четверг, 23 февраля 2012 г.

Гули сиёҳгўш-муждаи баҳори зебо!

Ҳанўз хам бо вуҷуди он, ки моҳи феврал ба охир расида истодааст, сардиҳо ҳукмфармост. Ва ҳанўз ҳам ҳама ҷо пури барфу замин яхбаста аст.
Ин зимистон сард омад ва писараки гулфурўш, ки порсол гули сиёҳгўш мефурўхт, аз тиреза ба беруни пур аз барф ва ҳавои сард менигарад ва оҳ мекашаду зери лаб мегўяд:
- Худоё, тезтар офтоби гармак барояду барфҳо об шаванд ва гули сиёҳгўш рўяду чун шодиёна дастагуле ба даст рўи роҳи одамон биистам…
Ман низ ба дуои писарак ҳамроҳ мешаваму интизории роҳи омаданашро дорам, вале... Ҳанўз охир сардӣ ҳукмрон асту гўиё ҳеҷ фикри рафтан надорад. Ҳанўз офтоб гоҳ-гоҳе аз пушти абрҳои сафеди сарди зимистонӣ дуздида менигарад ва қасди берун омаданро надорад. Вале умед ба баҳор, ки рўзҳои башуморе мондааст, дар ин сардиҳои зимистон дилро гармӣ мебахшаду фараҳ.
Бо ин ҳама ба дидори гули сиёҳгўш, ки пайки баҳори зебову гулпўш аст, умед мебандам, зеро танҳо гули сиёҳгўш аст, ки муждаи гулҳои баҳориро меорад ва хабар аз рўзҳои офто
бии баҳорро медиҳад.

1 комментарий:

  1. Рузи якшанбе вакте аз деха бармегаштам, мошин ба рохи агбаи Шар-Шару Чормагзак рох пеш гирифт. Тасодуфан дар як баланди, дар агбаи Чормагзак матори мошин чизе шуд ва барои чанд дакикае аз мошин фаромадем. Ба канори рох рафтам ва АЧАБ манзараеро дидам. Кад-кади дара, дар нишебии кух гулхо сиёхгуш катор истода буданд. Замони бачаги, ки гулчини мерафтем ба ёд омад ва хам бахри хамсару духтаронам як кабза гули сиёхгуш чидам!!! Хело лаззатбахш буд чидану ба машом кашидани гули навчидаи сиёхгуш. Аз он гулхо ба чида хамрох ба Душанбе овардем ва ба гулдони обдор гузоштем, то хонаамон низ буи гули сиёхгушро эхсос кунад. Духтари калониам Румайсо, ки дар синфи якум мехонад, як дастагуле бахри муаллимаашон ба мактаб бурд. Чи тухфаи зебое бахри устодаш такдим кард.

    ОтветитьУдалить