Ашъори зебо

Шеъре аз Устод Халилуллоҳи Халилӣ 
________________________________
... Раҳм кун, ё раб, ки муъмин аз фарози маснадаш,
Гом сӯи партгоҳи худкушӣ бардошта.
Уммати рӯшанзамири ҳақшиносаш роҳбин, 
Душмани маккори худро мири шаб пиндошта.
Вой бар онон ки сайёди фусункори замон,
Тухми ғафлат бар замири содаи шон кошта.
Бехудоёнро дар ин гирдоби даҳшатзо дареғ,
Дар наҷоти киштии худ нохудо ангошта.
Эй Худо, нуре каромат кун, ки бинад чашми вай,
Заҳргин шаҳде ки душман баҳри вай анбошта.
Оҳ аз муъмин ки ҷӯяд нур аз нори касон,
Худ фурӯзон офтобе дар гиребон дошта.
Офтоби иззати муъмин ба ҷуз Ислом нест.
Эй бадо муъмин, агар Исломро бигзошта... (Устод Халилуллоҳи Халилӣ)

Куҳандиёро, диёри ёро, дил аз ту кандам вале надонам,
Дигар гурезам куҷо гурезам в-агар бимонам куҷо бимонам.
На пои рафтан на пой мондан, чӣ гуна гӯям дарахти хушкам,
Аҷаб набошад агар табарзан тамаъ бубандад бар устухонам.
Дар ин ҷаҳаннам гули биҳиштӣ чӣ гуна рӯяд, чӣ гуна бӯяд,
Ман эй баҳорон аз абри найсон чӣ баҳра гирам, ки худ хазонам.
Садои ҳақро сукути ботил дар он дили шаб чунон фурӯ кушт,
Ки то қиёмат дар ин мусибат гулӯ фишорад ғами ниҳонам.
Ало Худоё! Гиреҳкушоё! Ба чораҷӯӣ маро мадад кун,
Бувад, ки бар худ даре кушоям, ғами дарунро бурун кашонам.
Куҳандиёро, диёри ёро! Ба азми рафтан дил аз ту кандам,
Вале ҷуз ин ҷо ватан гузидан наметавонам! Наметавонам!
Нодири Нодирпур


Рубоиёт аз ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
ЛОЛАИ ТУР

1
Шаҳиди нози ў базми вуҷуд аст,
Ниёз андар ниҳоди ҳасту буд аст.
Намебинӣ, ки аз меҳри фалактоб
Ба симои саҳар доғи суҷуд аст.

2
Дили ман равшан аз сўзи дарун аст,
Ҷаҳонбин чашми ман аз ашки хун аст.
Зи рамзи зиндагӣ бегонатар бод,
Касе, к-ў ишқро гўяд ҷунун аст.

3
Ба боғон боди фарвардин диҳад ишқ,
Ба роғон ғунча чун Парвин диҳад ишқ.
Шуъои меҳри ў қулзумшикоф аст,
Ба моҳӣ дидаи раҳбин диҳад ишқ.

4
Уқобонро баҳои кам ниҳад ишқ,
Тазарвонро ба бозон сар диҳад ишқ.
Нигаҳ дорад дили мо хештанро,
Валекин аз каминаш барҷаҳад ишқ.

5
Ба барги лола рангомезии ишқ,
Ба ҷони мо балоангезии ишқ.
Агар ин хокдонро вошикофӣ,
Дарунаш бингарӣ хунрезии ишқ.

6
На ҳар кас аз муҳаббат моядор аст.
На бо ҳар кас муҳаббат созгор аст.
Бирўяд лола бо доғи ҷигартоб,
Дили лаъли Бадахшон бешарор аст.

7
Дар ин гулшан парешон мисли бўям,
Намедонам чӣ мехоҳам, чӣ ҷўям?
Барояд орзў ё барнаояд,
Шаҳиди сўзу сози орзўям.

8
Ҷаҳон мушти гилу дил ҳосили ўст,
Ҳамин як қатраи хун мушкили ўст.
Нигоҳи мо дубин афтод, варна
Ҷаҳони ҳар касе андар дили ўст.

9
Саҳар мегуфт булбул боғбонро: "
Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад.
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад.''

10
Ҷаҳони мо, ки нобуд аст будаш,
Зиён тавъам ҳамезояд ба судаш.
Куҳанро нав куну тарҳи дигар рез,
Дили мо барнатобад деру зудаш.

11
Навои ишқро соз аст одам,
Кушояд розу худ роз аст одам.
Ҷаҳон ў офарид, ин хубтар сохт,
Магар бо эзид анбоз аст одам?

