среда, 5 декабря 2012 г.

Паёмбари рахмат (с)


                             Паёмбар (с) паёмбари рахмат буд!
         Дар аходис омада, ки Расулуллох (с) бо вучуди оне, ки Умми Чамил (хамсари Абулахаб, ки дар мазамматаш сураи Масад омадааст) ба у душманихои ошкор мекарда ва хатто дар сари рохаш хори маргелонро мерехт, то ба пояш рафта азияташ кунад. Мегуянд чун Умми Чамил бемор шуд, Паёмбар (с) ба аёдаташ рафт.
            Ва мебинем Паёмбарро (с) дар хадис, ки чун ба шахри Тоиф барои даъвати мардум ба дини ислом рафтанд, хама сангаш заданд. Бо сару руи хуншор аз шахр берун мешавад ва зери сояи ангурон дам мегирад. Фариштаи куххо меояду мегуяд: - Ё Расулаллох, ичозат бидех, то кухро болои ин мардуми бадкор чаппа кунам. Паёмбар (с) мегуяд: - На! Шояд аз насли эшон касоне биоянд, ки Аллохи ягонаро парастиш кунанд.
            Хамчунин ривоят шуда, ки чавоне яхуди буд, ки имон наоварда буд ва аз имон овардан мегурехт. Чун бемории маргаш фаро расид, Расули Худо (с) ба болинаш рафт ва уро аёдат кард. Барои он чавон гуфт: Имон биовар, то фардои киёмат аз оташ начот ёби. Он чавон нигохе ба падараш кард. Падараш, ки омадани Паёмбар (с) барояш боиси хайрат буд, ки бо вучуди душмании яхуд ва дасисахояшон боз кина ба дил нагирифта, ба аёдати писараш омадааст, токат накард, ва бо лаби ларзон гуфт: Писарам он чи ошкору нихонист, Худованд медонад. Даъваташро бипазир, зеро хак аст ва хак мегуяд. Он чавон имон оварду чон дод. Паёмбар (с) гуфтанд: Сипос Аллохро, ки ин чавонро ба воситаи ман аз оташи дузах дур кард. 
       Хангоми фатхи Маккаи мукаррама Паёмбари ислом (с) чун Худованд барояш хама кори мехостаашро барояш дар соате ичозат медихад. Фотехона ба шахр дохил мешаваду ба Каъба рафта, бутхоро ба замин меафтонад. Мардум хама чамъ омадаанд ва мунтазири онанд, ки бо онхо чи мекунад? Охир онхо касоне буданд, ки уро аз шахраш пеш намуданд. Бар зиддаш лашкар кашиданд ва наздиктарин ва дустдортарини дустонашро куштанд. Аммо бо ин хама ру ба онхо мекунаду мегуяд: - Фикр мекунед, ки бо шумо чи хохам кард? Хама мегуянд: - Ахун каримун ва ибну ахин карим. Ту бародари карими мои ва фарзанди бародари карими мои. Аз ту чуз хайру хуби чизеро наметавон интизор буд. Бе он, ки ба ислом даъваташон кунад, мегуяд: - Изхабу ва антумут-тулакоу. Биравед, хамаи шумо озодед. Аммо касе такон намехурад. Чун таърих инро ба ёд надошту нахохад дошт. Зеро шохону сарлашкарон чун шахреро фатх мекунанд, занону кудаконро асир мегиранду мардонашро мекушанд. Аммо У Паёмбар аст. Саллаллоху алайхи ва саллам. У на император асту на сарлашкар. 
 Мардум баъди ин караму бахшиши ногуфтании У (с) хама он чо имон меоранд ва аз кирдори гузаштаи худ шармашон меояд. Ва аз эшон нафароне буданд, ки кофири сарсахт ва душманаш буданд, аммо баъди ин ба ислом хизматхои бепоёне мекунанду чоми шаходат менушанд.
       Ин гуна буд Паёмбари мо (с), ки кина намегирифт ва бехтарин буду вокеан хам Паёмбари рахмат буд. Чун Аллохи мутаол фармуда аст дар хаккаш:
    Ва мо арсалнока илло рахматал-лилъоламин - Ва нафиристодем мо туро, магар ки рахмате аз барои оламиён.

Комментариев нет:

Отправить комментарий