среда, 18 июля 2012 г.

МОҲИ РАМАЗОН-- ИСТИҚБОЛ ВА ЗИНДА ДОШТАНИ ОН


Муаллиф:

Шайх Абдуллоҳ Ҷибрин

Аз арабӣ тарҷумаи:

Муҳаммадиқболи Садриддин


Ҳамди беҳад Худованди бахшандаро, ки моҳи Рамазонро бартарӣ дод ва дар он Қуръонро ҳамчун роҳнамо барои мардум ва ҷудосозандаи ҳақ аз ботил фур
ӯ фиристод.Меситоям Ӯро ва шукр мегӯямаш бар ин фазилати бузург ва ин миннати бепоён.Шаҳодат медиҳам бар ин, ки нест маъбуде ба ҷуз Худованди якто ва бешарик, ки муназзаҳ аст аз мислу монанд ва гувоҳӣ медиҳам бар ин, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Ӯ ва беҳтарини фарзандони Аднон аст. Дуруди бепоён ба Ӯ ва аёли байт ва асҳоби Ӯ бод.
     Аммо баъд: «Эй бандагони Худованд, битарсед аз Худо ба ваҷҳе, ки сазовори тарсидан аст ва аз ин дори фонӣ бо неъмати Имон биравед. Пас фармонбардории амри Ӯро кунед, то аз сарпечӣ ва зиёнкорӣ эмин бимонед. Дар ҳама ҳолатҳо ба зикри Худо машғул бошед, то аз ҷумлаи ғофилон нагардед. Шукргузори неъматҳои Ӯ бошед, то аз ҷумлаи носипосон нагардед ва огоҳ бошед, эй бандагони Худо, Парвардигор мову шуморо барои ибодат офарида ва ба яктопарастӣ ва итоъат амр намудааст».
        Ба та
ҳқиқ Худованд неъмати бузургеро барои мову шумо арзонӣ намудааст: чун мову шумо ба моҳи мубораки Рамазон расидем, ки барпо доштани он бо тоъат ва ибодат неъмати бузург ва бартарии зиёде дорад, барои шахсе, ки бар он муваффақ гардад. Чунки дар ин моҳи муборак сабабҳои мағфирати гуноҳон ва сабабҳои озод шудан аз оташи дӯзах вуҷуд дорад.
      Пас шахсеро, ки Худованд умрашро дароз намуда, ба ин моҳи муборак расонд ва шабҳои пурбаракату рӯзҳои пурфайзи онро дарёфт, дар ҳақиқат он шахсро Худованд бо бисёр фазилатҳое икром намудааст, ки ғайри ӯро аз он маҳрум гардонидааст. Бисёр шахсоне ҳастанд, ки аҷали эшон пеш аз қудуми моҳи шарифи Рамазон даррасид ва аъмолашон хотима ёфт.
        Каломи Худованд:
      «Моҳи Рамазон, ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил Қуръон нозил шудааст, пас ҳар кас, ки моҳро бубинад, бояд, ки дар он рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар. Худо барои шумо хостори осоиш аст, на сахтӣ ва то он шуморро комил созед. Ва Худоро ба он сабаб, ки роҳнамоиятон кардааст ба бузургӣ ёд кунед ва шукр гўед!»
                                                                                       (Сураи Бақара, ояти 185).
           Ин моҳест, ки саршор аз аъмоли нек ва пурбаракат, моҳи қабули дуъоҳо, моҳи дастгирии ҳоҷатмандон, моҳи озод шудани гарданҳо аз гуноҳон аст, моҳест, ки аз аввал то ба охир лаҳзаҳои гаронбаҳо дорад, моҳест, ки дар он шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст. Шахсе. ки аз хайру баракати он шаб маҳрум гардад дар ҳақиқат аз нафъи бузурге маҳрум гаштааст. Шахсе, ки як хислати некеро дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худованд анҷом медиҳад монанди касест, ки амали фарзиро дар хайри Рамазон анҷом додааст ва шахсе, ки амали фарзиро дар ин моҳ анҷом диҳад, монанди шахсест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Моҳи мубораки Рамазон моҳи сабр аст ва ҷазои сабр, ҷаннат аст. Моҳи мубораки Рамазон моҳи баробарӣ байни мусалмонон аст.
 Моҳест, ки ризқи мӯъмин меафзояд.
        Шахсе, ки дар ин моҳ рӯзадореро ифтор медиҳад Худованд гуноҳи ӯро мебахшад ва аз оташи дӯзах наҷоташ медиҳад, гарчанде ифтори додаи ӯ ба миқдори ҷуръаи об ва пиёлаи шир бошад ва шахсе: ки рузадореро таъом дода сер мекунад, рӯзи қиёмат Худованд ӯро аз ҳавзи Паёмбараш (Кавсар) сероб мегардонад.
