пятница, 2 июля 2010 г.

Ёди падар.

Хар гох, ки ёди гузашта мекунам, пеш аз хама падарам ёдам меояд. Симои нурони ва чехраи аз гардишу ташвишхои рузгор хастааш беихтиёр пеши ру меояд. Имсол рузи 17 июн ба гузашташ аз ин олами фони 9 соли мелоди пур шуд. Нух аст боз хаётам бе падар мегузарад, аммо хамеш эхсос мекунам, ки у бо ман аст. Панду насихатхояш бо ман аст. Ва хам кафи пур аз дуояш. Умри инсони вокеан хам тез мегузаштааст. Гуё дирузакак буд, ки ба хабаргириаш рафтам. Ва чун харвакта уро болои чонамоз машгули зикру намоз дарёфтам. Дирузакак буд, ки ман чавони 23 сола будам ва имруз аз умрам 31 сол бештар гузашта, аммо хануз рохи хаётро дуруст дарк накардаам. Хаёл мекардам, илм чун гирифти тамом, ту шахси донишманд ва хаётро хуб дарк мекуни, аммо кунун дарёфтаам, ки зиндаги мактаби дигар аст ва падарон устодони бузурги ин мактабанд.
Мехохам ба хобам тез-тез биояд, аммо чунон аз ташвишхои хаёт хаста хобам мебарад, ки дар хобам кариб, ки намеояд. Агар хам ояд, бо хамон симои нурониаш пеши назар меояд, ки пандам медихад. Ва ман дарк мекунам, ки у хаст. Рухи у пандам медихад, то аз рохи рост берун наравам. Сабру тахаммулро ба ман тавсия мекунад ва гуё, ки медонад, ки чи мушкиле дорам ва рохашро танхо ба сабр бояд дарёфт.
Ин хафта бошад рузи 9 июл рузи ба дунё омаданаш аст аз руи шиносномааш. Харчанд, ки мегуфт: "Намедонам, бачам кадом руз ба дунё омадаам, аммо хаминашро медонам, ки 3 сол маро ба шаходатнома бузургам гузаронидаанд ва амаки Абдулмачидат аз ман ду сол калонтар аст, аммо уро дар соли ман гузаронидаанд."
Агар имруз бо мо мебуд, 78 сола мешуд, аммо насиб набудааст ва дар синни 69 солаги бар асари гаму андухи аз рузгор дидааш, комати аз гами фарзандони бармахал аз олам гузашта хамгаштааш, дунёро падруд гуфт.
Вокеан хам ба дили бузург ва ба кисмат сабураш, ки хамаро аз чониби Хак медонист ва шукр мегуфт, ахсан мехонам. Боре фарзандам бемор шуд ва дасту по хурда шудам. Намедонистам чи кунам. Чун Худованд шифоаш дод, падарам хамон замон пеши руям омад, ки рузи марги бародари бузургам, дар беруни хона таъзиякунандагонро кабул мекарду "Инно лиллохи ва инно илайхи рочиун" гуён Худоро зикр мекард. Ва хам боз даруни кабр худаш даромаду фарзандро ба дастони худ ба хок монд.
Гохо мегуфт: "Бачам, дар деха мегуянд, ки Абдулхамид сарвату дорои надорад. Бачам, як шаб хаминро фикр кардаму кариб хобам набурд ва аз гузаштаам ёд овардам. Охир, мисли ман ки аст, ки ин кадар аз наздиконашро аз даст додааст. Пеш аз модарат, бачам, як зану як фарзандамро аз даст додам. Ду бори дигар хонадор шудан хостам, аммо кисмат ба руям нахандид ва чудо шудам. Баъдан 3 бачаи дигарро хар кадом дар 14 то 16 солаги аз даст додам. Баъди солхои чанги дохили бошад, дар пиронсоли ду фарзанди калони дигарро. Дар хар кадоме аз сартахтаги сар карда, то сари сол камаш 3-4 чорвои калон ва чанд сар чорвои хурдро сар буридем. Дигарашро худат хисоб кун, бачам..."
Имсол хам натавонистам дар мохи даргузашташ сари гураш бираваму дуо кунам. Вале хохам рафт. Хохам рафт сари гурашу бахраш фарзандвор дуо хохам кард. Худованд гурашро пурнур ва хонаи охираташро шод гардонад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий