пятница, 17 мая 2013 г.

Ман ҳам дилаки фигор дорам


Гуфтӣ, ки якат дусад шавад, дӯст,
Ҷоно, бинигар, ҳазор дорам.
Бархезу биё ба хона ин дам,
Ман ҳам дилаки фигор дорам.
Азиз Раҳим шаҳодатномаи хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъро баробари дигар ҳамсинфонаш 25 августи соли 1955 гирифтааст. Ин вақт ӯ 14 сол дошт. Дар шарҳи он мегуфт: "Шаҳодатномаи хатмро махсус сари вақт намедоданд, то аз деҳа набароем ва дар пахтазор кор кунем".
Бо вуҷуди ин ӯ ва се нафари дигарро Амони тракторчӣ ба Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ меорад. Сироҷӣ, директори вақти ин муассисаи таълимӣ, ба онҳо мегӯяд: "Дер омадед". Аммо чун ҳузну ноумедии довталабонро дар ваҷоҳаташон мебинад, изҳор медорад: "Майлаш, ба тариқи истисно аз шумо имтиҳон мегирем. Агар баҳои аълоро сазовор шавед, қабулатон мекунем".
Азиз Раҳим ёдовар мешуд: "Пушаймон гардидам, аз ин ки имтиҳонҳоро бо баҳои аъло ҷамъбаст намудам. Охир, ҳамроҳонам ба деҳа баргаштанд ва ман дар ҷои ношинос танҳо мондам.
Пас аз чанд рӯзи таҳсил моро ба ҷамъоварии пахта бурданд. Хурсанд шудам. Аз ҳисоби меҳнатамон хӯрокамон медоданд. Ва баъди анҷоми ин маърака соҳиби миқдоре пул шудам. Ба бозор рафтам. Либос харидаму кулоҳу пойафзол. Дар оинаи автобус чун худро дидам, ба риққат омадам ва гиристам, бе овозу бо алам гиристам. Пирмарде ин ҳолро дида пурсид: "Писарам, чаро мегирйӣ?". Посух додам: "Не, бобо, гиря намекунам, ҳамин хел яке оби чашмам худ ба худ рафт". Аммо пирмарди рӯзгордида магар ба ин дурӯғ бовар мекард? Не. Аз ин рӯ, гуфт: "Не, писарам, ту гиристӣ, бо алам гиристӣ. Метавонӣ ба ман бигӯӣ, ки барои чӣ гиристӣ?". Гуфтам: "Ятимам, бе падару бе модарам. Аз роҳи дур барои таҳсил омадаам. Бори аввал аз пули худам, аз пули меҳнатам либос, кулоҳу пойафзол харидам. Чун худамро дар ин либос дидам, нашинохтам, ҳеҷ бовар накардам, ки ин манам, мани ятим".
Аввалин шеърҳояшро дар ҳамин даврон, дар ҳамин муассисаи таълимӣ навиштааст. Шеъру афсонаҳои халқиро низ дар ин айём ҷамъ меовард ва барои чоп ба рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (ҳоло "Анбоз") мефиристод.
- Пас аз чопи афсонаи "Бойи золим ва кали зирак" аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, аз номи шодравон Раҷаб Амонов, ба номи маъмурияти коллеҷ нома омад. Устод дар номааш маро таърифу тавсиф намуда, хоҳиш мекард, ки барои ошноӣ ва ҳамкорӣ ба наздаш биоям. Ва рафтам. Бо маслиҳату хидмати устод афсонаву латифа, рубоиву дубайтиҳои зиёди мардуми Кӯлобро ҷамъ овардаму супоридам. Пас аз ин буд, ки асрори зиндагиро бештар омӯхтам, ба дунёи зебои эҷод роҳ ёфтам, ба армонҳои миллат ошно гардидам, - мегуфт Азиз Раҳим.
Борҳо устодони шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Саидҷон Ҳакимзода ва нависандагони шинохта Карим Давлат, Неъматуллои Худойбахш гуфтаанд: "Мо дар пояи Азиз Раҳим нафареро пайдо накардаем, ки эҷоди шифоҳии мардумро бисёр хуб бидонаду ширину таъсирбахш ба шунаванда бирасонад". Эҷоди шифоҳӣ ва зиндагии мардум дар шеъри ӯ асари зиёд дорад:
Сандалвори вори вор,
Болотаракам барор.
Маро ту бар само бар,
Назди ситораҳо бар.
"Хурӯс ва офтоб", "Ғук ва моҳӣ", "Шутурмурғ", "Гурги нодон", "Рӯбоҳ чӣ сон мулло шуд", "Малахаки худписанд" қиссаву афсонаҳои назмии ӯ мебошанд, ки дар таъсири эҷоди шифоҳии мардум навиштааст.
Азиз Раҳим коллеҷро бо дипломи сурх хатм намуд ва бо роҳхат таҳсилро дар Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Москва идома дод.
Пас аз хатми донишкада, яъне соли 1962, он замон, ки 21 сол дошт, мудири шуъбаи маданият ва кинои ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) таъйин мешавад.
Баъд дар ноҳияи Восеъ дар ин вазифа ва дигар вазифаҳои ҳизбӣ, дар Вазорати корҳои дохилӣ фаъолиятро идома медиҳад. Аз соли 1974 то соли 1989 мудири шуъбаи кинои вилояти Кӯлоб буд. Аз соли 1989 ба ҳайси мудири шуъбаи маданият ва кинои ноҳияи Восеъ, сардори шуъбаи коммуналии шаҳри Кӯлоб, муовини раиси хоҷагии коммуналии вилояти Хатлон, раиси хоҷагии коммуналии шаҳри Қурғонтеппа, сардори Раёсати кинои  Тоҷикистон, раиси кинопрокати ҷумҳуриявӣ, мушовири ректор ва мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолият кардааст. Табиби мардумӣ буд. Қариб ҳамаи асарҳои тиббии Абуалӣ ибни Синоро азёд медонист. Дар бораи гиёҳҳо ва хусусияти давоиашон маълумоти зиёд дошт. Аз онҳо доруҳо тайёр мекард.
Аммо ҳеҷ вазифаву мансабу дороӣ дилбастагии ӯро аз шеъру эҷод канда натавонист. Бо аҳли эҷод муносибату муҳаббати хоса дошт.
Шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ чор сол пештар аз ин бо ёдоварӣ аз ӯ навишта буд: "Симои Азиз Раҳим, ин инсони хушгӯю хушлаҳнро ба ёд овардан барои ман мисли он аст, ки офтоб мебинам ва дар боғу чаман гулҳои ҳазорранги навшукуфтаро тамошо мекунам.
Намедонам, ман барои ӯ ягон қадре доштам ё не, вале дидани ӯ барои ман олам-олам хурсандӣ мебахшид. Табассумаш аз вуҷудам ҳамаи нохушиҳоро ба якборагӣ барҳам мезад. Бо лутфи малеҳу овози баланд чун "усто-о-од" мегуфт, ботин куҷо, ки дунёи ман моломоли фараҳ мегашт. Ва ӯро дӯст надоштан берун аз қудрати ман буд. Беҳад дӯсташ медоштаму ҳурматашро ба ҷо меовардам".
Дар эҷоди шеърҳои кӯдакона устоду раҳнамояш шодравон Убайд Раҷаб буд. Аз рӯи муҳаббате, ки ба ӯ ва ашъораш дошт, барои таълифи рисолаи илмиаш мавзуи "Ҷанбаҳои ахлоқии шеъри Убайд Раҷаб"-ро пешниҳод намуд ва баъди тасдиқи он ба пажӯҳиш машғул гардид.
Соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон шуд. Китобҳояш бо номҳои "Қатраҳо" (1989), "Моҳқоқу" (1991), "Ширмоҳи нав баромад" (1991), "Бахтнома" (1993), "Меҳрнома" (1996), "Расми вафо" (2005), "Нигоҳи меҳр" (2007), "Тақдирнома" (2009) ба табъ расидаанд.
Шеъраш зебову пурмуҳтаво ва содаву равон аст. Ба дил зуд роҳ меёбад. Аз он ба осонӣ як инсони саропо меҳр, мушфиқ, ғамхор, ҷӯянда, андешаманд ва дӯстдори зиндагиро пеши назар овардану дидан мумкин аст.
Гули сари сабади маҳфилҳо буд. Дили софу дасти кушода дошт. Некӣ мекард, ёрӣ медод ва дигаронро низ ба он ҳидоят менамуд.
13 июни соли 2008 баногаҳ оламро падруд гуфт. Маргаш марги муфоҷо буд. Ба он неру ва муҳаббате, ки ба зиндагӣ дошт, ҳама мегуфт, ки беш аз сад сол умр мебинад.
Ҷисмашро ба гӯристони деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ супурданд, аммо "ҷону хирад сӯи самовот бурд". Ӯ худ чанд сол пеш ба ёди ин сафари дуру дароз аз гурез гуфтаву дар ҷамъ гуфтааст, то ба он асрор зуд пай набарем:
Бо ин дили шикаста зи дунё гурехтем,
Савдои фитна буду зи савдо гурехтем.
Ин ҷо, зи зери хок суроғам гирифтаӣ,
Болотарак, зи авҷи Сурайё гурехтем.
Ошӯби рӯзгор дар имрӯз шуд ниҳон,
Бо ҷилваҳои тоза ба фардо гурехтем.
То санги кӯдакон ба сару пои мо расид,
Бе оҳу нола, бе сару бе по гурехтем...
Ва ҳам:
Бинӣ, ки ба ханда ҷони ширин
Чун аз сари сидқ месупорам.
А. АБДУЛҲАМИД http://www.jumhuriyat.tj/

понедельник, 13 мая 2013 г.

Достони њаќиќї ва аљиб дар мавриди писари љавоне, ки аз дохили ќабр барои дўстонаш е-майл мефиристод


     Шайх Муњаммад Арифї ингуна њикоят мекунад:
       Шахси љавоне наздам омаду гуфт: Эй шайх! Яке аз дўстонам, ки дар интернет мањорати комил дошт, рўзе вориди сайте мешавад, ки хоси аксњои занњои урён буд. Ин шахс барои муддати панљ сол дар ин сайт узв мешавад дар ивази пардохти 500 доллар, ба ў њар њафта аз љониби соњибони ин сайт як файли пур аз аксњои занњои урён ба сурати автоматї барояш е-майл мешуд.
   Њар ваќт, ки аксњои наве ба дасташ мерасид, ў он аксњоро дар мобайлаш мегузошт ва чун бо дўстонаш менишаст, аксњоро ба онњо нишон медод. Дўстонаш ба ў мегуфтанд: Бањ-бањ, чї аксњои зебое… Мо њам мисли ин аксњоро мехоњем… Бояд чї кор кунем, ки барои мо њам ин аксњо фиристода шавад?
   Ў љавоб дод: Ќимати ин аксњо 500 доллар аст.
    Онњо гуфтанд: Хуб, мушкил нест, ту адреси сайтро ба мо бидењ, мо худамон пулро пардохт мекунем ва ин осон аст.
     Ў љавоб дод: На, ман ба шумо кумак мекунам, ки пулњоятонро нигањ доред. Њар як аз шумо е-майли худро ба ман бидињад, ваќте ки аксњо ба дасти ман расид, ман онњоро барои шумо хоњам фиристод.
     Гуфтанд: Бисёр олї аст.
     Онњо е-майли худу дўстонашонро ба ў доданд ва ў онњоро дохили сафњаи е-майли худ намуд. Чун њар гоњ, ки аксњо барои ў тавассути е-майл фиристода  мешуд, ба сурати автоматї барои наздик ба 50,60 ва ё 100 е-майли дигар мефиристод.
     Њар гоњ, ки ин шахс бо дўстонаш менишастанд, гўё, ки Ќудсро фатњ карда бошанд, ба ў мегуфтанд: Эй бародар, мошоаллоњ бар ту!  Ин њафта аксњое, ки ба дастамон расид, бисёр олї буданд ва аљиб аст, ки ту чї гуна ин корро анљом медињї ва дигару дигар тавсиф мекарданд. Ва ў аз ин таърифу тавсифњо бисёр хушњол мешуд.
    Дўсташ гуфт: Шаш моњ аз ин миён гузашт, то ин ки њодисае барои ин шахс рўх дод ва ў вафот кард. Мо бар љанозаи ў намоз хондем ва ўро дафн намудем. Баъд аз муддате, ваќте ки е-майлњоямро хабар мегирифтам, дидам, ки дубора паёме аз њамон дўсти фавтшудаам расида аст.  Ваќте, ки онро боз намудам, дидам, ки њамон аксњои урён аст. Бо худ гуфтам: Мумкин аст, ин ро пеш фиристода бошад ва ман мутаваљљењи он нашуда бошам. Ва паноњ бурдам ба  Аллоњ таъоло аз шарри Шайтони раљим ва онњоро пок намудам. Њафтаи баъдї ваќте, ки дубора е-майламро кушодам, як файли нави дигаре аз он дўстам барои ман фиристода шуда буд ва ин дар њоле буд, ки ў дар ќабраш буд. Ваќте ки файлро кушодам, дубора њамон аксњои урён. Фањмидам, ки дўстам е-майлњои моро ба таври автоматї ќарор дода ,ки мањзи расидани файлњо ба е-майли ўбарои мо низ фиристода мешуд. Барои њамин ман дар паёме ба адреси веб-сайти мазкур навиштам, ки фиристодани е-майл барои ин шахсро мутаваќќиф намоед, ки ин шахс мурдааст. Посух доданд ,ки рамзи сабти иштироки ўро дар сайт барои мо бифирист, то мо мутаваќќиф кунем. Гуфтам, ки ман намедонам. Љавоб доданд, ки дар ин сурат 4-у ним соли дигари иштироки ў  боќї мондааст.
    Ин шахс идома дод:  Эй шайх! Дар њоли њозир ду соли ин кор мегузарад ва ин е-майлњо њар њафта барои ману тамоми дўстонам фиристода мешавад.
Шайх Арифї: Аллоњ субњонању ва таъоло мефармояд: Инно нањну нуњйил-мавто ва нактубу мо ќаддаму ва осорањум ва кулла шайин ањсайноњу фї имомин мубин (Сураи Ёсин, ояти ) – Мо худамон мурдагонро зинда мекунем ва чизњоеро, ки дар дунё (пешопеш фиристодаанд ва) корњоеро, ки кардаанд. Ва њамчунин (чизњоеро, ки) дар он (барљой нињоданд) ва корњое, ки накардаанд, сабту забт мекунем ва (менависем. Ва мо њама чизро дар китоби ошкор) Лавњул-мањфуз (саршуморї менамоем ва менигорем.) Пас эй хоњарон ва бародарон, ман шуморо даъват мекунам ба амри маъруф ва нањйи аз мункар. Агар мункареро дидед, бо даст љилуяшро бигиред ва агар натавонистед, бо забонатон ва агар натавонистед бо дуо кардан. Ва бидонед, ки сабаби мусибат ва бало, ки ба сари умматњо меояд, сабабгораш тарки амр ба маъруф ва нањй аз мункар аст. Ваќте, ки асари ангуштат дар ислом ба сабт расид, бар шумо вољиб мегардад, агар наметавонед бо даст пешашро бигиред, лоаќал бо забонатон бигўед: Аз Худо битарс! Ва ин аксњоро аз мобайлат пок кун. Бародар инњо њаром аст, ту розї мешавї, ки хоњару модарат ва ё духтарат аксњои ингуна дошта бошанд ва мардум дар мобайлашон сабт кунанду нигоњ кунанд? Бародар аз Худо битарс!
    Хоњару бародарони гиромї! Аз амри маъруфу нањйи мункар ѓофил мабошед, зеро ин масъала њамон мисоли киштї аст, ки Паямбар (с) фармудаанд: Гурўње машѓули сўрох кардани он њастанд. Агар биншинеду фаќат нигоњ кунед, шумо низ бо он киштї ѓарќ хоњед шуд. Он киштї ин дунёст ва мо њама саворони онем. Магзоред, ки гурўње ба хотири гурўњи дигар дар ин киштї ѓарќ шуда ва дучори мусибат гарданд.

воскресенье, 31 марта 2013 г.

