суббота, 28 декабря 2013 г.

Тафсири сураи Кадр



                                Сураи Ќадр سورة القدر              
Сураи Ќадр дар Маккаи мукаррама нозил шудааст ва он 5 оят дорад. Дар ин сура дар бораи бењтарин шаб – шаби Ќадр сухан меравад.
(1) Инно анзалноњу фї Лайлатил-Ќадр.
Њар ойина мо онро (Ќуръонро) дар Шаби Ќадр нозил кардем.
Бидуни шак, мо Ќуръонро дар он Шаби бузург нозил кардем. Яъне ба якборагї дар он шаб аз Лавњул-мањфуз ба осмони дунё фуруд оварда шуд. Сипас Њазрати Љабраил (а) тайи бисту се сол онро ба тадриљ, андак – андак бар њасби њидоят оварда аст ва низ метавонад мурод аз он, ин бошад, ки оѓози нузули Ќуръон ё чан доят дар ин шаб бошад, сипас баќияи он ба тадриљ нозил шуда бошад. Анзала – ба якборагї фуруд овардан. Наззала – танзил намудан оят-оят ва ё ќисм-ќисм. Ќадр – иззату шараф. Мурод аз номгузории ин шаб ба Лайлатул-Ќадр азамату бузургї ва шарафи ин шаб аст. Маънои дигараш таќдиру њукм мебошад. Пас маънояш он мешавад, ки дар ин шаб тамоми он чї барои махлуќот дар таќдири азалиашон навишта шудааст, барои як сола миќдори он, аз он шаб то Рамазони дигар ба фариштагони маъмури тадбир супурда мешавад. Дар ин шаб,миќдори умр, марг, ризќ, борон ва ѓайра ба фариштагон имло мегардад. Ва љињати ташвиќи бештар фармуд:
(2) Ва мо адрока мо Лайлатул-Ќадр (и).
Ва ту чї медонї, ки Шаби Ќадр чист?
Аз љињати бузургии шаъни ин шаб ин савол омад.
(3) Лайлатул-Ќадри хайрун мин алфи шањр (ин).
Шаби Ќадр бењтар аз њазор моњ аст.
Ки он баробар ба 83 сол мешавад, ки дар он Шаби Ќадр набошад. Яъне барои бандаи муъмин ин фазлу бахшиши илоњї насиб мешавад, ки инсон дар як шаб метавонад, аъмолеро анљом дињад, мисли тавбаву ибодатњои дигар, ки бењтар аз 83 сол бошад, ки аќлњо дар фањмиши он ољиз монад.
(4) Таназзалул-малоикату вар-рўњу фїњо биизни раббињим мин кулли амр (ин).
Фурў меоянд фариштагону Рўњ дар он шаб, ба дастури Парвардигорашон бар њар кор.
"Мин" ба маънои "бо" ба кор рафтааст. Фариштагон дар он шаб бисёр мефароянд. Рўњ – як фариштае бузургест, ки мувофиќи гуфтаи аксари муфассирин мурод Њазрати Љабраил (а) аст, ки бо љамъи зиёде аз фариштагон меоянд.
(5) Саломун њия њатто матлаъил-фаљр (и).
Амон аст, он шаб, то тулўи субњ.
Њар киро он шаб дар њангоми ибодат дарёбанд бар ў дуруд мефиристанд, яъне барояш дуои рањмату маѓфират мекунанд. Ва он Шаби Ќадр бо њамин сифоту баракатњояш то тулўи субњ идома меёбад. Ё он шаб то субњ аз њама офатњо ва бадињо дар амон аст.

         Дар бузургии ин шаб ањодис зиёд омадааст. Ва он шаб дар моњи Рамазон дар дањаи ахири он аст, хусусан дар шабњои тоќи он (шаби 21,23,25,27 ва ё 29 Рамазон). Аз ин љо буд, ки Паёмбари акрам (с) дањаи ахири Рамазонро эътикоф менишастанд ва ибодатњояшонро дар дањаи ахир зиёд мекарданд, то шаби Ќадрро дарёбанд. Аз њазрати Уммулмуъминин Оишаи Сиддиќа (р) дар "Сањењи Бухорї" њадис аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: "Шаби Ќадрро дар дањаи охири Рамазон љустуљў намоед." Инчунин, дар "Сањењи Бухорї" ва "Сањењи Муслим" аз њазрати Абўњурайра (р) наќл шудааст, ки: Расули Худо (с) фармуд: "Њар касе, ки дар Шаби Ќадр барои ибодат бархост, њамаи гуноњони гузаштаи  ў афв мегардад."
