирати гуноҳон ва озод намудан аз оташи дӯзах гардонидааст Пас, шахсе, ки чунин моҳи бузург ба ӯ муяссар гашт ва сазовори мағфират нашуд, ба таҳқиқ . аз фазлу раҳмати Худованд дар ин моҳи бузург маҳрум гаштааст. Барои мусалмон ва бандагони Худованд лозим аст, ки ин моҳи бузургро истифода баранд. Худованд (Ҷ) дар ҳар замон мавсимҳо дорад, мавсимёои бахшиши гуноҳон:,мавсими раҳмат, мавсими бахшиши ризқу рӯзӣ, мавсими фазл.
Пас, бояд бандаи мусалмон тавбаи содиқ намуда, ба сӯи Парвардигори хеш баргардад, то сазовори аҷру савоби бузург шавад. Ба ҳамин шакл моҳи мубораки Рамазон аз ҷумлаи ибодатҳоест, ки бандаи мусалмон тавассути он ба Парвардигораш бо рӯза доштан дар ин моҳ, ки яке аз фарзҳои асосии ислом аст, ба зинда доштани шабҳои он бо умеди пок шудан аз маъсият ва гуноҳҳо, хайру саховат ва нафақа намудан дар роҳи ризои Худо бо умеди сазовор шудан ба фазлу карамаш ва бо тиловати Қуръон ва тафаккур ва тадаббур намудан дар ояҳои он наздик
 мешавад.
       Ҳамаи ин аъмолро бандаи мусалмон дар моҳи Рамазон анҷом медиҳад. Инчунин аз ҷумлаи ибодатҳои моҳи мубораки Рамазон зинда доштани шабҳои он аст, ки ин ибодат василаи наздик шудан ба Худованд мегардад. Паёмбар (с) фазилати зиндадории шабҳои Рамазонро баён намуда, худашон ин амалро анҷом додаанд ва уматонашро ба он ташвиқу тарғиб кардаанд.
Эшон фармуданд:
       «Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва ихлос рӯза гирад гуноҳи гузаштааш омӯрзида мешавад».
Боз фармудаанд:
   «Ба таҳқиқ Худованд рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро ба шумо фарз гардонид ва ман зинда доштани шабҳои онро ба шумо суннат гардонидам». Инчунин аз эшон ривоят шудааст:
«Ба таҳқиқ Худованд рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро фарз ва зиндадории онро нафл ва татаввуъ гардонидааст».Худованд бандагонашро хабар медиҳад, ки зиндадории шабҳои Рамазон, ки аз ҷумлаи навофиланд ва аз сабабҳои мағфирати гуноҳон ва пок шудан аз хатоҳову иштибоҳот аст аз ин рӯ аҷри бузург ва савоби зиёд дорад.
Барои омӯрзиши гуноҳ дар ин моҳи муборак се шарт вуҷуд дорад:
1. Пойдорӣ ва зиндадории ин моҳ.
2. Имону ихлос доштан ба он.
3. Иҳтисоб, яъне аҷру подоши онро аз Худованд холисона хостан ва ба
умеди он тоъату ибодат ба ҷо овардан.
Пас, шахсе, ки ин се шартро бо нияти нек пурра менамояд, умед аст, ки гуноҳҳои ӯ бахшида мешаванд. Пас лозим аст, тамоми шабҳои Рамазонро зиндадорӣ намоем ва он
аъмоле, ки дар вақти зиндадорӣ аз мо талаб карда шудааст,ж анҷом диҳем ва инчунин лозим аст, ки шахси шабзиндадор тасдиқ намояд, ки ин амалаш тоат ва ибодат ва василаи наздикшавӣ ба Худованд мешавад. Инчунин барои шахсе, ки Рамазонро бо тоату ибодат барпо медорад лозим аст, ки аз фазлу карами Худованд умед дошта, ба хатову кӯтоҳии хеш эътироф намояд ва ба Худованд иътимод дошта бошад. Танҳо Ӯст, ки гуноҳҳои моро меомӯрзад, тоъату ибодатамонро
