среда, 21 марта 2012 г.

Суханони зебо

Гар бубини нокасон боло нишинанд, айб нест,
Руи дарё каф нишинад. зери дарё гавхар аст. (Мавлонои Руми)
* * * * * * * * * * * * * * *
Чизе, ки зан бо он мардро тасхир мекунад, мехрубонии уст, на симои зебояш. (Вилям Шеспир) * * * * * * * * * * * * * * *
Шодиро хадя кун, хатто ба касоне, ки онро аз ту гирифтанд. Ишк биварз ба онхое, ки дилатро шикастанд. Дуо кун барои онхое, ки нафринат карданд. Дарахт бош, ба рагми табархо. Бипар ба курии чашми хаффошхо (куршапаракхо). Бахор шав ва биханд, ки Худо бо мост.
* * * * * * * * * * * * * * *
Ба сари кучае рафтам, ки пирмарде аз он хорич мешуд. Гуфт: Ба ин рох марав, ки сари рох баста аст. Гуш накардаму рафтам. Вакте ба сари куча баргаштам, пир шуда будам.
* * * * * * * * * * * * * * *
Хамеша харорат лозим нест. Гохе аз сардии як нигох метавон оташ гирифт...!
* * * * * * * * * * * * * * *
Гулхову сабзахо паёмбаронеанд, ки дар бахор мабъус мешаванд, то бахори ногузири киёматро имзо кунанд.
* * * * * * * * * * * * * * *
Афсурдагиву сардии зимистон, махсули "кач" истодани офтоб аст. Танхо бо "рости"-и уст, ки бахор мерасад.
* * * * * * * * * * * * * * *
Зиндагиро бояд окилона шинохт, ошикона паймуд ва орифона ба поён расонд...

* * * * * * * * * * * * * * *
Бузургеро пурсиданд, Зиндаги чанд бахш аст? гуфт: ду бахш.. КУДАКИ ва ПИРОНСОЛИ. пас ЧАВОНИ кучост? -гуфт: бо ИШК сохт, бо БЕВАФОИ сухт, бо ЧУДОИ мурд!!!

Комментариев нет:

Отправить комментарий