вторник, 20 мая 2014 г.

Эҳтиром ва каромати инсон аз назари дини мубини ислом


Инсон беҳтарин ва комилтарин офаридаи Худованд дар байни ҳама махлуқоти Ӯ мебошад. Худованд инсонро аз ду ҷиҳат бар дигар махлуқот бартарӣ додааст. Аввал, ин ки танҳо инсон аст, ки сурати зебо, эътидоли ҷисм ва қаду қомати расо дорад. Ва дуввум, ин ки танҳо инсон аст, ки байни ҳама махлуқот соҳиби ақлу тамиз буда, зиндагии худро ба тавре мегузаронад, ки ҳама махлуқоти дигари Худованд дар хизмати ӯянд.
         Ин ҳама каромату бузургиро маҳз Худованд ба инсон ато кардааст. Дар кутуби осмонӣ ба ин нуқта таваҷҷӯҳи хосса дода шуда, ишора карда шудааст. Дар Қуръони карим, ки  намунаи олии китобҳои осмонӣ ва комилкунандаи онҳост, ба ин нукта ба такрор ишора шудааст. Чунончӣ дар сураи Исроъ, ояти 70 Худованд мефармояд:
«Ва лақад каррамно банӣ Одама ва ҳамалноҳум фил-барри вал-баҳри ва разақноҳум минат-тайиботи ва фассалноҳум ъало касирин мимман халақно тафзило» (Тарҷума: Ҳамоно фарзандони  Одамро гиромӣ кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем; ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чи офаридаем, фазли бисёр додем.)
Ҷои дигар Худованд дар Қуръон дар сураи Тин, ояти 4 мефармояд:
«Ва лақад халақнал-инсона фӣ аҳсани тақвим.» (Тарҷума: Ба дурустӣ, ки мо одамиро дар некӯтарин сурате офаридем.)
         Аз ин ду ояи овардашуда, бармеояд, ки мақоми инсон назди Худованд боло буда,  бар дигар махлуқот бартарӣ дода шудааст. Дар ояҳои бешумори Қуръони Карим мо муносибати инсон бо падару модар, бо ҳамсояҳо, бо меҳмон, бо дӯстон ва бо пайравони дигар динҳоро мебинем, ки намунаи олии эҳтирому каромати инсон аз нигоҳи дини мубини ислом аст.
Инчунин, таълимоти дини мубини ислом, ки сарчашмаи дигари он аз ҳадисҳои гуҳарбори Паёмбари гиромӣ (с) иборат аст, саршор аз эҳтирому каромати инсон аст. Агар ба таърихи исломӣ назар кунем, мебинем, ки Паёмбари акрам (с) чун бар паёмбарӣ мабъус шуданд, байни фарди озоду ѓулом фарқе намегузоштанд ва тибқи ояти 13 сураи Ҳуҷурот: «Инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум – Ҳаройина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост» амал мекарданду дигаронро ба амал кардан ба он амр мефармуданд. Паёмбарро мебинем, ки аз инсонҳое, ки динашро бо вуљуде, ки напазируфтаанд, ба ҳангоми беморӣ аёдат менамод, меҳмоннавозӣ менамояд ва бо шеваи бисёр баланди инсонӣ бо онҳо муносибати олие дорад. Ҳазрати Абубакрро (рз) мебинем, ки бо Билол (рз), ки ѓуломи сиёҳпӯсте буд, рӯи як суфра таом мехӯрд.  Ё худ, халифаи дуввум – ҳазрати Умарро (рз) мебинем, ки ҳангоми фатҳи Байтулмуқаддас бе ягон хунрезӣ вориди шаҳр мешавад, дар ҳоле, ки болои шутур ҳамроҳаш савор асту ӯ пиёда дар рикоби ӯ қарор дорад ва вақте мардум ин ҳолатро мебинанд, гумон мебаранд, ки марди болои шутурбуда амири муъминон аст. Чун ба шаҳри Байтулмуқаддас медарояд, бо шеваи бисёр эҳтиромонае бо аҳли он, хусусан бо роҳбарони дини масеҳӣ бархӯрд менамояд ва чун вақти намоз фаро мерасад, ба даъвати роҳбари масеҳиён. ки ба ӯ таклифи дар калисо намоз хонданро мекунад, љавоби рад медиҳад, то минбаъд дигар мусалмонон ба ин амал даст назананд ва ба лашкариёнаш таъкид мекунад, ки ба муқаддасоти онҳо тавҳин накунанд.
Ҳангоме, ки мусалмонон исломро ба гӯшаҳои дунё мерасонданд, ба каромати инсонҳо, новобаста аз пайравӣ намуданашон ба дини ислом эҳтироми хоссае доштанд. Аз ин буд, ки қаламрави давлати исломӣ ҳарчанд он замон қариб нисфи оламро фаро мегирифт, бо вуљуди ин пайравони дигар динҳо, ки қабл аз ислом ба он пайравӣ менамуданду ҳангоми давлаташон тобеи ислом шудан, баъзеҳо ба дини худ монда буданд, бе ягон мушкилие аз дини пешини худ пайравӣ менамуданд ва ибодаташонро дар ибодатгоҳҳои худ идома медоданд. Аз ин буд, ки дар андак муддат дини мубини ислом, ки ахлоқи волои инсониро тарѓиб менамояд, дар рӯи олам пайравони бештарро касб менамояд.