 Боз аз  њазрати Уммулмуъминин Оишаи Сиддиќа (р)  наќл аст, ки аз Расули Худо (с) пурсидам:  Агар ман Шаби Ќадрро дарёбам, чї дуое бикунам? Он Њазрат (с) дар љавоб фармуданд: ин дуоро бихон: "Аллоњумма иннака аффувун туњибул-афва фаъфу ъаннї – Бор илоњо! Ту бахшандаи ва афв карданро меписандї, гуноњњои маро афв бифармо!"  

Тафсири сураи Инфитор


                                           Сураи Инфитор                                  
(баргирифта аз рўи тафсири "Маъорифул-Ќуръон" – таълифи Мавлоно Муњаммадшафиъи Усмонии Девбандї (р) ва тафсири "Тайсирур-Рањмон"-и Абдуррањмони Саъдї) ба таври хулоса                                       
Сураи Инфитор Маккї буда, дорои 19 оят аст.
Ба номи Худованди бењад мењрубон ва бенињоят борањм. Ин сура маънояш онест, ки дар сураи Таквир зикр шудааст.
(1) Изас-само'унфатарат.
Ваќте, ки осмон шикофта шавад.
Яъне мурод рўзи ќиёмат аст, ки дар он осмон шикофта шавад ва атмосфераи осмони дунёст шояд, ки чун шикофта шавад, системаи њаёт дар Замин барњам хўрад. Ё гуфтаанд, ки барои нузули малоика шикофта хоњад шуд. Инфитор-иншиќоќ, шикофта шудан.
(2) Ва изал-кавокибунтасарат.
Ва њар гоњ, ки ситорагон фурў резанд.
Чун низоми олам (чї осмону чї замин)барњам хўрад ва гардиши замину осмон вайрон шавад, пас ситорагон, ки онњо аз санганд (дар сураи Мулк зикраш дар ояти 5)фурў резанд ва зебоиашон аз байн раваду тира гарданд.
(3) Ва изал-бињору фуљљират.
Ва њар гоњ, ки бањрњо ба љўш омада равон гарданд.
 Бањрњои шўру ширин ба њам омехта гарданду равон шаванд.  Ва њама бањрњо як шаванд.
(4) Ва изал-ќубуру буъсират.
Ва њар гоњ, ки ќабрњо шикофта шаванд.
 Ин воќеаи чорум баъди дамидани дуввум маротибаи Сўр аз љониби Исрофил (а) аст. Яъне мурдагон бо дамидани Сўри дуввум аз ќабрњо зинда шаванду берун оварда шаванд ва барои њисобу китоб њозир гардонда шаванд.
(5) Ъалимат нафсун мо ќаддамат ва аххарат.
Медонад њар нафс он чї аз пеш фиристода ва он чї пушти сар гузоштааст.
Чун ин воќеањо рух дињанд ва инсон, ки дубора зинда гардонида шавад, њар шахсе кирдорњои гузаштаву ояндаи худро хоњад донист. Маќсад он аст, ки инсон аз хоби ѓафлаташ бедор мешавад ва сазои аъмоли худро мебинад. Бинобар ин, барои огоњї бар ин ѓафлаташ ба ў гуфта мешавад:
(6) Ё айюњал-инсону мо ѓаррака бираббикалғкарїм (и).
Эй инсон, чї чизе фиреб дод туро аз Худои каримат?
Чї чиз туро водор кард, ки Парвардигори кариматро ба фаромўшї биспорї? Ин гуфта аз рўи сарзаниш барои инсонест, ки њуќуќи Худоро адо накардааст.
(7) Ал-лазї халаќака фасаввока фаъадалак (а).
Он ки туро офарид, боз дуруст кард туро (аъзоятро) , боз баробарат кард (муътадилќоматат кард).
 Он зоти бузурге, ки туро офарид, дар њоле, ки набудї. Пас аъзои туро дуруст кард, дар њоле, ки дар шиками модар љанин будї ва нишоне аз ту набуд. Дар бењтарин сурат офаридат, ки аз њама махлуќоти рўи олам зеботарин ва боаќлтарин њастї. Боз аъзои бадани туро муътадил гардонид, ки як даст аз дасти дигарат ва ё як пой аз пои дигарат каму зиёд нест. Ин љо бори дигар бузургии Каломи Парвардигор ошкор мешавад, ки инсонро чї гуна зебову муътадил ва умуман њастиро чї ќадар зебову нотакрор офаридааст.
