воскресенье, 10 февраля 2013 г.

Вафо ба аҳд

Вафо дар аҳде, ки қасосро аз байн бурд. Киссаи зебое дар аҳди Умари Форуқ (р)
Ду ҷавоне назди халифаи мусалмонон Умар ибни Хаттоб (р) омаданд.Умар (р) низ дар девони кориаш қарор дошт. Ин ду ҷавон бо худ як мардеро меоварданд ва аз либосу чеҳраи он мард маълум буд,ки марди бодиянишине ҳаст.Ин мардро назди Халифа қарор доданд ва Халифа пурсид ин киаст ?
Ду ҷавон чунин гуфтанд: "Эй Амирулмуъминин ин мард кушандаи падари мост"
Амирулмуъминин пурсид: "Оё кушта
ӣ  падари ин дуро?"
Он мард гуфт: "Бале куштам падарашонро"
Амирулмуъминин пурсид : "Чи гуна ӯро к
ӯштӣ?"
Он мард гуфт: "Падари ин ду ҷавон писар бо уштураш дохили замини зироъатии ман шуд ва ман ҳарчи барояш гуфтам дохил нашав гапи маро гӯш накард дар ин ҳангом ман сангеро гирифтам ва ба сӯяш партоб кардам,ки он санг дар сараш хурд ва аз болои уштураш ба замин афтод ва мурд"
Амирулмуъминин гуфт: "Қасос яъне кушта хоҳи шуд"
Бале хонандаи гиромӣ ин ҳукм муъаян аст кушти бояд кушта шави зеро ин қасос аст қонунест аз ҷониби Аллоҳ таъолост. Инчунин Умар (р) ҳаргиз намепурсиданд,ки ин мард аз кадом қабила аст ва аз кадом оила ҳаст оё оилаи ин қотил шахсони бо обрӯе ҳастанд мумкин иҷрои ҳукм оилаашро мехезонад. Бале танҳо барои Умар (р) татбиқи қонун буд нисбати ҷинояткор на фикри дигаре агар қотил писараш мебуд ончи дар шаръи Аллоҳ ва қонуни Ӯ омадааст анҷомаш медод ва татбиқаш мекард.
Мард гуфт: "Эй Амирул муъминин аз шумо як чиз мепурсам яъне савганд мехурам ба ҳаққи он Аллоҳе,ки Осмонҳоро бардоштааст ва заминро фарох намудааст маро якшаб иҷозат бидеҳ то равам ба назди ҳамсару фарзандонам ва хабарашон кунам,ки ман иртикоби қатл шудаам ва маро бояд Амирулмуъминин ба қатл бирасонад.Савганд ба Худо оила ва атфоли ман касе надоранд хуронанда ва нигоҳубин кунандае ба ҷуз ман.
Амирулмуъминин чунин гуфт: " Ки туро замонат медиҳад,ки мерави ба назди хонаводаат ва дубора бар мегарди?"
Ин ҳангом ҳама хомӯш гаштанд зеро касе намешинохтанд ин мардро ҳатто намедонистанд номашро ва на қабилаашро ва на хонаашро. Чигӯна чунин шахсро касе замонат медиҳад,ки дубора бар мегардад барои кушта шудан ва ё татбиқи ҷазояш.Зеро ин замонат даҳ динор ё замин ёуштуре набуд ин замонати ҷон ва ё ҳаёт буд.Инчунин ки дар татбиқи қонун ва подоши ҷазо бо Умари Форуқ (р) баҳс мекард ва ё кафил мешуд то он иҷро нашавад.Ҳама асҳоб хомӯш буданд ва Форуқ (р) ба фикр фурӯ рафт агар ҳоло ҳукмро ба ҳолати иҷро дарорам оилаи ин мард аз гуруснаги мемиранд. Агар иҷозати рафтанаш бидиҳам равад ва дубора бар нагардад. Ин ҳангом қасос иҷро намегардад ва хуни кушта шуда бар ҳадар рафтааст.
Амирулмуъминин ба ин ду ҷавон писар гуфт: "Оё мебахшед ин мардро?"
Он ду ҷавон бо исрор чунин мегуфтанд: " Эй Амирул муъминин ҳаргиз намебахшем ин мардро шахсе падарамонро куштаст бояд кушта шавад"
Амирулмуъминин боз хитоб ба мардум намуда чунин гуфт : "Ки кафолат мекунад ин мардро охирон пурсиши ман аст аз шумо эй мардум ва ҳозирин"
Ин ҳаногом Абузари Ғифорӣ (р) аз ҷояш баланд шуд бо он муйи сафедаш ва Сидқу, тақвову зуҳдаш чунин гуфт : " Ман кафолат мекунам ин мардро эй Амирулмуъминин"
Амирулмуъминин Гуфт : "Ҳушёр бош Абузар ин қотил аст"
Абузари Ғифорӣ (р) Гуфт : "Агарчӣ қотилҳам бошад"
Амирулмуъминин пурсид :"Оё мешиносӣ ин мардро?"
Абузари Ғифорӣ (р) Гуфт : "Намешиносамаш"
Амирулмуъминин Гуфт:"Пас чигуна кафолат мекуни шахсеро,ки намешиноси ӯро?"
Абузари Ғифорӣ(р) Гуфт: "Дар чеҳраи ин мард сифоти шахси муъмин намудор ва дар ҳаракоташ татбиқи онро мушоҳида мекунам ва аз ин ҷиҳат медонам,ки дурӯғ намегуяд ва дубора бар мегардад барои иҷрои ҳукмаш ки марг аст"
