четверг, 22 марта 2012 г.

Мо чӣ кадар фақир ҳастем

Мо чӣ кадар фақир ҳастем.
Рӯзе як марди сарватманд писарбачаи хурдашро ба деҳаи дуре бурд, то ба ӯ нишон диҳад, мардуме, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, чӣ қадар фақир хастанд. Он ду нафар дар як хонаи фақиронаи деҳотие як шабонарӯз меҳмон шуданд. Ҳангоми бозгашт ва дар поёни сафар мард аз писараш пурсид:
- Назарат дар мавриди ин сафарамон чӣ гуна буд?
Писар чавоб дод:
- Олӣ буд падар!
Падар гуфт:
- Оё ба тарзи зиндагии онҳо таваҷҷӯҳ кардӣ?
Писар посух дод:
- Бале падар!
Ва падар пурсид:
- Чӣ чизе аз он сафар ёд гирифтӣ?
Писар каме андеша карду баъд оромона гуфт:
- Фаҳмидам, ки мо дар хона як саг дорем, онҳо бошанд, чорто доранд. Мо дар ҳавлиамон як фаввора дорем, онхо бошанд, як рӯдхонае доранд, ки охир надорад. Мо дар ҳавлиамон фонусҳои зебдиҳандае дорем, аммо онҳо ситорагонро доранд. Ҳавлии мо бо деворҳояш тамом мешавад, аммо боғи онхо поёнаш нопайдост!
Бо шунидани ҳарфҳои писар, забони падар банд монда буд. Писарак илова кард:
- Хело миннатдорам, падар! Ту ба ман нишон додӣ, ки мо чӣ қадар фақир ҳастем...

Комментариев нет:

Отправить комментарий