воскресенье, 24 февраля 2013 г.

ОШУФТАГИ (Абдулкодири Рахим)


            
Ман садоямро дар ин шахри гарибони шумо гум карда будам, дуст
Як садои пур зи тарсу пур зи ларзу пур зи андухи чавониро,
Офтоб он ранги берангии худро бо нишастанхо бахо мекард,
Мохтоб аз пушти абре шарх меовард рухи зиндагониро.

Модаре як тифли гирёни дигарро сина медод аз парешони,
Хохаре мечуст сарбанди базебашро зи боги бенишонихо,
Пешпои чои нон аз рузгори талх мешуд кисмати мардум,
Руи оханге ба санге рах галат мекард аз дил беравонихо.

Оби чу афсонахои хушксолиро зи пиндори замон мехонд.
Бод дар реги биёбон накш мебаст оху шеванхои райхонро.
Оташ аз деги кудуратхо сиях мегашту сар мекуфт бо хасти,
Хок аз бишкастани ойина мебахшид мавчи руи инсонро.

Бо пари кохе шумори бекаси дар хеш мепечид аз охе,
Хандаро чашми намакдон бахш мекард аз тихидасти сари хоне,
Омаданро пушти рафтан бод медоданд бе як хирмане бе вакт,
Аз гумон афсона гул мекард руи шохае бо хасрати чоне.

Шаш чихат иншогари як расми нодонии инсон буд бо сарди,
Киштае аз пуштае бо номи руйидан ба шавке буи борон дошт.
Дос бо уфтодагихо занг мебасту ба занге кар хамешуд гуш,
Мургаке дар лона пинхон аз барои рузии боронии худ дон дошт.

Хотири чамъе ба расвоии дунё рашк мебурд аз сари девор,
Хор дар хукми гули навруста чавлонгохи худро бурда аз ёд.
Мерахид ошуфтаги аз нагмаи сози гадои бекасу куй,
Баргаке мехост дар подоши буданхои худ аз руи рохе дод.

Ман садоямро дар ин шахри гарибони шумо гум карда будам, дуст,
Бегумон имруз ёдаш аз найистони Худо охиста меояд,
Рахраве бо чархаи як пирзан харфи надоматро хамеборад,
Чархи гардон кист то фахмад, ки хуршеди дигарро боз мезояд. 
     

Комментариев нет:

Отправить комментарий