понедельник, 12 августа 2013 г.

Суханони кутох ва пурмухтаво


Ҳеҷ кас наметавонад моро беҳтар аз худамон фиреб диҳад.

Барои мардум чизе бигӯ, ки ба дардашон бихурад на он ки хушашон биѐяд.

Як дарахт ҳар чӣ қадар ҳам ки бузург бошад, бо як дона оғоз мешавад. Тулонитарин сафарҳо, бо аввалин қадам.

Ҳар кас ба фикри тағйири ҷаҳон аст аммо ҳеҷ кас ба фикри тағйири хеш нест.

Ҳамнишини хуб беҳтар аз танҳоист ва танҳоӣ беҳтар аз ҳамнишини бад.

Чизе ки сарнавишти инсонро месозад «истеъдодҳояш» нест «интихобҳояш» аст.

Гаронмоятарин гавҳари одамӣ инсонияти ӯст. Ҳар кас инсонияти худро бохт аз дигар бохтанҳо наҳаросад.

Иштибоҳи аслии мо дар зиндагӣ ҳазорон кори ғалате нест, ки анҷом медиҳем, балки ҳазорон кори дурӯстест, ки барои ашхоси ғалат анҷом медиҳем.

Чашм бефоида аст, вақте зеҳн кур бошад.

Писаре аз модараш пурсид: чӣ гуна метавонам барои худам зани лоиқ пайдо кунам? Модар посух дод: нигарони пайдо кардани зани лоиқ мабош, рӯи марди лоиқ шудани худ фикр кун.

Инсонҳо ҳар чӣ дарки бештаре дошта бошанд, ранҷи бештаре мекашанд.

Як фикри мусбати кучак дар субҳ, метавонад кулли рӯзатонро тағйир диҳад.

Бар он чӣ гузашт, он чӣ шикаст, он чӣ нашуд ҳасрат нахур. Зиндагӣ агар осон буд бо гиря оғоз намешуд.

Аз зеҳн то даҳон фақат як нуқта фосила аст, то зеҳнатро боз накардӣ даҳонатро боз накун.

Одами мағрур мисли касест, ки болои кӯҳ истода, ҳамаро кучак мебинад, ғофил аз ин ки мардум ҳам аз поѐн ӯро кучак мебинанд.

Барои худат зиндагӣ кун, барои дигарон зиндагӣ бош.


среда, 7 августа 2013 г.

Ассалому алайкум! Шумо ва ахли хонадону пайвандонатонро ба муносибати фарорасии Иди Саъиди Фитр муборак гуфта, аз Аллохи мутаол бахри Шумо пеш аз хама имони комил ва дили софу холи аз гуноххо, тани сиххату хушбахтихо таманно дорам! Дуъо мекунам барои хама бародарону дустону наздикон, то Аллохи мутаол аз ин рамазон ба баъд моро ба гунох олуда накунаду калби моро аз кинаву хасад, бухлу аъмоли ношоиста пок нигах дорад! Худованд руза ва намозхои шаби рамазонии моро ба даргахаш кабул фармояду тамоми намозхои гайри рамазонии моро низ мисли ин мохи муборак кабул фармояд! Худованд то Рамазони дигар хамаи моро сиххату солим ва солиху муслих нигох дорад! Омин!
Иди Рамазон омаду мохи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад хайф, ки он рафт!