четверг, 23 ноября 2017 г.

Боварӣ


Ҳамаашро нағз дар ёд дорам. Наврас будаму хонандаи мактаб. Соли 1992 буд. Дар кишвар бародар муқобили бародар сангар андохт ва силоҳ ҳоким шуд. Тарс ҳама ҷо ва ҳама касро фаро гирифта буд. Кишварро хавфи парокандагӣ таҳдид мекард ва умеду орзуҳо аз ҳама чиз канда шуда буд. Меҳр намонд. Садоқат рафт. Навмедӣ ва ояндаи норӯшан дар чеҳраҳо намудор буд. Ба ёд дорам, вақте нооромиҳо буд, мо ки бача будем, мегуфтанд, дар Хучанд бояд намояндаҳои халқ иҷлосия гузаронанд ва ҷангро хотима диҳанд. Аммо, боварӣ кам буд ва ноумедӣ буд ва тасаввураш ҳам мушкил буд, ки силоҳдорон оё мегузошта бошанд? Аммо, иҷлосия баргузор шуд ва ба бахти ин миллати бузург, ин кишвари худоназаркарда, марде, ки дар чеҳрааш нур буду дар қалбаш муҳаббату садоқати ин Ватан – Эмомалӣ Раҳмонов, намояндаи халқ ба раисии Шӯро интихоб карда шуд. Аввалин суханонаш то ҳанӯз  дар гӯшам ҳаст, ки аз ойинаи нилгун тамошо мекардем: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам.» Оре, матонат дар гуфтораш буд ва бо ҳарорат, бо садоқат ҳарф мезад. Ман, ки наврас ҳам будам, одаму оламро дуруст мешинохтаму дарк мекардам ва баъди ин сухан дӯсташ доштам. Чун падар, чун бародар, чун нафаре, ки дидани чеҳрааш аз ойинаи нилгун бароям фараҳ меовард.
Падарамро ҳам ба ёдам ҳаст, ки баъди суханрониҳо ва интихобаш ба раисии Шӯро, гуфт: «Шукри Худо! Иншоаллоҳ ҳамааш хуб мешавад. Эмомалӣ аз чеҳрааш маълум аст, ки худодод аст ва метавонад мардуми кишварро дубора даври ҳам ҷамъ оварад.»
Соли 1995 буд ва ба Душанбе омадаму донишҷӯ шудам. Ҳанӯз ҳам дар ҳар гӯшаи кишвар силоҳдорон буданд, аммо пойтахт хело оромтар буд. Ва аз он замон, чун дигар шаҳрвандони кишвар, қадам ба қадам шоҳиди сулҳу оромӣ, пешравӣ ва ободонӣ шудам. Ва то ҳанӯз ҳам шоҳидем.
Ба расмаш назар мекунам ва дар чеҳрааш осудагӣ ва оромиро дарк мекунам. Боварӣ дорад ба худ ва ба ояндаи неки кишвар. Ман ҳам бо диданаш дар худ оромиро эҳсос мекунам ва мушкилиҳои хурди рӯзгорамро фаромӯш мекунам. Чун медонам, ки ҳамааш хуб хоҳад шуд. Чун ӯ Президенти кишвар ва Президенти ман аст!
Рӯзи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муборак бод!
Орзу Раҳимов

Комментариев нет:

Отправить комментарий