       Моҳи мубораки Рамазон моҳест, ки даҳ рузи аввалаш раҳмат ва даҳ рӯзи миёнааш мағфират ва даҳ рӯзи охираш озодӣ аз оташи дӯзах аст. Даҳ рӯзи аввал рахмат барои тамоми мӯъминон аст. Худованд бо фазлу карами бепоёнаш онҳоро раҳмат мекунад, чунки Ӯ раҳиму карим аст. Даҳ рӯзи миёнаи ин моҳ мағфират ва бахшиш барои гунаҳкорон аст, яъне касоне, ки даст ба мухолафати фармудаҳои Худо задаанд ё хатое содир намудаанд. Пас ҳангоме, ки тавба намуда, ба сӯи Парвардигори хеш рӯй меоваранд дар ин моҳи Рамазон Худованд гуноҳҳои онҳоро мебахшад ва тавбаашонро қабул менамояд. Инчунин дар даҳ рӯзи охири ин моҳ Худованди муттаъол гунаҳкоронро аз ҳалокат озод намуда, барои дохили ҷаннат намудан, омода месозад дар ҳоле, ки ба гуноҳҳои пешинаашон барнагарданд. Дар ин маврид ривояте вуҷуд дорад, ки Худованд дар ҳар шабе ба вақти ифтор ҳазор ҳазор (яъне як миллион) бандаро аз оташи дӯзах озод менамояд, чун охирин шаб фаро расад Худованд ба микдоре, ки аз аввали моҳ то охири моҳ озод намуда буд ба ҳамон микдор бандагонро озод менамояд. Пас, биёед барои дарёфти ризои Худованд кӯшиш намоем зеро, ки Ӯ тавбаи бандагонашро мепазирад. Дар фазилати моҳи мубораки Рамазон аз он Ҳазрат (с) ривоят шудааст.
       «Ҳар вакте, ки моҳи Рамазон медарояд дарҳои ҷаннат кушода ва дарҳои дӯзах баста мегардад, ва шайтонҳо ҳамагӣ баста мешаванд. Дарвозаҳои раҳмат боз мегардад ва ҳеҷ яке он пӯшида намешавад ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд».    Ҳамаи ин фазлу раҳмати Худованд ба хотири он аст, ки шайтонҳо дар ин моҳи муборак барои аз роҳи рост дур намудани уммати Муҳаммад (с) имконият надошта бошанд.     Дар ҳар рӯзе аз рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон нидокунандае нидо мекунад:
      «Эй ҷӯяндаи хайр, бишитоб ва истиқбол кун ва эй ҷӯяндаи шар, кутоҳдаст шав!» ва дар ҳар шабе аз шабҳои ин моҳ Худованди муттаъол бандагонашро аз оташи дӯзах наҷот медиҳад, пас барои мусалмон лозим аст, ки тавба намуда, тавассути корҳои неке, ки Худованд иҷрои онро аз бандааш дӯст медорад, рӯй ба даргоҳи Худои бениёз биёрад. Ва ба сабаби тавбаи бандагон Худо гуноҳонашонро бахшида, аз оташи дӯзах наҷоташон медиҳад. Аз ин рӯ бандагон дар ин моҳи муборак бояд ба Худованд наздикӣ ҷӯянд ва ризои Ӯро дарёбанд. Бар эшон лозим аст, ки дар ин моҳи муборак тавбаи насуҳ намуда, аз он хатоҳову кӯтоҳиҳое, ки содир намудаанд, пушаймон гарданд. Инчунин бар мусалмонон лозим аст, ки бо парвардигорашон аҳд намоянд, ки то охири ҳаёташон ба амалҳои нек идома медиҳанд, то ба ин васила Худованд амалҳову тоъату ибодати онҳоро бипазирад ва гуноҳонашонро биомӯрзад,бешак , раҳиму карим аст. Инчунин ҳар мусалмон бояд дар ин моҳи муборак бештар ба корҳои хайр машғул бошад ва тавба намояд:, то Худованд аз азобе, намояд. Худованди муттаъол мусалмононро ба шитофтан ба сӯи корҳои хайр дар ин моҳи муборак амр намуда, фармудааст:
 Каломи Худованд:
      "Бар якдигар пеша гиред барои омӯрзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт,ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барои парҳезгорон муҳайё шудааст, он касон, ки дар тавонгариву тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурӯ мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад! Ва он касон. ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳҳои хеш омӯрзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмӯрзад. Ва чун ба зиштии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, пой нафишуранд."
                                                                 (Сураи Оли Имрон: ояҳои 133:-135)

