четверг, 12 января 2012 г.

Дуруст доварӣ намоед!


Марде чаҳор писар дошт. Онҳоро ба тартиб ба суроғи дарахти ноке фиристод, ки дар фосилаи дуре аз хонаашон рӯйида буд.
Писари аввал дар зимистон, дуввумӣ дар баҳор, саввумӣ дар тобистон ва писари чорум дар тирамоҳ ба канори дарахт рафтанд.
Сипас падар ҳамаи онҳоро пешаш хонд ва аз онҳо хост, ки бар асоси он чӣ дида буданд, дарахтро тавсиф кунанд.
Писари аввал гуфт: Дарахти зиште буд, хамида ва дар ҳам печида.
Писари дуюм гуфт: На. Дарахте пур аз муғчаи навдамида ва пур аз умеди шукуфтан.
Писари саввум гуфт: На. Дарахте буд саршор аз шукуфаҳои зебо ва атрогин… Ва бошукӯҳтарин саҳнае буд, ки то имрӯз дидаам.
Писари чорумӣ гуфт: На!!! Дарахте болиғе буд пурбор аз меваҳо… Пур аз зиндагиву зоиш!
Мард лабханде заду гуфт: Ҳама шумо дуруст гуфтед, фарзандонам. Аммо ҳар як аз шумо фақат як фасл аз зиндагии дарахтро дидаед! Шумо наметавонед дар бораи як дарахт ё як инсон бар асоси як фасл қазоват кунед. Ҳама ҳосил он чӣ ҳастанду лаззат, шавқу ишқе, ки аз зиндагиашон бармеояд, фақат дар интиҳо намоён мешавад, вақте, ки ҳамаи фаслҳо омадаву рафта бошанд!
Агар дар «зимистон» таслим шавед, умеди шукуфоии «баҳор», зебоии «тобистон» ва борварии «тирамоҳ»-ро аз даст додаед!
Мабодо, бигзорӣ, дарду ранҷи як фасл зебоиву шодии тамоми фаслҳои дигарро нобуд кунад!
Зиндагиро фақат бо фаслҳои душвораш набин!!!
___________________________________________________________________
Дар роҳҳои сахт пойдорӣ кун! Лаҳзаҳои беҳтар оқибат аз роҳ мерасанд!

___________________________________________________________________

среда, 11 января 2012 г.

