пятница, 17 августа 2012 г.

Рамазон рафт


Иди Рамазон имрӯз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад ҷӯем дар роҳи муроди хеш,
Бӯе ба машом омад, аз боди сабо табрик.
 *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Афсус, ки айёми шарифи рамазон рафт,
Си ид ба якбораги аз дасти чахон рафт.
Фарёд, ки си пораи ин мохи муборак,
Аз даст ба як бор чу авроки хазон рафт.
Шуд зеру забар чун сафи мижгон сафи тоат,
Шерозаи чамъияти бедордилон рафт.
Бекадрии мо нашавад фош ба олам,
Мохе, ки шаби Кадр дар у буд нихон, рафт.
Бархост тамиз аз башару соири хайвон,
Он руз, ки ин мохи муборак зи миён рафт.
Бо комати чун тир дар ин маърака омад,
Аз бори гунах бо кади монанди камон рафт.
Бардошт зи души хама кас бори гунахро,
Чун бод сабук омаду чун кух гарон рафт.
Чун ашки гайюрон ба саропардаи мижгон,
Дер омаду зуд аз назари ахли чахон рафт.
То оташи чуъи рамазон чехра барафрухт,
Аз номаи аъмол сиёхи чу духон рафт.
Аз рафтани Яъкуб наравад бар дили Соиб,
Он чи, ки ба Соиб зи видои Рамазон рафт.

вторник, 14 августа 2012 г.

Шаби Кадр


Паёмбар cаллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: 
   «Дар ин мох шаби Ќадр аст, ки аз хазор мох бехтар аст. Касе, ки аз хайру (баракоти) он шаб махрум гардад, махруми хаќиќи хамон кас аст». (Мусаннафи Ибни Абушайба).
   Шаби Ќадр дар шабхои тоќи дах рузи охири мохи Рамазон мебошад. Вале баъзе донишмандон дар шаби бистухафтуми Рамазон будани шаби Ќадр ба яќин наздиктар гуфтаанд.
   Ибни Аббос разияллоху анху, Убай ибни Ќаъб разияллоху анху, Ибни Масъуд разияллоху анху ва дигарон дар шаби бистухафтум будани онро ба яќин наздиктар донистаанд.
   Убай ибни Каъб мегуяд: 
   Шаби Ќадр дар дахаи ахир, дар бистухафтуми мохи Рамазон мебошад. 
   Зарр ибни Хубайш мегуяд: 
   Он гох беистисно савганд хурд, ки шаби Ќадр шаби бистухафтуми мохи Рамазон мебошад.
   Пурсидам: Бо чи далел инро мегуи?
   Гуфт: Бо нишонае, ки Расули Худо Саллаллоху алайхи ва саллам моро хабар дода буд: 
   "Субхи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд". (Сахехи Муслим).
   Бародари азиз! Кадри ин шабро бидон ва ин шабро бо ибодат бигзарон !

НИШОНАХОИ ШАБИ КАДР
1. Он шаб аз дигар шабхо нурони мешавад.
2. Калби муъминонро хамон шаб ороми фаро мегирад. Дар он шаб калби муъмин ором ва кушод мешавад.
3. Дар он шаб хаво ором мешавад. Дар он шаб шамол ором мешавду, шамоли сахт намевазад.
4. Гохо шахсони солех шаби кадр кадом шаб буданашро дар хоб мебинанд. Чуноне, ки баъзе сахобагон дар хоб диданд.
5. Инсон дар он шаб аз намоз халовату лаззат мебарад, ки дар дигар шабхо он гуна лаззату халоватро ёфта наметонад.
6. Субхи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд.
Убай ибни Каъб разияллоху анху гуфт: Расули Худо саллаллоху алайхи ва саллам нишонаи шаби кадрро ба мо хабар дода, фармуданд:
"Субхи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд". (Сахехи Муслим).
Ин буд, баъзе нишонахо шаби кадр.
Аз Худованд пурсонем, ки ибодатхоямонро кабул карда бошад, ва моро боз ба шабхои кадри оянда бирасонад

суббота, 4 августа 2012 г.

Афсонаи буд набуд

    
Холо мефахмам, ки чаро дар аввали афсонахо мегуянд: Буд, набуд.

       Яке буд, яке набуд. Ин достони зиндагии мост. Хамеша хамин буда. Яке буд, яке набуд. Дар фахмиши шаркии мо намегунчад бо хам будан. Бояд дигаре набошад.
       Хеч афсонагуе нест, ки достонаш ин гуна огоз шавад, ки яке буд, дигаре хам буд. Хама бо хам буданд. Ва мо асири ин афсонаи кухан, барои будани яке, якеро нест мекунем. Аз дорои, аз обру, аз хасти. Гуё, ки буданамон вобастаи набудани дигарест. Хеч кас намедонад, чуз мо. Хеч кас намефахмад, чуз мо. Ва он кас, ки намедонаду намефахмад, арзише надорад, арзише надорад, хатто барои зистан. Ва ин хунарест, ки онро хуб омухтаем, хунари набудани дигаре.