суббота, 27 декабря 2014 г.

Лаззати суҷуд

        (Шайх Мағомисӣ - Имом ва хатиби Масҷиди Қубои Мадинаи мунаввара)

Ҳеҷ чиз ба субот ва пойдории инсон дар динаш, ба андозаи илму дониши ӯ кумак намекунад. Ҳар кас Худоро он гуна, ки шоистаи шинохти Ӯст, бишносад, ба лаззати суҷуд даст хоҳад ёфт. Лаззати тасбеҳи Худовандро эҳсос намуда, аз Худованд шарм хоҳад дошт, ки баъд аз расидан ба Ӯ, дубора ба гуноҳон баргардад.
            Дар ҳадисе аз Абӯдовуд (р) омада аст, ки Паёмбар Нӯҳ (а) ҳангоми вафот, фарзандонашро фаро хонда фармуд: «Фарзандонам! Шуморо ба ду чиз супориш мекунам ва аз ду чиз манъ мекунам. Шуморо ба «Ло илоҳа иллаЛлоҳу» тавсия ва супориш мекунам. Чаро ки агар осмонҳо ва замини ҳафтгона, ҳамчун ҳалқае ту холӣ бошанд, «Ло илоҳа иллаЛлоҳу» онҳоро дарҳам хоҳад шикаст. Ва шуморо ба «СубҳоналЛоҳи ва биҳамдиҳи» супориш менамоям. Чаро ки ин зикр, намоз ва ва ибодати ҳар махлуқе аст. Бо ин калимот махлуқоти Худованд рӯзӣ дода мешаванд. Ва шуморо манъ мекунам аз ширк ва такаббур варзидан ба Худо.»
        Агар ҳар инсонеро биёварӣ, ки Худо накарда шароб хӯрда ва ё муроди худро аз занҳои номаҳраму фоҳиша ба даст оварда, шабҳояшро дар ҷойҳое сипарӣ карда, ки инсонҳои фоҷир дар он ҷо сипарӣ мекунанд. Ва ин умур дар замоне барои ӯ рух дода, ки масалан дар вақти борандагӣ аст. Агар тақдир бар ин бошад, ки ин шахс, тақво ва Худотарсӣ насибаш шуд ва тавба намуд ва ин аз лавозими тавба аст ва барои Худованд саҷда намуд. Агар бо инсоф бо ту сухан бигӯяд ва туро аз даруни худ бохабар кунад, ба ту хоҳад гуфт, ки ҳеҷ лаззате бо лаззати саҷда ва сар фуруд овардан барои Аллоҳи мутаъол баробарӣ намекунад. Худоро шукру сипос мегӯем, ба хотири ҳамаи раҳматҳояш. Ва аз Ӯ ҳусни хотимаро металабем. Худованд ҳамаи моро, бузургу кучакро аз лаззатҳои ҳаром нигоҳ дорад. Бо ин ҳол, бо вуҷуди ин ки Худованд мову шуморо аз лаззатҳои ҳаром маҳфуз нигаҳ дошта, аммо ба яқин медонам, ки ҳеҷ чизе бо лаззати суҷуд барои Худованд баробарӣ намекунад.
            Бокароматтарин узви бадани инсон пешонии ӯст. Агар инсон ба ин розӣ шуд, ки ба хотири таъзими Аллоҳ таъоло пешонии худ ба замин гузорад, пас ҳеҷ раҳмате аз раҳматҳои Худованд аз ӯ дареғ нахоҳад шуд. Фиръавн мегуфт: «Ман волотарин маъбуди шумо ҳастам.» Ва Худованд вақте Мусо (а) ва Ҳорунро (а) фиристод, ба онҳо фармуд: «Бо ӯ ба нармӣ сухан бигӯед.» Ин дар ҳолест, ки ӯ мегуфт: «Ман худои бузургтари шумо ҳастам.» Пас чӣ гуна аст ҳоли он бандае, ки шабро бар Ӯ соя густурд. Мисли ҳар кадом аз шумо ҷавонон. Чароғро хомӯш кардӣ, ки бихобӣ ва ба бистари хобат омадӣ. Сипас азамат ва бузургии Худованд дар зеҳнат нақш баст. Ва ин дар ҳоле аст, ки медонӣ, ки ҳеҷ роҳе барои дидор бо Парвардигорат дар ин дунё вуҷуд надорад. Ва медонӣ, ки роҳе боқӣ аст ва он ин аст, ки дар муқобили Худованд биистӣ. Дубора чароғро рушан кардӣ ва вузӯъ гирифтӣ, Қуръонро тиловат кардӣ ва барои Худованд саҷда намудӣ.
            Қасам ба он Зоте, ки қасамро ҳалол намудааст. Ҳеҷ лаззате дар дунё нест, ки  ҳамчун лаззати саҷда барои Аллоҳ таъоло бошад. Худованд ба Паёмбараш (с) мефармояд: «Бар (Худованди)  Ғолибу Меҳрубон таваккул кун. Оне, ки чун (ба вақти таҳаҷҷуд)бармехезӣ, туро мебинад. Ва нишастану бархостани туро дар миёни саҷдакунандагон (мебинад).» (с. Шуаро. о. 217-219). Худованд мефармояд: «Рӯзе, ки (ҷома) аз соқ бардошта шавад ва онҳо ба саҷда хонда шаванд, пас, натавонанд.  Ниёиш дар чашмҳояшон ҳувайдо бошад, хорӣ онҳоро фурӯ гирад.Ба дурустӣ,ки онҳо дар ҳоле ба саҷда хонда мешуданд, ки тандуруст буданд.» (с. Қалам. о. 42-43). (Маънои оят ин, ки ҳавлу ҳарос ба авҷи худ мерасад, ва кор сахту душвор мешавад, аз кофирону мушрикон хоста мешавад, ки саҷда кунанд, аммо эшон наметавонанд чунин кунанд ва чашмонашон аз шармандагӣ ба зер афтода ва хориву пастӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст. Пеш аз ин дар дунё ҳангоме, ки солиму тандуруст буданд, ба саҷда бурдан фаро хонда мешуданд.)
         Ту, эй инсон! Алъон ба саҷда кардан амр карда шудаӣ, дар ҳоле, ки солим ҳастӣ. Пас барои ин, ки тавоноии лаббайк гуфтан ба нидои саҷдаро дар Рӯзи Қиёмат дошта бошӣ, дар ин дунё, ба ирода ва ихтиёри худ барои ризои Худованд саҷда кун. Хушо ба ҳоли он бандае, ки қабл аз вуруди қабраш онро нуронӣ ва равшан намуд. Ва хушо ба ҳоли он бандае, ки қабл аз ин ки Худоро дидор кунад, Ӯро аз худ розӣ намуд. Ва намоз хонд, қабл аз он ки бар ӯ намоз хонда шавад.

                                                                           Таҳияи Ҳамидзода Абубакр