среда, 29 июня 2011 г.

Ишқи ту хушо, чу қасди хунрез кунад,
Ҷон аз қафаси колаби ман хез кунад.
Кофар бошад, ки бо лаби чун шакарат,
Имкони гунаҳ ёбаду парҳез кунад. (Мавлави)
* * * * * * * * * * * *
Сафар кардам, ба ҳар шаҳре давидам,
Чу шаҳри ишқ ман шаҳре надидам.
Надонистам аз аввал қадри он шаҳр,
Зи нодонӣ басе гурбат кашидам.
Раҳо кардам чунон шакарситонӣ,
Чу ҳайвон ҳар гиёҳе мечаридам.
Пиёзу гандано чун қавми Мусо,
Чаро бар ман вусулӣ баргузидам?
Ба гайри ишқ овози дуҳул буд,
Ҳар овозе, ки дар олам шунидам.
Аз он бонги дуҳул аз олами кул,
Бад-ин дунёи фонӣ уфтидам.
Миёни ҷонҳо ҷони муҷаррад,
Чу дил бепару бе по мепаридам.
Аз он бода, ки лутфу ханда бахшад,
Чу гул бе ҳалқу бе лаб мечашидам.
Нидо омад зи ишқ: эй ҷон сафар кун!
Ки ман меҳнатсарое офаридам.
Басе гуфтам, ки ман он ҷо нахоҳам,
Басе нолидаму ҷома даридам.
Чунон-к акнун зи рафтан мегурезам,
Аз он ҷо омадан ҳам мерамидам.
Бигуфт: эй ҷон бирав ҳар ҷо, ки бошӣ,
Ки ман наздик чун ҳаблул-варидам.
Фусун карду маро бас ишваҳо дод,
Фусуну ишваи ӯро харидам.
Зи роҳам бурду в-он гоҳам ба раҳ кард,
Гар аз раҳ менарафтам, мераҳидам.
Бигӯям чун расӣ он чо валекин,
Қалам бишкаст, чун ин ҷо расидам.


Комментариев нет:

Отправить комментарий