четверг, 3 января 2013 г.

Cе суоли биҳиштӣ аз Қуръон

      Ҳама афроди бо имон бояд дар ҳама чиз ва дар ҳама ҳол олӣ бошад, ҳатто дар таманнои биҳишт ба мароҳили пойинтар қаноат накунад, ҳар чанд мароҳили пойинтар ҳам ғарқи неъмат аст.
     Ҳам аз оёти Қуръон ва ҳам аз ривоёт ба хуби истифода мешавад, кибиҳишт дарҳое дорад, вале ин теъдоди дарҳо на ба хотири он аст, ки иддаи воридшавандагон ба биҳишт онгунаанд, ки агар бихоҳанд аз як дар ворид шаванд, тавлиди заҳмат мекунад ва на аз ҷиҳати он аст,як навъ тафовути гуруҳе ва табақоте вуҷуд дорад, ки ҳар гуруҳе вазифадоранд аз як дар ворид шаванд ва на барои наздикӣва дурии роҳ аст ва на ба хотири зебойи ва гуногунӣ ва на ба хотири зиёдии дарҳо!
     Усулан дарҳои биҳишт, ҳамонанди дарҳои дунё, ки дар дохили боғҳо, қасрҳо ва хонаҳо мегузоранд нест, балки ин дарҳо ишора ба аъмол ва корҳое аст, ки сабаби вуруд ба биҳишт мешаванд. Дар порае аз ахбор мехонем, биҳишт дарҳое бо номҳои мухталиф дорад, аз ҷумла даре дорад, ба унвони«Боб-ул-муҷоҳиддин»(дари муҷоҳиддон) номида мешавад ва муҷоҳидони мусаллаҳ ба ҳамон силоҳе, ки бо он ҷиҳод кардаанд, аз он дар вориди биҳишт мешаванд ва фариштагон ба онҳо хушомад мегўянд.
     Дар ривоят мехонем: бидонед, ки биҳишт ҳашт дар дорад, ки масоҳати ҳар даре аз онҳоба андозаи чиҳил сола роҳ аст.
      Ин худ нишон медиҳад, ки «дар» дар ин гуна мавридҳо , мафҳуми васеътар аз он чӣ дар таъбироти рўзона гуфта мешавад, дорад.Ва ҷолиб ин аст, ки дар Қуръон мехонем: «Ҷаҳаннам ҳафт дардорад».(Сураи Ҳиҷр, ояти 44)
     Тибқи ривоят биҳишт дорои «ҳашт»дар аст. Ишора ба инки тарафи дарёфт ба саодати биҳишти ҷовидон, аз тарафи дарёфт ба ҷаҳаннам бештар аст ва раҳмати Худованд бар ғазаби Ў пеши мегирад.

    Манзур аз «Ҷаннат-ул маъво» чист?

      Ҷаннат-ул-маъво, ба маънои биҳиште аст, ки маҳалли сукунат аст. Ва ин кадом биҳиште аст? Дар миёни муфассирон гуфтугўаст, баъзе онро ҳамон «биҳишти ҷовидон» медонанд, ки дар интизори тамоми аҳли имон ва парҳезкорон аст ва махалли онро дар осмон ва ояти 19-ўми сураи «Саҷда»-ро шоҳид бар он мегиранд: «Барои муъминони солеҳ-ул-аъмол боғҳои биҳиште астдар он сокин мешаванд ва ин василаи пазиройи аз онҳост, дар муқобили аъмоле, ки анҷом медоданд»; чаро ки ин оя ба ҳамроҳи ояти баъд аз он, мусаламан аз биҳишти ҷовидон сухан мегўяд. Худованд дар ҷойи дигар мефармояд: «Барои рафтан ба сўйи мағфирати Парвардигор ва биҳиште, ки вусъати он осмонҳо ва замин аст, бар як дигар пешӣ гиред». (Сураи Оли Имрон, ояти 133)
      Баъзе ин маъниро баъид шумурдаанд, зеро зоҳири ояи мавриди баҳс нишон медиҳад, ки «Ҷаннат-ул-маъво» дар осмон ва ғайр аз биҳишти ҷовидон аст, ки вусъати он ба андозаи тамоми осмонҳо ва замин мебошад. Гоҳе онро ба ҷойгоҳи махсусе аз биҳишттафсир кардаанд, ки дар канори «Сидрат-ул-мунтаҳо» ва маҳалли хосон ва мухлисон аст. Ва гоҳе гуфтаанд ба маънии биҳишти барзахи аст, ки арвоҳи шуҳадо ва муъминон, муваққатан ба ончо мераванд.
     Тафсири охир, аз ҳама муносибтар ба назар мерасад ва аз умуре, ки ба равшанӣбар он гувоҳӣмедиҳад, ин аст ки дар бисёре аз ривояти шаби «Меъроҷ» омадааст: Паёмбар салаллоҳ алайҳи вассалам иддаеро дар ин биҳиштимуттанаъим дид, дар ҳоле ки медонем ҳеҷкас дар биҳишти ҷовидон қабл аз рўзи қиёмат ворид намешавад, зеро ояти Қуръон ба хубидалолат дорад, ки парҳезкорон дар қиёмат, баъд аз ҳисобу китоб вориди биҳишт мешаванд, на билофосила баъд аз марг ва арвоҳи шуҳадо низ дар биҳишти барзахи қарор доранд, зеро онҳо низ қабл қиёми қиёмат вориди биҳиштӣҷовидон намешаванд.

                Фирдавс бартарин манзилгоҳи биҳиштиён

     Фирдавс,бартарин ҷойгоҳи биҳишт аст ва дар оёти Қуръон омада, ки Фирдавс манзилгоҳи афроди бо имон ва соҳибони аъмоли солеҳ аст.
       Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Касоне ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд, боғҳои Фирдавс манзилгоҳашон аст». (Сураи Каҳф, ояти 108)
      Ба ҳар фарде, ки имон ва амали солеҳдорад, ишора намекунад, балки дараҷаи волое аз назари имон ва амали солеҳро меъёр барои дохил дар Фирдавс қарор додааст, ҳар чанд зоҳири оя мутлақ аст, аммо таваҷҷуҳ ба мафҳуми «Фирдавс» онро муфид мекунад.
      Дар сураи «Муъминун» сифоти ворисони Фирдавсро баён мекунад. Ҳадди аълое аз сифоти муъминонро зикр карда, ки дар ҳама афрод вуҷуд надорад ва ин худ наздик бар ин аст, ки: сокинони Фирдавс бояд дорои сифоти бартар, илова бар имон ва амали солеҳбошанд.
       Ва низ ҳамин далелро дар ҳадиси Паёмбар салаллоҳ алайҳи вассалам мехоне, ки мефармояд: «Ҳар вақт аз Худо тақозои биҳиштро мекунед, махсусан тақозои Фирдавс кунед, ки ҷомеътарин ва комилтарин манзилгоҳи биҳишт аст».
     Бадеҳи аст, касе ки чунин тақозоеаз Худо мекунад гўёбояд худро барои расидан ба чунин мақоме омода кунад, гўёбояд ҳадди аксар талошвакушишробарои касби бартарин сифоти инсонӣва анҷоми солеҳтарин аъмол ба харҷдиҳад. Бинобарин инҳо, ки мегўянд: Худо кунад мо ба биҳишт роҳ биёбем, ҳар чанд дар пойинтарин мароҳили он бошем, афроде ҳастанд, ки аз ҳиммати волои муъминони ростин баҳраи кофӣ надоранд.

                                                                        Таҳияи Назифаи Мўсо

Комментариев нет:

Отправить комментарий