пятница, 14 сентября 2012 г.

Дило таслими ризои Худованд бош!

Дило, ҳамвора таслими ризо бош,
Ба ҳар ҳоле ки бошӣ, бо Худо бош!
Худоро дон, Худоро хон ба ҳар кор,
Мадон ин ёваронро беҳ аз ӯ ёр!
Чу ҳақ бахшад кулоҳи сарбаландӣ,
Ту дил бар дигаре баҳри чи бандӣ?
Худоро бош, агар марди худоӣ,
Макун бегонагӣ, гар ошноӣ!
Ҳадиси дӯзаху ҷаннат раҳо кун,
Парастиш хос аз баҳри Худо кун!
Туро бар ҳар ду гетӣ баргузидат,
Ҳам охир баҳри коре офаридат.
Зи ту ҷуз бандагӣ кардан наёяд,
Аз ӯ худ ҷуз худовандӣ наёяд.
Бар ин дар ҳеҷ икроҳе набошад,
В-аз ин беҳ ҳеҷ даргоҳе набошад.
Агар лофе занӣ ҳам, лофи дин зан,
Ҳамеша даст дар ҳаблу-л-матин зан!
Ба ҳар коре мададгорат Худо бод,
Далели роҳи динат Мустафо бод!
Замимаи "Девон"-и Носири Хусрав.

Комментариев нет:

Отправить комментарий