      Пас бар ҳар мусалмон лозим аст, ки вақтҳои пурфайзу пур-баракати ин моҳро ғанимат шуморад зеро, ин моҳи муборак ҷойнишине надорад, ки чунин фазилатҳоро доро бошад.
       Рӯзҳои ин моҳи муборак фазли зиёде доранд, ки агар шахсе аз он рӯзҳо истифода намуда, тавбаву надомат намояд ва аз маъсият даст бардорад Худованд гуноҳҳои ӯро меомӯрзад ва худашро мавриди раҳматаш қарор дода, аз азоби дӯзах наҷот медиҳад. Аммо шахсе, ки аз ин рӯзҳо истифода наменамояд ва ба беҳудагардиву хӯшгузарониҳои дунявӣ идома медиҳад. бешак, ӯ ҳангоме, ки гуноҳҳои тавбакунандагон бахшида мешаванд пушаймон мешавад ва ин пушаймонии ӯ дар ҳолест, ки гунаҳкороне монанди ӯ аз фазл ва бахшиши Худованд маҳрум
шудаанд. 
Пас, эй бандагони Худо!худ ба хулосае биёед, шахсе, ки дар чунин моҳи пурфайзу баракат моҳи бузург гуноҳонаш омӯрзида нашаванд пас кадом вақт омӯрзида мешаванд.
      Дарахте,ки мева надорад, фоида надорад сазовор нест ҷуз ин, ки ҳезуми оташ гардад. Дар ривояте омадааст вақте ки Ҳазрати Муҳаммад (с) ба минбар боло мешуданд гуфтанд:
- «Омин, Омин, Омин» сабаби чунин омин гуфтанашро пурсиданд:
Эшон фармудан: «Ҷабраил(с) омаду маро гуфт:
    - Эй Муҳаммад,хору залил ва аз раҳмати Худованд дур бод шахсе, ки моҳи мубораки Рамазон бар ӯ медарояду ба интиҳо мерасад ва ҳеҷ гуноҳи ӯ бахшида намешавад. Эй Муҳаммад, омин: Бигӯ! Пас ман омин гуфтам. Ба ҳамин шакл Паёмбар (с) тамоми ҳадисро баён намуданд. Бидуни шак ин ҳадис далел бар он аст, ки моҳи мубораки Рамазон моҳи омӯрзиши гуноҳон аст. Пас шахсе, ки ворид ба моҳи мубораки Рамазон шавад ва бо вуҷуди ин ба корҳои зишту пур аз маъсият идома диҳад ин тоифа мардум аз ҷумлаи маҳрумшудагон аз раҳмати Худованд мебошанд. Ба таҳқиқ Паёмбари акрам (с) айёми омӯрзиши гуноҳонро баён намуда, моҳи мубораки Рамазонро аз ҷумлаи он айём зикр карда,
Эшон фармудаанд:
       «Касе,ки Рамазонро аз рӯи имон ва ихлос рӯза гирад гуноҳи гузаштааш омӯрзида мешавад».
        Шарҳ ва маънои ҳадис ин аст, ки бояд шахсро имони ба Худованд доштааш ба рӯза гирифтан водорад. Дар ҳоле ки тасдиқ мекунад,
ки Парвардигори ӯ ба ин ибодат ӯро амр намудааст. Инчунин тасдиқ кунад, ки бидуни рўзаи моҳи шарифи Рамазон исломи шахс комил намегардад. Ва рӯзаашро холисан барои касб намудани аҷру савоб гирифта 
бошад, на барои риё ва худнамоӣ.Пас шахсе, ки ба ин минвол моҳи Рамазонро рӯза гирифта, аз хӯрданиҳову, нӯшиданиҳо худро боз
медорад, чашмонашро аз назар кардан сӯи он чӣ Худованд ҳаром гардонидааст нигоҳ медорад ва гӯшҳояшро аз шунидани ғино ғайбату
тӯҳмат ва забонашро аз суханони бад, ғайбату суханчини
ва монанди инҳо боз
 медорад мувофиқи фармудаи Расули акрам (с) гуноҳҳояш омӯрзида мешавад. Аммо шахсе, ки ба ин шакл рӯзаашро комил насохт ва ё онро муҳофизат накард ва рӯзааш дар ӯ асаре нагузошт, пас ин рӯзааш барои ӯ баҷуз дурӣ аз Худованд чизе дигаре
ба бор нахоҳад овард. Тавре, ки маълум гашт рӯза доштан яке аз сабабҳои асосии мағфирати гуноҳон аст.
          Паёмбари гиромӣ (с) сабабҳои дигари мағфирати гуноҳон, монанди бо имону ихлос рӯза гирифтан, бо ихлоси том шаби Қадрро зинда доштан, инчунин дар роҳи хайр садақа ва нафақа кардан, бештар дуъо ва зикри Худованд намуданро зикр кардааст. Ҳамаи ин аз амалҳое ҳастанд, ки Худованд анҷоми ихлосмандонаи онро сабаби мағфирати гуноҳон ва озод намудан аз оташи дӯзах гардонидааст Пас, шахсе, ки чунин моҳи бузург ба ӯ муяссар гашт ва сазовори мағфират нашуд, ба таҳқиқ . аз фазлу раҳмати Худованд дар ин моҳи бузург маҳрум гаштааст. Барои мусалмон ва бандагони Худованд лозим аст, ки ин моҳи бузургро истифода баранд. Худованд (Ҷ) дар ҳар замон мавсимҳо дорад, мавсимёои бахшиши гуноҳон:,мавсими раҳмат, мавсими бахшиши ризқу рӯзӣ, мавсими фазл.
Пас, бояд бандаи мусалмон тавбаи содиқ намуда, ба сӯи Парвардигори хеш баргардад, то сазовори аҷру савоби бузург шавад. Ба ҳамин шакл моҳи мубораки Рамазон аз ҷумлаи ибодатҳоест, ки бандаи мусалмон тавассути он ба Парвардигораш бо рӯза доштан дар ин моҳ, ки яке аз фарзҳои асосии ислом аст, ба зинда доштани шабҳои он бо умеди пок шудан аз маъсият ва гуноҳҳо, хайру саховат ва нафақа намудан дар роҳи ризои Худо бо умеди сазовор шудан ба фазлу карамаш ва бо тиловати Қуръон ва тафаккур ва тадаббур намудан дар ояҳои он наздик
 мешавад.
       Ҳамаи ин аъмолро бандаи мусалмон дар моҳи Рамазон анҷом медиҳад. Инчунин аз ҷумлаи ибодатҳои моҳи мубораки Рамазон зинда доштани шабҳои он аст, ки ин ибодат василаи наздик шудан ба Худованд мегардад. Паёмбар (с) фазилати зиндадории шабҳои Рамазонро баён намуда, худашон ин амалро анҷом додаанд ва уматонашро ба он ташвиқу тарғиб кардаанд.
Эшон фармуданд:
       «Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва ихлос рӯза гирад гуноҳи гузаштааш омӯрзида мешавад».
Боз фармудаанд:
   «Ба таҳқиқ Худованд рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро ба шумо фарз гардонид ва ман зинда доштани шабҳои онро ба шумо суннат гардонидам». Инчунин аз эшон ривоят шудааст:
«Ба таҳқиқ Худованд рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро фарз ва зиндадории онро нафл ва татаввуъ гардонидааст».Худованд бандагонашро хабар медиҳад, ки зиндадории шабҳои Рамазон, ки аз ҷумлаи навофиланд ва аз сабабҳои мағфирати гуноҳон ва пок шудан аз хатоҳову иштибоҳот аст аз ин рӯ аҷри бузург ва савоби зиёд дорад.
Барои омӯрзиши гуноҳ дар ин моҳи муборак се шарт вуҷуд дорад:
1. Пойдорӣ ва зиндадории ин моҳ.
2. Имону ихлос доштан ба он.
3. Иҳтисоб, яъне аҷру подоши онро аз Худованд холисона хостан ва ба
умеди он тоъату ибодат ба ҷо овардан.
Пас, шахсе, ки ин се шартро бо нияти нек пурра менамояд, умед аст, ки гуноҳҳои ӯ бахшида мешаванд. Пас лозим аст, тамоми шабҳои Рамазонро зиндадорӣ намоем ва он
