понедельник, 27 июня 2011 г.

Маро фаромӯш накунед

"
Рӯзе падар дар утоқи худ ба шиддат саргарми кор ва машғули баррасӣ ва танзими қарору мулоқотҳояш буд, то андозае ки вақте духтарчааш ба ӯ наздик шуд, аз омадани ӯ хабар наёфт. Духтарча пас аз каме сукут гуфт:

- Падарҷон, чӣ кор мекунед?

- Духтарҷон, қарору мулоқотҳоямро дар болои дафтари кориам менависам, то фаромӯш накунам.

- Падарҷон, оё номи ман ҳам дар он дафтар ҳаст"?

Дуруст аст, ки мо одамҳо он қадар худамонро саргарми зиндагӣ мекунем, ки хелеҳоро фаромӯш мекунем. Ин дунёи бузург он қадар машғулият ва кор барои мо метарошад, ки воқеан бузургтарин ва наздиктарин зотро фаромӯш мекунем.

Худо моро наёфарида, то мо он қадар худро саргарми зиндагӣ кунем, ки ҳатто фурсат наёбем бо ӯ ду калима ҳарф бизанем. Худо мехоҳад то ҳадди ақал чанд дақиқае аз рӯз бо мо сӯҳбат бикунад. Мутмаиннан, агар ҳамаи мо садои Худоро мешунидем, ҳоло бароямон мегуфт: "Оё номи ман ҳам дар он дафтари кориат ҳаст, ё на"?

Бо орзуи он ки аввалин ном дар дафтари кории рӯзонаи мо, номи Худо бошад.

"РИСОЛАТ"

Комментариев нет:

Отправить комментарий