пятница, 13 сентября 2019 г.


...Ҳама дидаҳо ба сӯям дӯхта шуданд. Дар оғоз дасту по гум кардам, баъд ба худ омадаму чунин ҳикоят кардам: «Дар деҳаи мо, деҳаи дури кӯҳистон саге буд, бас хурд. Мепиндоштем, ки ӯ бо гузашти сол бузург мешавад, аммо ҳеҷ бузург намешуд. Бар касе кор надошт. На одамеро озор медод, на ҳайвоне хонагиро. Ба соҳибаш мегуфтанд: «Магар дар ин ҷо ба насли саг қаҳтӣ омад, ки ин саги хурдро аз ким- кадом кишвари дур овардӣ»?
Мегуфт: - Магар он шуморо тангӣ кардааст?
Мегуфтанд: - Не, нони маро намехӯрад, аммо барои деҳа айб аст. Ҳеҷ кас охир боре овозашро ҳам нашунидааст. Дарвоқеъ, овоз дорад?
Бечора соҳибаш аз таъну маломат хаста мешуд ва ҳамеша сарафканда буд. Як шаб, чӣ мегӯед, ки гурге хостааст вориди деҳа бишавад. Дигар сагҳои бузург тарсида гурехтаанд. Танҳо ҳамин саг, саги хурд бо гург то ба рӯз муқобилият кардааст. Дар қисмати охири шаб аз он гург захм бармедорад, аммо бо он ҳол ҳам монеаи ворид шудани гург ба деҳа мешавад. Субҳ мардум чун асли воқеаро дармеёбанд ва мебинанд, ки онҳо дар муқобили якдигар қарор доранд, ба тааҷҷуб меафтанд. Ба бузургии неруи он саги хурду вафодории он ба соҳибаш ва аҳли деҳа бовар ҳосил менамоянд. Аммо ҳоли саг бадтар шудан мегирад. Дармеёбанд, ки пас аз чанд муддате бояд бимирад. Ба соҳибаш мегӯянд, маслиҳат медиҳанд, ки сагро бипарронад, то ранҷи ҷонканияшро набинанд ва ҳам  мурдан барои он осон бишавад. Соҳибаш мегӯяд: «Барои ман иҷрои ин кор бисёр душвор мебошад. Мемирам, ба мурдан ризо мешаваму ба ин амал даст намезанам. Не, дастам пеш намеравад. Агар касе аз шумо ин корро ба анҷом мерасонад, марҳамат, ман зид намебароям». Ба ӯ мегӯянд: «Ба ростӣ, мо метарсем, мо аз ин саги ту метарсем. Бо як гург, даранда, ҳайвони ваҳшӣ то ба субҳ муқобилият карду ғолиб омад, мабодо ба мо ҳуҷум биёрад. Аз ту хоҳиш мекунем, ҳайвони безабонро дар ин ҳол во магузор». Оқибат соҳиби саг мераваду аз хона камонро меорад. Ба он дар ҳузури саг тир ворид мекунад. Чашмони саг пур аз об мешавад. Мебинад охир, ки соҳибаш, он нафаре, ки ӯро аз роҳи дур овардаву бо меҳр парварида, ҳолиё мепарронад. Ин гуна мурданро барои худ нанг мешуморад. Неруи нав пайдо мекунад, балки ҳамаи неруи мавҷудаашро ҷамъ меовараду ба сӯи соҳибаш меояд. Онҳое, ки ин манзараро медиданд, метарсанд, ки саг барои ин амали ноҷавонмардона дигар ба соҳибаш ҳеҷ гузаште намекунад ва ӯро пора-пора менамояд. Мехоҳанд ба ёрияш бирасанд, аммо саг, он саги маҷрӯҳ пешдастӣ мекунаду меояд ва пойҳои соҳибашро ба нишони сипосу эҳтироми бузург мебӯсад, балки мелесад ва ҳамон замон, ҳамон ҷо ҷон медиҳад».

Порча аз романи “Марг”-и устод Абдулқодири Раҳим

Комментариев нет:

Отправить комментарий