среда, 13 ноября 2013 г.

Муаллимаи беҳтарин

Дар оғози соли таҳсили нав роҳбари синфи шашум дар назди собиқ хатмкунандагони синфи панҷум истод. Ӯ бо меҳр ба шогирдон назар афканд ва гуфт, ки ҳамаи шуморо яксон дӯст медорам ва аз дидори ҳар кадоматон шодам. Ин дурӯғ буд, зеро дар мизи сафи пеши синф, писараке ба худ печида менишаст, ки муаллима ӯро дӯст намедошт. Вай бо ӯ чун дигар хонандагонаш, соли таҳсили рафта шинос шуда буд. Ҳамон вақт ӯ ин писаракро зери чашм гирифта буд, ки вай бо ҳамсинфонаш бозӣ намекунад, либосҳояш чиркину аз баданаш бӯи нохуш меояд, гӯиё асло ба ҳаммом нарафта бошад. Бо мурури вақт, муносибати муаллима ба ин писарак бад шудан гирифт. Аслан намехост, ки писарак дар синфаш бошад ва кор то он ҷо расид, ки мехост тамоми корҳои синфиву хонагии ӯро бо ранги сурх хат кашида, баҳои бад гузорад. Боре мудири қисми тарбия аз муаллима хоҳиш намуд, ки хислатномаи ҳамаи хонандагонро омӯхта таҳлил намояд. Муаллима дафтари ҳолномаи шахсии хонандаи номаҳбубашро аз ҳама поён гузошт. Чун дар охир ба он  расид ва ба хондани хислатномаҳояш пардохт, дар ҳайрат монд. Омӯзгори синфи якуми ӯ навишта буд: "Ин бача ояндаи дурахшоне дорад ва дорои табассуми зебоест. Вазифаҳои хонагиашро тоза ва бехато менависад. Бо ӯ будан чӣ қадар гуворост." Муаллимаи синфи дуюмаш навишта буд: "Ин писар хонандаи фаъолест, ки ҳамсинфонаш эҳтиром мекунанд. Аммо ӯ дар оила мушкилӣ дорад. Модараш ба бемории табобатнашавандае мубтало шудааст ва маризии модар дар зиндагии писарак таъсири худро гузоштааст".  Дар хислатномаи хатми синфи се омадааст: "Марги модар ба писарак зарбаи мудҳиш зад. Ӯ ба ҳар ҳоле мекӯшад, аммо падараш ба ӯ эътибор намедиҳад. Зиндагии оилавӣ ба кӯдак шояд таъсири манфӣ расонад, агар чорае дида нашавад". Муаллимаи синфи чор навишта буд: "Писарак масъул нест, ба дарсҳо шавқманд набуда, қариб, ки дӯсте надорад ва ҳангоми дарсҳо гоҳо хобаш мебарад".
Баъди хондани хислатномаҳо муаллима аз шарм сурх шуд. Дар арафаи Соли нав бошад, худро боз ҳам ноҳинҷортар ҳис кард, зеро ҳама бачаҳо ба ӯ туҳфаҳои худро дар коғазҳои рахшони зебоороиш оварданд. Туҳфаи писарак бошад, дар коғази дурушти зардранге печонида шуда буд. Баъзе хонандагон, вақте муаллима коғази печонидаро кушод, хандиданд. Дар он як дастпонаи чанд нигинаш рехта ва як шиша атри нима буд. Аммо муаллима бо овози қатъӣ садои хандаи онҳоро пахш карда гуфт: "Чӣ қадар дастпонаи зебо!". Ва шишачаи атрро кушода, каме аз он ба худ пошид.
Он рӯз писарак баъди дарс зуд нарафт, назди муаллима омада гуфт: 
- Имрӯз аз шумо бӯи модарам меояд. 
Вақте писарак рафт, муаллима дурудароз гирист. Аз он рӯз минбаъд муаллима ба ҷои дарсҳои муқаррарӣ, ба хонандагон дарси муҳаббату накуӣ ва ҳамдардиро ба омӯхтан оғозид. Баъди чанд вақти чунин рафтори муаллима хонандаи номарғубаш ба зиндагӣ бо чашми дигар нигарист. Дар охири соли хониш ӯ яке аз беҳтарин хонандагони синф гардид. Ҳарчанд муаллима мегуфт, ҳамаи бачаҳоро яксон дӯст медорад, аммо аз ҳама бештар ба ӯ эҳтироми хос дошт ва дӯсташ медошт. 
Баъди як сол, ки муаллима ба дигарон сабақ медод, дар паси дари синф мактубе дарёфт, писарак дар он навишта буд,  миёни ҳамаи омӯзгороне, ки дар ҳаёташ буданд, ӯ муаллимаи беҳтарин аст. Баъди панҷ сол, боз як номаи дигаре аз ӯ гирифт, ки мегуфт, коллеҷро хатм намудааст ва аз рӯи баҳо дар синф сеюмин буда ва ҳанӯз ҳам дар ҳаёташ миёни муаллимонаш вай беҳтарин аст. Баъди чор сол номае расид, ки дар он шогирдаш мегуфт, ки новобаста ба мушкилиҳои рӯзгор, донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуд. Ва таъкид менамуд, ки ӯ ҳоло ҳам беҳтарин, азизтарин муаллимааш аст. Ҳамчунин  баъди чор сол навишт, ки баъди донишгоҳ донишашро боз ҳам сайқал бахшид. Акнун пеш аз ному насабаш калимаҳои "номзади илм, доктор" меистод. Дар он мактуб низ мисли пеш бо як ҷаҳон меҳр мегуфт, ки ӯ миёни ҳама омӯзгорони дар ҳаёт доштааш, беҳтарин аст.
Вақт мегузашт. Дар яке аз мактубҳо омада буд, бо духтаре шинос шудааст ва мехоҳад бо ӯ оиладор шавад. Падараш ду сол пештар аз дунё гузаштааст ва хоҳиш мекард, ки дар ҷашни  домодиаш ба ҷои модараш бошад. Муаллима бо ҷону дил розӣ шуд. Дар он рӯзи ваъдагӣ дастпонаеро, ки чанд дона нигинаш набуд, ба даст андохта, аз он атре, ки писарак аввалин бор ба ӯ туҳфа дода буд, харида, худро хушбӯ сохт ва ба ҷашни шогирдаш ҳозир гашт. Зеро инҳо чизҳое буданд, ки писарак модарашро ба хотир меовард. Вохӯрданд, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд ва шогирд бӯи ошноро аз муаллима дарёфта, гуфт: "Ташаккур ба Шумо, муаллимаи азизам, ки маро ба худшиносӣ водор кардед, то ба худ бовар дошта бошам. Маро омӯзондед, то хубро аз бад ташхис бидиҳам."
Дар чашмони муаллима ашк ҳалқа заду гуфт: "На, хато мекунӣ. Ин ту будӣ, ки ман аз ту омӯхтам. Ман тарзи таълимро он замоне, ки туро шинохтам, аз ту омӯхтам...".

 Бознашр аз Рузномаи Чумхурият.
http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11991