суббота, 28 декабря 2013 г.

Тафсири сураи Инфитор


                                           Сураи Инфитор                                  
(баргирифта аз рўи тафсири "Маъорифул-Ќуръон" – таълифи Мавлоно Муњаммадшафиъи Усмонии Девбандї (р) ва тафсири "Тайсирур-Рањмон"-и Абдуррањмони Саъдї) ба таври хулоса                                       
Сураи Инфитор Маккї буда, дорои 19 оят аст.
Ба номи Худованди бењад мењрубон ва бенињоят борањм. Ин сура маънояш онест, ки дар сураи Таквир зикр шудааст.
(1) Изас-само'унфатарат.
Ваќте, ки осмон шикофта шавад.
Яъне мурод рўзи ќиёмат аст, ки дар он осмон шикофта шавад ва атмосфераи осмони дунёст шояд, ки чун шикофта шавад, системаи њаёт дар Замин барњам хўрад. Ё гуфтаанд, ки барои нузули малоика шикофта хоњад шуд. Инфитор-иншиќоќ, шикофта шудан.
(2) Ва изал-кавокибунтасарат.
Ва њар гоњ, ки ситорагон фурў резанд.
Чун низоми олам (чї осмону чї замин)барњам хўрад ва гардиши замину осмон вайрон шавад, пас ситорагон, ки онњо аз санганд (дар сураи Мулк зикраш дар ояти 5)фурў резанд ва зебоиашон аз байн раваду тира гарданд.
(3) Ва изал-бињору фуљљират.
Ва њар гоњ, ки бањрњо ба љўш омада равон гарданд.
 Бањрњои шўру ширин ба њам омехта гарданду равон шаванд.  Ва њама бањрњо як шаванд.
(4) Ва изал-ќубуру буъсират.
Ва њар гоњ, ки ќабрњо шикофта шаванд.
 Ин воќеаи чорум баъди дамидани дуввум маротибаи Сўр аз љониби Исрофил (а) аст. Яъне мурдагон бо дамидани Сўри дуввум аз ќабрњо зинда шаванду берун оварда шаванд ва барои њисобу китоб њозир гардонда шаванд.
(5) Ъалимат нафсун мо ќаддамат ва аххарат.
Медонад њар нафс он чї аз пеш фиристода ва он чї пушти сар гузоштааст.
Чун ин воќеањо рух дињанд ва инсон, ки дубора зинда гардонида шавад, њар шахсе кирдорњои гузаштаву ояндаи худро хоњад донист. Маќсад он аст, ки инсон аз хоби ѓафлаташ бедор мешавад ва сазои аъмоли худро мебинад. Бинобар ин, барои огоњї бар ин ѓафлаташ ба ў гуфта мешавад:
(6) Ё айюњал-инсону мо ѓаррака бираббикалғкарїм (и).
Эй инсон, чї чизе фиреб дод туро аз Худои каримат?
Чї чиз туро водор кард, ки Парвардигори кариматро ба фаромўшї биспорї? Ин гуфта аз рўи сарзаниш барои инсонест, ки њуќуќи Худоро адо накардааст.
(7) Ал-лазї халаќака фасаввока фаъадалак (а).
Он ки туро офарид, боз дуруст кард туро (аъзоятро) , боз баробарат кард (муътадилќоматат кард).
 Он зоти бузурге, ки туро офарид, дар њоле, ки набудї. Пас аъзои туро дуруст кард, дар њоле, ки дар шиками модар љанин будї ва нишоне аз ту набуд. Дар бењтарин сурат офаридат, ки аз њама махлуќоти рўи олам зеботарин ва боаќлтарин њастї. Боз аъзои бадани туро муътадил гардонид, ки як даст аз дасти дигарат ва ё як пой аз пои дигарат каму зиёд нест. Ин љо бори дигар бузургии Каломи Парвардигор ошкор мешавад, ки инсонро чї гуна зебову муътадил ва умуман њастиро чї ќадар зебову нотакрор офаридааст.
(8) Фї айи суратин мо шо'а раккабак (а).
 Дар њар сурате, ки хост (аъзои) туро таркиб дод.
Эътидолу рост ва муносиб  кард андоми туро. Бо вуљуди ин њама, эй инсони Худоношинос,оё дуруст аст, ки Худоро нашносї ва неъматњояшро нодида бигирї?
(9) Калло бал туказзибуна бид-дин (и).
 Њаргиз на, балки (боз) дурўѓ мешуморед рўзи љазоро.
