понедельник, 18 июля 2011 г.


Дафтари хотираи чашмонатро варақ бизан. Шояд дар ягон гӯшае аз он маро ба ёдгор супурда бошӣ...
* * * * * * * * * * * *
Касоне, ки моро меранҷонанд, азизонеанд, ки мо хамеша кӯшиш мекунем, то онҳоро наранҷонем.
* * * * * * * * * * * *
Номае аз ман агар сӯят намеояд, бубахш,
Ҳар чиро ман менависам, ашк покаш мекунад.
* * * * * * * * * * * *
Ба иллати бориши бевафоӣ, шоҳроҳи ишқ ҳамеша лагжонак аст. Эҳтиёт бошед, то наафтед!
* * * * * * * * * * * *
Умедвор будам, ки бо ҳамдигар якҷо пир шавем, на бо дасти ҳамдигар.
* * * * * * * * * * * *
Танҳо гургҳо нестанд, ки либоси меш мепӯшанд. Гоҳе парастуҳо ҳам либоси ишқ бар тан мекунанд!! Ошиқ, ки шудӣ, кӯч мекунанд...
* * * * * * * * * * * *
Офтобпарастро пурсиданд: "Чаро шабҳо саратро пойин меандозӣ?" Гуфт: "Шаб ситораҳо чашмак мезананд, намехоҳам ба офтоб хиёнат кунам.
"

среда, 6 июля 2011 г.

Зиндагӣ ва намоз


Ба намози умр, ки нигоҳ мекардам, малоикро медидам, ки дар суфуфи зебои хеш ӯро ба наззора нишастаанд.
Рӯ ба қибла истодам, аммо дилам ҳанӯз дар паи тааллуқот буд. Гуфтам: «Намедонам, чаро ман ҳамеша ҳангоми дар намоз будан ҳавосам парешон аст?» Ба чашмонам хира шуд: «Мувозиб бош! Касе, ки сари намозаш ҳавосаш ҷамъ набошад, дар зиндагӣ низ ҳавосаш аслан чамъ нахоҳад шуд.»
Гуфту рафт. Аммо ман муддатҳо дар фикри иртибот миёни намозу зиндагӣ будам.
«Намоз муҳимтарин чиз аст, намозатро бо таваҷҷӯҳ бихон!» Бори дигар хондам…

среда, 29 июня 2011 г.

Ишқи ту хушо, чу қасди хунрез кунад,
Ҷон аз қафаси колаби ман хез кунад.
Кофар бошад, ки бо лаби чун шакарат,
Имкони гунаҳ ёбаду парҳез кунад. (Мавлави)
* * * * * * * * * * * *
Сафар кардам, ба ҳар шаҳре давидам,
Чу шаҳри ишқ ман шаҳре надидам.
Надонистам аз аввал қадри он шаҳр,
Зи нодонӣ басе гурбат кашидам.
Раҳо кардам чунон шакарситонӣ,
Чу ҳайвон ҳар гиёҳе мечаридам.
Пиёзу гандано чун қавми Мусо,
Чаро бар ман вусулӣ баргузидам?
Ба гайри ишқ овози дуҳул буд,
Ҳар овозе, ки дар олам шунидам.
Аз он бонги дуҳул аз олами кул,
Бад-ин дунёи фонӣ уфтидам.
Миёни ҷонҳо ҷони муҷаррад,
Чу дил бепару бе по мепаридам.
Аз он бода, ки лутфу ханда бахшад,
Чу гул бе ҳалқу бе лаб мечашидам.
Нидо омад зи ишқ: эй ҷон сафар кун!
Ки ман меҳнатсарое офаридам.
Басе гуфтам, ки ман он ҷо нахоҳам,
Басе нолидаму ҷома даридам.
Чунон-к акнун зи рафтан мегурезам,
Аз он ҷо омадан ҳам мерамидам.
Бигуфт: эй ҷон бирав ҳар ҷо, ки бошӣ,
Ки ман наздик чун ҳаблул-варидам.
Фусун карду маро бас ишваҳо дод,
Фусуну ишваи ӯро харидам.
Зи роҳам бурду в-он гоҳам ба раҳ кард,
Гар аз раҳ менарафтам, мераҳидам.
Бигӯям чун расӣ он чо валекин,
Қалам бишкаст, чун ин ҷо расидам.