(8) Фї айи суратин мо шо'а раккабак (а).
 Дар њар сурате, ки хост (аъзои) туро таркиб дод.
Эътидолу рост ва муносиб  кард андоми туро. Бо вуљуди ин њама, эй инсони Худоношинос,оё дуруст аст, ки Худоро нашносї ва неъматњояшро нодида бигирї?
(9) Калло бал туказзибуна бид-дин (и).
 Њаргиз на, балки (боз) дурўѓ мешуморед рўзи љазоро.
 Бо ин њама инсон (инсони кофир)  маѓрур шуда, аз маѓрурии худ боз намеояд ва рўзи љазову сазо, ки дар он маѓруриаш шикаста мешавад, дурўѓ мешуморад. Яъне бо овардани оятњои пеш оиди офариниши инсон, ки бояд донад, ки Холиќу Офаридгори бузургаш Аллоњ таъолост, бо вуљуди ин њама инсони кофир рўзи ќиёматро, ки дар зинда гардонида мешаваду аз кирдорњои пешинаш суол карда хоњад шуд, инкор мекунад.
(10) Ва инна ъалайкум лањофизїн (а).
 Ва ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
Малоике бар шумо муќаррар гардондаем, ки аъмоли шуморо ёд доранду сабт мекунанд. Онњо фариштагонеанд, ки:
(11) Кироман котибїн (а).
  Соњибиззатанд нависандагони аъмол.
назди мо соњибиззатанду тамоми аъмоли шуморо менависанд.
(12) Яъламўна мо тафъалўн (а).
Медонанд он чї шумо мекунед.
Ягон амали шумо барои онњо пинњон нахоњад монд ва њар љї дар пинњону ошкор ба анљом расонед, онњо медонанду менависанд. . Хоњ аъмоли ќалбї бошад, хоњ аъмоле, ки ба аъзои бадан анљом додаед. Пас дар рўзи ќиёмат тамоми ин аъмол ба пешгоњи Худованд арза хоњад шуд ва дар иваз сазои муносибе ба онњо хоњад расид.
(13) Иннал-аброра лафї наъїм (ин).
Яќинан накукорон дар неъматанд (бињиштанд).
Инсонњои накукор дар осоишанд. Бинобар сабаби аъмоли хубу савобе, ки ќаблан фиристода буданд. Аброр касонеанд, ки таќво доранду њаќќи Худову бандагонашро адо мекунанд. Подошашон неъматњост дар ќалб, рўњ ва дар бадан. Дар дунё, олами барзах ва дар љаннат.
(14) Ва иннал-фуљљора лафї љањїм (ин).
 Ва яќинан гунањкорон дар дўзаханд.
Ва куффору гунањкорони сахт (мушрикину кофирон)  дар дўзахи сўзон барои аъмоли бадашон, ки ќаблан карда буданд, љазо дода мешаванд. Фуљљор касонеанд, ки њаќќи Худову бандагонашро адо намекунанд. Аъмоли ќалбї ва баданиашон њама фуљур аст. (расвої.) Дар азоби алиманд дар дунё ,ки осоиши ќалбиву имонро дарнамеёбанд ва дар олами барзах (ќабр) ва дар љањаннами сўзон.
(15) Яславнањо явмад-дїн (и).
  Дароянд дар љањаннам рўзи охират.
Дар охират чун номаи аъмоли онњо ба дасти чап ё аз пушт дода шуд, ба адли илоњї ба дўзах дароварда мешаванд.
(16) Ва мо њум ъанњо биѓоибїн (а).
 Ва нестанд онњо аз он људошаванда.
Дар дўзах онњо њамеша мемонанд ва наметавонанд аз он ѓоиб бошанд (фирор кунанд ё рањо ёбанд.) Намемиранд ва на аз азоб халосї доранд.
(17) Ва мо адрока мо явмуд-дїн (и).
Ва ту чї медонї, ки чист рўзи љазо?
Барои бузургии зикри Рўзи Ќиёмат Худованд инро мепурсад.
(18) Сумма мо адрока мо явмуд-дїн (и).
Боз њам ту чї медонї, ки чист рўзи љазо?
