воскресенье, 31 марта 2013 г.

Хештанро бо ғаму андӯҳ накуш ! Қиссаҳои воқеъӣ

     Як шогирде доштам ба номи Саъдӣ, ки тақрибан як ҳафта ба дарс ҳозир нашуд. Рӯзе ӯро дар назди дорухонае дидаму гуфтам: - Саъдӣ чӣ ҳол дорӣ? Чаро  як ҳафта боз дар дарс намебинамат? Гуфт : Ҳеҷ гапе нест, ҳама хуб аст. Вале аз чеҳрааш возеҳ буд, ки чӣ мусибате рух додааст. Пофишорӣ намудам, ки чӣ мусибате бошад, ба ман бигуй.
   Саъдӣ гуфт : Писарам бемор аст ва ҷигараш варам кардааст. Боз чанд рӯз  қабл табибон дар хунаш микроби хатарноке пайдо намуданд, ки хело манфӣ аст ва ин микроб ба димоғи писарам асари манфӣ гузоштааст. Аз ҳуш ва суҳбат намудан оҷиз аст.
    Гуфтам : Ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ. Сабр кун бародарам ва аз Худованд шифо талаб кун. Агар  Худованд барояш шифо навишта бошад, иншоаллоҳ  шифо меёбад ва агар на, пас дар рӯзи қиёмат  дастгират хоҳад гашт.
Гуфт : Устод фарзандам тифл нест. 
Гуфтам : Чанд сола аст? 
Гуфт : Ҳабдаҳсола.
Гуфтам : Аз Худованд оҷизона талаб менамоем, ки писари шуморо  шифо диҳад ва дар фарзандони дигари шумо баракат бидиҳад.
      Ин ҳангом сарашро поён кард ва чунин гуфт: Устод ман ба ҷуз ин писар дигар фарзанде надорам. Худованд бароям фарзанди дигаре надодааст ва боз бинед, ки инаш ҳам дар ин ҳол аст.
      Чун воқеъан дидам,ки ҳолаш хеле вазнин ва аз ҳаёт маъюс аст, ба ӯ  гуфтам : "Бародари гиромиам,  худро бо ғаму андӯҳи сахт маяфкан, зеро хуб медонӣ, ки моро он чизеро, ки Худованди таборак ва таъоло барои мо навиштааст, он мерасад."
    Пас аз гуфтугузор дидам, ки дар чеҳрааш табассуме пайдо гардиду гуфт: Бале рост мегуед. Воқеъан чунин аст, вале инсон ҳамеша мехоҳад як коре бикунад, ноогоҳ аз он, ки "Ту мехоҳӣ ман мехоҳам, вале мекунад Худованд он чиро, ки Худаш мехоҳад." Пас вақто, ки чунон аст, чаро хешро бо ғаму андӯҳ биафканем, дар ҳоле, ки мо ба ҷуз бандагони Худо чизи дигаре нестем ва ончи Ӯ бихоҳад ҳамон мешавад, на чизи дигар.
        Боз мехоҳам як фоҷеъаи дигареро дар инҷо бароятон қисса кунам, ки мусибати ин дуввумӣ хело вазнинтар аз аввалӣ аст.
      Ба яке аз ноҳияҳои зебоманзари кишвар сафар доштам ва дӯсте доштам ба номи Холид. Чун бо ӯ соате нишастам ва наздики намози пешин шуд, гуфтам, биё намозро мехонем. Гуфт: биё бо ман баъди намоз ба таъзияи як рафиқе, ки хеле марди наҷибу хубест ва дар ноҳия ӯро ҳама эҳтиром мекунад ба номи Абдулғаффор биравем. Уро мусибати бузурге расидааст, хуб аст, то рафта, таъзия баён кунем. Гуфтам: майлаш меравем.
   Аз Холид пурсидам, ки ба ман бигуй, ки ба чи мусибати бузурге гирифтор шудааст ин рафиқи шумо Абдулғаффор?
Холид гуфт : Писари калонаш бо ҳама аҳлу оилааш ба шаҳри Душанбе дар мошини ланкрузер сафар намуданд ва мошин бо ҳама аҳлу оилааш ба дарё рафтааст ва касе аз он 11 нафар зинда набаромадааст. Худаш ҳам бояд дар он аруси иштирок мекардааст вале коре пеш мебарояд ва ин Абдулғаффори рафиқи мо дар шаҳри Хуҷанд боқи мемонад ва чунин ҳодиса рух медиҳад аз ин оила танҳо худаш боқи мемонаду бас.