понедельник, 27 июня 2011 г.

Маро фаромӯш накунед

"
Рӯзе падар дар утоқи худ ба шиддат саргарми кор ва машғули баррасӣ ва танзими қарору мулоқотҳояш буд, то андозае ки вақте духтарчааш ба ӯ наздик шуд, аз омадани ӯ хабар наёфт. Духтарча пас аз каме сукут гуфт:

- Падарҷон, чӣ кор мекунед?

- Духтарҷон, қарору мулоқотҳоямро дар болои дафтари кориам менависам, то фаромӯш накунам.

- Падарҷон, оё номи ман ҳам дар он дафтар ҳаст"?

Дуруст аст, ки мо одамҳо он қадар худамонро саргарми зиндагӣ мекунем, ки хелеҳоро фаромӯш мекунем. Ин дунёи бузург он қадар машғулият ва кор барои мо метарошад, ки воқеан бузургтарин ва наздиктарин зотро фаромӯш мекунем.

Худо моро наёфарида, то мо он қадар худро саргарми зиндагӣ кунем, ки ҳатто фурсат наёбем бо ӯ ду калима ҳарф бизанем. Худо мехоҳад то ҳадди ақал чанд дақиқае аз рӯз бо мо сӯҳбат бикунад. Мутмаиннан, агар ҳамаи мо садои Худоро мешунидем, ҳоло бароямон мегуфт: "Оё номи ман ҳам дар он дафтари кориат ҳаст, ё на"?

Бо орзуи он ки аввалин ном дар дафтари кории рӯзонаи мо, номи Худо бошад.

"РИСОЛАТ"

суббота, 18 июня 2011 г.

Озмуни чумхуриявии "Хифз ва кироати Куръони карим"

