четверг, 26 апреля 2012 г.


Ин сахар дар дохили маршрутка суханони ронанда диккатамро чалб намуду ба дунёи андешаам бурд. Хангоме, ки аз назди бинои Филармонияи давлати (пештара Профсоюз) дар маршруткаи раками 16 савор мегузаштем, чун дар дохили салони Старексе, ки мо савор будем, чои холи буд, як духтари тахминан 12-13 солае даст бардошт. Чун маршрутка наздаш истод, хохарашро, ки ягон 9 сола буд, ба мошин савор карда 1 сомони хакки рохкиро дароз намуд ва гуфт, ки: Дар назди мактаби 8 уро фароред.
Ронанда пулро пас гардонда нагирифт ва гуфт: - Уро бепул мебарам.
Хангоме, ки мошин ба харакат даромад, ронанда гуфт: - Шояд касе бо кудаки мо низ чунин муомила намояд.
Ин чавонмардии ронанда маро ба андеша водор кард. Агар хар кадоме аз мо чунин андешаи некро ба сар парварад, бешак, чомеаи мо чи кадар хушахлоку зебо хохад шуд.
Бо умеди он, ки хар андешаи мо нек бошад!