аъмоле, ки дар вақти зиндадорӣ аз мо талаб карда шудааст,ж анҷом диҳем ва инчунин лозим аст, ки шахси шабзиндадор тасдиқ намояд, ки ин амалаш тоат ва ибодат ва василаи наздикшавӣ ба Худованд мешавад. Инчунин барои шахсе, ки Рамазонро бо тоату ибодат барпо медорад лозим аст, ки аз фазлу карами Худованд умед дошта, ба хатову кӯтоҳии хеш эътироф намояд ва ба Худованд иътимод дошта бошад. Танҳо Ӯст, ки гуноҳҳои моро меомӯрзад, тоъату ибодатамонро
қабул намуда, аҷри беҳисоб ато менамояд. Ҳар вақто, ки бандаи мусалмон ба ин шакл моҳи мубораки Рамазонро ба анҷом 
расонад умед аст, ки гуноҳҳояш омӯрзида шавад. Аз Паёмбари бузургвор ривоят шудааст, ки фармудаанд:
    «Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз Рамазон то Рамазон пушонандаи (аз байн барандаи) он чӣ дар байнашон ҳастанд (яъне гуноҳҳо) дар сурате, ки аз гуноҳи кабира парҳез карда шавад;
    Ба ҳамин шакл амалҳое, ки дар боло зикр намудем гуноҳҳои моро дур мекунад, ба шарте, ки аз гуноҳои кабира бипарҳезем.
    Тавре, ки дар боло гузаштем рӯза доштани ин моҳи муборак бедорхобӣ дар шабҳои он ва дар шаби Қадр аз сабабҳои омӯрзиши гуноҳҳо маҳсуб мешаванд. Инчунин дигар амалҳои нек:
Монанди садақа ва нафақа кардан дар роҳи Худо, дуъову зикр ва анҷом додани аъмоли нек, парҳез намудан аз гуноҳ, дурӣ ҷӯстан аз амалҳои ғайри шаръӣ. Бидуни шакку тардид намози шаб аз ҷумлаи аъмоли қаблан зикршуда мебошад, намози шабҳои Рамазон бисёр бофайзу баракат аст. Худованд хабар додааст, ки Қуръони каримро дар ин шабҳо нозил намудааст, ва шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор шаб аст аз ҷумлаи ин шабҳост. Яке аз ҳикматҳои Худованд дар муайян намудани шаби Қадр ин аст, ки мусалмонон ҷаҳду кушиш намуда, ба қадри тавоноияшон ин шабро бо тоъату ибодат зиннат диҳанд,то Худованд барояшон аҷри бузург насиб гардонад.
        Ба таҳқиқ Худованд касонеро, ки дар кори савоб ҷаҳду кушиш менамоянд сутудааст:
      Худованди муттаъол дар Қуръони маҷид мефармояд:
    «Ононе, ки шабҳояшонро дар ҳоли саҷда ва рост истодан ба хотири Худо мегузаронанд»
         Худованд ин ду рукни намоз, яъне саҷда ва қиём (рост истодан)-ро махсус зикр намудааст, чунки дар намоз дигар рукнҳо, монанди азкору дуъоҳо, қироат ва шикастаҳолӣ намудан мавҷуданд, лекин ин ду рукн дар намоз асосӣ ва беҳтарин аркон ба ҳисоб мераванд.
Ҳамингуна Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бандагонеро, ки аҳли савоб ва аҳли ҷаннат мебошанд зикр намуда, мефармояд:
         Каломи Худованд:
        «Аз бистари хоб паҳлӯ тиҳӣ (бедорхобӣ) мекунанд, Парвардиго-рашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд. Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хӯшиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба подоши корҳое, ки мекарда, барояш пинҳон карда шудааст!.
                                                                    (Сураи Саҷда: ояҳои 16-17).