Имруз, яъне 18 июн Озмуни чумхуриявии "Хифз ва кироати Куръони карим" бо дастгири ва сарпарастии бевоситаи Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон шуруъ шуд, ки фардо низ ба кори худ идома медихад. Ногуфта намонад, ки аз соли 2009, ки Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шуда буд, то ин чониб, яъне се сол боз баргузории ин озмун бо сарпарастии Чаноби Оли сурат мегирад. Имсол низ чун солхои гузашта, макони баргузории ин озмун Кохи равобити пойтахт интихоб шуд, ки аз тарафи рохбарияти шахри Душанбе мачонан, бе пардохти ичорапулии чой дода шуд.
Дар кори озмун доварони байналмиллали, аз Хайати оламии "Тахфизи Куръони карим" низ дар намояндагии Холид Усмон (Арабистони Сауди) ва Али Мансур (Мисри Араб) хузур доранд. Хамчунин ноиби муфтии Чумхурии Киргизистон Мухаммад Мирзо ва панч тан мехмонон аз Туркия хузур доранд.
Дар озмун 182 нафар иштирокчи дар панч бахш номнавис шудааст.
1. Бахши Хифз ва кироати кулли Куръони мачид бо риояи тачвид ва тафсири чузъхои 28-29-30. (5 нафар)
2. Бахши Хифз ва кироати кулли Куръони мачид бо риояи тачвид ва зикри раками оят ва сахифа. (Ин бахш бори аввал аст, ки дар Точикистон гузаронида мешавад.) (11 нафар)
3. Бахши Хифз ва кироати кулли Куръони мачид бо риояи тачвид. (64 нафар)
4. Бахши Хифз ва кироати 20 чузъи Куръони мачид бо риояи тачвид. (28 нафар)
5. Бахши Хифз ва кироати 10 чузъи Куръони мачид бо риояи тачвид. (74 нафар)
Озмунро бо сухани мукаддимави Раиси Маркази исломии Точикистон Саидмукаррами Абдулкодир кушода, мехмононро хайра макдам гуфт. Сипас чанд ояти Куръони мачид аз чониби донишчуи соли саввуми Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам кори Иззатуллох Давлатов кироат карда шуд. Сараввал, мушовири калони Президенти Чумхурии Точикистон Субхон Кошонов баромад намуда, салому паёми сарвари давлатро ба иштирокчиёни озмун расонида, гуфтанд, ки Раиси чумхур ба ин озмун диккати махсус дода, шохчоизаи онро шахсан худашон омода намудаанд. Баъдан раиси Кумитаи оид ба корхои дини назди Хукумати Чумхурии Точикистон Абдурахим Холиков баромад намуда, баргузории ин озмунро намунаи кадрдонии Хукумат аз арзишхои волои фарханги исломии точикон номид. Сипас, намояндаи хайати оламии "Тахфизи Куръони карим" Холид Усмон (аз Арабистони Сауди) сухан карда, иброз дошт, ки у бори аввал аст, ки дар Точикистон аст ва аз мехмоннавозию табиати зебои Точикистон вокеан хам дар шигифт аст ва аз Раисчумхури Точикистон Эмомали Рахмон, ки се сол боз озмуни "Хифз ва кироати Куръони карим" бо ташаббус ва сарпарастии эшон баргузор мегардад, салом ва миннатдории Раиси хайати оламии "Тахфизи Куръони карим" доктор Шайх Али Абдуллохи Басфарро расонид.Ҳамчунин, ба иттилои Холид Усмон, дар гузаронидани озмуни имсола Ҷамъияти хайрияи Давлати Қувейт саҳми худро гузоштааст.
Хамчунин мехмон аз Туркия Махмуд Коркут ба сухан баромада, пайванди дустии мардуми турку точикро ёдовар шуда гуфт, ки миллати мо бо точик на танхо хамдин, балки хаммазхаб буда, решахои дустии ин ду халк таърихи кадима дорад. Намояндаи фархангии сафорати Давлати исломии Афгонистон низ ба сухан баромада, оиди фарханги исломи, инсондусти ва мехру мухаббати инсониву исломи аз оёти Куръон ва аходиси Расулуллох (с)суханронии хубе карданд. Ректори Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуханифа устод Умарали Назаров низ баромад намуда, сахми ин озмун ва хондани каломи илохи ва амал кардан ба онро дар худшиносии милли ва динии чавонон ва пешгири аз амалхои номатлуб падидаи чолиб арзёби карданд.
Муфтии Чумхурии Точикистон Саидмукаррами Абдулкодир бори дигар мехмононро хайра макдам гуфта, аз хамаи мехмонону иштирокчиёни озмун ва хаводорону мухлисони дар толорбуда, изхори сипос намуданд.