қабул намуда, аҷри беҳисоб ато менамояд. Ҳар вақто, ки бандаи мусалмон ба ин шакл моҳи мубораки Рамазонро ба анҷом 
расонад умед аст, ки гуноҳҳояш омӯрзида шавад. Аз Паёмбари бузургвор ривоят шудааст, ки фармудаанд:
    «Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз Рамазон то Рамазон пушонандаи (аз байн барандаи) он чӣ дар байнашон ҳастанд (яъне гуноҳҳо) дар сурате, ки аз гуноҳи кабира парҳез карда шавад;
    Ба ҳамин шакл амалҳое, ки дар боло зикр намудем гуноҳҳои моро дур мекунад, ба шарте, ки аз гуноҳои кабира бипарҳезем.
    Тавре, ки дар боло гузаштем рӯза доштани ин моҳи муборак бедорхобӣ дар шабҳои он ва дар шаби Қадр аз сабабҳои омӯрзиши гуноҳҳо маҳсуб мешаванд. Инчунин дигар амалҳои нек:
Монанди садақа ва нафақа кардан дар роҳи Худо, дуъову зикр ва анҷом додани аъмоли нек, парҳез намудан аз гуноҳ, дурӣ ҷӯстан аз амалҳои ғайри шаръӣ. Бидуни шакку тардид намози шаб аз ҷумлаи аъмоли қаблан зикршуда мебошад, намози шабҳои Рамазон бисёр бофайзу баракат аст. Худованд хабар додааст, ки Қуръони каримро дар ин шабҳо нозил намудааст, ва шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор шаб аст аз ҷумлаи ин шабҳост. Яке аз ҳикматҳои Худованд дар муайян намудани шаби Қадр ин аст, ки мусалмонон ҷаҳду кушиш намуда, ба қадри тавоноияшон ин шабро бо тоъату ибодат зиннат диҳанд,то Худованд барояшон аҷри бузург насиб гардонад.
        Ба таҳқиқ Худованд касонеро, ки дар кори савоб ҷаҳду кушиш менамоянд сутудааст:
      Худованди муттаъол дар Қуръони маҷид мефармояд:
    «Ононе, ки шабҳояшонро дар ҳоли саҷда ва рост истодан ба хотири Худо мегузаронанд»
         Худованд ин ду рукни намоз, яъне саҷда ва қиём (рост истодан)-ро махсус зикр намудааст, чунки дар намоз дигар рукнҳо, монанди азкору дуъоҳо, қироат ва шикастаҳолӣ намудан мавҷуданд, лекин ин ду рукн дар намоз асосӣ ва беҳтарин аркон ба ҳисоб мераванд.
Ҳамингуна Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бандагонеро, ки аҳли савоб ва аҳли ҷаннат мебошанд зикр намуда, мефармояд:
         Каломи Худованд:
        «Аз бистари хоб паҳлӯ тиҳӣ (бедорхобӣ) мекунанд, Парвардиго-рашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд. Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хӯшиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба подоши корҳое, ки мекарда, барояш пинҳон карда шудааст!.
                                                                    (Сураи Саҷда: ояҳои 16-17).
       Худованд хабар медиҳад, ки аз ҷумлаи амалҳои аҳли ҷаннат ва аҳли савоб ин аст, ки дар ҷойгаҳи хобашон итминон (оромиш) надоранд. Ҳамаи ин ба сабаби он аст, ки эшон аз Худованд умеди аҷру подош доранд.