       Худованд хабар медиҳад, ки аз ҷумлаи амалҳои аҳли ҷаннат ва аҳли савоб ин аст, ки дар ҷойгаҳи хобашон итминон (оромиш) надоранд. Ҳамаи ин ба сабаби он аст, ки эшон аз Худованд умеди аҷру подош доранд.
Инчунин Худованд парҳезгоронро чунин меситояд:
         Каломи Худованд:
     "Як ҳиссаи каме аз шабро хоб мекарданд ва дар вақти саҳар истиғфор менамуданд"
           Яъне шабҳо бо ҷаҳду кушиш тоату ибодат ва намозгузорӣ машғул мешуданд ва дар охири шаб нишаста истиғфор менамуданд, монанди ин, ки гунаҳкор бошанд. Чунин аст ҳоли бандагони солеҳи Худованд.Онҳо амалҳои хайр зиёд анҷом медиҳанд, худро гунаҳкор ҳисобида боз истиғфор менамоянд. Ҳарвақто ки банда чунин бошад Худованд аз ӯ амалашро қабул намуда, аҷру савобашро дучанд медиҳад.Худованд Паёмбарашро ба истод шудан (қиём) амр намуда, мефармояд:
        Каломи Худованд:
        «Эй ҷома бар худ печида, шабро зинда бидор, магар андакеро,
нимае аз онро ё андаке аз нима кам кун, ё андаке бар нима бияфзой ва Қуръонро шумурдаву равшан бихон».
                                                                           (Сураи Муззаммил, оятҳои 1-4)
           Ба ҳамин шакл Аллоҳ Расули акрам (с)- ро чунин амр намуд, то онро анҷом диҳад ва ба таҳқиқ Паёмбар (с) фармудаи
Парвардигорашро ба ҷо овард ва онро татбиқ намуд. Ин буд, ки эшон бештари соатҳои шабро зиндадорӣ мекарданд ва кам хоб мерафтанд, пайваста бо намозу тоату ибодаташ дар тамоми давраи нубувваташ ба Худованд наздикӣ ҷӯстанд, яъне баъд аз ин, ки ба эшон ваҳй фиристода шуд, зеро ин сура дар ибтидои нузули ваҳй нозил гардид.
        Баъдан Паёмбар (с) пайравӣ аз ин амр намуданд тавре, ки ровиёни сирати эшон ба мо ривоят мекунанд Расули акрам (с) умматонашро ба зинда доштани шабҳо ташвиқу тарғиб намудааст, аз эшон собит шудааст, ки фармудаанд: «Беҳтарин намоз баъд аз намозҳои фарзшудаи панҷгона намози  шаб аст».
           Инчунин ҳангоме, ки эшон фазоили аъмол аъмоли некро баён намуданд шабзиндадории шахсро зикр карданд ва ояти сураи саҷдаро қироат намуданд, ки чунин аст.
       Каломи Худованд:
          «Дур мемонад паҳлуи эшон аз хобгоҳ».
          Яъне, ин аз беҳтарин амалҳо ба ҳисоб меравад. Аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки дар шабҳои Рамазон намозҳои тулонӣ
доштанд.
                  Ривоят аст, ки эшон дар як шаб сураҳои Бақара, Нисо ва Оли Имронро дар як ракаъат хондаанд. Эшон бо тааммул қироат
мекарданд ва баъд аз тиловати ҳар ояти раҳмат аз Худованд раҳмату мағфират мепурсиданд ва баъд аз қироати ояти азоб аз Худованд паноҳ меҷӯстанд. Баъд аз он эшон рукуъ мекарданд ва рукуъашон тулонӣ буд.
         Ҳамчунин ракаъати дуввумро монанди аввал адо мекарданд. Бешак Паёмбари (с) аз ин ибодат лаззат мебурданд ва як навъ
роҳат ва оромӣ барояшон пайдо мешуд. Ёрони эшон низ чунин буданд тавре, ки Қуръони карим хабар медиҳад:
 



вторник, 17 июля 2012 г.

Намози шаб


Намози шаб ин хамон намози тахаччуд аст, ки фазилати бехад бузург дорад. Ва ё онро салотул-лайл мегуянд. Дар мохи мубораки Рамазон киёми шаб, яъне таровех хам хамин хукмро дорад, иншоаллох!
Шайх Умар Абдулкофи (яке аз олимони ислом) мегуяд: Хонахое, ки дар онхо намози шаб хонда мешавад, нуре аз он хорич мешавад, ки ахли осмон, яъне малоика, он нурро мебинанд. Он гунае, ки мо инсонхо ьа осмон менигарем ва ситорагонро мебинем. Хамоно малоика хам аз осмон ба хонахое, ки дар онхо намози шаб побарчост, менигаранд.
 Чои шигифти ва тааччуб аст, ки малоика хар руз хонаат, ки дар он намози шабро барпо мекуни, одат мекунанд ва агар як шаб намозро барпо накарди, чуёи холат мешаванд, ба хотири ин, ки хонаатро торик мебинанд, нури хонаатро дар он шаб рушан намебинанд. БА малоика гуфта мешавад, ки фалони имруз ба он хотир намози шабро адо накардаст, ки бемор аст, ё норохати ва мушкилие уро пеш омадааст. Баъд аз ин хабар, малоика барои ту дуо ва шифои очилро аз даргохи Парвардигор хостор мешаванд, ба хотири шавке, ки дубора аз хонаат нур бадар шавад.
 Аз шогирди Имом Абулхасан пурсида шуд:- Вакте, ки Имом Абулхасан хоби баъд аз маргашро дида буд, чи гуна васф мекард? Шогирдаш чавоб дод: - Ба Худои замину осмон савганд! Хеч чизе гайр аз ракъатхое, ки дар охири шаб адо мекардем ва мардум дар хоби амик буданд, ба додамон нарасид. Нури кабрхоро пайдо накардем, магар ба василаи киёми лайл-намози шаб
 Расулуллох (с) фармудаанд: - Салом кунед,  ба мискинон гизо дихед ва намози шабро адо намоед, дар хангоме, ки мардум дар хобанд. Агар ин амалхоро анчом дихед, ба бихишти барин ворид мешавед ва хамоно шумо дар амну саломатии комил хастед.
 Эй бародарон ва хохарони гироми! Оё метавонем хонахоямонро ба василаи барпо кардани намози шаб, мисли ситора нурони гардонем, то ахли осмон ба он бингаранду дар орзуи он нурхо бошанд? Ва агар рузе, мабодо ин нур хомуш гардад, ахли осмонхо шафоату афвро аз даргохи илохи бароямон хостор бошанд.
Азизони ман! Мо чи чизеро аз даст медихем? Агар рузе соатро 10 дакика монда, ба намози субх биштобем? Онгох бедор шавему дар торикии шаб, дар баробари Худованди таоло хузуъу хушуъ дошта бошем .
     Оё медонед, ки узвхои бадани инсон баъд аз вафоти инсон то чи муддате боки мемонанд?
  - Калб                 - 10 дакика;
 - Акл                    - 20 дакика;
  - Чашм               - 4 соат;
  - Пуст                  - 5 руз;
   - Устухон              -30 руз
  - Амали нек          - то рузи киёмат
Ва хисобу китоб дар натича. Чизе, ки мондагортарин асту ба додамон мерасад, хамон амали не каст. Намози шаб яке аз он аъмоли нек аст ва то замоне, ки калбат дар холи тапиш аст, барои охиратат талош кун ва бигу: «Ло илоха иллаллоху Мухаммадун расулуллохи»
 Азизонам! Кабр садо мезанад ва ба майит мегуяд:
 - Ман хонаи танхои хастам, касеро муниси худ карор дех. Тиловати Куръон дар кабр муниси ту хохад буд.
Дубора садо мезанад:
- Ман хонаи торику вахшатнокеам, маро ба намози шаб нурони кун.
Боз садо мезанад:
-Ман хонаи хоки хастам, фаршам аз хок аст, фаршатро аз амали нек карор бидех.
Боз мегуяд:
- Ман хонаи мори афъи ва вахшат хастам, тарёк бо хуб бигир. Ва он тарёк «Бисмиллох.» аст, ки намегузорад осебе ба ту расад ва наздикат шавад.
Мегуяд:
-Ман хонаи Накиру Мункарам, ки суолат мекунанд. Шаходатайнро бештар ба забонат биовар.
Азизонам! Биёед тушаи охиратамонро пур созем, ки бо итминони комил ва оромиши комил дар кабр дафн шавему дар баробари ин бахронахо ба рохати бигзарем.
Аниси қалби худ танҳо Худо кун,
Худоро дар дили шабҳо садо кун.
Зи хавфи Ҳак агар ашке бирези,
Ба ҳоли дӯстонат ҳам дуъо кун!
        

вторник, 10 июля 2012 г.

Аз суханони Махатма Ганди

Аз гунох танаффур дошта бош, на аз гунохкор.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Агар рузе душман пайдо карди, бидон ки дар расидан ба хадаф муваффак будаи.
 *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Агар рузе тахдидат намуданд, бидон ки дар баробарат нотавонанд.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Агар рузе хиёнат диди, бидон киматат болост.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Агар рузе таркат намуданд, бидон  бо ту будан лаёкат мехохад.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *