пятница, 2 марта 2012 г.

Бедори (Абдулкодири Рахим)


Имшаб чирог мурд,
Афсона гул накард.
Андух пушти хотира биншаст то ба руз,
Хамрохи созу суз,
Махтоб чилвахои нигори маро фурухт,
Абри сиёх гуфт:
О вах, кй дог бурд?
Парвона гул накард?
Хайрат чавобро зи рухи оина зудуд.

Имшаб чирог мурд,
Барге шикасту рехт,
Бас ашки як дарахт нигахро ба бод дод
Дар олами ниход.
Бечора марди номабари ёр чон супурд,
Мурге ба нола гуфт:
Дунё чи хоки гурбати моро гариб бехт?
Ларзид шишаам зи паси пардаи сафед.

Имшаб чирог мурд,
Девор ранг бохт,
Аз соя мехр рахти сафар баст то ба мехр
Болотар аз сипехр,
Андешаро бахори тараб дар гулу шикаст,
Борон паём дод:
Дилро рахо кунанд,
Худро бахо кунанд.
Фарёд з-ин паём рахи хонаро шинохт.

Имшаб чирог мурд
Дар хам садо назод.
Кафш интизори омаданамро бахона кард,
Ёд аз замона кард,
Ман кибларо зи руи сиёхи шинохтам,
Бо гиряхои тифл,
Бо хандахои мард,
Аммо ба обу ранг рахе ошно набуд.

Имшаб чирог мурд,
Рашк ошикона рафт.
Дил дода буд субх ба зангии бенажод,
То рузи адлу дод.
Соат зи бистучори Худо биступанч шуд,
Хохони ранч шуд,
Хохони ганч шуд,
Хоб аз нигохи мори сиях офтоб зод.

Комментариев нет:

Отправить комментарий