Намози зуҳрро гузоридем ва рафтем ба хони ин марди мусбатзада Абдулғаффор. Ҳангоме,ки дохил шудем як марди панҷоҳсолаи зебо сурате моро пешвоз гирифт ва бо Холид як дигарро ба оғуш гирфтанд ва осори ваҳшат ва яъс дар чеҳрааш намудор буд вале гиря ва сухани ноҷое нашунидам аз ин мард. Дар назди мо нишаст ва чунин гуфт бар сари ҳама фарзанди инсон мусибати марг меояд вале ба чунин ҳодисае бар сари ман омадааст кам ҳодисотеро дидаам, вале Худоро шукр мегуям, чун мо ҳама аз Худоем ва ба суйи Ӯ боз хоҳем гашт. То ин ҳангом ором буд вале ашк гулугираш намуд ва чунин гуфт: 4 рӯз мешавад, ки наметавонам хоб равам, чизе бихурам ва бо касе суҳбат кунам, вале чун шуморо дидам, ба худ гуфтам, мехоҳам бо шумо каме дарди дил кунам. Ман 4 рӯз аст аз сузиши дил гирди хонаам давр мезанам ва ҳолате ҳам шуд,ки хокҳоро бар сарам молидам, ки ин мусибат ва имтиҳонро Худованд насиби ман намӯд, то маро озмоиш кунад, вале ман шукр мегуям ва розиям аз ҳар чи бар сарам омада аст. Ба хонаи духтарам Суман дохил мегардам, духтарам имсол ҳаждаҳсола шуда буду сандуқҳо ва либосҳои арусиашро омода намуда будем ва пас аз 2 моҳ туй дошт, вале насибаш накард. Ду писари дигарам, ки яке 15 сола ва дигаре 13 сола буданд ба хонаи хобашон медороям ва он ҳуҷраро мебинаму чашмонамро мепушам ва ҳардуи он писараконамро дар онҷо тасаввур мекунам,ки дадаҷон гуфта маро ба оғуш мегиранд. Ду набераи хурдакакам Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон, ки 4 сола ва 6 сола буданд, онҳо, ки медаромадам бобоҷон гуфта медавиданд ва шикоят менамуданд, ки ину он. Ин ҳангом ончунон гиря гулугираш кард, ки дигар сухан гуфта наметавонист... Ва ҳамеша шукр, эй Худовандам маро ба ин имтиҳон мубтало намуди, вале ман розиям мегуфт. Ман ва дустам Холид аз он мард карда зиёдтар мегиристем, бовар кун, касе агар тинати инсони дар ӯ бошад, дар чунин ҳодисоти талх худро дошта наметавонад. Каме нишаст ва боз бахшиш пурсон аз наздамон хест ва меҳмонони дигарро хушомадед мекард ва бо ҳама суҳбат мекард. Шахсе агар намешинохт Абдулғаффорро фикр намекард, ки ин мард азодор аст, он қадар худро ором вонамуд мекард. Бале хонандаи гироми агар ин Абдулғаффор худро ба даст намегирифт воқеъан аз ғам ва андӯҳ мемурд, вале сабр ва истиқомат дар бало ва мусибат ин кори мардон ва занони бузург аст.
   Аз ин хотир моро мебояд ҳамеша дар ҳама мусибати бар сарамон меомада сабур,шакебо,пуртоқат ва ба Худо онро ҳавола кардан даркор зеро ончи бар сарат омада аст аз тоқати мо ва ту инсони заъиф берун аст ва мо ва туро тавони ду бора барқарории он нест ва ё тавони дубора зинда кардани мурдае нест барои ин набояд барои мусибате бар срамон омада ончунон ғамгин ва андуҳгин шавем,ки саломатии худро аз даст бидиҳем ва худро дар мусибат бигузорем.
Ин мардумон дар чунин мусибатанд ва мусибатҳое низ ҳастанд,ки аз ин ду қиссаи манҳам вазмин тар ва талх тар бошанд, вале занҳои мо ва шумо инҳоро на мехонанд ва на мехоҳанд, ки аз чунин ҳодисот хабар дор гарданд, доимо дар фикри чианд?
Барои чӣ хонаи мо куҳна аст? Барои чӣ асос ва лавозимоти манзиламон зебо нестанд? Барои чӣ пардаи хонаамонро як сол шуд иваз намекунем? Барои чӣ либоси зани ҳамсоя аз муди ҷадид аст аз ман не ? Барои чӣ ва барои чӣ. Вале бе хабар аз он ҳодисоти талхе мегузарад ҳар рӯз дар ҳамон шаҳре, ки зиндагони доред дар ҳамон ноҳия дар ҳамон кучае, ки зиндагони доред. Танҳо ҳаёт моддиётро медонанд бе хабар аз он,ки шавҳарат солим фарзандат солим хонаат обод шикамат сер ва ..... Вале инҳоро як чизи одди ва ночиз мешуморанд дар ҳоле, ки солимии оила ва осуда будани он худ бузургтарин неъматест,ки ҳама аз неъмат бархурдор нестанд. Намехоҳам мақоларо ба дарозо барам иншоаллоҳ, ки мақсади маро фаҳмидед ва ба он амал хоҳед кард хоссатан бонуҳои мусалмони тоҷик.


