суббота, 9 марта 2013 г.

Ҳақи модар

         Дар замони ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) саҳобае бо исми Алкама буд, ки дар ибодат машҳур буд. Бистарӣ шуд. Саломатияш хуб набуд. Рӯзе аз Алкама хабар омад. Вазъи саломатии Алкама лаҳза ба лаҳза вазнин мешуд, аммо рӯҳашро таслим карда наметавонист. Калимаи шаҳодатро зикр кардан барояш душвор буд. Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳолати маънавии Алкамаро аз саҳобаҳо пурсид. Саҳобаҳо ҷавоб доданд, ки ибодатҳояшро ба ҷо меовард. Он вақт Расулуллоҳ (с.а.с.) амр намуд, то модари Алкамаро наздаш биёранд. Модари Алкамаро назди Расулуллоҳ (с.а.с.) оварданд. Расулуллоҳ (с.а.с.) аз модари Алкама пурсид:
  - Модар! Аҳволи Алкама чӣ гуна буд? Ибодаташро ба ҷо меовард? Чӣ айбе дошт? Ягон айбе дошт, магар?
Модар ҷавоб дод:
  - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама ибодатҳояшро адо мекард, аммо ман аз ӯ ранҷида будам. Ҳамсарашро аз ман боло медонист. Хоҳишҳои маро ба ҷо намеовард.
     Пас, аз шикояти модар, зикр накардани калимаи шаҳодати Алкама маълум шуд. Барои ҳали ин масъала, бояд, ки модар ҳақашро ҳалол бикунад. Модар нияти бахшидани фарзандро надорад. Пайғамбар (с.а.с.) амр кард, то ин ки чӯб биёранд ва оташ зананд. Модар сабаби оташ карданро пурсон шуд. Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуд:
   - Нафаре, ки дили модарашро меранҷонад , осӣ мегардад ва ҷазои он сӯзондан аст. Ӯро бо оташ месӯзонам.
     Дили модар тоқат накард ва гуфт:
    - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.) фарзанди ҷигарпораамро месӯзонӣ?
Расулуллоҳ (с.а.с.):
    - Албатту месӯзонам, зеро ту ҳам то он вақте, ки ҳақатро ҳалол накунӣ дар ҷаҳаннам месӯзад. Пеш аз он, ман месӯзонам.
Модар:
   - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Ман ҳақамро ҳалол кардам.
Расулуллоҳ (с.а.с.):
    - Рафта бубинед, ки аҳволи Алкама дар чӣ ҳолат аст?
Рафта омаданду чунин гуфтанд:
    - Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама калима шаҳодатро зикр дорад.
         Бале, Алкама калимаи шаҳодатро такрор ба такрор бигуфту рӯҳашро таслим кард.
                                     *** 

   Набояд фаромӯш кард, ки пас аз ибодату итоати Аллоҳ Таъоло, итоат ба волидайн меояд. Аллоҳ Таъоло дар сураи Исра ояти 23 фармудааст:
 "Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. Ҳаргиз ба сӯи волидайн «уф» магӯ. Ҳаргиз зикр макун, ки аз хизмати волидайн хаста шудаӣ."
   Баъзе аз бузургон аз қабили Увайси Қаранӣ аз оиладоршавӣ канора ҷӯст, зеро андешаи онро кард, ки шояд аз сабаби ҳамсарам дар эҳтироми модарам костагӣ меорам.

Комментариев нет:

Отправить комментарий