пятница, 17 мая 2013 г.

Ман ҳам дилаки фигор дорам


Гуфтӣ, ки якат дусад шавад, дӯст,
Ҷоно, бинигар, ҳазор дорам.
Бархезу биё ба хона ин дам,
Ман ҳам дилаки фигор дорам.
Азиз Раҳим шаҳодатномаи хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъро баробари дигар ҳамсинфонаш 25 августи соли 1955 гирифтааст. Ин вақт ӯ 14 сол дошт. Дар шарҳи он мегуфт: "Шаҳодатномаи хатмро махсус сари вақт намедоданд, то аз деҳа набароем ва дар пахтазор кор кунем".
Бо вуҷуди ин ӯ ва се нафари дигарро Амони тракторчӣ ба Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ меорад. Сироҷӣ, директори вақти ин муассисаи таълимӣ, ба онҳо мегӯяд: "Дер омадед". Аммо чун ҳузну ноумедии довталабонро дар ваҷоҳаташон мебинад, изҳор медорад: "Майлаш, ба тариқи истисно аз шумо имтиҳон мегирем. Агар баҳои аълоро сазовор шавед, қабулатон мекунем".
Азиз Раҳим ёдовар мешуд: "Пушаймон гардидам, аз ин ки имтиҳонҳоро бо баҳои аъло ҷамъбаст намудам. Охир, ҳамроҳонам ба деҳа баргаштанд ва ман дар ҷои ношинос танҳо мондам.
Пас аз чанд рӯзи таҳсил моро ба ҷамъоварии пахта бурданд. Хурсанд шудам. Аз ҳисоби меҳнатамон хӯрокамон медоданд. Ва баъди анҷоми ин маърака соҳиби миқдоре пул шудам. Ба бозор рафтам. Либос харидаму кулоҳу пойафзол. Дар оинаи автобус чун худро дидам, ба риққат омадам ва гиристам, бе овозу бо алам гиристам. Пирмарде ин ҳолро дида пурсид: "Писарам, чаро мегирйӣ?". Посух додам: "Не, бобо, гиря намекунам, ҳамин хел яке оби чашмам худ ба худ рафт". Аммо пирмарди рӯзгордида магар ба ин дурӯғ бовар мекард? Не. Аз ин рӯ, гуфт: "Не, писарам, ту гиристӣ, бо алам гиристӣ. Метавонӣ ба ман бигӯӣ, ки барои чӣ гиристӣ?". Гуфтам: "Ятимам, бе падару бе модарам. Аз роҳи дур барои таҳсил омадаам. Бори аввал аз пули худам, аз пули меҳнатам либос, кулоҳу пойафзол харидам. Чун худамро дар ин либос дидам, нашинохтам, ҳеҷ бовар накардам, ки ин манам, мани ятим".
Аввалин шеърҳояшро дар ҳамин даврон, дар ҳамин муассисаи таълимӣ навиштааст. Шеъру афсонаҳои халқиро низ дар ин айём ҷамъ меовард ва барои чоп ба рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (ҳоло "Анбоз") мефиристод.
- Пас аз чопи афсонаи "Бойи золим ва кали зирак" аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, аз номи шодравон Раҷаб Амонов, ба номи маъмурияти коллеҷ нома омад. Устод дар номааш маро таърифу тавсиф намуда, хоҳиш мекард, ки барои ошноӣ ва ҳамкорӣ ба наздаш биоям. Ва рафтам. Бо маслиҳату хидмати устод афсонаву латифа, рубоиву дубайтиҳои зиёди мардуми Кӯлобро ҷамъ овардаму супоридам. Пас аз ин буд, ки асрори зиндагиро бештар омӯхтам, ба дунёи зебои эҷод роҳ ёфтам, ба армонҳои миллат ошно гардидам, - мегуфт Азиз Раҳим.
Борҳо устодони шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Саидҷон Ҳакимзода ва нависандагони шинохта Карим Давлат, Неъматуллои Худойбахш гуфтаанд: "Мо дар пояи Азиз Раҳим нафареро пайдо накардаем, ки эҷоди шифоҳии мардумро бисёр хуб бидонаду ширину таъсирбахш ба шунаванда бирасонад". Эҷоди шифоҳӣ ва зиндагии мардум дар шеъри ӯ асари зиёд дорад:
Сандалвори вори вор,
Болотаракам барор.
Маро ту бар само бар,
Назди ситораҳо бар.
"Хурӯс ва офтоб", "Ғук ва моҳӣ", "Шутурмурғ", "Гурги нодон", "Рӯбоҳ чӣ сон мулло шуд", "Малахаки худписанд" қиссаву афсонаҳои назмии ӯ мебошанд, ки дар таъсири эҷоди шифоҳии мардум навиштааст.
Азиз Раҳим коллеҷро бо дипломи сурх хатм намуд ва бо роҳхат таҳсилро дар Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Москва идома дод.
Пас аз хатми донишкада, яъне соли 1962, он замон, ки 21 сол дошт, мудири шуъбаи маданият ва кинои ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) таъйин мешавад.
Баъд дар ноҳияи Восеъ дар ин вазифа ва дигар вазифаҳои ҳизбӣ, дар Вазорати корҳои дохилӣ фаъолиятро идома медиҳад. Аз соли 1974 то соли 1989 мудири шуъбаи кинои вилояти Кӯлоб буд. Аз соли 1989 ба ҳайси мудири шуъбаи маданият ва кинои ноҳияи Восеъ, сардори шуъбаи коммуналии шаҳри Кӯлоб, муовини раиси хоҷагии коммуналии вилояти Хатлон, раиси хоҷагии коммуналии шаҳри Қурғонтеппа, сардори Раёсати кинои  Тоҷикистон, раиси кинопрокати ҷумҳуриявӣ, мушовири ректор ва мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолият кардааст. Табиби мардумӣ буд. Қариб ҳамаи асарҳои тиббии Абуалӣ ибни Синоро азёд медонист. Дар бораи гиёҳҳо ва хусусияти давоиашон маълумоти зиёд дошт. Аз онҳо доруҳо тайёр мекард.
Аммо ҳеҷ вазифаву мансабу дороӣ дилбастагии ӯро аз шеъру эҷод канда натавонист. Бо аҳли эҷод муносибату муҳаббати хоса дошт.
Шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ чор сол пештар аз ин бо ёдоварӣ аз ӯ навишта буд: "Симои Азиз Раҳим, ин инсони хушгӯю хушлаҳнро ба ёд овардан барои ман мисли он аст, ки офтоб мебинам ва дар боғу чаман гулҳои ҳазорранги навшукуфтаро тамошо мекунам.
Намедонам, ман барои ӯ ягон қадре доштам ё не, вале дидани ӯ барои ман олам-олам хурсандӣ мебахшид. Табассумаш аз вуҷудам ҳамаи нохушиҳоро ба якборагӣ барҳам мезад. Бо лутфи малеҳу овози баланд чун "усто-о-од" мегуфт, ботин куҷо, ки дунёи ман моломоли фараҳ мегашт. Ва ӯро дӯст надоштан берун аз қудрати ман буд. Беҳад дӯсташ медоштаму ҳурматашро ба ҷо меовардам".
Дар эҷоди шеърҳои кӯдакона устоду раҳнамояш шодравон Убайд Раҷаб буд. Аз рӯи муҳаббате, ки ба ӯ ва ашъораш дошт, барои таълифи рисолаи илмиаш мавзуи "Ҷанбаҳои ахлоқии шеъри Убайд Раҷаб"-ро пешниҳод намуд ва баъди тасдиқи он ба пажӯҳиш машғул гардид.
Соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон шуд. Китобҳояш бо номҳои "Қатраҳо" (1989), "Моҳқоқу" (1991), "Ширмоҳи нав баромад" (1991), "Бахтнома" (1993), "Меҳрнома" (1996), "Расми вафо" (2005), "Нигоҳи меҳр" (2007), "Тақдирнома" (2009) ба табъ расидаанд.
Шеъраш зебову пурмуҳтаво ва содаву равон аст. Ба дил зуд роҳ меёбад. Аз он ба осонӣ як инсони саропо меҳр, мушфиқ, ғамхор, ҷӯянда, андешаманд ва дӯстдори зиндагиро пеши назар овардану дидан мумкин аст.
Гули сари сабади маҳфилҳо буд. Дили софу дасти кушода дошт. Некӣ мекард, ёрӣ медод ва дигаронро низ ба он ҳидоят менамуд.
13 июни соли 2008 баногаҳ оламро падруд гуфт. Маргаш марги муфоҷо буд. Ба он неру ва муҳаббате, ки ба зиндагӣ дошт, ҳама мегуфт, ки беш аз сад сол умр мебинад.
Ҷисмашро ба гӯристони деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ супурданд, аммо "ҷону хирад сӯи самовот бурд". Ӯ худ чанд сол пеш ба ёди ин сафари дуру дароз аз гурез гуфтаву дар ҷамъ гуфтааст, то ба он асрор зуд пай набарем:
Бо ин дили шикаста зи дунё гурехтем,
Савдои фитна буду зи савдо гурехтем.
Ин ҷо, зи зери хок суроғам гирифтаӣ,
Болотарак, зи авҷи Сурайё гурехтем.
Ошӯби рӯзгор дар имрӯз шуд ниҳон,
Бо ҷилваҳои тоза ба фардо гурехтем.
То санги кӯдакон ба сару пои мо расид,
Бе оҳу нола, бе сару бе по гурехтем...
Ва ҳам:
Бинӣ, ки ба ханда ҷони ширин
Чун аз сари сидқ месупорам.
А. АБДУЛҲАМИД http://www.jumhuriyat.tj/

Комментариев нет:

Отправить комментарий