пятница, 17 августа 2012 г.

Рамазон рафт


Иди Рамазон имрӯз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад ҷӯем дар роҳи муроди хеш,
Бӯе ба машом омад, аз боди сабо табрик.
 *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *  *
Афсус, ки айёми шарифи рамазон рафт,
Си ид ба якбораги аз дасти чахон рафт.
Фарёд, ки си пораи ин мохи муборак,
Аз даст ба як бор чу авроки хазон рафт.
Шуд зеру забар чун сафи мижгон сафи тоат,
Шерозаи чамъияти бедордилон рафт.
Бекадрии мо нашавад фош ба олам,
Мохе, ки шаби Кадр дар у буд нихон, рафт.
Бархост тамиз аз башару соири хайвон,
Он руз, ки ин мохи муборак зи миён рафт.
Бо комати чун тир дар ин маърака омад,
Аз бори гунах бо кади монанди камон рафт.
Бардошт зи души хама кас бори гунахро,
Чун бод сабук омаду чун кух гарон рафт.
Чун ашки гайюрон ба саропардаи мижгон,
Дер омаду зуд аз назари ахли чахон рафт.
То оташи чуъи рамазон чехра барафрухт,
Аз номаи аъмол сиёхи чу духон рафт.
Аз рафтани Яъкуб наравад бар дили Соиб,
Он чи, ки ба Соиб зи видои Рамазон рафт.

Комментариев нет:

Отправить комментарий