Инчунин Худованд парҳезгоронро чунин меситояд:
         Каломи Худованд:
     "Як ҳиссаи каме аз шабро хоб мекарданд ва дар вақти саҳар истиғфор менамуданд"
           Яъне шабҳо бо ҷаҳду кушиш тоату ибодат ва намозгузорӣ машғул мешуданд ва дар охири шаб нишаста истиғфор менамуданд, монанди ин, ки гунаҳкор бошанд. Чунин аст ҳоли бандагони солеҳи Худованд.Онҳо амалҳои хайр зиёд анҷом медиҳанд, худро гунаҳкор ҳисобида боз истиғфор менамоянд. Ҳарвақто ки банда чунин бошад Худованд аз ӯ амалашро қабул намуда, аҷру савобашро дучанд медиҳад.Худованд Паёмбарашро ба истод шудан (қиём) амр намуда, мефармояд:
        Каломи Худованд:
        «Эй ҷома бар худ печида, шабро зинда бидор, магар андакеро,
нимае аз онро ё андаке аз нима кам кун, ё андаке бар нима бияфзой ва Қуръонро шумурдаву равшан бихон».
                                                                           (Сураи Муззаммил, оятҳои 1-4)
           Ба ҳамин шакл Аллоҳ Расули акрам (с)- ро чунин амр намуд, то онро анҷом диҳад ва ба таҳқиқ Паёмбар (с) фармудаи
Парвардигорашро ба ҷо овард ва онро татбиқ намуд. Ин буд, ки эшон бештари соатҳои шабро зиндадорӣ мекарданд ва кам хоб мерафтанд, пайваста бо намозу тоату ибодаташ дар тамоми давраи нубувваташ ба Худованд наздикӣ ҷӯстанд, яъне баъд аз ин, ки ба эшон ваҳй фиристода шуд, зеро ин сура дар ибтидои нузули ваҳй нозил гардид.
        Баъдан Паёмбар (с) пайравӣ аз ин амр намуданд тавре, ки ровиёни сирати эшон ба мо ривоят мекунанд Расули акрам (с) умматонашро ба зинда доштани шабҳо ташвиқу тарғиб намудааст, аз эшон собит шудааст, ки фармудаанд: «Беҳтарин намоз баъд аз намозҳои фарзшудаи панҷгона намози  шаб аст».
           Инчунин ҳангоме, ки эшон фазоили аъмол аъмоли некро баён намуданд шабзиндадории шахсро зикр карданд ва ояти сураи саҷдаро қироат намуданд, ки чунин аст.
       Каломи Худованд:
          «Дур мемонад паҳлуи эшон аз хобгоҳ».
          Яъне, ин аз беҳтарин амалҳо ба ҳисоб меравад. Аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки дар шабҳои Рамазон намозҳои тулонӣ
доштанд.
                  Ривоят аст, ки эшон дар як шаб сураҳои Бақара, Нисо ва Оли Имронро дар як ракаъат хондаанд. Эшон бо тааммул қироат
мекарданд ва баъд аз тиловати ҳар ояти раҳмат аз Худованд раҳмату мағфират мепурсиданд ва баъд аз қироати ояти азоб аз Худованд паноҳ меҷӯстанд. Баъд аз он эшон рукуъ мекарданд ва рукуъашон тулонӣ буд.
         Ҳамчунин ракаъати дуввумро монанди аввал адо мекарданд. Бешак Паёмбари (с) аз ин ибодат лаззат мебурданд ва як навъ
роҳат ва оромӣ барояшон пайдо мешуд. Ёрони эшон низ чунин буданд тавре, ки Қуръони карим хабар медиҳад:
 



