понедельник, 13 мая 2013 г.

Достони њаќиќї ва аљиб дар мавриди писари љавоне, ки аз дохили ќабр барои дўстонаш е-майл мефиристод


     Шайх Муњаммад Арифї ингуна њикоят мекунад:
       Шахси љавоне наздам омаду гуфт: Эй шайх! Яке аз дўстонам, ки дар интернет мањорати комил дошт, рўзе вориди сайте мешавад, ки хоси аксњои занњои урён буд. Ин шахс барои муддати панљ сол дар ин сайт узв мешавад дар ивази пардохти 500 доллар, ба ў њар њафта аз љониби соњибони ин сайт як файли пур аз аксњои занњои урён ба сурати автоматї барояш е-майл мешуд.
   Њар ваќт, ки аксњои наве ба дасташ мерасид, ў он аксњоро дар мобайлаш мегузошт ва чун бо дўстонаш менишаст, аксњоро ба онњо нишон медод. Дўстонаш ба ў мегуфтанд: Бањ-бањ, чї аксњои зебое… Мо њам мисли ин аксњоро мехоњем… Бояд чї кор кунем, ки барои мо њам ин аксњо фиристода шавад?
   Ў љавоб дод: Ќимати ин аксњо 500 доллар аст.
    Онњо гуфтанд: Хуб, мушкил нест, ту адреси сайтро ба мо бидењ, мо худамон пулро пардохт мекунем ва ин осон аст.
     Ў љавоб дод: На, ман ба шумо кумак мекунам, ки пулњоятонро нигањ доред. Њар як аз шумо е-майли худро ба ман бидињад, ваќте ки аксњо ба дасти ман расид, ман онњоро барои шумо хоњам фиристод.
     Гуфтанд: Бисёр олї аст.
     Онњо е-майли худу дўстонашонро ба ў доданд ва ў онњоро дохили сафњаи е-майли худ намуд. Чун њар гоњ, ки аксњо барои ў тавассути е-майл фиристода  мешуд, ба сурати автоматї барои наздик ба 50,60 ва ё 100 е-майли дигар мефиристод.
     Њар гоњ, ки ин шахс бо дўстонаш менишастанд, гўё, ки Ќудсро фатњ карда бошанд, ба ў мегуфтанд: Эй бародар, мошоаллоњ бар ту!  Ин њафта аксњое, ки ба дастамон расид, бисёр олї буданд ва аљиб аст, ки ту чї гуна ин корро анљом медињї ва дигару дигар тавсиф мекарданд. Ва ў аз ин таърифу тавсифњо бисёр хушњол мешуд.
    Дўсташ гуфт: Шаш моњ аз ин миён гузашт, то ин ки њодисае барои ин шахс рўх дод ва ў вафот кард. Мо бар љанозаи ў намоз хондем ва ўро дафн намудем. Баъд аз муддате, ваќте ки е-майлњоямро хабар мегирифтам, дидам, ки дубора паёме аз њамон дўсти фавтшудаам расида аст.  Ваќте, ки онро боз намудам, дидам, ки њамон аксњои урён аст. Бо худ гуфтам: Мумкин аст, ин ро пеш фиристода бошад ва ман мутаваљљењи он нашуда бошам. Ва паноњ бурдам ба  Аллоњ таъоло аз шарри Шайтони раљим ва онњоро пок намудам. Њафтаи баъдї ваќте, ки дубора е-майламро кушодам, як файли нави дигаре аз он дўстам барои ман фиристода шуда буд ва ин дар њоле буд, ки ў дар ќабраш буд. Ваќте ки файлро кушодам, дубора њамон аксњои урён. Фањмидам, ки дўстам е-майлњои моро ба таври автоматї ќарор дода ,ки мањзи расидани файлњо ба е-майли ўбарои мо низ фиристода мешуд. Барои њамин ман дар паёме ба адреси веб-сайти мазкур навиштам, ки фиристодани е-майл барои ин шахсро мутаваќќиф намоед, ки ин шахс мурдааст. Посух доданд ,ки рамзи сабти иштироки ўро дар сайт барои мо бифирист, то мо мутаваќќиф кунем. Гуфтам, ки ман намедонам. Љавоб доданд, ки дар ин сурат 4-у ним соли дигари иштироки ў  боќї мондааст.
    Ин шахс идома дод:  Эй шайх! Дар њоли њозир ду соли ин кор мегузарад ва ин е-майлњо њар њафта барои ману тамоми дўстонам фиристода мешавад.
Шайх Арифї: Аллоњ субњонању ва таъоло мефармояд: Инно нањну нуњйил-мавто ва нактубу мо ќаддаму ва осорањум ва кулла шайин ањсайноњу фї имомин мубин (Сураи Ёсин, ояти ) – Мо худамон мурдагонро зинда мекунем ва чизњоеро, ки дар дунё (пешопеш фиристодаанд ва) корњоеро, ки кардаанд. Ва њамчунин (чизњоеро, ки) дар он (барљой нињоданд) ва корњое, ки накардаанд, сабту забт мекунем ва (менависем. Ва мо њама чизро дар китоби ошкор) Лавњул-мањфуз (саршуморї менамоем ва менигорем.) Пас эй хоњарон ва бародарон, ман шуморо даъват мекунам ба амри маъруф ва нањйи аз мункар. Агар мункареро дидед, бо даст љилуяшро бигиред ва агар натавонистед, бо забонатон ва агар натавонистед бо дуо кардан. Ва бидонед, ки сабаби мусибат ва бало, ки ба сари умматњо меояд, сабабгораш тарки амр ба маъруф ва нањй аз мункар аст. Ваќте, ки асари ангуштат дар ислом ба сабт расид, бар шумо вољиб мегардад, агар наметавонед бо даст пешашро бигиред, лоаќал бо забонатон бигўед: Аз Худо битарс! Ва ин аксњоро аз мобайлат пок кун. Бародар инњо њаром аст, ту розї мешавї, ки хоњару модарат ва ё духтарат аксњои ингуна дошта бошанд ва мардум дар мобайлашон сабт кунанду нигоњ кунанд? Бародар аз Худо битарс!
    Хоњару бародарони гиромї! Аз амри маъруфу нањйи мункар ѓофил мабошед, зеро ин масъала њамон мисоли киштї аст, ки Паямбар (с) фармудаанд: Гурўње машѓули сўрох кардани он њастанд. Агар биншинеду фаќат нигоњ кунед, шумо низ бо он киштї ѓарќ хоњед шуд. Он киштї ин дунёст ва мо њама саворони онем. Магзоред, ки гурўње ба хотири гурўњи дигар дар ин киштї ѓарќ шуда ва дучори мусибат гарданд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий