вторник, 17 июля 2012 г.

Намози шаб


Намози шаб ин хамон намози тахаччуд аст, ки фазилати бехад бузург дорад. Ва ё онро салотул-лайл мегуянд. Дар мохи мубораки Рамазон киёми шаб, яъне таровех хам хамин хукмро дорад, иншоаллох!
Шайх Умар Абдулкофи (яке аз олимони ислом) мегуяд: Хонахое, ки дар онхо намози шаб хонда мешавад, нуре аз он хорич мешавад, ки ахли осмон, яъне малоика, он нурро мебинанд. Он гунае, ки мо инсонхо ьа осмон менигарем ва ситорагонро мебинем. Хамоно малоика хам аз осмон ба хонахое, ки дар онхо намози шаб побарчост, менигаранд.
 Чои шигифти ва тааччуб аст, ки малоика хар руз хонаат, ки дар он намози шабро барпо мекуни, одат мекунанд ва агар як шаб намозро барпо накарди, чуёи холат мешаванд, ба хотири ин, ки хонаатро торик мебинанд, нури хонаатро дар он шаб рушан намебинанд. БА малоика гуфта мешавад, ки фалони имруз ба он хотир намози шабро адо накардаст, ки бемор аст, ё норохати ва мушкилие уро пеш омадааст. Баъд аз ин хабар, малоика барои ту дуо ва шифои очилро аз даргохи Парвардигор хостор мешаванд, ба хотири шавке, ки дубора аз хонаат нур бадар шавад.
 Аз шогирди Имом Абулхасан пурсида шуд:- Вакте, ки Имом Абулхасан хоби баъд аз маргашро дида буд, чи гуна васф мекард? Шогирдаш чавоб дод: - Ба Худои замину осмон савганд! Хеч чизе гайр аз ракъатхое, ки дар охири шаб адо мекардем ва мардум дар хоби амик буданд, ба додамон нарасид. Нури кабрхоро пайдо накардем, магар ба василаи киёми лайл-намози шаб
 Расулуллох (с) фармудаанд: - Салом кунед,  ба мискинон гизо дихед ва намози шабро адо намоед, дар хангоме, ки мардум дар хобанд. Агар ин амалхоро анчом дихед, ба бихишти барин ворид мешавед ва хамоно шумо дар амну саломатии комил хастед.
 Эй бародарон ва хохарони гироми! Оё метавонем хонахоямонро ба василаи барпо кардани намози шаб, мисли ситора нурони гардонем, то ахли осмон ба он бингаранду дар орзуи он нурхо бошанд? Ва агар рузе, мабодо ин нур хомуш гардад, ахли осмонхо шафоату афвро аз даргохи илохи бароямон хостор бошанд.
Азизони ман! Мо чи чизеро аз даст медихем? Агар рузе соатро 10 дакика монда, ба намози субх биштобем? Онгох бедор шавему дар торикии шаб, дар баробари Худованди таоло хузуъу хушуъ дошта бошем .
     Оё медонед, ки узвхои бадани инсон баъд аз вафоти инсон то чи муддате боки мемонанд?
  - Калб                 - 10 дакика;
 - Акл                    - 20 дакика;
  - Чашм               - 4 соат;
  - Пуст                  - 5 руз;
   - Устухон              -30 руз
  - Амали нек          - то рузи киёмат
Ва хисобу китоб дар натича. Чизе, ки мондагортарин асту ба додамон мерасад, хамон амали не каст. Намози шаб яке аз он аъмоли нек аст ва то замоне, ки калбат дар холи тапиш аст, барои охиратат талош кун ва бигу: «Ло илоха иллаллоху Мухаммадун расулуллохи»
 Азизонам! Кабр садо мезанад ва ба майит мегуяд:
 - Ман хонаи танхои хастам, касеро муниси худ карор дех. Тиловати Куръон дар кабр муниси ту хохад буд.
Дубора садо мезанад:
- Ман хонаи торику вахшатнокеам, маро ба намози шаб нурони кун.
Боз садо мезанад:
-Ман хонаи хоки хастам, фаршам аз хок аст, фаршатро аз амали нек карор бидех.
Боз мегуяд:
- Ман хонаи мори афъи ва вахшат хастам, тарёк бо хуб бигир. Ва он тарёк «Бисмиллох.» аст, ки намегузорад осебе ба ту расад ва наздикат шавад.
Мегуяд:
-Ман хонаи Накиру Мункарам, ки суолат мекунанд. Шаходатайнро бештар ба забонат биовар.
Азизонам! Биёед тушаи охиратамонро пур созем, ки бо итминони комил ва оромиши комил дар кабр дафн шавему дар баробари ин бахронахо ба рохати бигзарем.
Аниси қалби худ танҳо Худо кун,
Худоро дар дили шабҳо садо кун.
Зи хавфи Ҳак агар ашке бирези,
Ба ҳоли дӯстонат ҳам дуъо кун!
        

1 комментарий:

  1. Бародар ва хохари гиромиам! Аз чумлаи амалхое, ки дар Рамазон анчом дода мешавад, инхост:
    1. Руза. Шархи он гузашт.
    2. Шаб зиндадори. (Намози шаб).
    Пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд:
    "Касе, ки дар Рамазон аз руи имон ва талаби савоб шабзиндадори кунад, гунохони пешинаи у бахшида мешавад". (Ривояти Бухори).
    Аллох таъоло мефармояд:
    "Бандагони Худо касонеанд, ки дар руи замин оромона кадам мезананд. Ва хангоме, ки чохилон ба эшон сухан гуянд, ба онхо салом мегуянд ва эшон касонеанд, ки шабро барои Парвардигорашон сачдакунону киёмкунон мегузаронанд". (Сураи Фуркон: 63-64).
    Шаб зиндадори одати доимии пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам ва сахобагон буд.
    Оиша разияллоху анхо мефармоянд:
    "Киёмул лайлро тарк накун. Зеро расулуллох саллаллоху алайхи ва саллам онро тарк намекарданд. Агар бемор шаванд, ё касолат пайдо шавад, намозро дар холи нишаста бачо меоварданд".
    Умар ибни Хаттоб разияллоху анху шабонгоххо намоз мехонданд ва хангоме, ки нисфи шаб фаро мерасид, хонаводаи худро барои намоз бедор намуда, мегуфтанд: Намоз, намоз. Сипас ин оятро тиловат мекарданд:
    "Хонаводаи худро ба намоз фармон дех ва худ дар он кор босабр бош. Мо аз ту рузи намехохем. Мо ба ту рузи медихем. Ва окибати нек аз они пархезгорон аст". (Сураи Тохо: 132).
    Ибни Умар разияллоху анхумо ояти зеринро тиловат менамуданд:
    "Оё (шахси мушрик бехтар аст, ё) касе, ки дар вактхои шаб дар холи сачда ва киём ба ибодат машгул аст ва аз азоби охират бимнок аст ва ба рахмати Парвардигораш умедвор аст". (Сураи Зумар:9).
    Ибни Умар разияллоху анхумо мефармуданд:
    Манзури оя Усмон ибни Аффон аст.
    Ибни Аби Хотим мегуяд:
    Ибни Умар разияллоху анхумо ин суханро дар хакки Усмон гуфтаанд. Чунки Усмон дар шабхо намозхои бисёр мехонданд ва кироатхои тулони мекарданд, хатто баъзе вактхо Куръони каримро дар як ракъат хатм менамуданд.
    Алкама ибни Кайс мегуяд:
    Шабе хамрохи Абдуллох ибни Масъуд хобидам. Абдуллох дар аввали шаб бархостанд ва монанди имоме, ки ба хангоми намози чамоъат ба кироъат машгул мешавад ба тартили Куръон пардохта ва намозро идома доданд, то ин ки наздикии вакти бомдод шуд.
    Соиб ибни Зайд мефармояд:
    Кори дар намоз садхо оят мехонд, хатто мо аз дарозии киём бар асохоямон такя мезадем. Вале касе аз намоз то вакти субх берун намешуд.

    Диккат:
    Бародар ва хохари мусалмонам! Шоиста аст, ки намози таровехро хамрохи имом ба поён бирасони, то номи туро дар руйхати барподорандагони намоз бинависанд.
    Пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд:
    "Касе, ки хамрохи имом намозро барпо дорад, то ин ки намоз мунсариф шавад, дар номаи аъмоли у киёми лайл навишта мешавад". (Ривояти асхоби сунан).

    ОтветитьУдалить