пятница, 6 сентября 2019 г.

Мусофир

Марди роҳе ё худ мусофири асиле кохи шоҳро дар зимни суҳбат бо ӯ работ хонд. Шоҳ дилозурда шуду ранҷид ва гуфт: - Оё намебинӣ, ки ин кох аст, на работ?
Марди роҳ гуфт: - Аз кӣ ба ту он мерос мондааст?
Шоҳ изҳор дошт: - Аз падарам.
Марди роҳ пурсид:- Падарат низ онро ба мерос гирифтааст?
Шоҳ гуфт: - Оре.
Марди роҳ боз суол кард: - Агар ту аз дори дунё биравӣ, онро ба кӣ ба мерос мегузорӣ?
Шоҳ посух дод: - Бар писарам.
Марди роҳ гуфт:- Магар ҳанӯз ҳам дарнаёфтӣ маконе, ки дар он пеш аз ту зистанд ва ҳам баъд аз ту мезиянд, работ аст, на кох?
Шоҳ бигрист. Чаро? Чунки андешид ва ҳақиқатро дарёфт. Ин гиря бартару беҳтар аз дигар гиряҳо аст. Бар асари ҳар қатра ашк дар чунин ҳол садҳазор гуноҳ бармехезад. Раҳмати Худовандӣ ба ҷӯш меояд, талотум мекунад ва гуноҳ соҳибашро гум мекунад. Шоҳ бар назди он марди роҳ халтаи пур аз зар ниҳод, аммо ӯ онро нагирифт ва гуфт: «Туро ин зар дилбастаи дунё ва душмани уқбо гардонид. Ман бар ту чи бадиеро раво дидам, ки аз дилбастагии уқбо маҳрумам месозӣ»? Шоҳ зимни посух изҳор дошт: «Ин бар ивази панду насиҳат аст». Марди роҳ гуфт: «Оё ман ба мардуми бозор монандам? Дар ин кор хариду фурӯш нест». Шоҳ гуфт: «Аз ман чӣ мехоҳӣ»? Марди роҳ изҳор дошт: «Ту чӣ дорӣ, то ман бихоҳам? Мебинам, ки ҳеҷ чиз надорӣ». Шоҳ пас аз он аҷзи худро дарёфту ба зорӣ гуфт: «Ҳамин ҳолӣ таом меоранд, маро дар хӯрдани он ҳамроҳӣ бикун»! Марди дарвеш оҳи сард аз дили пурдард баровард ва гуфт: «Вақт бар беҳуда сарф кардам. Бар ҳаво сухан намудам, чун дар ту ҳеҷ асари онро наёфтам. Туро шоҳе дигар дар ин кор метавонад ҳамроҳ бошад, на ман, ки марди роҳам.
Аз романи "Марг" - и устод Абдулқодири Раҳим

Комментариев нет:

Отправить комментарий