среда, 7 декабря 2011 г.

Шеъре аз Махди Ахавони Солис

Лаҳзаи дидор наздик аст,
Боз ман девонаам, мастам.
Боз меларзад дилам, дастам.
Боз гӯӣ дар ҷаҳони дигаре ҳастам.
Лаҳзаи дидор наздик аст.
Ҳой! Нахарошӣ ба ғафлат гунаамро теғ,
Вой, напарешӣ сафои зулфакамро бод.
Абрӯямро нарезӣ дил,
Эй нахӯрда, маст,
Лаҳзаи дидор наздик аст!

Комментариев нет:

Отправить комментарий