Хештанро бо ғаму андӯҳ накуш ! Қиссаҳои воқеъӣ

     Як шогирде доштам ба номи Саъдӣ, ки тақрибан як ҳафта ба дарс ҳозир нашуд. Рӯзе ӯро дар назди дорухонае дидаму гуфтам: - Саъдӣ чӣ ҳол дорӣ? Чаро  як ҳафта боз дар дарс намебинамат? Гуфт : Ҳеҷ гапе нест, ҳама хуб аст. Вале аз чеҳрааш возеҳ буд, ки чӣ мусибате рух додааст. Пофишорӣ намудам, ки чӣ мусибате бошад, ба ман бигуй.
   Саъдӣ гуфт : Писарам бемор аст ва ҷигараш варам кардааст. Боз чанд рӯз  қабл табибон дар хунаш микроби хатарноке пайдо намуданд, ки хело манфӣ аст ва ин микроб ба димоғи писарам асари манфӣ гузоштааст. Аз ҳуш ва суҳбат намудан оҷиз аст.
    Гуфтам : Ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ. Сабр кун бародарам ва аз Худованд шифо талаб кун. Агар  Худованд барояш шифо навишта бошад, иншоаллоҳ  шифо меёбад ва агар на, пас дар рӯзи қиёмат  дастгират хоҳад гашт.
Гуфт : Устод фарзандам тифл нест. 
Гуфтам : Чанд сола аст? 
Гуфт : Ҳабдаҳсола.
Гуфтам : Аз Худованд оҷизона талаб менамоем, ки писари шуморо  шифо диҳад ва дар фарзандони дигари шумо баракат бидиҳад.
      Ин ҳангом сарашро поён кард ва чунин гуфт: Устод ман ба ҷуз ин писар дигар фарзанде надорам. Худованд бароям фарзанди дигаре надодааст ва боз бинед, ки инаш ҳам дар ин ҳол аст.
      Чун воқеъан дидам,ки ҳолаш хеле вазнин ва аз ҳаёт маъюс аст, ба ӯ  гуфтам : "Бародари гиромиам,  худро бо ғаму андӯҳи сахт маяфкан, зеро хуб медонӣ, ки моро он чизеро, ки Худованди таборак ва таъоло барои мо навиштааст, он мерасад."
    Пас аз гуфтугузор дидам, ки дар чеҳрааш табассуме пайдо гардиду гуфт: Бале рост мегуед. Воқеъан чунин аст, вале инсон ҳамеша мехоҳад як коре бикунад, ноогоҳ аз он, ки "Ту мехоҳӣ ман мехоҳам, вале мекунад Худованд он чиро, ки Худаш мехоҳад." Пас вақто, ки чунон аст, чаро хешро бо ғаму андӯҳ биафканем, дар ҳоле, ки мо ба ҷуз бандагони Худо чизи дигаре нестем ва ончи Ӯ бихоҳад ҳамон мешавад, на чизи дигар.
        Боз мехоҳам як фоҷеъаи дигареро дар инҷо бароятон қисса кунам, ки мусибати ин дуввумӣ хело вазнинтар аз аввалӣ аст.
      Ба яке аз ноҳияҳои зебоманзари кишвар сафар доштам ва дӯсте доштам ба номи Холид. Чун бо ӯ соате нишастам ва наздики намози пешин шуд, гуфтам, биё намозро мехонем. Гуфт: биё бо ман баъди намоз ба таъзияи як рафиқе, ки хеле марди наҷибу хубест ва дар ноҳия ӯро ҳама эҳтиром мекунад ба номи Абдулғаффор биравем. Уро мусибати бузурге расидааст, хуб аст, то рафта, таъзия баён кунем. Гуфтам: майлаш меравем.
   Аз Холид пурсидам, ки ба ман бигуй, ки ба чи мусибати бузурге гирифтор шудааст ин рафиқи шумо Абдулғаффор?
Холид гуфт : Писари калонаш бо ҳама аҳлу оилааш ба шаҳри Душанбе дар мошини ланкрузер сафар намуданд ва мошин бо ҳама аҳлу оилааш ба дарё рафтааст ва касе аз он 11 нафар зинда набаромадааст. Худаш ҳам бояд дар он аруси иштирок мекардааст вале коре пеш мебарояд ва ин Абдулғаффори рафиқи мо дар шаҳри Хуҷанд боқи мемонад ва чунин ҳодиса рух медиҳад аз ин оила танҳо худаш боқи мемонаду бас.
Намози зуҳрро гузоридем ва рафтем ба хони ин марди мусбатзада Абдулғаффор. Ҳангоме,ки дохил шудем як марди панҷоҳсолаи зебо сурате моро пешвоз гирифт ва бо Холид як дигарро ба оғуш гирфтанд ва осори ваҳшат ва яъс дар чеҳрааш намудор буд вале гиря ва сухани ноҷое нашунидам аз ин мард. Дар назди мо нишаст ва чунин гуфт бар сари ҳама фарзанди инсон мусибати марг меояд вале ба чунин ҳодисае бар сари ман омадааст кам ҳодисотеро дидаам, вале Худоро шукр мегуям, чун мо ҳама аз Худоем ва ба суйи Ӯ боз хоҳем гашт. То ин ҳангом ором буд вале ашк гулугираш намуд ва чунин гуфт: 4 рӯз мешавад, ки наметавонам хоб равам, чизе бихурам ва бо касе суҳбат кунам, вале чун шуморо дидам, ба худ гуфтам, мехоҳам бо шумо каме дарди дил кунам. Ман 4 рӯз аст аз сузиши дил гирди хонаам давр мезанам ва ҳолате ҳам шуд,ки хокҳоро бар сарам молидам, ки ин мусибат ва имтиҳонро Худованд насиби ман намӯд, то маро озмоиш кунад, вале ман шукр мегуям ва розиям аз ҳар чи бар сарам омада аст. Ба хонаи духтарам Суман дохил мегардам, духтарам имсол ҳаждаҳсола шуда буду сандуқҳо ва либосҳои арусиашро омода намуда будем ва пас аз 2 моҳ туй дошт, вале насибаш накард. Ду писари дигарам, ки яке 15 сола ва дигаре 13 сола буданд ба хонаи хобашон медороям ва он ҳуҷраро мебинаму чашмонамро мепушам ва ҳардуи он писараконамро дар онҷо тасаввур мекунам,ки дадаҷон гуфта маро ба оғуш мегиранд. Ду набераи хурдакакам Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон, ки 4 сола ва 6 сола буданд, онҳо, ки медаромадам бобоҷон гуфта медавиданд ва шикоят менамуданд, ки ину он. Ин ҳангом ончунон гиря гулугираш кард, ки дигар сухан гуфта наметавонист... Ва ҳамеша шукр, эй Худовандам маро ба ин имтиҳон мубтало намуди, вале ман розиям мегуфт. Ман ва дустам Холид аз он мард карда зиёдтар мегиристем, бовар кун, касе агар тинати инсони дар ӯ бошад, дар чунин ҳодисоти талх худро дошта наметавонад. Каме нишаст ва боз бахшиш пурсон аз наздамон хест ва меҳмонони дигарро хушомадед мекард ва бо ҳама суҳбат мекард. Шахсе агар намешинохт Абдулғаффорро фикр намекард, ки ин мард азодор аст, он қадар худро ором вонамуд мекард. Бале хонандаи гироми агар ин Абдулғаффор худро ба даст намегирифт воқеъан аз ғам ва андӯҳ мемурд, вале сабр ва истиқомат дар бало ва мусибат ин кори мардон ва занони бузург аст.
   Аз ин хотир моро мебояд ҳамеша дар ҳама мусибати бар сарамон меомада сабур,шакебо,пуртоқат ва ба Худо онро ҳавола кардан даркор зеро ончи бар сарат омада аст аз тоқати мо ва ту инсони заъиф берун аст ва мо ва туро тавони ду бора барқарории он нест ва ё тавони дубора зинда кардани мурдае нест барои ин набояд барои мусибате бар срамон омада ончунон ғамгин ва андуҳгин шавем,ки саломатии худро аз даст бидиҳем ва худро дар мусибат бигузорем.
Ин мардумон дар чунин мусибатанд ва мусибатҳое низ ҳастанд,ки аз ин ду қиссаи манҳам вазмин тар ва талх тар бошанд, вале занҳои мо ва шумо инҳоро на мехонанд ва на мехоҳанд, ки аз чунин ҳодисот хабар дор гарданд, доимо дар фикри чианд?
Барои чӣ хонаи мо куҳна аст? Барои чӣ асос ва лавозимоти манзиламон зебо нестанд? Барои чӣ пардаи хонаамонро як сол шуд иваз намекунем? Барои чӣ либоси зани ҳамсоя аз муди ҷадид аст аз ман не ? Барои чӣ ва барои чӣ. Вале бе хабар аз он ҳодисоти талхе мегузарад ҳар рӯз дар ҳамон шаҳре, ки зиндагони доред дар ҳамон ноҳия дар ҳамон кучае, ки зиндагони доред. Танҳо ҳаёт моддиётро медонанд бе хабар аз он,ки шавҳарат солим фарзандат солим хонаат обод шикамат сер ва ..... Вале инҳоро як чизи одди ва ночиз мешуморанд дар ҳоле, ки солимии оила ва осуда будани он худ бузургтарин неъматест,ки ҳама аз неъмат бархурдор нестанд. Намехоҳам мақоларо ба дарозо барам иншоаллоҳ, ки мақсади маро фаҳмидед ва ба он амал хоҳед кард хоссатан бонуҳои мусалмони тоҷик.


суббота, 9 марта 2013 г.

Ҳақи модар

         Дар замони ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) саҳобае бо исми Алкама буд, ки дар ибодат машҳур буд. Бистарӣ шуд. Саломатияш хуб набуд. Рӯзе аз Алкама хабар омад. Вазъи саломатии Алкама лаҳза ба лаҳза вазнин мешуд, аммо рӯҳашро таслим карда наметавонист. Калимаи шаҳодатро зикр кардан барояш душвор буд. Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳолати маънавии Алкамаро аз саҳобаҳо пурсид. Саҳобаҳо ҷавоб доданд, ки ибодатҳояшро ба ҷо меовард. Он вақт Расулуллоҳ (с.а.с.) амр намуд, то модари Алкамаро наздаш биёранд. Модари Алкамаро назди Расулуллоҳ (с.а.с.) оварданд. Расулуллоҳ (с.а.с.) аз модари Алкама пурсид:
  - Модар! Аҳволи Алкама чӣ гуна буд? Ибодаташро ба ҷо меовард? Чӣ айбе дошт? Ягон айбе дошт, магар?
Модар ҷавоб дод:
  - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама ибодатҳояшро адо мекард, аммо ман аз ӯ ранҷида будам. Ҳамсарашро аз ман боло медонист. Хоҳишҳои маро ба ҷо намеовард.
     Пас, аз шикояти модар, зикр накардани калимаи шаҳодати Алкама маълум шуд. Барои ҳали ин масъала, бояд, ки модар ҳақашро ҳалол бикунад. Модар нияти бахшидани фарзандро надорад. Пайғамбар (с.а.с.) амр кард, то ин ки чӯб биёранд ва оташ зананд. Модар сабаби оташ карданро пурсон шуд. Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуд:
   - Нафаре, ки дили модарашро меранҷонад , осӣ мегардад ва ҷазои он сӯзондан аст. Ӯро бо оташ месӯзонам.
     Дили модар тоқат накард ва гуфт:
    - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.) фарзанди ҷигарпораамро месӯзонӣ?
Расулуллоҳ (с.а.с.):
    - Албатту месӯзонам, зеро ту ҳам то он вақте, ки ҳақатро ҳалол накунӣ дар ҷаҳаннам месӯзад. Пеш аз он, ман месӯзонам.
Модар:
   - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Ман ҳақамро ҳалол кардам.
Расулуллоҳ (с.а.с.):
    - Рафта бубинед, ки аҳволи Алкама дар чӣ ҳолат аст?
Рафта омаданду чунин гуфтанд:
    - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама калима шаҳодатро зикр дорад.
         Бале, Алкама калимаи шаҳодатро такрор ба такрор бигуфту рӯҳашро таслим кард.
                                     *** 

   Набояд фаромӯш кард, ки пас аз ибодату итоати Аллоҳ Таъоло, итоат ба волидайн меояд. Аллоҳ Таъоло дар сураи Исра ояти 23 фармудааст:
 "Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. Ҳаргиз ба сӯи волидайн «уф» магӯ. Ҳаргиз зикр макун, ки аз хизмати волидайн хаста шудаӣ."
   Баъзе аз бузургон аз қабили Увайси Қаранӣ аз оиладоршавӣ канора ҷӯст, зеро андешаи онро кард, ки шояд аз сабаби ҳамсарам дар эҳтироми модарам костагӣ меорам.

воскресенье, 24 февраля 2013 г.

ОШУФТАГИ (Абдулкодири Рахим)


            
Ман садоямро дар ин шахри гарибони шумо гум карда будам, дуст
Як садои пур зи тарсу пур зи ларзу пур зи андухи чавониро,
Офтоб он ранги берангии худро бо нишастанхо бахо мекард,
Мохтоб аз пушти абре шарх меовард рухи зиндагониро.

Модаре як тифли гирёни дигарро сина медод аз парешони,
Хохаре мечуст сарбанди базебашро зи боги бенишонихо,
Пешпои чои нон аз рузгори талх мешуд кисмати мардум,
Руи оханге ба санге рах галат мекард аз дил беравонихо.

Оби чу афсонахои хушксолиро зи пиндори замон мехонд.
Бод дар реги биёбон накш мебаст оху шеванхои райхонро.
Оташ аз деги кудуратхо сиях мегашту сар мекуфт бо хасти,
Хок аз бишкастани ойина мебахшид мавчи руи инсонро.

Бо пари кохе шумори бекаси дар хеш мепечид аз охе,
Хандаро чашми намакдон бахш мекард аз тихидасти сари хоне,
Омаданро пушти рафтан бод медоданд бе як хирмане бе вакт,
Аз гумон афсона гул мекард руи шохае бо хасрати чоне.

Шаш чихат иншогари як расми нодонии инсон буд бо сарди,
Киштае аз пуштае бо номи руйидан ба шавке буи борон дошт.
Дос бо уфтодагихо занг мебасту ба занге кар хамешуд гуш,
Мургаке дар лона пинхон аз барои рузии боронии худ дон дошт.

Хотири чамъе ба расвоии дунё рашк мебурд аз сари девор,
Хор дар хукми гули навруста чавлонгохи худро бурда аз ёд.
Мерахид ошуфтаги аз нагмаи сози гадои бекасу куй,
Баргаке мехост дар подоши буданхои худ аз руи рохе дод.

Ман садоямро дар ин шахри гарибони шумо гум карда будам, дуст,
Бегумон имруз ёдаш аз найистони Худо охиста меояд,
Рахраве бо чархаи як пирзан харфи надоматро хамеборад,
Чархи гардон кист то фахмад, ки хуршеди дигарро боз мезояд. 
     

пятница, 22 февраля 2013 г.

Айниддинов Неъматулло - омузгоре пурмасъулият


Айниддинов Неъматулло - омузгори фанни забон ва адабиёти точики мактаби тахсилоти умумии № 16 дехаи Кафтархонаи нохияи Восеъ. Мачрухи гурухи 1. У 34 сол боз аз ин фан ба шогирдон дарс мегуяду мехраш ба мактаб зиёд аст. Шогирдонаш дар хама гушаи чумхури ва берун аз он машхуранду ба неки ёдаш мекунанд. Ба маъюбии худ, ки бо асобагалхо рох мераваду дардманд аст, нигох накарда, хатто дар солхои чанги шахрванди, мехрашро аз касб наканда, ба шогирдон содикона дарс мегуфт. Рисолати омузгориашро содикона, ошикона ба анчом расонидаву мерасонад. Чун дар наздаш менишини, баъди андаке шефтаи илм, шефтаи омузиш ва омузгори мешави.
    Рузи шанбе, 16 феврали соли 2013 ба мулокоташон рафтам. Баъди намози аср буд. Хело бо хам сухбат кардем. Гуфт: Пештар аз мактаб омадам. Пойхоям дардаш шадид шуда истодааст. Ба санаторияхо мехохам равам, аммо бо он нарххои онхо наметавонам равам. Зеро ин кадар маблаг надорам. Орзу мекард, то кош сарпарасте ёбаду акаллан ба ягон санатория каме хам бошад, рафта табобат гирад. Соле пештар дар чамъияти маъюбони «Мушфик» ба кор даромада буд, то мисли худ дардмандонро кумак кунад. Сарпараст мечустанд ва ба ниёзмандон кумак мекарданд, бе ин ки чизе бихоханду барои худ чизе хоста бошад. Факат як нафар, ки барояш як компютери Р-1 тухфа карда буду бо он матн менавишт, бо мехр тавсифаш мекард. Хам аз сарпарастии Хочи Чамолиддину бародаронаш, ки дар дехаи Саричашма  зиндаги мекунанд, бо дуои нек хотиррасон мешуд, ки бахри уву бародараш Даврон, ки мисли худаш хам маъюб асту хам омузгор, аробачаи маъюби овардаасту тез-тез ба аёдаташ меоянд. Мегуяд, кош хама мисли ин бародарон сохибмаърифат бошанду паи кори хайру савоб. Аз шогирдонаш, ки дар донишгоххо мехонанд низ ёдовари мекунад ва миннатдор аст, ки ба аёдаташ меоянд.

четверг, 14 февраля 2013 г.

Резае...

Мухим он нест, ки дустон дастамро бигиранд. Мухим он аст, ки садди рохам нашаванду пешпоям надиханд.
*  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  
Замоне, ки хотирахоят аз умедхоят кавитар шуданд, пир шуданат шуруъ мешавад.

воскресенье, 10 февраля 2013 г.

Вафо ба аҳд

Вафо дар аҳде, ки қасосро аз байн бурд. Киссаи зебое дар аҳди Умари Форуқ (р)
Ду ҷавоне назди халифаи мусалмонон Умар ибни Хаттоб (р) омаданд.Умар (р) низ дар девони кориаш қарор дошт. Ин ду ҷавон бо худ як мардеро меоварданд ва аз либосу чеҳраи он мард маълум буд,ки марди бодиянишине ҳаст.Ин мардро назди Халифа қарор доданд ва Халифа пурсид ин киаст ?
Ду ҷавон чунин гуфтанд: "Эй Амирулмуъминин ин мард кушандаи падари мост"
Амирулмуъминин пурсид: "Оё кушта
ӣ  падари ин дуро?"
Он мард гуфт: "Бале куштам падарашонро"
Амирулмуъминин пурсид : "Чи гуна ӯро к
ӯштӣ?"
Он мард гуфт: "Падари ин ду ҷавон писар бо уштураш дохили замини зироъатии ман шуд ва ман ҳарчи барояш гуфтам дохил нашав гапи маро гӯш накард дар ин ҳангом ман сангеро гирифтам ва ба сӯяш партоб кардам,ки он санг дар сараш хурд ва аз болои уштураш ба замин афтод ва мурд"
Амирулмуъминин гуфт: "Қасос яъне кушта хоҳи шуд"
Бале хонандаи гиромӣ ин ҳукм муъаян аст кушти бояд кушта шави зеро ин қасос аст қонунест аз ҷониби Аллоҳ таъолост. Инчунин Умар (р) ҳаргиз намепурсиданд,ки ин мард аз кадом қабила аст ва аз кадом оила ҳаст оё оилаи ин қотил шахсони бо обрӯе ҳастанд мумкин иҷрои ҳукм оилаашро мехезонад. Бале танҳо барои Умар (р) татбиқи қонун буд нисбати ҷинояткор на фикри дигаре агар қотил писараш мебуд ончи дар шаръи Аллоҳ ва қонуни Ӯ омадааст анҷомаш медод ва татбиқаш мекард.
Мард гуфт: "Эй Амирул муъминин аз шумо як чиз мепурсам яъне савганд мехурам ба ҳаққи он Аллоҳе,ки Осмонҳоро бардоштааст ва заминро фарох намудааст маро якшаб иҷозат бидеҳ то равам ба назди ҳамсару фарзандонам ва хабарашон кунам,ки ман иртикоби қатл шудаам ва маро бояд Амирулмуъминин ба қатл бирасонад.Савганд ба Худо оила ва атфоли ман касе надоранд хуронанда ва нигоҳубин кунандае ба ҷуз ман.
Амирулмуъминин чунин гуфт: " Ки туро замонат медиҳад,ки мерави ба назди хонаводаат ва дубора бар мегарди?"
Ин ҳангом ҳама хомӯш гаштанд зеро касе намешинохтанд ин мардро ҳатто намедонистанд номашро ва на қабилаашро ва на хонаашро. Чигӯна чунин шахсро касе замонат медиҳад,ки дубора бар мегардад барои кушта шудан ва ё татбиқи ҷазояш.Зеро ин замонат даҳ динор ё замин ёуштуре набуд ин замонати ҷон ва ё ҳаёт буд.Инчунин ки дар татбиқи қонун ва подоши ҷазо бо Умари Форуқ (р) баҳс мекард ва ё кафил мешуд то он иҷро нашавад.Ҳама асҳоб хомӯш буданд ва Форуқ (р) ба фикр фурӯ рафт агар ҳоло ҳукмро ба ҳолати иҷро дарорам оилаи ин мард аз гуруснаги мемиранд. Агар иҷозати рафтанаш бидиҳам равад ва дубора бар нагардад. Ин ҳангом қасос иҷро намегардад ва хуни кушта шуда бар ҳадар рафтааст.
Амирулмуъминин ба ин ду ҷавон писар гуфт: "Оё мебахшед ин мардро?"
Он ду ҷавон бо исрор чунин мегуфтанд: " Эй Амирул муъминин ҳаргиз намебахшем ин мардро шахсе падарамонро куштаст бояд кушта шавад"
Амирулмуъминин боз хитоб ба мардум намуда чунин гуфт : "Ки кафолат мекунад ин мардро охирон пурсиши ман аст аз шумо эй мардум ва ҳозирин"
Ин ҳаногом Абузари Ғифорӣ (р) аз ҷояш баланд шуд бо он муйи сафедаш ва Сидқу, тақвову зуҳдаш чунин гуфт : " Ман кафолат мекунам ин мардро эй Амирулмуъминин"
Амирулмуъминин Гуфт : "Ҳушёр бош Абузар ин қотил аст"
Абузари Ғифорӣ (р) Гуфт : "Агарчӣ қотилҳам бошад"
Амирулмуъминин пурсид :"Оё мешиносӣ ин мардро?"
Абузари Ғифорӣ (р) Гуфт : "Намешиносамаш"
Амирулмуъминин Гуфт:"Пас чигуна кафолат мекуни шахсеро,ки намешиноси ӯро?"
Абузари Ғифорӣ(р) Гуфт: "Дар чеҳраи ин мард сифоти шахси муъмин намудор ва дар ҳаракоташ татбиқи онро мушоҳида мекунам ва аз ин ҷиҳат медонам,ки дурӯғ намегуяд ва дубора бар мегардад барои иҷрои ҳукмаш ки марг аст"
Амирулмуъминин Гуфт: "Эй Абузар оё гумон мекунӣ ин мард агар бар нагардад то се рӯз ман туро ором мегузорам ва ин ҳукмро иҷро намекунам!"
Абузари Ғифори Гуфт: "Худованд кумак кунанда аст эй Амирулмуъминин бар мо"
Марди қотил шитофт ба сӯйи хонааш ва Амирулмуъминин барояш се рӯз муҳлат дод то дар ин се рӯз худро омода кунад барои иҷрои ҳукм. Бо оилааш хайру хуш намӯда ончи метавонад барои зиндагиашон омода намояд.Дубора ба назди мо бар гард то қасосро ба ҳукми иҷро дароваранд.
Аз миён се рӯз гузашт вале Умари Форуқ (р) фаромӯш накардааст рӯзи ваъда шударо.Дуруст дар ҳамон рӯзи ваъда шуда ҳангоми намози аср намози ҷомеъ эълон намӯд Умари Форуқ (р) дар мадина ва он ду ҷавони падарашон кушта шуда низ ҳозир шуданд.Мардум ҳама ҷамъ омаданд инчунин Абузари Ғифорӣ (р) низ ҳозир гардид ва назди Амирулмуъминин нишаст ва Умар (р) чунин пурсид: "Куҷоаст он мард"
Абузари Ғифорӣ чунин гуфт : "Намедонам куҷост"
Ин ҳангом Абузар (р) ба сӯйи осмон нигоҳ кард ва офтобро дид,ки на мисли ҳамеша рӯ ба ғуруб буд балке тезтар гӯё аз одати ҳарвақтааш мойил ба ғуруб аст . Яъне татбиқ ва ё иҷрои қонун амри муҳим буд ва бояд он иҷро шавад бидуни қайду шарте. Инчунин тамоми асҳоб ҳама хомӯш буданд аз ончи мегузашт ва ҳама мунтазир буданд чи хоҳад шуд.Дурӯст аст Абузари Ғифорӣ (р) дар дили Умар (р) маъво дошт ва аз ҷойгоҳи волое низ бархурдор буд. Вале ин ҷо масъалаи иҷрои ҳукм ва татбиқи қонуни шариъат аст бо ин бози карда намешавад ва дар он восита ва чизе аз дунё наметавонад ҷойи татбиқашро бигирад.Ҳама бо шуъур ва асабҳои чира хомӯш буданд,ки қабл аз ғурӯби офтоб ба чанд лаҳзае он мард ҳозир гардид дар назди ҳама ҷамъ омадагоне,ки мунтазираш буданд. Чун Амирулмуъминин дид мардро дар ҳол такбир гуфт "Аллоҳуакбар" ва ҳама ҳозирин ҳам такбир гуфтанд.
Амирулмуъминин хитоб ба он мард кард ва чунин гуфт: "Эй мард агар ту дар он бодияат (саҳрои зиндагони мекардаат) мебуди ва намеомади мо ҳаргиз намедонистем ҷову макони туро"
Он мард гуфт: "Эй Амирулмуъминин ман ҳаргиз аз шумо наметарсам балке метарсам аз он зоти поке,ки донандаи тамоми асрор аст аз Ӯ чизе пинҳон намемонад.Ана ман Эй Амирул муъминин дар пеши шумо қарор дорам. Фарзандонамро мисли чуҷаҳои паранда гузоштам на обе доштанд ва на сояи дарахте ҳаст дар он бодия (саҳро) барояшон .Вале омадам то кушташавам аз он тарсидам,ки мегуянд мардум: "Вафо аз миён рафтааст ва аҳду паймонҳам ҳамчунин нест касеро".
Инҳангом Амирулмуъминин аз Абузари Ғифорӣ (р) пурсид: "Азбарои чӣ кафили ин марди ношинос шуди"
Абузари Ғифорӣ (р) Гуфт : "Ман аз он тарсидам,ки ин мард мегуфт неки ва хайр аз мардум дур шудааст"
Ин ҳангом Амирулмуъминин аз ҷояш бархост ва ба ин ду ҷавон гуфт: "Чи чизро мехоҳед эй соҳибони хун чикор кунем бо ин мард?"
Ду писар дар ҳолате,ки мегиристанд чунин гуфтанд : "Бахшидем ин мардро Эй Амирулмуъминин аз барои он,ки мегуянд: "Афву бахшиш аз миёни мардум дур шудааст"
Ин ҳангом Амирулмуъминин такбири баланде гуфт : "Аллоҳу акбар" ва ашкҳояш бар рухсораҳояш ва бар риши муборакашон равон буд...
Воқеъан қиссаи ҷолибе буд Худо подоши неке ато кунад бар ин ду ҷавон писар барои Афву бахшишашон.
-Худованд подоши хубе ато кунад бар Абузари Ғафорӣ (р) он рӯзе,ки аз ин мард мушкилоташро фаҳмид ва онро бо кафолаташ муҳлат дод дар ҳоле,ки намешинохт онро.
- Худованд подоши неке ато кунад бар он мард,ки ончи ваъда кардабуд бар аҳдаш ва паймонаш истодагари намуда сидқашро нишон дод.
-Худованд подоши неке ато кунад Амирулмуъминин Умари Форуқ (р) барои барпо кардани адлу раҳмат бар муъминин ва раъияташ.
Яке аз муҳаддисин чунин мегуяд:"Савганд ба он Худованде,ки ҷони ман дар дасти Ӯст. Ба таҳқиқ дафн карда шудааст саъодат имон ва ислом дар кафани Умари Форуқ (р)."

суббота, 9 февраля 2013 г.

Ниёиш (Абдулкодири Рахим)


Шеърро афсурдатар аз ман ки мегуяд,
Дар шабе, ки бори миннат пуштхоро мекунад хам,
Корвон хам бас парешон з-осмонхо хоб мебинад.
Офтоб аз як ситора мекашад бар ру
Чодари мотам.

Ашк аз ранге ба ранге хонабардуш аст,
Аз нафасхо хастагиро мекунам эхсос дар худ,
Нолаам гумноми дарди бекасихо мешавад то руз,
Мохтоб ойинадори мекунад бо ох,
То чи буд ин буд.

Даст бар хам мезанад он бевафо ёрам,
Ман садоро бо намакхо шуста будам дар сурогаш,
Номахоро пештар аз зиндагиам сухт у бо дард,
Ин замон аз шамъи мурда худ чи мечуяд?
Рохати догаш?

Хоб аз чашмони ман рахти сафар баста,
Модарам бо он чигарбандони беномаш ба хоб аст,
Илм аз гахвора то гур об зад рохи марову рафт,
Давлати гумгаштае дорам намечуям,
Баски ноёб аст.

Шура аз деворхои хонаам хандад,
Шури чамъият чи ором инкилобе мекунад боз,
Шурбахтиам бахоре дораду нозад ба гул кардан?
Рузи борони ки меояд? Ки дорам ман?
Бидхадам овоз.

Ру ба руи сояам доги маломатхост,
Гамгусорон аз бихишти ёдхо афсона гуянд,
Мургакон белонаву бедона монда мераванд имшаб,
Дар заминам ман намедонам чи коридам,
Лолахо руянд.

Обу хок аз боду оташ дар гурез омад,
Нотавонихо шикастанро нигохи тоза доданд,
Бо калам бечоранолихои найро чун кунам ман, чун?
Дар сиёхи мондаам монандаи як гунг,
Хам табам зоданд.

Бо чахон дорам хисобе дар нихони худ,
Бо замон як даста гулро армугон бидхам зимистон,
Ончунон ки омадам, эй кош мерафтам ба нодони,
Зиндаги хуни чигар шояд намегардид
Инчунин осон.

Буи хокистар расад хам аз дарахти пир,
Нозхои кудакиам дар кучо гунчад аз ин пас?
Раъша дар чони чавонам омадан дорад, ки рафтан не,
Бенавоиро чи ранге мекунам пинхон?
То набинад кас.

Ришта менозад ба чашмони гирах ин дам,
Кафш механдад ба рохи пушти сузанхои шоир,
Об гардидан сари як хайрати ойина орад мавч,
Хок гардидан ба Корунам кунад таъбир
Бо дами сохир.

Шеърро афсурдатар аз ман ки мегуяд,
Дар шабе, ки бори миннат пуштхоро мекунад хам,
Корвон хам бас парешон з-осмонхо хоб мебинад.
Офтоб аз омаданхо хун хамегиряд
Дар сарои гам.
 (Ин шеърро муаллиф ба бехтарин дусту бародараш - Рустам Абдуллоев бахшидааст.) Аз китоби "Чароги рушнои". Душанбе 1996

четверг, 24 января 2013 г.

А.С.Пушкин "ПОДРАЖАНИЕ КОРАНУ" Часть 2 VI

Не даром вы приснились мне
В бою с обритыми главами,
С окровавленными мечами,
Во рвах, на башне, на стене.

Внемлите радостному кличу,
О дети пламенных пустынь!
Ведите в плен младых рабынь,
Делите бранную добычу!

Вы победили: слава вам,
А малодушным посмеянье!
Они на бранное призванье
Не шли, не веря дивным снам.

Прельстясь добычей боевою,
Теперь в раскаянье своем
Рекут: возьмите нас с собою;
Но вы скажите: не возьмем.

Блаженны падшие в сраженье:
Теперь они вошли в эдем
И потонули в наслажденьи,
Не отравляемом ничем.

VII

Восстань, боязливый:
В пещере твоей
Святая лампада
До утра горит.
Сердечной молитвой,
Пророк, удали
Печальные мысли,
Лукавые сны!
До утра молитву
Смиренно твори;
Небесную книгу
До утра читай!
VIII

Торгуя совестью пред бледной нищетою,
Не сыпь своих даров расчетливой рукою:
Щедрота полная угодна небесам.
В день грозного суда, подобно ниве тучной,
О сеятель благополучный!
Сторицею воздаст она твоим трудам.

Но если, пожалев трудов земных стяжанья,
Вручая нищему скупое подаянье,
Сжимаешь ты свою завистливую длань, —
Знай: все твои дары, подобно горсти пыльной,
Что с камня моет дождь обильный,
Исчезнут — господом отверженная дань.

IX

И путник усталый на бога роптал:
Он жаждой томился и тени алкал.
В пустыне блуждая три дня и три ночи,
И зноем и пылью тягчимые очи
С тоской безнадежной водил он вокруг,
И кладез под пальмою видит он вдруг.

И к пальме пустынной он бег устремил,
И жадно холодной струей освежил
Горевшие тяжко язык и зеницы,
И лег, и заснул он близ верной ослицы —
И многие годы над ним протекли
По воле владыки небес и земли.

Настал пробужденья для путника час;
Встает он и слышит неведомый глас:
«Давно ли в пустыне заснул ты глубоко?»
И он отвечает: уж солнце высоко
На утреннем небе сияло вчера;
С утра я глубоко проспал до утра.

Но голос: «О путник, ты долее спал;
Взгляни: лег ты молод, а старцем восстал;
Уж пальма истлела, а кладез холодный
Иссяк и засохнул в пустыне безводной,
Давно занесенный песками степей;
И кости белеют ослицы твоей».

И горем объятый мгновенный старик,
Рыдая, дрожащей главою поник...
И чудо в пустыне тогда совершилось:
Минувшее в новой красе оживилось;
Вновь зыблется пальма тенистой главой;
Вновь кладез наполнен прохладой и мглой.

