суббота, 9 февраля 2013 г.

Ниёиш (Абдулкодири Рахим)


Шеърро афсурдатар аз ман ки мегуяд,
Дар шабе, ки бори миннат пуштхоро мекунад хам,
Корвон хам бас парешон з-осмонхо хоб мебинад.
Офтоб аз як ситора мекашад бар ру
Чодари мотам.

Ашк аз ранге ба ранге хонабардуш аст,
Аз нафасхо хастагиро мекунам эхсос дар худ,
Нолаам гумноми дарди бекасихо мешавад то руз,
Мохтоб ойинадори мекунад бо ох,
То чи буд ин буд.

Даст бар хам мезанад он бевафо ёрам,
Ман садоро бо намакхо шуста будам дар сурогаш,
Номахоро пештар аз зиндагиам сухт у бо дард,
Ин замон аз шамъи мурда худ чи мечуяд?
Рохати догаш?

Хоб аз чашмони ман рахти сафар баста,
Модарам бо он чигарбандони беномаш ба хоб аст,
Илм аз гахвора то гур об зад рохи марову рафт,
Давлати гумгаштае дорам намечуям,
Баски ноёб аст.

Шура аз деворхои хонаам хандад,
Шури чамъият чи ором инкилобе мекунад боз,
Шурбахтиам бахоре дораду нозад ба гул кардан?
Рузи борони ки меояд? Ки дорам ман?
Бидхадам овоз.

Ру ба руи сояам доги маломатхост,
Гамгусорон аз бихишти ёдхо афсона гуянд,
Мургакон белонаву бедона монда мераванд имшаб,
Дар заминам ман намедонам чи коридам,
Лолахо руянд.

Обу хок аз боду оташ дар гурез омад,
Нотавонихо шикастанро нигохи тоза доданд,
Бо калам бечоранолихои найро чун кунам ман, чун?
Дар сиёхи мондаам монандаи як гунг,
Хам табам зоданд.

Бо чахон дорам хисобе дар нихони худ,
Бо замон як даста гулро армугон бидхам зимистон,
Ончунон ки омадам, эй кош мерафтам ба нодони,
Зиндаги хуни чигар шояд намегардид
Инчунин осон.

Буи хокистар расад хам аз дарахти пир,
Нозхои кудакиам дар кучо гунчад аз ин пас?
Раъша дар чони чавонам омадан дорад, ки рафтан не,
Бенавоиро чи ранге мекунам пинхон?
То набинад кас.

Ришта менозад ба чашмони гирах ин дам,
Кафш механдад ба рохи пушти сузанхои шоир,
Об гардидан сари як хайрати ойина орад мавч,
Хок гардидан ба Корунам кунад таъбир
Бо дами сохир.

Шеърро афсурдатар аз ман ки мегуяд,
Дар шабе, ки бори миннат пуштхоро мекунад хам,
Корвон хам бас парешон з-осмонхо хоб мебинад.
Офтоб аз омаданхо хун хамегиряд
Дар сарои гам.
 (Ин шеърро муаллиф ба бехтарин дусту бародараш - Рустам Абдуллоев бахшидааст.) Аз китоби "Чароги рушнои". Душанбе 1996

Комментариев нет:

Отправить комментарий