Батакрор мегўем, ки чист Рўзи љазо? Ин аз рўи њавлнокии Рўзи љазост, ки аќлњоро ба њайрат меорад.
(19) Явма ло тамлику нафсун линафсин шай'ан вал-амру явмаизин лиллоњи.
           Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натавонад кард ва дар он рӯз фармон азони Худо бошад.
Он чунон рўзест, ки њељ кас ба дарди каси дигар намехўрад, яъне касе парвои касе надорад, инчунин касе наметавонад каси дигареро, хоњ аз наздиконаш аст ва ё дўстонаш аз азобњо, пурсишњо ва сазои аъмол дастгирї намояду фоидае бахшад ва ё зарареро дур созад, њарчанд дар наздикиаш бошад, ё дар масофаи дуртар. Зеро њар кас дар фикри худ аст. Њукм ва њукумати комил он рўз азони Аллоњи мутаъол аст. Њељ касе бар Ў таъоло ѓолибу ќоњир нест. Њаќро барпо медорад ва аз золим њаќќи мазлумро меситонад.

четверг, 12 декабря 2013 г.

Тафсири сураи Мутаффифин ба таври хулоса


Тафсири сураи Мутаффифин ба таври хулоса
(баргирифта аз рўи тафсири Маъорифул-Ќуръон – таълифи Мавлоно Муњаммадшафиъи Усмонии Девбандї (р)) ба таври хулоса
Сураи Мутаффифин мувофиќи ќавли Абдуллоњ ибни Масъуд маккист, бинобар ин дар умуми мусњафњои Ќуръони маљид маккї навишта шудааст. Назди Абдуллоњ ибни Аббос (рз), Ќатода, Муќотил ва Зањњок маданї аст, фаќат њашт ояи он маккї аст.
Имом Насої аз њазрати Абдуллоњ ибни Аббос (рз) ривоят намудааст, ки ваќте Расули Худо (с) ба Мадина ворид шуд, мушоњида намуд, ки муомилоти ањли он ба василаи "кайл" анљом мегиранд, ва онон дар ин бора ба дуздї ва кам кардани кайл одат доранд, бар ин воќиъаи онњо, сураи "Мутаффифин" нозил гардид.
Аз њазрати Абдуллоњ ибни Аббос (рз) ривоят аст, ки ин нахустин сурае аст, ки пас аз ташрифи Расулуллоњ (с) ба Мадинаи Тайиба нозил гардид. Сабаби нузулаш он буд, ки байни ањли Мадина дар он замон, ин равиш (татфиф) ривољ дошт, ки њар гоњ худи онњо аз касе чизе мегирифтанд, кайлу вазнро пурра мекарданд. Аммо њангоми ба дигарон додан, дар он камї ва дуздї мекарданд. Пас аз нузули ин сура, аз ин кори бад дур гаштанд, ки то имрўз ањли Мадина дар комил кардани кайлу вазн маъруфу машњуранд. (Ривояти Њоким, Насої ва Ибни Моља ба санади сањењ).

(1) Вайлун лил мутаффифин (а)
Вой бар камфурӯшон,
Вайл – калимаи азоб аст ё водиест дар љањаннам.  Мутаффифин аз татфиф гирифта шуда, маънояш костан, кам кардан дар кайлу ваз наст ва бар касе, ки кунандаи ин кор бошад, мутаффиф гуфта мешавад. Аз ин оя маълум мешавад, ки кам кардан дар кайлу вазн ва тарозу, ё метру дигар намуди ченакњои муомилотї њаром аст.
(2) Аллазина изактолў ъалан-носи яставфун (а)
онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро ба пуррагӣ мегиранд.
 Яъне чун њаќќи худро аз мардум меситонанд, ба пуррагї меситонанд.
(3) Ва изо колўњум ав вазанўњум юхсирун (а)
ва чун барои мардум (паймона) мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.
  Аммо њангоми барои дигарон паймонаву вазн намудан, аз њаќќи онњо мезананд (медузданд) ва паймонаву вазнро кам мекунанд. Њаќќи худро комил гирифтан албатта мазмум нест, аммо мазмум он аст, ки њангоми њаќќи дигаронро пардохтан, кам карда шавад.
(4) Ало язунну улоика аннањум мабъусун (а)
Оё  инҳо намедонанд, ки ҳаройна, онҳо зинда мешаванд.
