пятница, 22 февраля 2013 г.

Айниддинов Неъматулло - омузгоре пурмасъулият


Айниддинов Неъматулло - омузгори фанни забон ва адабиёти точики мактаби тахсилоти умумии № 16 дехаи Кафтархонаи нохияи Восеъ. Мачрухи гурухи 1. У 34 сол боз аз ин фан ба шогирдон дарс мегуяду мехраш ба мактаб зиёд аст. Шогирдонаш дар хама гушаи чумхури ва берун аз он машхуранду ба неки ёдаш мекунанд. Ба маъюбии худ, ки бо асобагалхо рох мераваду дардманд аст, нигох накарда, хатто дар солхои чанги шахрванди, мехрашро аз касб наканда, ба шогирдон содикона дарс мегуфт. Рисолати омузгориашро содикона, ошикона ба анчом расонидаву мерасонад. Чун дар наздаш менишини, баъди андаке шефтаи илм, шефтаи омузиш ва омузгори мешави.
    Рузи шанбе, 16 феврали соли 2013 ба мулокоташон рафтам. Баъди намози аср буд. Хело бо хам сухбат кардем. Гуфт: Пештар аз мактаб омадам. Пойхоям дардаш шадид шуда истодааст. Ба санаторияхо мехохам равам, аммо бо он нарххои онхо наметавонам равам. Зеро ин кадар маблаг надорам. Орзу мекард, то кош сарпарасте ёбаду акаллан ба ягон санатория каме хам бошад, рафта табобат гирад. Соле пештар дар чамъияти маъюбони «Мушфик» ба кор даромада буд, то мисли худ дардмандонро кумак кунад. Сарпараст мечустанд ва ба ниёзмандон кумак мекарданд, бе ин ки чизе бихоханду барои худ чизе хоста бошад. Факат як нафар, ки барояш як компютери Р-1 тухфа карда буду бо он матн менавишт, бо мехр тавсифаш мекард. Хам аз сарпарастии Хочи Чамолиддину бародаронаш, ки дар дехаи Саричашма  зиндаги мекунанд, бо дуои нек хотиррасон мешуд, ки бахри уву бародараш Даврон, ки мисли худаш хам маъюб асту хам омузгор, аробачаи маъюби овардаасту тез-тез ба аёдаташ меоянд. Мегуяд, кош хама мисли ин бародарон сохибмаърифат бошанду паи кори хайру савоб. Аз шогирдонаш, ки дар донишгоххо мехонанд низ ёдовари мекунад ва миннатдор аст, ки ба аёдаташ меоянд.

1 комментарий:

  1. Иброҳими Адҳам ва салтанати маънавӣ
    Иброҳими Адҳам асилзодае буд, ки тахту қасрро тарк карда рӯ ба ибодат ниҳод. Нафаре, ки қаблан зери амраш фаъолият мекард назди Иброҳими Адҳам, ки назди ҷӯйе мӯзадӯзӣ мекард, меояд ва хоҳиш мекунад, ки дубора ба қаср баргардад. Иброҳими Адҳам даъватро қабул накард. Мард сӯзани Иброҳимро ба об мепартояд. Иброҳим ба тарафи об нигариста мегӯяд:
    - Эй моҳиҳо! Сӯзани маро биёред.
    Якчанд моҳӣ дар даҳон бо сӯзани тиллоӣ аз об мебароянд.
    Иброҳими Адҳам мегӯяд:
    - Не, ман инҳоро намехоҳам. Сӯзани маро биёред.
    Ҳамаи моҳиҳо ба об фурӯ рафт ва танҳо як моҳӣ, ки дар даҳон сӯзани Иброҳимро дошт, истод. Иброҳим сӯзани худро гирифт ва гӯфт:
    - Кадоме аз салтанат воло аст? Салтанати қаблӣ ва ё салтанати кунунӣ?
    *** Ҳар фарде, ки аз барои Аллоҳ Таъоло аз салтанат даст мекашад, Аллоҳ Таъоло барояш салатнати маънавӣ эҳсон мекунад. Чунин салтанат ҳам дар дунё ва ҳам дар охират ба кор меояд.
    Албатта, ки ҳар кас ба худ нияти хосе дорад. Чунин рафтори Иброҳими Адҳам шоёни таҳсин аст, аммо Абдулқодири Ҷейлонӣ тавсия медиҳад, ки чунин қасру иморатҳоро метавон чун дабистоне табдил дод.
    Дороӣ бадие надорад, агар онро дар кори хайр истифода кард. Ҳаст нафарони дорое, ки барои кӯшодани мактабҳо, беморхонаҳо, пулҳо, обёрӣ ва дигар корҳои хайр дасти кӯмак дароз мекунанд. Ҳазрати Усмон (р.а.) доро буд ва тавонист чоҳи оберо, ки аз яҳудӣ буд, барои мусалмонон харидорӣ намуд, ки то ҳол вирди забонҳо ҳаст.
    Хуш ба ҳоли он нафароне, ки дороии худро, ки Аллоҳ барояшон насиб гардонидааст, дар корҳои хайр истифода менамоянд ва закоту садақа медиҳанд, ки ҳам боиси афзуни мол ва дастгирии дунё ва қиёмат мегардад.

    ОтветитьУдалить