Сафхаи хотироти чавони

Чавони вокеан хам зебост ва хам хуштарин лахзаи хаёти инсон аст. Умр хам гумон мекунам хамин чавонист, варна чи дигар умраш хони? Яъне чун чавониро диди, умратро фахмидаи, ки чист. Аммо хушбахти дар он аст, ки ин чавониро ба бехудаги нагузарони ва ганимат дони. Паёмбари бузург Хазрати Мухаммад (с) фармудаанд:
" Панч чизро пеш аз панч чиз ганимат бишуморед. Ва яке аз он чавониро кабл аз пири..."
Пас набояд инсон чавониро ба бозиву бехудаги гузаронад ва танхо дар охири умр дарк кунад, ки умрашро ба бод додааст, он гох дигар чизе судаш нахохад кард...

Чу гул дар вакти пири мекаши хамёзаи гафлат,
Макун эй гунча сарфи хоб шабхои чавониро.