Сипас, баъди гусели мехмонони расми, Муфтии Чумхурии Точикистон Саидмукаррами Абдулкодир хайати доваронро, ки бе се гурухи алохида чудо шуда, вобаста ба риштахо ба се чой-Кохи равобити пойтахт, толори конфронсии Донишкадаи исломи ва Масчиди маркази буданд, шинос намуд. Хамин тарик, риштаи Хифзи кулли Куръони мачид бо риояи тачвид ва донистани се чузъи охир, Хифзи кулли Куръони мачид бо риояи тачвид ва зикри сахифа ва раками оят ва Хифзи кулли Куръони мачид бо риояи тачвид дар бинои Кохи равобити пойтахт, ки доварии онро худи сардовар Муфтии Чумхурии Точикистон Саидмукаррами Абдулкодир, намояндагони "Хайати оламии тахфизи Куръони карим" Холид Усмон (Арабистони Сауди) ва Али Мансур (Мисри Араб), ки хамзамон устоди Донишкадаи исломи буда, се сол боз дар озмуни "Хифз ва кироати Куръони мачид" довари мекунад, Хочи Хусейн Мусозода ва мехмон аз Чумхурии Туркия Ахмад Йилдирим довари менамуданд, бахри ичро монданд. Гурухи доварони дар толори конфронсии Донишкадаи исломи буда, масъули доварии бахши Хифзи 20 чузъи Куръони мачид бо риояи тачвид ва гурухи доварони дар Масчиди маркази буда бошад, масъули доварии бахши Хифзи 10 чузъи Куръони мачид бо риояи тачвидро вазифадор шуда, ба бинохои мазкур рафтанд.
Хамин тавр, озмун аз бахши Хифзи кулли Куръони мачид бо риояи тачвид шуруъ шуда, то сахари рузи дуввуми озмун, яъне 19 июн давом кард. Бегохи хайати доварони дар толори Донишкадаи исломи ва Масчиди маркази буда, аз итмоми кори худ дарак доданд.
Рузи 19 июн - якшанбе низ озмун аз соати 8-00 ба кори худ шуруъ кард. Баъди риштаи Хифзи кулли Куръони мачид бо риояи тачвид, навбат ба хофизони кулле, ки дар риштаи Хифзи кулли Куръони мачид бо риояи тачвид бо зикри сахифа ва оят номнавис шуда буданд, огоз ёфт. Дар ин ришта, вокеан хам нафарони харчанд синну соли хурддошта ширкат доштанд, аммо хамаги хофизони комиле иштирок менамуданд, ки хатто иштирокчии озмунхои байналмиллалии Хифзи Куръони мачид буданд. Ва аз худ махорати хело хам оли нишон дода, хозиринро дар хайрат гузоштанд.
Баъдан, дар бахши Хифзи кулли куръони мачид бо риояи тачвид ва тафсири се пораи охир, кориён, ки аксари онхоро донишчуёни бахши "Улуми Куръони"-и Донишкадаи исломи ташкил медоданд, иштирок намуданд.
Хамин тавр, озмун соати 15-00 ба охир расида, доварон бахри натичагири ва муайян намудани макомхои гирифта кориёни Куръон ба хучраи алохида гузаштанд. Дар ин байн, ки танаффус эълон шуда буд, иштирокчиёни озмун, бо шеърхони ва кироати Куръони мачид хотири дар толорбудагонро шод намуданд.
Соати 17-00 хайати доварону мехмонон ба толор хозир шуданд. Муфтии умхурии Точикистон бори дигар, хамаи иштирокчиёну мехмонон ва хозиринро хушомадед гуфта, барои дастгириашон дар ин ду рузи озмун, ки вокеан хам чолибу дидани гузашт, ташаккур баён намуданд. Муовини раиси Кумитаи оид ба корхои дини назди Хукумати ЧТ Мухтор Мавлонов ба сухан баромада, аз номи Хукумати чумхури иштирокчиёну хозиринро ба ин чорабинии фарханги муборакбод гуфта, дар оянда низ минбаъд давом додани чунин чорабинихоро таъкид намуданд. Сипас, Холид Усмон (Арабистони Сауди), Мухаммад Мирзо (Киргизистон), Ахмад Йилдирим (Туркия) баромад намуда, пеш аз хама ба тамоми халки точик барои мехмоннавозии самими ва мухаббаташон ба мехмон изхори сипос намуданд. Инчунин ректори Донишкадаи исломии Точикистон низ ба сухан баромада, сахми чунин озмунхоро дар пешрафти фархангу пургановат гаштани маънавии чавонони точик ёдрас шуданд.
Хамин тавр, хайати хакамон дар бахши Хифзи кулли Куръони мачид бо риояи тачвид ва тафсири се чузъи охир чои аввалро сазовори Шарипов Икбол-донишчуи соли саввуми Донишкадаи исломи, чои дуввум насиби Тагоев Юсуфчон-донишчуи соли дуввуми Донишкадаи исломи ва Комрони Комилчон-донишчуи соли аввали Донишкадаи исломи донистанд, ки тухфаи онхо роххат ба сафари фарзии хачи фарзи аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон такдим карда шуд.
Дар риштаи Хифзи кулли Куръони мачид бо риояи тачвид ва зикри сахифа ва оят чои аввал насиби Хакимов Давлатали-хонандаи синфи 8 Гимназияи назди ДИТ ба номи Имоми Аъзам, чои дуввум насиби Мехробиддини Мухаммад ва чо саввум насиби Нуриддини Шамсиддин гардид.
Дар риштаи Хифзи кулли Куръони мачиб бо риояи тачвид чои аввал насиби Бурхониддини Зариф-хонандаи синфи 7 Гимназияи назди ДИТ ба номи Имоми Аъзам, чои дуввум насиби Шарипов Абдурауф-хонандаи синфи 5 Гимназияи назди ДИТ ба номи Имоми Аъзам ва чои саввум насиби
Дар риштаи Хифзи 20 чузъи Куръони мачид бо риояи тачвид чои аввал насиби Давлатов Иззатулло-донишчуи соли саввуми Донишкадаи исломи гардид.
Дар риштаи Хифзи 10 чузъи Куръони мачид бо риояи тачвид бошад, чои аввал насиби Фирузчони Файзали гардид.
Хамин тарик, озмун таи ду руз чараён гирифта, ба кори худ хотима бахшид.