вторник, 17 июля 2012 г.

Намози шаб


Намози шаб ин хамон намози тахаччуд аст, ки фазилати бехад бузург дорад. Ва ё онро салотул-лайл мегуянд. Дар мохи мубораки Рамазон киёми шаб, яъне таровех хам хамин хукмро дорад, иншоаллох!
Шайх Умар Абдулкофи (яке аз олимони ислом) мегуяд: Хонахое, ки дар онхо намози шаб хонда мешавад, нуре аз он хорич мешавад, ки ахли осмон, яъне малоика, он нурро мебинанд. Он гунае, ки мо инсонхо ьа осмон менигарем ва ситорагонро мебинем. Хамоно малоика хам аз осмон ба хонахое, ки дар онхо намози шаб побарчост, менигаранд.
 Чои шигифти ва тааччуб аст, ки малоика хар руз хонаат, ки дар он намози шабро барпо мекуни, одат мекунанд ва агар як шаб намозро барпо накарди, чуёи холат мешаванд, ба хотири ин, ки хонаатро торик мебинанд, нури хонаатро дар он шаб рушан намебинанд. БА малоика гуфта мешавад, ки фалони имруз ба он хотир намози шабро адо накардаст, ки бемор аст, ё норохати ва мушкилие уро пеш омадааст. Баъд аз ин хабар, малоика барои ту дуо ва шифои очилро аз даргохи Парвардигор хостор мешаванд, ба хотири шавке, ки дубора аз хонаат нур бадар шавад.
 Аз шогирди Имом Абулхасан пурсида шуд:- Вакте, ки Имом Абулхасан хоби баъд аз маргашро дида буд, чи гуна васф мекард? Шогирдаш чавоб дод: - Ба Худои замину осмон савганд! Хеч чизе гайр аз ракъатхое, ки дар охири шаб адо мекардем ва мардум дар хоби амик буданд, ба додамон нарасид. Нури кабрхоро пайдо накардем, магар ба василаи киёми лайл-намози шаб
 Расулуллох (с) фармудаанд: - Салом кунед,  ба мискинон гизо дихед ва намози шабро адо намоед, дар хангоме, ки мардум дар хобанд. Агар ин амалхоро анчом дихед, ба бихишти барин ворид мешавед ва хамоно шумо дар амну саломатии комил хастед.
 Эй бародарон ва хохарони гироми! Оё метавонем хонахоямонро ба василаи барпо кардани намози шаб, мисли ситора нурони гардонем, то ахли осмон ба он бингаранду дар орзуи он нурхо бошанд? Ва агар рузе, мабодо ин нур хомуш гардад, ахли осмонхо шафоату афвро аз даргохи илохи бароямон хостор бошанд.
Азизони ман! Мо чи чизеро аз даст медихем? Агар рузе соатро 10 дакика монда, ба намози субх биштобем? Онгох бедор шавему дар торикии шаб, дар баробари Худованди таоло хузуъу хушуъ дошта бошем .
     Оё медонед, ки узвхои бадани инсон баъд аз вафоти инсон то чи муддате боки мемонанд?
  - Калб                 - 10 дакика;
 - Акл                    - 20 дакика;
  - Чашм               - 4 соат;
  - Пуст                  - 5 руз;
   - Устухон              -30 руз
  - Амали нек          - то рузи киёмат
Ва хисобу китоб дар натича. Чизе, ки мондагортарин асту ба додамон мерасад, хамон амали не каст. Намози шаб яке аз он аъмоли нек аст ва то замоне, ки калбат дар холи тапиш аст, барои охиратат талош кун ва бигу: «Ло илоха иллаллоху Мухаммадун расулуллохи»
 Азизонам! Кабр садо мезанад ва ба майит мегуяд:
 - Ман хонаи танхои хастам, касеро муниси худ карор дех. Тиловати Куръон дар кабр муниси ту хохад буд.
Дубора садо мезанад:
- Ман хонаи торику вахшатнокеам, маро ба намози шаб нурони кун.
Боз садо мезанад:
-Ман хонаи хоки хастам, фаршам аз хок аст, фаршатро аз амали нек карор бидех.
Боз мегуяд:
- Ман хонаи мори афъи ва вахшат хастам, тарёк бо хуб бигир. Ва он тарёк «Бисмиллох.» аст, ки намегузорад осебе ба ту расад ва наздикат шавад.
Мегуяд:
-Ман хонаи Накиру Мункарам, ки суолат мекунанд. Шаходатайнро бештар ба забонат биовар.
Азизонам! Биёед тушаи охиратамонро пур созем, ки бо итминони комил ва оромиши комил дар кабр дафн шавему дар баробари ин бахронахо ба рохати бигзарем.
Аниси қалби худ танҳо Худо кун,
Худоро дар дили шабҳо садо кун.
Зи хавфи Ҳак агар ашке бирези,
Ба ҳоли дӯстонат ҳам дуъо кун!
        

вторник, 10 июля 2012 г.

Аз суханони Махатма Ганди

Аз гунох танаффур дошта бош, на аз гунохкор.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Агар рузе душман пайдо карди, бидон ки дар расидан ба хадаф муваффак будаи.
 *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Агар рузе тахдидат намуданд, бидон ки дар баробарат нотавонанд.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Агар рузе хиёнат диди, бидон киматат болост.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Агар рузе таркат намуданд, бидон  бо ту будан лаёкат мехохад.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *

воскресенье, 24 июня 2012 г.

Озмуни чумхуриявии "Хифз ва кироати Куръони мачид"-соли 2012

Рузхои 23 ва 24 июн дар Масчиди марказии шахри Душанбе, озмуни чумхуриявии "Хифз ва кироати Куръони мачид" баргузор гашт. Дар озмун, кариб 100 нафар довталабон дар 5 ришта:
1. Хифз ва кироати 10 чузъи Куръон бо риояи тачвид.
2. Хифз ва кироати 20 чузъи Куръон бо риояи тачвид.
3.  Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид.
4. Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид бо зикри сахифа ва оят.
5.  Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид ва тафсири Куръон.

 Дар рузи 23 июн озмун соати 9 сар шуда, аввалан, аз пурсиши довталабон дар риштаи Хифз ва кироати 10 чузъи Куръон бо риояи тачвид шуруъ гашт. Баъди пешин, озмун давом намуда, хамчунин пурсиши довталабон аз риштаи Хифз ва кироати 20 чузъи Куръон бо риояи тачвид ва баъдаш аз пурсиши довталабон дар риштаи Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид давом ёфт. Озмун дар рузи 23 июн то соати 6 20, то саршавии намози аср давом ёфт.
Дар рузи 24 ум бошад, озмун аз соати 9-и сахар ба кори худ идома дода, аз риштаи  Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид бо зикри сахифа ва оят огоз намуд. Баъди ин ришта, озмун дар риштаи  Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид ва тафсири Куръон идома ёфт. Инчунин, аз риштаи Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид он нафароне, ки дируз иштирок надоштанд, довталабон пурсида шуданд. 
 Нуктахои чолиби озмун, он буд, ки ин озмуни имсола аслан, озмуни интихоби мебошад, ки барои озмуни байналмиллали, ки хушбахтона имсол рузхои 5-6 июл бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар Эмомали Рахмон баргузор мегардад. Аз ин панч ришта, хамаги 13 нафар, 5 нафар аз риштаи Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид ва тафсири Куръон, 5 нафар аз риштаи Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид бо зикри сахифа ва оят, 1 нафари аз риштахои бокимонда, 10 чузъи, 20 чузъи ва кулли Куръон интихоб шуданд, ки хакки намояндаги аз кишварро дар озмуни байналмиллалии Куръони мачид, рузхои 5-6 июл дарёфт мекунанд.
 Синну соли иштирокчиён то 25 солаги ба эътибор гирифта шудааст. Дар ин озмун аз кишвархои собики Шурави кориёну хофизони Куръон иштирок намуда, доварии озмунро доварони байналмиллали аз мамлакатхои араби довари хоханд кард. Рафти озмун нишон дод, ки мардуми точик вокеан, дилбастагии хосе ба Куръони азимушшаън ва хифзи он доранд. Зеро иштирокчиёни хурдсол гувохи ин буд. Хамчунин, ягона духтари хофизаи Куръон аз Точикистон-Мадинаи Шариф, ки синнаш хурд буда, хонандаи синфи 5 гимназияи Донишкадаи исломи мебошад, гувохи Куръондустиву диккати махсус ба хифзи он аз тарафи миллати шарафманди точик махсуб меёбад.
 Чизи чолиби диккати дигар он буд, ки чун порсола дар риштаи Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид бо зикри сахифа ва оят чанд нафаре, ки иштирок доштанд, хамаги бо тайёрии пухта омада буданд ва синнашон низ хурд буд. Махсусан, баромади Холиков Лутфулло - хонандаи синфи 6-уми гимназияи Донишкадаи исломи хеле чолиб ва мафтункунанда буд. Чун у, ба хар саволи доварон бо чавоби пурра ва бе хато, ва хатто сураи номбурда чанд оят дошта, аз кадом сахифа шуруъ шуда, ба кадом сахифа поён меёбад. Ба гуфтаи тамошобинону доварони озмун, Лутфулло компютери зиндае буд, ки чавоб медод. 

 Баъди адои намози пешин то соати 14 озмун танаффус эълон намуд. Баъди он, барандагони озмун аз тарафи Раиси Шурои уламои Чумхурии Точикистон Саидмукаррам Абдулкодирзода эълон гардида, барои хамаи иштирокчиёни озмун, бехтарин таманниёт ва дуохоро намуданд. Аз чумла, кайд карданд, ки хама иштирокчиёни озмуни имруза, сазовори ифтихорномахои махсус ва даъватномаи хос барои озмуни байналмиллалии Хифз ва кироати кулли Куръон бо риояи тачвид, ки рузхои 5-6 июл дар Кохи равобити пойтахт баргузор хохад гашт, сарафроз гардонида хоханд шуд. Ва бори дигар, аз кадрдонии устодону хофизони Куръон ёдовар гашта, таъкид доштанд, ки дар рузхои озмун бо иштироку хуби худ, обури миллати моро баланд бардошта, маданияти волои мусалмонии халки точикро ба хама чахониён собит созанд.