 Бо ин амали бади худ, онњо мавриди тањдиди илоњї ќарор дода шуданд, ки оё рўи ин фикру андеша намекунанд, ки дар рўзи сахте зинда ва аз ќабрњояшон барангехта хоњанд шуд. Ло язунну - намепиндоранд, яъне ин љо ба маънии яќин кардан аст. Яъне оё яќин надоранд, бовар надоранд, ки барангехта хоханд шуд?
(5) Лиявмин ъазим (ин)
дар он рӯзи бузург?
     Ки мурод рўзи ќиёмат аст, ки дар ояи баъд тафсираш меояд.
(6) Явма яќумунносу лираббил-ъоламин(а).
Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.
Ин оя тафсири ду ояи пеш аст, ки он љо Худованд барои касоне, ки амали кам кардани тарозуро анљом медињанд, гуфт: "Оё намепиндоранд онон, ки барангехта мешаванд? Барои рўзи бузурге." Ин љо Аллоњи мутаол он рўзро тафсир карда мегўяд, ки он рўз: Рўзест, ки бисёр сахт аст ва мардум дар пешгоњи Парвардигор меистанд. Яъне бояд аз он рўз тарсид. Ва Аллоњ таъоло дар он рўз барои амали аз тарозу камкарданашон албатта мепурсад., ки чаро њаќќи мардумро кам кардед? Чун Паёмбари акрам (с) ин ояњоро барои мардум хонданд, муъминон тавба карданд ва тарсиданду дигар ин аъмолро такрор накарданд. Аммо кофирон инкор намуданд, аз ин љост, ки Худованд дар ояњои баъд барои онњо мефармояд:
(7) Калло инна китобал-фуљљори лафї сиљљин(ин).
На чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройнааъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст.
Яъне аз Сиљљин Худованд суњбат карда, ба тариќи савол мегўяд:
(8) Ва мо адрока мо сиљљин (ун).
Ва ту чї медонї, ки Сиљљин чист?
Њар чизеро, ки Худованд ба тариќи савол мепурсад, ин аз азамату бузургї ва чизи муњим будани он хабар медињад. Ин љо ба маънои тањдид аст.
(9) Китобун марќум (ун).
Китобест навишташуда, (мўњрзадашуда.)
 Китоб, яъне дафтаре, ки дар он номаи аъмол аст ва ин љо мурод номаи аъмоли бадкорон аст, ки нишонгузорї карда шудааст. Ва маќсуд аз нишон – муњр аст. Яъне муњр зада шуда ва гузошта мешавад баъди марг. Маќсуд ин аст, ки дар он њељгуна эњтимоли таѓйир ва табдиле вуљуд надорад. Пас  њосили он, мањфуз мондани аъмол аст, ки аз он њаќ будани љазо собит шуд. Ва тибќи баъзе ривоёт, он љоест, ки дар он рўњњои кофирону фољирон аст, ки дар зери замини њафтум љойгир мебошад.
Сипас љазои он аъмолро баён намуда, мегўяд:
(10) Вайлун явмаизин лилмуказзибин (а).
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғшуморандагон),
 Вайл чуноне, дар аввали сура низ омад, калимаи азоб аст ё водиест дар љањаннам. Мурод аз такзибкунандагон, дурўѓшуморандани рўзи љазо аст.
(11)  Аллазина юказзибуна биявмид-дин (а).
онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!
 Касоне, ки рўзи љазоро такзиб мекунанд:
(12) Ва мо юказзибу бињи илло куллу муътадин асим (ин).
Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гунаҳкор дурӯғ меҳисобад.
аз њадди бандагї (убудият) берун шуда, муљрим бошанд. Яъне куффоре, ки рўзи ќиёматро инкор мекунанд, бандагии  Худоро ба љо намеоранд ва гуноњи бисёр мекунанд. Асим сифати мушаббањ аст.
(13) Изо тутло ъалайњи оётуно ќола асотирул-аввалин (а).
Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»
Чун бар ў оёти Ќуръон тиловат мешавад. ки дар он аз аќвоми пешин (мисли ќавми Ъоду Самуд, Намруд, Фиръавн ва аз паёмбарони илоњї ва азоби ќавмњое, ки онњоро инкор карданд)  сухан меравад, мегўяд, ки ин суханони беаслу поя асту афсонањои пешиниён аст ва њаќиќате надорад.
(14) Калло бал س рона ъало ќулубињ мо кону яксибун (а).
На чунин аст (ки мепиндоранд), балки ба сабаби корҳое, ки  карда буданддилҳояшон занг бастааст.