суббота, 9 марта 2013 г.

Ҳақи модар

         Дар замони ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) саҳобае бо исми Алкама буд, ки дар ибодат машҳур буд. Бистарӣ шуд. Саломатияш хуб набуд. Рӯзе аз Алкама хабар омад. Вазъи саломатии Алкама лаҳза ба лаҳза вазнин мешуд, аммо рӯҳашро таслим карда наметавонист. Калимаи шаҳодатро зикр кардан барояш душвор буд. Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳолати маънавии Алкамаро аз саҳобаҳо пурсид. Саҳобаҳо ҷавоб доданд, ки ибодатҳояшро ба ҷо меовард. Он вақт Расулуллоҳ (с.а.с.) амр намуд, то модари Алкамаро наздаш биёранд. Модари Алкамаро назди Расулуллоҳ (с.а.с.) оварданд. Расулуллоҳ (с.а.с.) аз модари Алкама пурсид:
  - Модар! Аҳволи Алкама чӣ гуна буд? Ибодаташро ба ҷо меовард? Чӣ айбе дошт? Ягон айбе дошт, магар?
Модар ҷавоб дод:
  - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама ибодатҳояшро адо мекард, аммо ман аз ӯ ранҷида будам. Ҳамсарашро аз ман боло медонист. Хоҳишҳои маро ба ҷо намеовард.
     Пас, аз шикояти модар, зикр накардани калимаи шаҳодати Алкама маълум шуд. Барои ҳали ин масъала, бояд, ки модар ҳақашро ҳалол бикунад. Модар нияти бахшидани фарзандро надорад. Пайғамбар (с.а.с.) амр кард, то ин ки чӯб биёранд ва оташ зананд. Модар сабаби оташ карданро пурсон шуд. Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуд:
   - Нафаре, ки дили модарашро меранҷонад , осӣ мегардад ва ҷазои он сӯзондан аст. Ӯро бо оташ месӯзонам.
     Дили модар тоқат накард ва гуфт:
    - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.) фарзанди ҷигарпораамро месӯзонӣ?
Расулуллоҳ (с.а.с.):
    - Албатту месӯзонам, зеро ту ҳам то он вақте, ки ҳақатро ҳалол накунӣ дар ҷаҳаннам месӯзад. Пеш аз он, ман месӯзонам.
Модар:
   - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Ман ҳақамро ҳалол кардам.
Расулуллоҳ (с.а.с.):
    - Рафта бубинед, ки аҳволи Алкама дар чӣ ҳолат аст?
Рафта омаданду чунин гуфтанд:
    - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама калима шаҳодатро зикр дорад.
         Бале, Алкама калимаи шаҳодатро такрор ба такрор бигуфту рӯҳашро таслим кард.
                                     *** 

   Набояд фаромӯш кард, ки пас аз ибодату итоати Аллоҳ Таъоло, итоат ба волидайн меояд. Аллоҳ Таъоло дар сураи Исра ояти 23 фармудааст:
 "Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. Ҳаргиз ба сӯи волидайн «уф» магӯ. Ҳаргиз зикр макун, ки аз хизмати волидайн хаста шудаӣ."
   Баъзе аз бузургон аз қабили Увайси Қаранӣ аз оиладоршавӣ канора ҷӯст, зеро андешаи онро кард, ки шояд аз сабаби ҳамсарам дар эҳтироми модарам костагӣ меорам.