Амирулмуъминин Гуфт: "Эй Абузар оё гумон мекунӣ ин мард агар бар нагардад то се рӯз ман туро ором мегузорам ва ин ҳукмро иҷро намекунам!"
Абузари Ғифори Гуфт: "Худованд кумак кунанда аст эй Амирулмуъминин бар мо"
Марди қотил шитофт ба сӯйи хонааш ва Амирулмуъминин барояш се рӯз муҳлат дод то дар ин се рӯз худро омода кунад барои иҷрои ҳукм. Бо оилааш хайру хуш намӯда ончи метавонад барои зиндагиашон омода намояд.Дубора ба назди мо бар гард то қасосро ба ҳукми иҷро дароваранд.
Аз миён се рӯз гузашт вале Умари Форуқ (р) фаромӯш накардааст рӯзи ваъда шударо.Дуруст дар ҳамон рӯзи ваъда шуда ҳангоми намози аср намози ҷомеъ эълон намӯд Умари Форуқ (р) дар мадина ва он ду ҷавони падарашон кушта шуда низ ҳозир шуданд.Мардум ҳама ҷамъ омаданд инчунин Абузари Ғифорӣ (р) низ ҳозир гардид ва назди Амирулмуъминин нишаст ва Умар (р) чунин пурсид: "Куҷоаст он мард"
Абузари Ғифорӣ чунин гуфт : "Намедонам куҷост"
Ин ҳангом Абузар (р) ба сӯйи осмон нигоҳ кард ва офтобро дид,ки на мисли ҳамеша рӯ ба ғуруб буд балке тезтар гӯё аз одати ҳарвақтааш мойил ба ғуруб аст . Яъне татбиқ ва ё иҷрои қонун амри муҳим буд ва бояд он иҷро шавад бидуни қайду шарте. Инчунин тамоми асҳоб ҳама хомӯш буданд аз ончи мегузашт ва ҳама мунтазир буданд чи хоҳад шуд.Дурӯст аст Абузари Ғифорӣ (р) дар дили Умар (р) маъво дошт ва аз ҷойгоҳи волое низ бархурдор буд. Вале ин ҷо масъалаи иҷрои ҳукм ва татбиқи қонуни шариъат аст бо ин бози карда намешавад ва дар он восита ва чизе аз дунё наметавонад ҷойи татбиқашро бигирад.Ҳама бо шуъур ва асабҳои чира хомӯш буданд,ки қабл аз ғурӯби офтоб ба чанд лаҳзае он мард ҳозир гардид дар назди ҳама ҷамъ омадагоне,ки мунтазираш буданд. Чун Амирулмуъминин дид мардро дар ҳол такбир гуфт "Аллоҳуакбар" ва ҳама ҳозирин ҳам такбир гуфтанд.
Амирулмуъминин хитоб ба он мард кард ва чунин гуфт: "Эй мард агар ту дар он бодияат (саҳрои зиндагони мекардаат) мебуди ва намеомади мо ҳаргиз намедонистем ҷову макони туро"
Он мард гуфт: "Эй Амирулмуъминин ман ҳаргиз аз шумо наметарсам балке метарсам аз он зоти поке,ки донандаи тамоми асрор аст аз Ӯ чизе пинҳон намемонад.Ана ман Эй Амирул муъминин дар пеши шумо қарор дорам. Фарзандонамро мисли чуҷаҳои паранда гузоштам на обе доштанд ва на сояи дарахте ҳаст дар он бодия (саҳро) барояшон .Вале омадам то кушташавам аз он тарсидам,ки мегуянд мардум: "Вафо аз миён рафтааст ва аҳду паймонҳам ҳамчунин нест касеро".
Инҳангом Амирулмуъминин аз Абузари Ғифорӣ (р) пурсид: "Азбарои чӣ кафили ин марди ношинос шуди"
Абузари Ғифорӣ (р) Гуфт : "Ман аз он тарсидам,ки ин мард мегуфт неки ва хайр аз мардум дур шудааст"
Ин ҳангом Амирулмуъминин аз ҷояш бархост ва ба ин ду ҷавон гуфт: "Чи чизро мехоҳед эй соҳибони хун чикор кунем бо ин мард?"
Ду писар дар ҳолате,ки мегиристанд чунин гуфтанд : "Бахшидем ин мардро Эй Амирулмуъминин аз барои он,ки мегуянд: "Афву бахшиш аз миёни мардум дур шудааст"
Ин ҳангом Амирулмуъминин такбири баланде гуфт : "Аллоҳу акбар" ва ашкҳояш бар рухсораҳояш ва бар риши муборакашон равон буд...
Воқеъан қиссаи ҷолибе буд Худо подоши неке ато кунад бар ин ду ҷавон писар барои Афву бахшишашон.
-Худованд подоши хубе ато кунад бар Абузари Ғафорӣ (р) он рӯзе,ки аз ин мард мушкилоташро фаҳмид ва онро бо кафолаташ муҳлат дод дар ҳоле,ки намешинохт онро.
- Худованд подоши неке ато кунад бар он мард,ки ончи ваъда кардабуд бар аҳдаш ва паймонаш истодагари намуда сидқашро нишон дод.
-Худованд подоши неке ато кунад Амирулмуъминин Умари Форуқ (р) барои барпо кардани адлу раҳмат бар муъминин ва раъияташ.
Яке аз муҳаддисин чунин мегуяд:"Савганд ба он Худованде,ки ҷони ман дар дасти Ӯст. Ба таҳқиқ дафн карда шудааст саъодат имон ва ислом дар кафани Умари Форуқ (р)."

Комментариев нет:

Отправить комментарий