И ветхие кости ослицы встают,
И телом оделись, и рев издают;
И чувствует путник и силу, и радость;
В крови заиграла воскресшая младость;
Святые восторги наполнили грудь:
И с богом он дале пускается в путь.

воскресенье, 13 января 2013 г.

Ҳукми лаънат дар мазҳаби Аҳли Суннат ва Ҷамоъат

Абуҳурайра (р) аз Расули акрам (с) ривоят намудааст ки он ҳазрат чунин фармуданд: «Нохушоянд аст, бандаи ростин ё ростманишро, ки лаънаткунанда бошад». (Ин ҳадис ба ривояти Муслим аст.)Зайд, ибни Аслам аз Абдулмалик ибни Марвон шунидааст, ки гуфт: «Фиристода шуда буд, модари Дардо (модари яке аз саҳобагони гиромиқадр, Абудардо ва яке аз муҳаддасони машҳури ислом) ба назди ман, то бирасонад он чи ки пешаш буд» (аз суханони ҳазрати Муҳаммад (с), пас аз он, ки буданд пеши мо чанде ва чун дар яке аз шабҳои ҳузури он модар, Абдулмалик ибни Марвон (халифаи Уммавӣ) ходимашро хост, вале ходим хоҳиши халифаро дарҳол ба ҷо наовард (ва халифа бошад), ўро лаънат кард. Вақте ки субҳ шуд, саҳобаи гиромиқадр, модари Дардо ба халифа хитоб карда гуфт:«Шунидам, ки шаб ходиматро лаънат кардӣ?», идома дод Умми Дардо, ки (писараш) мегуфт: «Шунидам аз расули акрам(с), ки чунин фармуданд: Ҳаргиз лаънаткунандагон намебошанд шафоъатшаванда ва на шоҳид дар рўзи қиёмат» (Ин ҳадис ба ривояти Муслим аст).Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт:Гуфтанд: «Саҳобагон! Эй паёмбар (с) дуъое бикун кофиронро». Он ҳазрат гуфтанд: «Ман фиристода нашудаам лаънаткунанда, балки фиристода шудаам раҳмат (бар уммат)». (Ин ҳадис ба ривояти Муслим аст).Аз Собит бинни Заҳҳок ривоят аст, ки ҳазрати паёмбар (с) фармуданд: «Лаънат бар мўъмин мисли куштани он аст».Ин ҳадис ривоят аз Шайхайн (Имом Бухорӣ ва Муслим).Ибни Масъуд (р) мефармояд, ки расули акрам(с) фармуданд: «Мусалмон таънакунанда ва лаънаткунанда намебошад ва намебошад фаҳшгўянда ва на гўяндаи суханони беҳуда».Ин ҳадисро Бухорӣ Аҳмад ва дигарон ривоят кардаанд.Ҳазрати Самура ибни Ҷундуб аз Ҳазрати Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: «Ҳаргиз накунед лаънат касеро, ба лаънати Худо ва на ба ғазабаш ва на ба оташ ».(Ин ҳадис ривоят аст аз Аҳмад ва Абудовуди Тирмизӣ ва Ҳоким.)Ба таҳқиқ дар Қуръон ва дар аҳодиси набавӣ дар хусуси ҳаром будани дашном, фаҳш ва суханони беҳуда далелҳо зиёданд ва аз ҷумла дар мавриди лаънат ва фарқияти он байни кофирон ва мусалмонон низ бо далелҳои қотеъ аз шаръ ва суханони уламои дин вуҷуд дорад.СУХАНИ ХУДО: «Ҳар оина онон, ки кофир шудаанд ва мурдаанд дар ҳоли кофир будан, он гурўҳ бар эшон аст, лаънати Худо ва фариштагон ва мардумон ҳама якҷо».(Сураи Бақара, ояти 161).Дар тафсири ин ояи карима ибни Касир (р) мефармояд(1/190-191):Фасл: «Албатта нест хилоф, дар ҷоиз будани лаънати куффор (кофирон), ба таҳқиқ буданд, ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ва ё пас аз он ҳазрат уламо, саҳобагон ва ё пешвоёни дин, ки лаънат мекарданд кофиронро дар дуъоҳои қунуташон ва ё хутбаҳояшон ва ё дар дигар маросимҳояшон. Вале дар хусуси кофирони муайян (оддӣ ё кофироне, ки куфр ба онон аз падарҳояшон мондааст вале худ чизе намедонанд), як тоифа аз уламои дин ба ин назаранд, ки лаънат кардани онон низ ҷоиз нест, зеро мо намедонем, ки оқибаташон чӣ мешавад (яъне,, имкони мусалмон шуданашон дар оянда вуҷуд дорад)».Ва тоифаи дигаре аз уламо гуфтаанд: «Ҷоиз аст лаънат кардани ашхоси зубда ва барҷастаи кофирон (зеро куфр ва зиддияташон ба дин) муайян аст, ба мисли Абуҷаҳл, Абдуллоҳ ибни Убай (раиси мунофиқони Мадина) Чингиз ва ононе,ки куфраон ошкор буд ва то марг бар зидди ислом мубориза карданд то ибрате барои ояндагон бошанд».Имом Қуртубӣ (р) дар тафсири ҳамон ояи боло мефармояд(2/127-128):«Дар лаънати кофирон ҳеҷ хилофе дар умум ғайри муайян вуҷуд надорад. Аз онон, ки Молик аз Довуд бини Ҳусайн ривоят мекунад ва ў аз Аъраҷ шунидааст, ки мегуфт: «Ман медидам мардумонро, ки лаънат мекарданд кофиронро дар рамазон». Уламои мо гуфтаанд:«Баробар аст, ки бошанд онҳо аҳли зимма ё на. Албатта ин воҷиб нест, вале ў (яъне, лаънат) мубоҳ аст, ки бигӯй аз барои шахсе, ки анҷом диҳад коре бар зидди ҳақ ва ё изҳор кунад душманиашрро бар зидди дин ва ё аҳли он (диндорон ё олимони он). Ва инчунин ҳар шахсе, ки ошкорро анҷом диҳад, гуноҳонро ба мисли хўрдани шароб ва хўрдани суд. Заноне, ки монанд кунанд худро ба мардон ва мардоне, ки монанд кунанд худро ба занон ва дигар гуноҳони кабира, ки ворид шудаанд дар ҳадисҳои лаънат. Албатта нест лаънати кофир сарзаниш, аз сабаби кофир буданаш, балки он ҷазои изҳор намудани куфраш аст, магар ки, сазовори лаънат нест кофири мурда ё девона».Бархе аз олимон дар ин хусус ба ин назаранд:«Ҳеҷ суде надорад лаънат кардани кофире, ки ў девона аст ё мурда бошад, на ба тариқи ҷазо ва на ба тариқи сарзаниш, зеро ба он ҳеҷ таъсире надорад».Ба дурустӣ, ки шахсе ба сарзаниш аз лаънат ва гуфтани он одат пайдо кунад, ў сазовори ин сифоти хуб намегардад, зеро лаънат дуъоест, ки хоста мешавад ба гуфтани он шахси муқобилро дурӣ аз раҳмати Худо ва албатта истифода бурдани ин калима дар шаъни як мусалмон намезебад ва истифодаи он аз ахлоқи мусалмон нест. Он тоифае, ки васф кардааст Худованд эшонро дар байни худ ба раҳмату меҳрабонӣ ва дастгирӣ кардани якдигарро ба корҳои некў ва растагорӣ (ва хуб мешуд, барои бародари мусалмонамон, ки агар муртакиби ҳар гуноҳе шавад, ки ба мо хуш наояд, барои он аз Худованд талаби ҳидояташро кунем ва бо ў худро тавре вонамуд кунем, ки аз он кирдори бади худ тавба кунад ва аз он гуноҳ даст кашад), ки дар ҳоле ки гардонидааст Худованд эшонро, мисли як бунёди устувор, ки мустаҳкам мегардонад, яке дигареро ва ё мисли як ҷасад. Бе шак мўъмин дўст медорад, барои бародараш он чиро, ки дўст медорад барои худаш. Пас чӣ гуна аст, шахсе, ки бихоҳад барои бародари мусалмонаш лаънатро ва дар ҳоле ки ин калима хостори дурӣ аз раҳмати Худованд аст ва ў дар марҳалаи охирини қатъ кардани утуфат ва рўйгардонист ва ин (лаънат) он марҳалаи охиринест, ки мерасонад мусалмонро ба кофир шудан ё ба худ мехонандаш.Ва инчунин аст дар ҳадиси саҳиҳе омадааст: «Лаънат кардани мусалмон, мисли куштани мусалмон аст».Таъбири ин ҳадис чунин аст, ки кушанда маҳрум месозад кушташударо аз неъматҳои ин дунё вале лаънат маҳрум месозад мусалмонро аз неъматҳои охират ва раҳмати Худо.Мегуянд: «Лаънати мўъмин, мисли куштанаш аст дар гуноҳ, вале ин дар асл аз он ҳам бадтар аст, ки ифодагари абадият ва азалият аст».Иншаоллоҳ кушиш менамоям бархе аз ононе,ки Расули акрам (с) онҳоро лаънат намудааст бароятон пешкаш намоям Дар охир, аз Худованди мутаъол таманнои онро дорам,ки моро на аҳли лаънат шудагон ва на аз аҳли лаънат кунандагон гардонад ва аз ин калима моро дӯр нигоҳ дорад. ОМИН.