"Калло" њарфи радъ номида мешавад ва маънои он дафъи заљр ва тавбих мебошад."Рона" аз райн гирифта шудааст ва маънояш зангу чирк гирифтан мебошад. Маќсуд ин аст, ки занги гуноњњояшон бар дилњояшон ќарор гирифтааст ва чуноне, ки занг оњанро мехўрад ва хок мекунад, њамчунон занги гуноњон дилро фаро гирифта, солимиву покиашро, ки ба воситаи он некро аз бад намешиносад.
Чун дар оёти гузашта такзиби куффор зикр шуда буд, ки оёти Ќуръонро дурўѓ шумориданд, дар ин оя бо гуфтани "Калло" бар он заљру тавбих аст, ки ин нодонон дар анбори гуноњони хеш мубтало шуда, нуроният ва солимиву покии дили худро, ки ба воситаи он њаќро аз ботил шинохта мешавад, аз даст додаанд.
(15) Калло иннањум ъан раббињим явмаизин ламањљубун (а).
На чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройна, онҳо дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд.
Яъне њаргиз чунин нест, ки онњо мепиндоранд, балки он кофирону бадкорон дар рўзи ќиёмат аз дидори Парвардигори худ мањруманд ва пушти парда ќарор мегиранд, яъне намебинанд. Ин љазои амалњои бадашон аст, ки карда буданд. Дар он рўз шоиста нест барои онњо, ки Парвардигорро бубинанд.  Яъне бузургтарин неъмат ин дидори Парвардигор аст. ки онњо мањруми онанд.
Њазрати Имом Молик ва Имом Шофеъї фармудаанд: аз ин маълум мешавад, ки муъминон ва авлиё ба дидори Парвардигор мушарраф мешаванд вагарна надидани куффор њељ маъное надорад. 
(16) Сумма иннањум ласолул-љањим (и).
Пас, онҳо ба ҷаҳаннам дароянд.
Боз ба нодидани Парвардигор кифоят накарда, Худованд мегўяд, ки онњо дар дўзах дохил мешаванд.
(17) Сумма юќолу њозаллазї кунтум бињи туказзибун (а).
Ва онҳоро гӯянд: « Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
Боз ба онњо гуфта мешавад, ки ин аст подоши он чї шумо рўзи ќиёмату Ќуръон ва Паёмбарро (с) такзиб мекардед.Инчунин онњо номаи аъмоли некукоронро низ дурўѓ мешумориданд, аз ин љињат дар ояњои баъд, сазои амалњои накукоронро баён намуда мегўяд:
(18) Калло инна китобал-аброри лафї ъилийин (а).
На чунин аст(ки мепиндоранд),  ҳаройнааъмоли некон дар иллийин мактуб аст.
Чунин нест, ки шумо мепиндоред, эй кофирону бадкорон ва эй мункирони рўзи ќиёмат. Воќеан китоби некон, яъне номаи аъмоли накукорон дар Ъилийин аст. Ва он дар осмони њафтум аст, зери Арши бузург. Ва он мавќеест, ки дар рўњњои накукорон баъди марг то ќиёмат ќарор мегиранд.
(19) Ва мо адрока мо ъилийин (а).
Ва ту чї медонї, ки ъилийин чист?
(20) Китобун марќум (ун).
Китобест навишташуда, (мўњрзадашуда.)
Тафсири савол шудани дубора дар боло зикр шуд, инчунин маънои марќум.
(21) Яшњадуњул-муќаррабун (а)
Ки муқаррабони Худо онро мушоҳида мекунанд.
Яъне он дафтари нишондорро (муњрдорро) малоикаи муќарраб ба шавќу иштиёќ мебинанд. Ин иззату икроми бисёр бузургест, ки насиби муъминон мешавад. Дар тафсири "Руњул-маъонї" аз тариќи Ъабд ибни Њамид аз Њазрати Каъб ривоят омадааст,ки њангоме, ки рўхи муъминонро ќабз карда мебаранд, фариштагони муќарраби њар осмон бо онон њамроњ мешаванд, то ин ки ба осмони њафтум мерасанд, он рўзро мегузоранд, сипас фариштагон арз мекунанд, ки мо мехоњем номаи аъмоли ўро бубинем. Номаи аъмол кушода ва ба тарзи мухтасар ба онњо нишон дода мешавад. Баъд аз он љазо ва подоши  накукоронро баён мекунад:
(22) Иннал-аброра лафї наъим (ин).
