вторник, 18 декабря 2018 г.

Подош

Ин тасвири мазраъаи Роҷиҳӣ дар шаҳри Бурайдаи вилояти Қасими Арабистони Саудӣ аст. Ин мазраъа дорои 200 000 (дусад ҳазор) дарахтони нахли хурмост. Тамоми мазраъа тамомии он вақф дар роҳи Худо мебошад, ки даромадаш барои Муассисаи хайрияи Ҳарамайни шарифайн (яъне Масҷиди Ҳаром дар Маккаи Мукаррама ва Масҷиди Паёмбар (с) дар Мадинаи Мунаввара) барои ифтори рӯзадорон дар моҳи мубораки Рамазон сарф мешавад ва аз ҷумлаи бузургтарин вақфҳои дар роҳи Аллоҳ дар ҷаҳон мебошад.
Соҳиби ин мазраъаи бузург, миллиардери саудӣ Сулаймони Роҷиҳӣ мегӯяд:
Ман дар хонаводаи фақире зиндагӣ мекардам. Як рӯз муаллимамон аз ҳамаи хонандагон хост, то як риёли саудӣ барои ширкат кардан дар урдугоҳ (лагер) биоварем. Вақте ки дидам, хонаводаам як риёл надоранд, ки маро бидиҳанд, хеле гиря кардам.
Як рӯз пеш аз рафтани хонандагон ба урдугоҳ, ҳангоми  дар синфхона будан, муаллимамон , ки фаластинӣ буд, аз ман суоле кард. Дуруст ҷавоб додам ва ӯ маро як риёл ҷоиза дод ва ҳамаи ҳамсинфонам бароям кафкӯбӣ карданд. Дарҳол бо он як риёл барои рафтан ба урдугоҳ омода шудам ва гиряам табдил ба хушҳолӣ гашт.
Рӯзҳо гузашт ва баъд аз солҳое, ки мактабро хатм намуда будам, кор мекардам. Ногаҳон ба хотирам муаллими фаластиниам расид, ки маро як риёл дода буду мушкили бузургеро аз дӯшам бартараф карда буд. Бе он ки нафаре аз наздиконам огоҳ шавад, тасмим гирифтам ба суроғи он муаллимам биравам ва аз ҳолу аҳволаш бохабар шавам. Тавонистам ӯро пайдо намоям ва бо ӯ мулоқот намоям. Фаҳмидам аз фақру тангдастие, ки ба сараш омадааст, бекор асту қасди бозгашт ба ватанашро дорад. Баъди оне, ки худамро ба ӯ муаррифӣ кардам, ба ӯ гуфтам:
- Эй устоди гиромӣ! Ту чанд сол аст, ки болои ман як қарзи бузурге дорӣ.
Бо тааҷҷуб гуфт:
- Ман аз касе қарздор нестам ва ҳам касе аз ман қарздор нест.
Ба ӯ гуфтам:
- Оё донишомӯзеро, ки як риёл дода будӣ, дар хотир дорӣ?
Баъди оне, ки фикр карда ба ёд овард, лабханде карду гуфт:
- Бале, бале. Ту омадаӣ, ки як риёли маро бозгардонӣ?
Ӯро савори мошин кардаму назди як хонаи боҳашаммати зебое мошинро нигоҳ доштам. Аз мошин пиёда шудему гуфтам:
- Устоди азизам! Ин ҳамон қарзест, ки аз шумо гирифта будам.Бо он мошин ва тамоми ҷиҳози хона, ки барои зиндагӣ муҳаёст.
Муаллимам бо тааҷҷуб ба ман нигаристу ҳайратзада гуфт:
- Ин хеле зиёд аст...
Ба ӯ гуфтам:
- Шояд боварат нашавад, аммо хушҳолии ман бо он як риёли шумо, хеле бештар аз ин хушҳолиатон барои хона, мошин ва тамоми ин чизҳо буд. Он хушҳолии баёдмонданиро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунам.
Сулаймони Роҷиҳӣ дар идомаи ҳикояташ гуфт:
- То метавонӣ дилҳоро шод ва мушкилотро осон кун ва подошашро аз Худованд бихоҳ!
(Муассисаи “Рекордҳои ҷаҳонии Гиннес”, ин вақфро ба унвони бузургтарин вақфи хайрия дар рӯи замин ба қайд гирифта аст. Бузургтарин мазраъаи дарахти хурмои ҷаҳон)
Таҳияи Раҳимов Орзу