четверг, 3 января 2013 г.

Cе суоли биҳиштӣ аз Қуръон

      Ҳама афроди бо имон бояд дар ҳама чиз ва дар ҳама ҳол олӣ бошад, ҳатто дар таманнои биҳишт ба мароҳили пойинтар қаноат накунад, ҳар чанд мароҳили пойинтар ҳам ғарқи неъмат аст.
     Ҳам аз оёти Қуръон ва ҳам аз ривоёт ба хуби истифода мешавад, кибиҳишт дарҳое дорад, вале ин теъдоди дарҳо на ба хотири он аст, ки иддаи воридшавандагон ба биҳишт онгунаанд, ки агар бихоҳанд аз як дар ворид шаванд, тавлиди заҳмат мекунад ва на аз ҷиҳати он аст,як навъ тафовути гуруҳе ва табақоте вуҷуд дорад, ки ҳар гуруҳе вазифадоранд аз як дар ворид шаванд ва на барои наздикӣва дурии роҳ аст ва на ба хотири зебойи ва гуногунӣ ва на ба хотири зиёдии дарҳо!
     Усулан дарҳои биҳишт, ҳамонанди дарҳои дунё, ки дар дохили боғҳо, қасрҳо ва хонаҳо мегузоранд нест, балки ин дарҳо ишора ба аъмол ва корҳое аст, ки сабаби вуруд ба биҳишт мешаванд. Дар порае аз ахбор мехонем, биҳишт дарҳое бо номҳои мухталиф дорад, аз ҷумла даре дорад, ба унвони«Боб-ул-муҷоҳиддин»(дари муҷоҳиддон) номида мешавад ва муҷоҳидони мусаллаҳ ба ҳамон силоҳе, ки бо он ҷиҳод кардаанд, аз он дар вориди биҳишт мешаванд ва фариштагон ба онҳо хушомад мегўянд.
     Дар ривоят мехонем: бидонед, ки биҳишт ҳашт дар дорад, ки масоҳати ҳар даре аз онҳоба андозаи чиҳил сола роҳ аст.
      Ин худ нишон медиҳад, ки «дар» дар ин гуна мавридҳо , мафҳуми васеътар аз он чӣ дар таъбироти рўзона гуфта мешавад, дорад.Ва ҷолиб ин аст, ки дар Қуръон мехонем: «Ҷаҳаннам ҳафт дардорад».(Сураи Ҳиҷр, ояти 44)
     Тибқи ривоят биҳишт дорои «ҳашт»дар аст. Ишора ба инки тарафи дарёфт ба саодати биҳишти ҷовидон, аз тарафи дарёфт ба ҷаҳаннам бештар аст ва раҳмати Худованд бар ғазаби Ў пеши мегирад.

    Манзур аз «Ҷаннат-ул маъво» чист?

      Ҷаннат-ул-маъво, ба маънои биҳиште аст, ки маҳалли сукунат аст. Ва ин кадом биҳиште аст? Дар миёни муфассирон гуфтугўаст, баъзе онро ҳамон «биҳишти ҷовидон» медонанд, ки дар интизори тамоми аҳли имон ва парҳезкорон аст ва махалли онро дар осмон ва ояти 19-ўми сураи «Саҷда»-ро шоҳид бар он мегиранд: «Барои муъминони солеҳ-ул-аъмол боғҳои биҳиште астдар он сокин мешаванд ва ин василаи пазиройи аз онҳост, дар муқобили аъмоле, ки анҷом медоданд»; чаро ки ин оя ба ҳамроҳи ояти баъд аз он, мусаламан аз биҳишти ҷовидон сухан мегўяд. Худованд дар ҷойи дигар мефармояд: «Барои рафтан ба сўйи мағфирати Парвардигор ва биҳиште, ки вусъати он осмонҳо ва замин аст, бар як дигар пешӣ гиред». (Сураи Оли Имрон, ояти 133)
      Баъзе ин маъниро баъид шумурдаанд, зеро зоҳири ояи мавриди баҳс нишон медиҳад, ки «Ҷаннат-ул-маъво» дар осмон ва ғайр аз биҳишти ҷовидон аст, ки вусъати он ба андозаи тамоми осмонҳо ва замин мебошад. Гоҳе онро ба ҷойгоҳи махсусе аз биҳишттафсир кардаанд, ки дар канори «Сидрат-ул-мунтаҳо» ва маҳалли хосон ва мухлисон аст. Ва гоҳе гуфтаанд ба маънии биҳишти барзахи аст, ки арвоҳи шуҳадо ва муъминон, муваққатан ба ончо мераванд.
     Тафсири охир, аз ҳама муносибтар ба назар мерасад ва аз умуре, ки ба равшанӣбар он гувоҳӣмедиҳад, ин аст ки дар бисёре аз ривояти шаби «Меъроҷ» омадааст: Паёмбар салаллоҳ алайҳи вассалам иддаеро дар ин биҳиштимуттанаъим дид, дар ҳоле ки медонем ҳеҷкас дар биҳишти ҷовидон қабл аз рўзи қиёмат ворид намешавад, зеро ояти Қуръон ба хубидалолат дорад, ки парҳезкорон дар қиёмат, баъд аз ҳисобу китоб вориди биҳишт мешаванд, на билофосила баъд аз марг ва арвоҳи шуҳадо низ дар биҳишти барзахи қарор доранд, зеро онҳо низ қабл қиёми қиёмат вориди биҳиштӣҷовидон намешаванд.

                Фирдавс бартарин манзилгоҳи биҳиштиён

     Фирдавс,бартарин ҷойгоҳи биҳишт аст ва дар оёти Қуръон омада, ки Фирдавс манзилгоҳи афроди бо имон ва соҳибони аъмоли солеҳ аст.
       Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Касоне ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд, боғҳои Фирдавс манзилгоҳашон аст». (Сураи Каҳф, ояти 108)
      Ба ҳар фарде, ки имон ва амали солеҳдорад, ишора намекунад, балки дараҷаи волое аз назари имон ва амали солеҳро меъёр барои дохил дар Фирдавс қарор додааст, ҳар чанд зоҳири оя мутлақ аст, аммо таваҷҷуҳ ба мафҳуми «Фирдавс» онро муфид мекунад.
      Дар сураи «Муъминун» сифоти ворисони Фирдавсро баён мекунад. Ҳадди аълое аз сифоти муъминонро зикр карда, ки дар ҳама афрод вуҷуд надорад ва ин худ наздик бар ин аст, ки: сокинони Фирдавс бояд дорои сифоти бартар, илова бар имон ва амали солеҳбошанд.
       Ва низ ҳамин далелро дар ҳадиси Паёмбар салаллоҳ алайҳи вассалам мехоне, ки мефармояд: «Ҳар вақт аз Худо тақозои биҳиштро мекунед, махсусан тақозои Фирдавс кунед, ки ҷомеътарин ва комилтарин манзилгоҳи биҳишт аст».
     Бадеҳи аст, касе ки чунин тақозоеаз Худо мекунад гўёбояд худро барои расидан ба чунин мақоме омода кунад, гўёбояд ҳадди аксар талошвакушишробарои касби бартарин сифоти инсонӣва анҷоми солеҳтарин аъмол ба харҷдиҳад. Бинобарин инҳо, ки мегўянд: Худо кунад мо ба биҳишт роҳ биёбем, ҳар чанд дар пойинтарин мароҳили он бошем, афроде ҳастанд, ки аз ҳиммати волои муъминони ростин баҳраи кофӣ надоранд.

                                                                        Таҳияи Назифаи Мўсо