четверг, 21 апреля 2011 г.

ДАЛЕЛХОИ ТАХРИМИ МУТЪА ДАР ХАДИС

Ба номи худованди кодири бехамто
ТАХРИМИ МУТЪА ДАР ХАДИС
Аз "Сахехи Бухорй":
Бухорй дар боби "Охири амри паёмбар (с) нахй аз мутъа буд" меорад:
Абу Чамра мегуяд: "Ибни Аббосро шунидам, ки аз мутъа пурсида мешуд, пас рухсат дод. Мавлои у гуфт: Он дар холати шиддат ва дар холати кам будани занон аст. Ибни Аббос гуфт: Оре." (5116).
Зухрй аз Хасан ва у аз падараш Мухаммад ва аз амуяш Абдуллох ва онон аз падарашон Алй ибни Абу Толиб (р) ривоят мекунанд, ки у ба амузодааш Ибни Аббос гуфт:
"Нахй карданд паёмбар (с) замони Хайбар аз мутъа ва аз гушти хари ахлй"
(Сахехи Бухорй, 5115)
Бухорй ривоётеро зикр мекунад, ки ба маъмул будани мутъа дар аввали ислом ишора мекунад:
-Саламаи Акваъ (р) мегуяд: "Дар лашкар будем. (Яъне замони фатхи Макка) Фиристодаи паёмбар (с) ба назди мо омаду гуфт: Ба шумо изн дода шуд ба мутъа кардан, пас мутъа кунед!"
-Саламаи Акваъ (р) аз расулуллох (с) ривоят мекунад: "Кадом марду зане чун иттифок карданд, пас ишрати онон се шаб аст, агар хоханд, ки боз зиёд созанд ва ё тарк кунанд, пас тарки хамдигар кунанд." Салама мегуяд: "Намедонам, ки он хос барои мо буд ва ё ба оммаи мардум?!"
Бухорй пас аз зикри инхо, ривоят мекунад, ки Абу Абдуллох гуфт: "Ба тахкик Алй (р) аз паёмбар (с) мансух (харом) будани мутъаро баён кард."
(Сахехи Бухорй, поёни ривояти 5119)
Аз "Сахехи Муслим":
Муслим дар боби "Мутъа мубох буду пас аз он мансух шуд, боз мубох шуду пас аз он мансух шуд ва то рузи киёмат харом гардид" меорад:
-Иёс ибни Салама аз падараш ривоят мекунад, ки гуфт: "Паёмбар (с) рухсат дод ба мутъа соли Автос се руз, сипас аз он нахй кард." (Сахехи Муслим, 3404).
-Рабеъ ибни Сабраи Чуханй аз падараш меорад, ки гуфт: Паёмбар (с) ба мо барои мутъа изн дода буд. Сипас паёмбар (с) аз он манъ карда фармуд: "Харки дар назди у аз занони мутъа бошад, пас онхоро рахо созад."
(Сахехи Муслим, 3405)
-Абдулъазиз ибни Умар гуфт: Паёмбарро дидам, ки байни рукни Каъба ва дари он рост истода буду мегуфт: "Эй мардум! Ман ба шумо мутъаи занонро изн дода будам. Хароина худованд онро то ба рузи киёмат харом кард. Харки чунин занон наздаш бошанд, пас онхоро рахо созад ва аз ончи ба онхо додаед, нагиред!"
(Сахехи Муслим, 3409)
Ва боз алфозеро ба ин маъно ривоят мекунад:
-"Амр карда буд паёмбар (с) моро ба мутъа соли фатхи Макка ва пеш аз он, ки аз Макка хорич шавем аз он нахй кард."
(Сахехи Муслим, 3410)
-"Паёмбар (с) найх карданд аз никохи мутъа."
(Сахехи Муслим, 3412)
-Паёмбар (с) фармуд: "Бидонед, ки мутъа харом аст, аз ин руз то ба рузи киёмат."
(Сахехи Муслим, 3416).
Аз "Сунан"-и Абу Довуд:
Абу Довуд аз Зухрй ривоят мекунад, ки гуфт: Назди Умар ибни Абдулъазиз доир ба мутъа сухбат мекардем. Марде бо номи Рабеъ гуфт: Гувохй медихам бар падарам Сабра (р), ки у аз расулуллох хадисеро ривоят кард: "Паёмбар (с) дар хаччи видоъ аз мутъа нахй кард."
(Сунани Абу Довуд, 2072).
Абу Довуд боз ривояти дигареро бо ин маънй меорад.
(Сунан, 2073).
Аз "Сунан"-и Тирмизй:
Тирмизй пас аз зикри ривояти Алй (р) доир ба нахй аз мутъа ва хари ахлй дар Хайбар (Сунан, 1124), мегуяд:
"Дар ин боб аз Сабра (р) ва Абу Хурайра (р) низ хадиси сахех ривоят шудааст, ки ахли илм аз сахобагон ва гайрахо ба он амал карданд. Аз Ибни Аббос (р) чизе аз рухсат дар ин мавзуъ накл шудааст, ки у боз аз он кавлаш баргаштааст, вакте аз паёмбар (с) ба у доир ба он хабар дода шуд".
(Сунани Тирмизй, ч:2, боби 28, сах: 365).
Тирмизй ривояти дигареро аз Суфёни Саврй меорад, ки Ибни Аббос (р) гуфт: "Мутъа дар аввали ислом буд. Мард агар ба шахре меомад ва касеро намешинохт, бо ягон зане издивоч мекард ба микдоре аз мол, ки ба раъйи у барои киёми хочатхояаш кофй бошад. Он зан чизхои уро мухофизат мекард ва корхои уро ба ислох меовард. То он, ки ин оят нозил шуд:
إلا علي أزواجهم أو ما ملكت أيمانهم.
"Муъминон касонеанд, ки андомхои худро нигох медоранд, магар аз занхояшон ва канизхояшон."
(Сураи Муъминун, 6).
Ибни Аббос гуфт: Пас хар фарче, чуз зану каниз харом аст."
(Сунани Тирмизй, 1125).
Аз "Сунан"-и Насой:
Насой аз Хасан ибни Мухаммад ривоят мекунад: "Алй (р) хабар ёфт, ки марде мегуяд, ки мутъа боке надорад. Ба он шахс гуфт: Ту марде хайратзада ва берун аз рохи ростй! Хароина паёмбар (с) мутъа ва хари ахлиро рузи Хайбар харом гардонидааст."
(Сунани Насой, 71/3365).
Насой ба ин мазмун боз ду ривояти дигар (3366, 3367)-ро зикр мекунад.
Ривояти дигареро аз Сабраи Чуханй (р) меорад, ки гуфт: "Вакте паёмбар (с) изни мутъаро доданд, ман бо марде ба суи зане аз кабилаи Бани Омир рахсипор шудем. Он зан гуфт: Чй медихед? Хар як аз мо гуфтем: Ридо (чома)-амро. Ридои дустам бехтар аз ридои ман буд ва ман чавонтар аз у будам. Чун он зан ба ридои у назар мекард, писандаш меомад ва чун ба ман менигарист маро меписандид. Гуфт: Ту ва ридои ту кофист! Бо у се руз будам. Сипас расулуллох (с) фармуд: "Касе наздаш аз занони мутъа бошад, пас онхоро рахо созад!"
(Сунани Насой, 3368).
Ин кисса дар Сахехи Муслим (3406) низ омадааст ва дар он зикр шудааст, ки он ходиса дар замони фатхи Макка буд.
Аз "Сунан"-и Ибни Моча:
Паёмбари акрам (с) фармуданд: "Эй мардум! Ман ба шумо мутъаи занонро изн дода будам. Хароина худованд онро то ба рузи киёмат харом кард. Харки чунин занон наздаш бошанд, пас онхоро рахо созад ва аз ончи ба онхо додаед, нагиред!"
(Сунани Ибни Моча, 44/1962).
Ибни Моча аз Ибни Умар (р) ривоят мекунад: Вакте Умар (р) халифа шуд, дар хутбааш ба мардум гуфт: "Изни мутъа аз паёмбар (с) се бор буд, сипас онро харом гардонид. Касам ба худо, ки агар бидонам, ки шахси мухсине (оиладор) мутъа кардааст, пас уро сангсор хохам кард, магар ин, ки чор шохид биёрад ва гувохй диханд, ки паёмбар (с) баъди он харом карданаш боз халол карда бошад."
(Сунани Ибни Моча, 44/1963).
Киссаи Сабраи Чуханй бо дусташ, ки дар Сунани Насой (3368) ва Сахехи Муслим (3408) омадааст, зикр шудааст, ки он ходиса дар замони фатхи Макка буд. Ибни Моча низ ин киссаро ривоят кардааст, дар он ба чои "фатхи Макка" "хаччи видоъ" зикр шудааст, ки ин галат аст.
Тахрими мутъа дар дигар китобхои хадис:
Ончи аз ривоёти тахрими мутъа дар сахехайн ва сунани чоргона зикр кардем, дар тамоми китобхои дигари хадис низ мазкур аст.
Ибни Хиббон дар "Сахех"-аш аз Абу Хурайра ривоят мекунад, ки паёмбар (с) фармуданд: "Мутъаро никох, талок, идда ва мерос нобуд сохт."
Ин хадисро Байхакй низ дар "Сунан" аз Саъид ибни Мусаййиб ва Доракутнй (3/259) аз Абу Хурайра (р) низ ривоят мекунанд.
Ибни Хачар ин хадисро хасан гуфтааст.
Шавконй пас аз тахлили хадис мегуяд: Ин хадис бо шохидхои он хасан аст, ки салохияти истидлолй дорад.
(Найл-ул-автор, ч:6, сах:144).
Таълифи Абу Абдурахмон Фаромарз

Комментариев нет:

Отправить комментарий