среда, 8 июня 2011 г.

Аз Cӯҳроби Сипеҳрӣ

Дар насими лағзише рафтам ба роҳ,
Роҳ, нақши пои ман аз ёд бурд.
Саргузашти ман ба лабҳо раҳ наёфт,
Реги бодовардаеро бод бурд.

понедельник, 30 мая 2011 г.

Ашъори зебои Шаҳриёр

Шаб ба ҳам дар шиканад зулфи чалипоиро,
Субҳдам сар диҳад анфоси масеҳоиро.
Гар аз он Тури таҷаллӣ ба чароғе бирасӣ,
Мусии дил талабу синаи синоиро.
Гар ба оинаи симоби саҳар рашк барӣ,
Ашки симин талаб ойинаи симоиро.
Ранги рӯъё задаам бар уфуқи дидаву дил,
То тамошо кунам он шоҳиди рӯъёиро.
Аз насими саҳар омӯхтаму шӯълаи шамъ,
Расми шӯридагиву шеваи шайдоиро.
Ҷон чӣ бошад, ки ба бозори ту орад ошиқ,
Қимат арзон накунӣ гавҳари зебоиро.
Тӯтиям гӯӣ аз он қанди лаб омӯхт сухан,
Ки ба дил об кунад шаккари гӯёиро.
Дил ба ҳиҷрони ту умрест шикебост маро,
Бори пирӣ шиканад пушти шикебоиро.
Шаб ба маҳтоби рухат булбулу парвонаву гул,
Шамъи базми чамананд анҷуманороиро.
Субҳ сар мекашад аз пушти дарахтон хуршед,
То тамошо кунад ин базми тамошоиро.
Ҷамъ кун лашкари тавфиқ, ки тасхир кунӣ,
Шаҳриёро қуруқи узлату танҳоиро.

Кӯдак ва хазон
"Аз девони Шаҳриёр"
Модаре буду духтареву писаре,
Писарак аз майи муҳаббат маст.
Духтар аз ғуссаи падар маслул,
Падараш тоза рафта буд аз даст.
Як шаб оҳиста бо киноя табиб,
Гуфт: "бо модар ин нахоҳад раст.
Моҳи дигар, ки аз самуми хазон,
Баргҳоро бувад ба хок нишаст.
Сабре, эй боғбон, ки барги умед,
Хоҳад аз шохаи ҳаёт гусаст."
Писар ин ҳолро магар дарёфт,
Бингар ин ҷо моя риққати маст.
Субҳи фардо ду дасти кӯчаки тифл,
Баргҳоро ба шохаҳо мебаст.
Боз як ғазал
Ба чашмак ин хама мижгон ба ҳам мазан ёро,
Ки ин ду фитна ба ҳам мезананд дунёро.
Чӣ шӯъбада аст, ки дар чашмакони обии ту,
Нуҳуфтаанд шаби моҳтоби дарёро.
Ту худ ба ҷомаи хобиву соқиёни сабуҳ,
Ба ёди чашми ту гиранд ҷоми саҳборо.
Каманди зулф ба душ афкану ба саҳро зан,
Ки чашм монда ба раҳ оҳувони саҳроро.
Ба шаҳри мо чӣ ғазолон, ки бодапаймоянд,
Чӣ ҷои ишва ғазолони бодпайморо.
Фиреби ишқ ба даъвии ашку оҳ махӯр,
Ки дарду доғ бувад ошиқони шайдоро.
Ҳанӯз з-ин ҳама наққоши моҳу ахтар нест,
Шабеҳи созтар аз ашки ман сураёро
Ишораи ғазали хоҷа бо ғазолаи туст,
Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро.
Ба ёри мо натавон ёфт Шаҳриёро айб,
Ҷуз ин қадар, ки фаромӯш мекунад моро.
Мо ҳам аз дастам гирифтӣ... (ғазале нихоят зебо)
Эй асас гар шод аз ин хасти, ки шаб мастам гирифти,
Ман аз ин шодам, ки меафтодаму дастам гирифти.
То ки дасте буваду пойе кай харифам буди эй чарх,

понедельник, 9 мая 2011 г.

Фаришаву шоир

Шоиру фариштае бо хам дӯст шуданд.
Фаришта паре ба шоир дод ва шоир шеъре ба фаришта.
Шоир пари фариштаро болои дафтараш гузошт ва шеърҳояш бӯи осмон гирифт.
Фаришта шеърро замзама карду дуояш мазаи ишқ гирифт.
Худо гуфт: "Зиндагӣ аз ин пас барои ҳар дуятон душвор мешавад.
Зеро шоирро, ки бӯи осмонро бишнавад, замин барояш кӯчак аст.
Ва фаришта, ки мазаи ишқро ишқро бичашад, осмон барояш танг".

четверг, 21 апреля 2011 г.

ДАЛЕЛХОИ ТАХРИМИ МУТЪА ДАР ХАДИС

Ба номи худованди кодири бехамто
ТАХРИМИ МУТЪА ДАР ХАДИС
Аз "Сахехи Бухорй":
Бухорй дар боби "Охири амри паёмбар (с) нахй аз мутъа буд" меорад:
Абу Чамра мегуяд: "Ибни Аббосро шунидам, ки аз мутъа пурсида мешуд, пас рухсат дод. Мавлои у гуфт: Он дар холати шиддат ва дар холати кам будани занон аст. Ибни Аббос гуфт: Оре." (5116).
Зухрй аз Хасан ва у аз падараш Мухаммад ва аз амуяш Абдуллох ва онон аз падарашон Алй ибни Абу Толиб (р) ривоят мекунанд, ки у ба амузодааш Ибни Аббос гуфт:
"Нахй карданд паёмбар (с) замони Хайбар аз мутъа ва аз гушти хари ахлй"
(Сахехи Бухорй, 5115)
Бухорй ривоётеро зикр мекунад, ки ба маъмул будани мутъа дар аввали ислом ишора мекунад:
-Саламаи Акваъ (р) мегуяд: "Дар лашкар будем. (Яъне замони фатхи Макка) Фиристодаи паёмбар (с) ба назди мо омаду гуфт: Ба шумо изн дода шуд ба мутъа кардан, пас мутъа кунед!"
-Саламаи Акваъ (р) аз расулуллох (с) ривоят мекунад: "Кадом марду зане чун иттифок карданд, пас ишрати онон се шаб аст, агар хоханд, ки боз зиёд созанд ва ё тарк кунанд, пас тарки хамдигар кунанд." Салама мегуяд: "Намедонам, ки он хос барои мо буд ва ё ба оммаи мардум?!"
Бухорй пас аз зикри инхо, ривоят мекунад, ки Абу Абдуллох гуфт: "Ба тахкик Алй (р) аз паёмбар (с) мансух (харом) будани мутъаро баён кард."
(Сахехи Бухорй, поёни ривояти 5119)
Аз "Сахехи Муслим":
Муслим дар боби "Мутъа мубох буду пас аз он мансух шуд, боз мубох шуду пас аз он мансух шуд ва то рузи киёмат харом гардид" меорад:
-Иёс ибни Салама аз падараш ривоят мекунад, ки гуфт: "Паёмбар (с) рухсат дод ба мутъа соли Автос се руз, сипас аз он нахй кард." (Сахехи Муслим, 3404).
-Рабеъ ибни Сабраи Чуханй аз падараш меорад, ки гуфт: Паёмбар (с) ба мо барои мутъа изн дода буд. Сипас паёмбар (с) аз он манъ карда фармуд: "Харки дар назди у аз занони мутъа бошад, пас онхоро рахо созад."
(Сахехи Муслим, 3405)
-Абдулъазиз ибни Умар гуфт: Паёмбарро дидам, ки байни рукни Каъба ва дари он рост истода буду мегуфт: "Эй мардум! Ман ба шумо мутъаи занонро изн дода будам. Хароина худованд онро то ба рузи киёмат харом кард. Харки чунин занон наздаш бошанд, пас онхоро рахо созад ва аз ончи ба онхо додаед, нагиред!"
(Сахехи Муслим, 3409)
Ва боз алфозеро ба ин маъно ривоят мекунад:
-"Амр карда буд паёмбар (с) моро ба мутъа соли фатхи Макка ва пеш аз он, ки аз Макка хорич шавем аз он нахй кард."
(Сахехи Муслим, 3410)
-"Паёмбар (с) найх карданд аз никохи мутъа."
(Сахехи Муслим, 3412)
-Паёмбар (с) фармуд: "Бидонед, ки мутъа харом аст, аз ин руз то ба рузи киёмат."
(Сахехи Муслим, 3416).
Аз "Сунан"-и Абу Довуд:
Абу Довуд аз Зухрй ривоят мекунад, ки гуфт: Назди Умар ибни Абдулъазиз доир ба мутъа сухбат мекардем. Марде бо номи Рабеъ гуфт: Гувохй медихам бар падарам Сабра (р), ки у аз расулуллох хадисеро ривоят кард: "Паёмбар (с) дар хаччи видоъ аз мутъа нахй кард."
(Сунани Абу Довуд, 2072).
Абу Довуд боз ривояти дигареро бо ин маънй меорад.
(Сунан, 2073).
Аз "Сунан"-и Тирмизй:
Тирмизй пас аз зикри ривояти Алй (р) доир ба нахй аз мутъа ва хари ахлй дар Хайбар (Сунан, 1124), мегуяд:
"Дар ин боб аз Сабра (р) ва Абу Хурайра (р) низ хадиси сахех ривоят шудааст, ки ахли илм аз сахобагон ва гайрахо ба он амал карданд. Аз Ибни Аббос (р) чизе аз рухсат дар ин мавзуъ накл шудааст, ки у боз аз он кавлаш баргаштааст, вакте аз паёмбар (с) ба у доир ба он хабар дода шуд".
(Сунани Тирмизй, ч:2, боби 28, сах: 365).
Тирмизй ривояти дигареро аз Суфёни Саврй меорад, ки Ибни Аббос (р) гуфт: "Мутъа дар аввали ислом буд. Мард агар ба шахре меомад ва касеро намешинохт, бо ягон зане издивоч мекард ба микдоре аз мол, ки ба раъйи у барои киёми хочатхояаш кофй бошад. Он зан чизхои уро мухофизат мекард ва корхои уро ба ислох меовард. То он, ки ин оят нозил шуд:
إلا علي أزواجهم أو ما ملكت أيمانهم.
"Муъминон касонеанд, ки андомхои худро нигох медоранд, магар аз занхояшон ва канизхояшон."
(Сураи Муъминун, 6).
Ибни Аббос гуфт: Пас хар фарче, чуз зану каниз харом аст."
(Сунани Тирмизй, 1125).
Аз "Сунан"-и Насой:
Насой аз Хасан ибни Мухаммад ривоят мекунад: "Алй (р) хабар ёфт, ки марде мегуяд, ки мутъа боке надорад. Ба он шахс гуфт: Ту марде хайратзада ва берун аз рохи ростй! Хароина паёмбар (с) мутъа ва хари ахлиро рузи Хайбар харом гардонидааст."
(Сунани Насой, 71/3365).
Насой ба ин мазмун боз ду ривояти дигар (3366, 3367)-ро зикр мекунад.
Ривояти дигареро аз Сабраи Чуханй (р) меорад, ки гуфт: "Вакте паёмбар (с) изни мутъаро доданд, ман бо марде ба суи зане аз кабилаи Бани Омир рахсипор шудем. Он зан гуфт: Чй медихед? Хар як аз мо гуфтем: Ридо (чома)-амро. Ридои дустам бехтар аз ридои ман буд ва ман чавонтар аз у будам. Чун он зан ба ридои у назар мекард, писандаш меомад ва чун ба ман менигарист маро меписандид. Гуфт: Ту ва ридои ту кофист! Бо у се руз будам. Сипас расулуллох (с) фармуд: "Касе наздаш аз занони мутъа бошад, пас онхоро рахо созад!"
(Сунани Насой, 3368).
Ин кисса дар Сахехи Муслим (3406) низ омадааст ва дар он зикр шудааст, ки он ходиса дар замони фатхи Макка буд.
Аз "Сунан"-и Ибни Моча:
Паёмбари акрам (с) фармуданд: "Эй мардум! Ман ба шумо мутъаи занонро изн дода будам. Хароина худованд онро то ба рузи киёмат харом кард. Харки чунин занон наздаш бошанд, пас онхоро рахо созад ва аз ончи ба онхо додаед, нагиред!"
(Сунани Ибни Моча, 44/1962).
Ибни Моча аз Ибни Умар (р) ривоят мекунад: Вакте Умар (р) халифа шуд, дар хутбааш ба мардум гуфт: "Изни мутъа аз паёмбар (с) се бор буд, сипас онро харом гардонид. Касам ба худо, ки агар бидонам, ки шахси мухсине (оиладор) мутъа кардааст, пас уро сангсор хохам кард, магар ин, ки чор шохид биёрад ва гувохй диханд, ки паёмбар (с) баъди он харом карданаш боз халол карда бошад."
(Сунани Ибни Моча, 44/1963).
Киссаи Сабраи Чуханй бо дусташ, ки дар Сунани Насой (3368) ва Сахехи Муслим (3408) омадааст, зикр шудааст, ки он ходиса дар замони фатхи Макка буд. Ибни Моча низ ин киссаро ривоят кардааст, дар он ба чои "фатхи Макка" "хаччи видоъ" зикр шудааст, ки ин галат аст.
Тахрими мутъа дар дигар китобхои хадис:
Ончи аз ривоёти тахрими мутъа дар сахехайн ва сунани чоргона зикр кардем, дар тамоми китобхои дигари хадис низ мазкур аст.
Ибни Хиббон дар "Сахех"-аш аз Абу Хурайра ривоят мекунад, ки паёмбар (с) фармуданд: "Мутъаро никох, талок, идда ва мерос нобуд сохт."
Ин хадисро Байхакй низ дар "Сунан" аз Саъид ибни Мусаййиб ва Доракутнй (3/259) аз Абу Хурайра (р) низ ривоят мекунанд.
Ибни Хачар ин хадисро хасан гуфтааст.
Шавконй пас аз тахлили хадис мегуяд: Ин хадис бо шохидхои он хасан аст, ки салохияти истидлолй дорад.
(Найл-ул-автор, ч:6, сах:144).
Таълифи Абу Абдурахмон Фаромарз