12
На ман анҷому не оғоз ҷўям,
Ҳама розам, ҷаҳони роз ҷўям.
Гар аз рўи ҳақиқат парда гиранд,
Ҳамон бўку магарро боз ҷўям.

13
Дило, нороии парвона то кай?
Нагирӣ шеваи мардона то кай?
Яке худро ба сўзи хештан сўз,
Тавофи оташи бегона то кай?


14
Тане пайдо кун аз мушти ғуборе,
Тане маҳкамтар аз сангинҳисоре.
Даруни ў дили дардошное,
Чу ҷўе дар канори кўҳсоре.


15
Зи обу гил Худо хуш пайкаре сохт,
Ҷаҳоне аз Ирам зеботаре сохт.
Вале соқӣ ба он оташ, ки дорад,
Зи хоки ман ҷаҳони дигаре сохт.


16

Ба Яздон рўзи маҳшар барҳаман гуфт:
"Фурўғи зиндагӣ тоби шарар буд.
Валекин, гар наранҷӣ, бо ту гўям,
Cанам аз одамӣ пояндатар буд.

17
Гузаштӣ тезгом, эй ахтари субҳ,
Магар аз хоби мо безор рафтӣ?
Ман аз ноогаҳӣ гум карда роҳам,
Ту бедор омадӣ, бедор рафтӣ.

18Тиҳӣ аз ҳою ҳу майхона будӣ,
Гили мо аз шарар бегона будӣ.
Набудӣ ишқу ин ҳангомаи ишқ,
Агар дил чун хирад фарзона будӣ.

19Туро, эй, тозапарвоз офариданд,
Саропо лаззати бол озмоӣ.
Ҳавас моро гаронпарвоз дорад,
Ту аз завқи паридан пар кушоӣ.

20
Чӣ лаззат, ё Раб, андар ҳасту буд аст,
Дили ҳар зарра дар ҷўши намуд аст.
Шикофад шохро чун ғунчаи гул,
Табассумрез аз завқи вуҷуд аст.

21
Шунидам дар адам парвона мегуфт:
"Даме аз зиндагӣ тобу табам бахш.
Парешон кун саҳар хокистарамро,
Валекин сўзу сози як шабам бахш.

22
Мусалмонон, маро ҳарфест дар дил,
Ки равшантар зи ҷони Ҷабраил аст.
Ниҳонаш дорам аз озарниҳодон,
Ки ин сирре зи асрори Халил аст.

23
Ба кўяш раҳсипорӣ, эй дил, эй дил,
Маро танҳо гузорӣ, эй дил, эй дил?
Дамодам орзуҳо офаринӣ,
Магар коре надорӣ, эй дил, эй дил?


24
Раҳе дар синаи анҷум кушоӣ,
Вале аз хештан ноошноӣ.
Яке бар худ кушо чун дона чашме,
Ки аз зери замин нахле бароӣ.

25

Саҳар дар шохсори бўстоне,
Чӣ хуш мегуфт мурғи нағмахоне:
"Баровар ҳар чӣ андар сина дорӣ
— Суруде, нолае, оҳе, фиғоне!"


Аз Саъдии Шерозӣ
Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист,
Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.
Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,
Танҳо ба ҷои танг туро орамиданист.
Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,
Зеро, ки з-ин ҷаҳон-т ба куллӣ буриданист.
Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,
Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.
Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,
Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист.
Ғарра машав бад-ин гулу бустони рӯзгор,
Боди хазон бад-ин гулу бустон вазиданист.
Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ ба гӯр,
Бо Мункару Накир ҷавоби ту доданист.
Чун «куллу нафс зоиқату-л-мавт» ҳукм шуд,
Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист.
Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,
Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.
Чун ҳазрати Расули Худо дар ҷаҳон намонд,
Касро чи эътимод, ба нобуд буданист.
Саъдӣ, дар ин қафас ки тавон дошт мурғро,
Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.