Аёдати бемор

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!
Ислом, ки дини барҳақ аст, инсониятро ба беҳтарини ахлоқ роҳнамоӣ намуда, аз корҳои зишту нописандида боз медорад. Яке аз он хислатҳои накўи исломӣ ва инсонӣ иёдати бемор аст. Чун нафаре аз дўстон, хешовандон, наздикон ва ё аз ҳамсоягони мо бемор шавад, бар мо лозим аст, ки аз ў хабар гирем ва дар ҳақаш сухани накў гуфта, дуои хайр намоем.
Расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам дар як ҳадиси мубораки худ, ки онро Абўҳурайра (рз) ривоят мекунад, мефармояд: «Ҳаққул-муслими ъалал-муслими хамсун: раддус-саломи ва ъиёдатул-маризи ва ваттибоъул-ҷаноизи ва иҷобуд-даъвати ва ташмитул-ъотиси» . (Мутаффақун ъалайҳи.)
«Мусалмон бар болои мусалмони дигар панҷ ҳақ дорад: ҷавоби салом, иёдати бемор, ташйиъи ҷаноза, қабул намудани даъват ва бо дуъо ҷавоб додани атсаи атсазананда».
Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре, ки онро Имом Муслим аз тариқи Савбон (рз) ривоят мекунад, Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармудаанд: «Ман ъода маризан, лам язал фи хурфатил-ҷаннати ҳатто ярҷиъа».
«Ҳар кӣ бемореро иёдат кунад, ҳамеша дар хуруфи биҳишт аст, то вақте, ки бозмегардад.» Гуфта шуд: Ё Расулаллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам хурфа чист? Чавоб доданд: мевааш, ки чида мешавад. (Дар луғатҳо ба маънои роҳе, ки ду тарафашро дарахтони мевадор иҳота намудааст омадааст.)
Воқеан ҳам дини мубини ислом мо мусалмононро ба иёдати бемор, ки яке аз фазилатҳои неки инсонист, ташвиқу тарғиб менамояд. Чунончӣ дар ҳадиси дигаре, ки Имом Муслим онро аз саҳобии бузург Абўҳурайра (рз) ривоят менамояд, омадааст:
«Инналлоҳа ъазза ва љалла яқулу явмул-қиёмати: Йабна Одама, маризту фалам таъуднӣ. Қола: Ё раббӣ кайфа аъудука ва анта раббул-ъоламин? Қола: А мо ъалимта анна ъабдӣ фулонан мариза фалам таъудҳу. А мо ъалимта аннака лав ъудтаҳу лаваҷадтанӣ ъиндаҳу?…»
«Аллоҳ таъоло рўзи қиёмат мегўяд: Эй фарзанди Одам! Бемор шудам, чаро ба иёдатам наомадӣ? Мегўяд(инсон): Эй Парвардигорам! Чӣ гуна туро иёдат мекардам, ки ту Парвардигори оламиёнӣ? Аллоҳ таъоло мегўяд: Оё огоҳ нашудӣ, ки бандаи ман фалонӣ бемор шуд, пас ту ба иёдаташ нарафтӣ? Агар ўро иёдат мекардӣ, маро наздаш меёфтӣ…»
Аз ин ҳадисҳо маълум мешавад, ки хабар гирифтани бемор савоби бузурге дорад. Моро лозим аст, ки ба ин ҳадисҳо амал намуда, ахлоқи худро комил намоем. Аммо бояд донист, ки дар иёдати бемор одоби онро фаромўш насозем. Аз ҷумлаи одоби беморбинӣ инҳоянд:
1. Бояд зуд аз пеши бемор бархезад, то ўро дар машаққату ранҷ наяфканад. Шояд бемор ба оромӣ ва ё хоб ниёз дорад. Ё аз сабаби заъфи беморӣ ҳоҷаташро дошта наметавонад. Агар дар беморхона бошад, ё дар хона зери назорати табибон, бояд шахси ба зиёрати бемор омада ба дастури табибон амал намояд. Аммо агар иёдаткунанда аз дўстон ва ё наздикони бемор бошад, ки сабаби хушнудӣ ва оромии бемор шавад, дар ин сурат бисёр истодан зарар надорад.
2. Назди бемор сухани зиёд нагўяд ва саргузашти бемор шуданашро напурсад. Зеро дар ин сурат мумкин аст, ки бемор ба ҷуз бемории ҷисми худ боз ранҷи равонӣ кашад.
3. Кўшиш кунад, ки беморро хушнуд намуда, дилашро шод созад. Њамчунин ўро ба шифо ёфтан умедвор намуда, ҳолашро беҳ гўяд. Ва чун дафъаҳои дигар ба иёдат ояд, ҳоли ўро аз пештара хубтару беҳтар гўяд.
4. Бояд, ки барои бемор дуои нек кунад ва аз Худованд барояш шифо талабад. Паёмбари акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ҳар гоҳ бемореро иёдат менамуданд, ба ў мегуфтанд: «Ло баъса таҳурун иншоаллоҳу». «Боке нест, иншоаллоҳ ин бемориат поккунанда аст (яъне гуноҳонатро мебарад.)».
Аз ҷумлаи дуоҳои суннатие, ки аз Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам зикраш омадааст, чунин аст:
«Ман ъода маризан лам яҳзур аҷалаҳу фақола ъиндаҳу сабъа марротин: Асъалуллоҳал-ъазима раббал-ъаршил-ъазими ан яшфияка, илло ъофоҳуллоҳу».
«Ҳар кӣ бемореро иёдат кунад, ки маргаш фаро нарасида бошад, пас наздаш ҳафт маротиба (ин дуъоро) бигўяд: Асъалуллоҳал-ъазима раббал-ъаршил-ъазими ан яшфияка (Аз Аллоҳи бузург, Парвардигори Арши бузург хоҳонам, ки туро шифо бидиҳад), магар ки Аллоҳ таоло ўро саломатӣ ва шифо медиҳад». (Ин ҳадисро Ҳоким саҳеҳ гуфтааст.)
Дар мавриди дуоҳо бар шахси бемор аз Расули Худо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ҳадисҳо зиёданд. Аммо ин дуо, ки зикраш рафт, барои онест, ки ба иёдати беморе меравад. Аз мазмуни ин ҳадисҳои Паёмбари бузургвори ислом саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам бароямон маълум мешавад, ки инсони мусалмон бояд мусалмони дигарро дар ҳолати бемориаш аз ҳолаш бохабар шуда истад. Ҳангоми иёдати бемор бошад, аз қоидаҳои гуфташуда риоя намояд. Зеро имрўзҳо мебинем, ки баъзе ба одоби зиёрати бемор риоя намекунанд. Агар мо воқеан ҳам иёдати беморро тибқи фармудаи дини мубини ислом анҷом диҳем, ҳам ба бемор шодмониву шифо, ҳам барои худ аҷру подош аз ҷониби Худованд мегирем. Зеро иёдати бемор суннат аст ва мусалмонро зарур аст, ки тибқи суннати Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам амал намояд, то дар ҳар ду олам хушбахту сарбанд бошад. Шайх Фаридуддини Аттор хуб фармудаанд:
Бар сари болини беморон гузар,
З-он, ки ҳаст ин суннати хайрул-башар.

вторник, 10 января 2012 г.

Ҳоло чаро? (Газале аз Шаҳриёр)

Омадӣ, ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро?
Бевафо, ҳоло ки ман афтодаам аз по чаро?
Нӯшдоруиву баъд аз марги Сӯҳроб омадӣ,
Сангдил, ин зудтар мехостӣ ҳоло чаро?
Умри моро мӯҳлати имрӯзу фардои ту нест,
Ман ки як имрӯз меҳмони туам, фардо чаро?
Нозанино, мо ба нози ту ҷавонӣ додаем,
Дигар акнун бо ҷавонон ноз кун, бо мо чаро?
Ваҳ, ки бо ин умрҳои кӯтаҳи беэътибор,
Ин ҳама ғофил шудан аз чун мане шайдо чаро?
Шӯри Фарҳодам ба пурсиш сар ба зер афканда буд,
Эй лаби Ширин, ҷавоби талхи сарболо чаро?
Эй шаби ҳиҷрон, ки як дам дар ту чашми ман нахуфт,
Ин қадар бо бахти хоболуди ман ло-ло чаро?
Осмон чун ҷамъи муштоқон парешон мекунад,
Дар шигифтам ман, намебошад зи ҳам дунё чаро?
Дар хазони ҳаҷри гул, эй булбули табъи ҳазин,
Хомӯшӣ, шарти вафодорӣ бувад ғавғо чаро?
Шаҳриёро, бе ҳабиби худ намекардӣ сафар,
Ин сафар роҳи қиёмат меравӣ танҳо чаро?