воскресенье, 17 апреля 2011 г.

Do You Thank Allah?

Abu Hurairah (May Allah be pleased with him) reported: Messenger of Allah (PBUH) said, "Hasten to do good deeds before you are overtaken by one of the seven afflictions.'' Then (giving a warning) he said, "Are you waiting for such poverty which will make… you unmindful of devotion; or prosperity which will make you corrupt, or disease as will disable you, or such senility as will make you mentally unstable, or sudden death, or Ad-Dajjal who is the worst expected absent, or the Hour, and the Hour will be most grievous and most bitter". [At-Tirmidhi}
* * * * * * * * * * * * * * * * *
Есть хадис Пророка (с.а.в.) - если судишь других и грехи сосчитать их берешься, то начни со своих, до чужих ты едва ль доберешься.
* * * * * * * * * * * * * * * * *
"Почему вы совершаете добро только тем, кто делает вам добро, и относитесь хорошо только к тем, кто относится к вам хорошо? Почему вы разговариваете только с теми, кто разговаривает с вами? Почему вы почитаете только тех, кто оказывает вам почет? Ни одному из вас не дано преимущества над другим. Поистине, уверовавшие это те, которые уверовали в Аллаха и Его Посланника, это те, которые делают добро даже тем, кто причинил им зло, это те, которые прощают даже тех, кто лишил их и отказал им, это те, которые доверяют даже тому, кто их предал, это те, которые оказывают уважение даже тому, кто их унизил". Хадис кудси

суббота, 9 апреля 2011 г.

Золотые притчи Ходжи Насреддина. (Тимур Зульфикаров)

Однажды богатый банкир пригласил в гости нищего Насреддина. Долго шла беседа.Пришел час прощанья. Насреддин сказал: - Есть древнее суфийское изреченье: ``Благородный муж всегда помогает бедному, не ожидая просьбы``... О благородный банкир, ты, наверное, не знаешь всех тонокстей суфизма? Банкир улыбнулся хищно и сладостно, как улыбается всякий богач, глядя на нищего - может, в этом взгляде и заключена вся убогая кошачья сладость богатства. Банкир сказал: - Я знаю все тонкости суфизма, но у меня нет денег - увы! Насреддин поклонился и пошел прочь. Тогда банкир сказал: - О великий мастер смеха! О двуногий, кочующий колодец мудрости! Расскажи на прощанье какую-нибудь вечную притчу мне, тленному! - Я не знаю никаких притч, - печально и покорно сказал Ходжа. - Великий острослов не зает притч? - поразился банкир. - Если великий банкир не имеет денег - значит, и Насреддин не имеет притч, - и мудрец навек покинул банкира... Вместе с вечной мудростью...