Борони бомдоди куҳансолӣ
Аз мӯи ман, сиёҳии шабро зудудааст.
Аммо ба таъна, даст намешӯяд аз сарам,
Зеро ҳанӯз ёди саҳаргоҳи кӯдакӣ
Хамчун ғубор мегузарад аз баробарам.
Чашме, ки дурбини дарунам буд,
Омодаи гирифтани тасвири тоза нест.
Зеро навори хоми хаёлам, ба ногаҳон
Аз офтоби пирии ман, нури дида аст.
В-он нур бар навор
Дуздона, сояҳои сиёҳ офаридааст.
Оё шунидаӣ, ки ба якбора рӯшанӣ
Зоте дигар пазираду торикӣ оварад?
Оре, нигоҳ кун:
Рӯзи ҷаҳон, шабест, ки дар зулматаш ҳанӯз
Ин чархи роҳзан
Дандони тобноки маро аз даҳони ман
(Чунонки аз даҳони сухансози Рӯдакӣ).
Чолоку моҳирона ба тороҷ мебарад.
В-он гаҳ, лабони ман
-Хунину талх, чун ласаи холии анор-
Дар орзуи ҷустани дурдонаҳои хеш:
Лабханд мефурӯшаду андӯҳ мехарад.

Акнун дар ин утоқ, ки айвони кӯчакаш
Роҳе ба боғи хотира меҷӯяд,
Дур аз ғубори сабзи дарахтон нишастаам.
Ин ҷо, сипеҳри тираи ғурбатро
Чун сояи ғуруб ба сар дорам.
Зоғе, ки бар фарози сарам бол мезанад:
Андешаи сиёҳи кухансолист.
Боде, ки аз каронаи уқёнус
Бар гунаҳои ин шаби намнок мевазад,
Гӯӣ, ки саргузашти ҷаҳон аст.
(Донам, ки қасди бод, расидан нест,
Зеро ба сӯи ҳеҷ, равон аст.)
Аммо, дар ин сукути шабоҳангӣ
Ман, ҳамчунон ба замзамае гўш мекунам,
К-аз жарфнои ойина, ҳушдор медихад:
Мо: Солхӯрдагони сафаркарда
Дар раҳгузори бод, кам аз баргем.
Мо: Зинда нестем, Худовандо!!
Мо: Зиндамондагони пас аз маргем… Лос-Анчелес – Августи 1990

Аз ашъори Шаҳриёр

Омадӣ, ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро?
Бевафо ҳоло, ки ман афтодаам аз по чаро?
Як газали зебо аз Шаҳриёр
Ҷавонӣ шамъи раҳ кардам, ки ҷӯям зиндагониро,
Наҷустам зиндагонирову гум кардам ҷавониро.
Кунун бо бори пирӣ орзумандам, ки баргардам,
Ба дунболи ҷавонӣ курароҳи зиндагониро.
Ба ёди ёри дерин корвонгумкардаро монам,
Ки шаб дар хоб бинад ҳамраҳони корвониро.
Баҳоре буду моро ҳам шабобеву шакархобе,
Чӣ ғафлат доштем, эй гул, шабехуни ҷавониро.
Чӣ бедорӣ талхӣ буд аз хоби хуш мастӣ,
Ки дар комам ба заҳр олуд шаҳди шодмониро.
Сухан бо ман намегӯӣ, ало эй ҳамзабони дил,
Худоё бо кӣ гӯям шикваи беҳамзабониро?
Насими зулфи ҷонон кӯ?, ки чун барги хазондида,
Ба пои сарви худ дорам ҳавои ҷонфишониро.
Ба чашми осмонӣ гардише дорӣ балои ҷон,
Худоро бармагардон ин балои осмониро.
Намирӣ Шаҳриёр аз шеъри ширини равон гуфтан,
Ки аз оби бақо ҷӯянд умри ҷовидониро.

* * * * * * * * * * * * * *

Шаб ҳама бе ту кори ман, шиква ба моҳ кардан аст,
Рӯз ситора то саҳар тира ба оҳ кардан аст.
Матни хабар, ки як қалам бе ту сиёҳ шуд дар ҷаҳон,
Ҳошия рафтанам дигар нома сиёҳ кардан аст.
Чун ту на дар муқобилӣ, акси ту пеши рӯ ниҳам,
Ин ҳам аз обу ойина хоҳиши моҳ кардан аст.
Ту гули нозанини ман, то ту нигоҳ мекунӣ,
Лутфи баҳори орифон дар ту нигоҳ кардан аст.
Моҳи ибодат асту ман, бо лаби рӯзадор аз ин,
Қавлу ғазал навиштанам, бими гуноҳ кардан аст.
Лек чароғи завқ ҳам, ин ҳама кушта доштан,
Чашма ба гул гирифтану моҳ ба чоҳ кардан аст.
Ғафлати коинотро ҷунбиши сояҳо ҳама,
Саҷдаи кохи кибриё хоҳ−нахоҳ кардан аст.
Аз ғами худ бипурс, к−ӯ бод или мо чӣ мекунад?
Ин ҳам агар чӣ шикваи шаҳна ба шоҳ кардан аст.
Аҳди ту сояву сабо, гӯ бишикан, ки роҳи ман,
Рӯ ба ҳарими Каъбаи лутфи Илоҳ кардан аст.
Гоҳ ба гоҳ пурсише кун, ки закоти зиндагӣ,
Пурсиши ҳоли дӯстон гоҳ ба гоҳ кардан аст.
Бӯсаи ту ба коми ман кӯҳнаварди ташнаро,
Кӯзаи оби зиндагӣ тӯшаи роҳ кардан аст.
Худ бирасон ба Шаҳриёр, эй, ки дар ин муҳити ғам,
Бе ту нафас кашиданам, умр табоҳ кардан аст.

* * * * * * * * * * * * * * * * *

Имшаб эй мох ба дарди дили ман таскини,
Охир эй мох, ту хамдарди мани мискини.
Кохиши чони ту ман дораму ман медонам,
Ки ту аз дурии хуршед чихо мебини.
Ту хам эй бодияпаймои мухаббат чун ман,
Сари рохат наниходи ба сари болине.
Хар шаб аз хасрати мохе ману як домани ашк,
Ту хам эй домани махтоб пур аз парвини.
Хама дар чашмаи махтоб гами дил шуянд,
Имшаб эй мах ту хам аз толеи ман гамгини.
Ман магар толеи худ дар ту тавонам дидан,
Ки туам оинаи бахти губороини.
Богбон хори надомат ба чигар мешиканад,
Бирав эй гул, ки сазовори хамон гулчини.
Найи махзун магар аз турбати Фарход дамид,
Ки канад шукух зи хичрони лаби ширине.
Ту чунин хона куну дил шикан эй боди хазон,
Ки худ инсоф куни мустахики нафрини.
Кай ба ин кулбаи туфонзада сар хохи зад,
Эй парасту, ки паёмовари фарвардини.
Шахриёро агар ойини мухаббат бошад,
Чи човидон дине, ки ба дунёи бихиштойини.
آری حال همه ما خوب است اما تو باور نکن!
سلام!
حال همه‌ی ما خوب است
ملالی نیست جز گم شدنِ گاه به گاهِ خیالی دور،
که مردم به آن شادمانیِ بی‌سبب می‌گویند
با این همه عمری اگر باقی بود
طوری از کنارِ زندگی می‌گذرم
که نه زانویِ آهویِ بی‌جفت بلرزد و
نه این دلِ ناماندگارِ بی‌درمان!
تا یادم نرفته است بنویسم
حوالیِ خوابهای ما سالِ پربارانی بود
می‌دانم همیشه حیاط آنجا پر از هوای تازه‌ی باز نیامدن است
اما تو لااقل، حتی هر وهله، گاهی، هر از گاهی
ببین انعکاس تبسم رویا
شبیه شمایل شقایق نیست!
راستی خبرت بدهم
خواب دیده‌ام خانه‌ئی خریده‌ام
بی‌پرده، بی‌پنجره، بی‌در، بی‌دیوار … هی بخند!
بی‌پرده بگویمت
چیزی نمانده است، من چهل ساله خواهم شد
فردا را به فال نیک خواهم گرفت
دارد همین لحظه
یک فوج کبوتر سپید
از فرازِ کوچه‌ی ما می‌گذرد
باد بوی نامهای کسان من می‌دهد
یادت می‌آید رفته بودی
خبر از آرامش آسمان بیاوری!؟
نه ری‌را جان
نامه‌ام باید کوتاه باشد
ساده باشد
بی حرفی از ابهام و آینه،
از نو برایت می‌نویسم
حال همه‌ی ما خوب است
اما تو باور نکن!

سید علی صالحی

2 комментария:

  1. Як чашми ман аз дарди ҷудоӣ бигирист,
    Чашми дигарам бахил гашту нагирист.
    Чун рӯзи висол расид, онро бастам,
    Гуфтам: «Нагиристӣ, набояд нигарист».
    Сӯҳроби Сипеҳрӣ

    ОтветитьУдалить
  2. Даст бар зулфаш задам, шаб буд, чашмаш масти хоб,
    Мӯ кушодам аз рухаш, гӯё баромад офтоб.
    Гуфтамаш: «Хуршед сар зад, Моҳи ман, бедор шав!!!»,
    Гуфт: «То ман барнахезам, кай барояд офтоб?»
    Сӯҳроби Сипеҳрӣ

    ОтветитьУдалить