вторник, 10 января 2012 г.

Ҳоло чаро? (Газале аз Шаҳриёр)

Омадӣ, ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро?
Бевафо, ҳоло ки ман афтодаам аз по чаро?
Нӯшдоруиву баъд аз марги Сӯҳроб омадӣ,
Сангдил, ин зудтар мехостӣ ҳоло чаро?
Умри моро мӯҳлати имрӯзу фардои ту нест,
Ман ки як имрӯз меҳмони туам, фардо чаро?
Нозанино, мо ба нози ту ҷавонӣ додаем,
Дигар акнун бо ҷавонон ноз кун, бо мо чаро?
Ваҳ, ки бо ин умрҳои кӯтаҳи беэътибор,
Ин ҳама ғофил шудан аз чун мане шайдо чаро?
Шӯри Фарҳодам ба пурсиш сар ба зер афканда буд,
Эй лаби Ширин, ҷавоби талхи сарболо чаро?
Эй шаби ҳиҷрон, ки як дам дар ту чашми ман нахуфт,
Ин қадар бо бахти хоболуди ман ло-ло чаро?
Осмон чун ҷамъи муштоқон парешон мекунад,
Дар шигифтам ман, намебошад зи ҳам дунё чаро?
Дар хазони ҳаҷри гул, эй булбули табъи ҳазин,
Хомӯшӣ, шарти вафодорӣ бувад ғавғо чаро?
Шаҳриёро, бе ҳабиби худ намекардӣ сафар,
Ин сафар роҳи қиёмат меравӣ танҳо чаро?

Комментариев нет:

Отправить комментарий