Албатта, некон дар неъматанд,
Наъим љамъи неъмат аст. Ва ин љо он неъматњо ин аст, ки онњо дар осоиши комиланд.
(23) Ъалал-ароики янзурун (а).
бар тахтҳо нишаста ва наззора мекунанд.
Болои тахтњо менишинанд ва аљоибро мебинанд.
(24) Таърифу фї вуљуњињим назратан-наъим (и).
 Бар чеҳраашон таровати неъматро мешиносӣ.
Эй мухотаб: ту дар чењрањои онњо тозагї ва таровати оромишро мебинї.
(25) Юсќавна мин рањиќин махтум (ин).
 Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд.
рањиќ – шароби љаннатист, ки хилофи шароби дунё инсонро аз аќл берун намесозад ва сардардиву шармандагї намеорад.Сарпўши он шароб мањкам аст.  
(26) Хитомуњу мискун ва фї золика фал-ятанофасил-мутанофисун (а).
Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастикунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд.
Ва он рўпўшаш (сарпўшаш) бо муњр мањкам карда шудааст ва нокушода бўи хушаш ба машом мерасад. Ё гуфтаанд, дар охири он шароб мушк аст.  ва барои тарѓибу ташвиќ аст, ки барои он бояд кўшиш кард. Ва барои расидан ба ин неъматњо бояд номаи аъмоли худро ба гуфтаи Ќуръону Паёмбар (с) дуруст кард.
(27) Ва мизољуњу мин тасним (ин).
Омезиши он аз тасним аст.
Мизољ-омезиш. Тасним – оби холисест, ки ба шароб омехта карда нўшида мешавад. Яъне он чунон чашмаест, ки муќаррабон аз он, об менўшанд. Ва барои накукорон он обро бо шароби љаннатї омехта карда барои нўшидан пешкаш карда мешавад.
(28) Айнан яшрабу бињал-муќаррабун (а)
                     чашмаест, ки муқаррабони (наздикони) даргоҳи Худо аз он  меошоманд.
   Яъне, тасним – чашмаест, ки аз муќаррабон об менўшанд. Маќсуд ин, ки барои собиќин, яъне муќаррабин ба љои оби холис, оби "тасним" дода мешавад. Барои асњобул-ямин, яъне аброр оби он бо шароби дигар омехта карда ва ба онњо дода мешавад.
Эзоњ: Дар сураи Воќиъа Аллоњ таъоло баён медорад, ки:
7.шумо се гурӯҳ бошед:
8.яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?
9.Дигар аҳли  шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд?
10.Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак, пеш равонанд (дар ҷаннат).
11.Инҳо муқаррабонанд (наздик карда шудагонанд)
12.дар биҳиштҳои пурнеъмат.
13.Гурӯҳе аз пешиниён
14.ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд
15.бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт)
16.рӯ барӯи ҳам бар онҳо такя задаанд.
Аз ин оёт бармеояд, ки мардум дар рўзи ќиёмат cе гурўњанд ва дар сураи Мутаффифин ба ин ишора шудааст.
 (29) Иннал-лазина аљрамў конў минал-лазина оманў язњакун (а)
      Ҳаройна, гунаҳкорон бар мӯъминон (дар дунё) механдиданд.
   Яъне, касоне, ки муљрим (кофир) буданд, дар дунё ба њоли муъминон бо тамасхур аз рўи тањќир механдиданд.
(30) Ва изо маррў бињим ятаѓомазун (а)
    Ва чун бар онҳо мегузаштанд, бо чашму абрӯ ишора (масхара) мекарданд.
  ятаѓомазун – ѓамза мекарданд, яъне чашмак мезаданд. Маќсуд ин аст, ки чун муъминон аз назди кофирон мегузаштанд ба њам чашмак зада механдиданд, ки ин бечорањоро бинед њолашонро. Яъне дар ѓайбаташон бо суханњо масхара мекарданд ва дар њузурашон бо чашмакзанї ишораи тањќиру тамасхур мекарданд. Њадаф расонидани истињзо ва озор бар муъминон аст.
(31) Ва изанќалабў ило ањлињимунќалабў факињин (а)
   ва чун назди касонашон (аҳлашон) бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд.
   изо – њаргоњ,инќалабў – бозмегаштанд. Яъне куффор чун ба хонањои худ бозмегаштанд, масхара ва истињзоеро, ки бар муъминон расонида буданд, ёдоварї намуда, бо њам ба лаззат музокира мекарданд, ки онњоро (муъминонро) комилан расвову шарманда кардем.
 (32) Ва изо раавњум ќолў инна њоулои лазоллун (а)
     Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо, ҳаройна, гумроҳонанд.
   Мегуфтанд, ки ин бечорањоро бинед, ки Муњаммад (сал.) онњоро гумроњ намудаасту инњо ањмаќанд, ки ба ў бовар кардаанд. Гўё дар зоњир њамдардї мекарданд, аммо ќасдашон боз њам озору масхара буд. Дар ин оёт таскин барои муъминон аст, ки дар њар давру замон ањли илму салоњу таќворо баъзењо ба масхара мегиранд ва набояд андўњгин шаванд.
(33) Ва мо урсилў ъалайњим њофизин (а)
    Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати аъмоли мӯъминон нафиристода буданд.
  Дар њоле, ки мо онњоро барои аъмоли муъминон нигањбонашон нагардондаем.
 (34)Фалявмал-лазина оманў минал-куффори язњакун (а)
     Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,
 Мурод аз Алявм (имрўз) рўзи ќиёмат аст, ки ќариб аст. Яъне сазои аъмоли худро њар ду тоифа меёбад. Муъминро насибаш бињишти љовидон ва куффорро бошад, љањаннами сўзон аст. Пас он рўз муъминон, ки дар бињишт хоњанд рафт, бар њоли зори кофирон механданд.
(35) Ъалал-ароики янзурун (а)
бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд.
    Дар њоле, ки бар тахтњои зебои љаннат такя зада дар роњатанд. Дар "Дурри мансур" аз Ќатода (р) наќл шудааст, ки даричањое вуљуд дорад, ки ањли љаннат битавонанд ањли дўзахро бубинанд ва вазъи бади онњоро дида, ба сурати интиќом, бар онњо механданд.
 (36) Њал суввибал-куффору мо конў яфъалун (а)
                Оё кофирон баробари аъмолашон ҷазо ёфтаанд?
        Яъне ин сазо расиданњо дар оянда мешавад, ки воќеан ба куффор натиљаи аъмолашон, ки ба он ба љањаннам рафтанд, дода мешавад.
                 Њар ќи ў бад кард, ўро бад расад,
                 Некиро некї, бадиро бад расад.

          Аз маънои умумии сура бояд донист, ки татфиф танњо дар кайлу вазн нест. Балки кам кардани њаќќи њар њаќдоре дар њар чиз, њамчун татфиф ба њисоб рафта њаром мебошад.
Дар китоби "Муатои Имом Молик(р)" омадааст, ки њазрати Умар (рз) касеро дид, ки дар рукўъ, саљда ва аркони дигари намозро пурра адо намекунад ва намозро бо суръат ба поён мерасонад, фармуд: "Лаќад таффафта", яъне ту дар њуќуќи Аллоњи мутаол муртакиби татфиф шудї. Аз наќли ин ќавли њазрати Форуќи Аъзам (рз) Имом Молик мегўяд: "Ликулли шай,ин вафоун ва татфифун". Яъне њар чизе дар пурї ва кам кардан вуљуд дорад.
Њадисе аз њазрати Абдуллоњ ибни Аббос (рз) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: Сазои панљ гуноњ панљ чиз аст:
1) касе, ки ањду паймонро бишканад, Худованд душманро бар ў мусаллат мекунад (ѓолиб мегардонад.);
2) миллате, ки ќонуни Худоро рањо сохта, мехоњад мувофиќ ба ќонуни дигар амал кунад, байни онњо фаќру фоќа ва эњтиёљ ъом мегардад (яъне фаќирї ва муњтољиро Худованд ба онњо меорад).
3) Ќавме, ки зино ва бењаёї дар байни онњо ривољ ёбад, Худованд тоъун ва беморињои дигарро бар онњо мусаллат мекунад (меорад).
4) Касоне, ки дар кайлу вазн кутоњї кунад, Худованд онњоро ба ќањтї мубтало месозад.
5) Касоне, ки закотро адо намекунанд, Худованд боронро аз онон боз медорад.
 (Ин њадисро Имом Ќуртубї дар китоби тафсираш овардааства гуфтааст, ки инро Баззор маъноан аз Молик ибни Анас (рз) ва низ аз Ибни Умар (рз) овардааст.)