понедельник, 26 марта 2012 г.

Газали зебо аз Фахриддини Ироқӣ

Зи ду дида хун фишонам, зи ғамат шаби ҷудоӣ,
Чи кунам, ки ҳаст инҳо гули хайри ошноӣ.
Ҳама шаб ниҳодаам сар, чу сагон бар остонат,
Ки рақиб дарнаёяд ба баҳонаи гадоӣ.
Мижаҳову чашми ёрам ба назар чунон намояд, 

Ки миёни сунбулистон чарад оҳуи хитоӣ.
Дари гулситони чашмам зи чӣ рӯ ҳамеша боз аст?
Ба умеди он ки шояд ту ба чашми ман дароӣ.
Сари барги гул надорам ба чӣ рӯ равам ба гулшан?
Ки шунидаам зи гулҳо ҳама бӯи бевафоӣ.
Ба кадом мазҳаб аст ин? Ба кадом миллат аст ин?
Ки кушанд ошиқеро, ки ту ошиқам чароӣ?
Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам раҳам надоданд,
Ки буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона оӣ?
Ба қиморхона рафтам, ҳама покбоз дидам,
Чу ба савмаъа расидам, ҳама зоҳиди риёӣ.
Дари дайр мезадам ман, ки яке зи дар даромад,
Ки даро, даро, Ироқӣ, ки ту хос аз они моӣ.

 (Фахриддини  Ироқӣ )

Комментариев нет:

Отправить комментарий