 Бо ин њама инсон (инсони кофир)  маѓрур шуда, аз маѓрурии худ боз намеояд ва рўзи љазову сазо, ки дар он маѓруриаш шикаста мешавад, дурўѓ мешуморад. Яъне бо овардани оятњои пеш оиди офариниши инсон, ки бояд донад, ки Холиќу Офаридгори бузургаш Аллоњ таъолост, бо вуљуди ин њама инсони кофир рўзи ќиёматро, ки дар зинда гардонида мешаваду аз кирдорњои пешинаш суол карда хоњад шуд, инкор мекунад.
(10) Ва инна ъалайкум лањофизїн (а).
 Ва ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
Малоике бар шумо муќаррар гардондаем, ки аъмоли шуморо ёд доранду сабт мекунанд. Онњо фариштагонеанд, ки:
(11) Кироман котибїн (а).
  Соњибиззатанд нависандагони аъмол.
назди мо соњибиззатанду тамоми аъмоли шуморо менависанд.
(12) Яъламўна мо тафъалўн (а).
Медонанд он чї шумо мекунед.
Ягон амали шумо барои онњо пинњон нахоњад монд ва њар љї дар пинњону ошкор ба анљом расонед, онњо медонанду менависанд. . Хоњ аъмоли ќалбї бошад, хоњ аъмоле, ки ба аъзои бадан анљом додаед. Пас дар рўзи ќиёмат тамоми ин аъмол ба пешгоњи Худованд арза хоњад шуд ва дар иваз сазои муносибе ба онњо хоњад расид.
(13) Иннал-аброра лафї наъїм (ин).
Яќинан накукорон дар неъматанд (бињиштанд).
Инсонњои накукор дар осоишанд. Бинобар сабаби аъмоли хубу савобе, ки ќаблан фиристода буданд. Аброр касонеанд, ки таќво доранду њаќќи Худову бандагонашро адо мекунанд. Подошашон неъматњост дар ќалб, рўњ ва дар бадан. Дар дунё, олами барзах ва дар љаннат.
(14) Ва иннал-фуљљора лафї љањїм (ин).
 Ва яќинан гунањкорон дар дўзаханд.
Ва куффору гунањкорони сахт (мушрикину кофирон)  дар дўзахи сўзон барои аъмоли бадашон, ки ќаблан карда буданд, љазо дода мешаванд. Фуљљор касонеанд, ки њаќќи Худову бандагонашро адо намекунанд. Аъмоли ќалбї ва баданиашон њама фуљур аст. (расвої.) Дар азоби алиманд дар дунё ,ки осоиши ќалбиву имонро дарнамеёбанд ва дар олами барзах (ќабр) ва дар љањаннами сўзон.
(15) Яславнањо явмад-дїн (и).
  Дароянд дар љањаннам рўзи охират.
Дар охират чун номаи аъмоли онњо ба дасти чап ё аз пушт дода шуд, ба адли илоњї ба дўзах дароварда мешаванд.
(16) Ва мо њум ъанњо биѓоибїн (а).
 Ва нестанд онњо аз он људошаванда.
Дар дўзах онњо њамеша мемонанд ва наметавонанд аз он ѓоиб бошанд (фирор кунанд ё рањо ёбанд.) Намемиранд ва на аз азоб халосї доранд.
(17) Ва мо адрока мо явмуд-дїн (и).
Ва ту чї медонї, ки чист рўзи љазо?
Барои бузургии зикри Рўзи Ќиёмат Худованд инро мепурсад.
(18) Сумма мо адрока мо явмуд-дїн (и).
Боз њам ту чї медонї, ки чист рўзи љазо?
Батакрор мегўем, ки чист Рўзи љазо? Ин аз рўи њавлнокии Рўзи љазост, ки аќлњоро ба њайрат меорад.
(19) Явма ло тамлику нафсун линафсин шай'ан вал-амру явмаизин лиллоњи.
           Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натавонад кард ва дар он рӯз фармон азони Худо бошад.
Он чунон рўзест, ки њељ кас ба дарди каси дигар намехўрад, яъне касе парвои касе надорад, инчунин касе наметавонад каси дигареро, хоњ аз наздиконаш аст ва ё дўстонаш аз азобњо, пурсишњо ва сазои аъмол дастгирї намояду фоидае бахшад ва ё зарареро дур созад, њарчанд дар наздикиаш бошад, ё дар масофаи дуртар. Зеро њар кас дар фикри худ аст. Њукм ва њукумати комил он рўз азони Аллоњи мутаъол аст. Њељ касе бар Ў таъоло ѓолибу ќоњир нест. Њаќро барпо медорад ва аз золим њаќќи мазлумро меситонад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий