среда, 21 марта 2012 г.

Вафо ва муҳаббати комил

Пирамарде субҳи барвакт аз хона берун шуд. Дар роҳ тасодуфан як автомобиле ба ӯ бархӯрд кард ва пирамард бар асари ин садама осеб бардошт. Роҳгузароне, ки аз он роҳ мегузаштанд, шитобон давида ӯро ба наздиктарин беморхонаи таъҷилӣ бурданд. Табибон аввал захмҳои пирамардро даво карда бастанд ва чун захмаш сабук буд, гуфтанд:
- Бояд туро хубтар муоина карда шавад, то мабодо ягон ҷойи даруни баданатон осеб дида бошад. Аз ин сабаб, як-ду рӯзе дар бемористон бихобед.
Пирамард ғамгин шуду гуфт:
- Бисёр саросемаам, бояд оҷилан биравам. Ва ҳам ниёзе ба аксбардории рентгениву хоб кардан надорам.
Табибон сабаби ин кадар саросема буданашро пурсиданд. Пирамард гуфт:
-Занам дар хонаи солмандон аст. Ҳар субҳ он чо меравам ва субҳонаро бо ӯ мехӯрам. Намехоҳам, ки дер монам.
Табибе гуфт:
- Худамон ба ӯ хабар медиҳем.
Пирамард бо андӯх гуфт:
- Хеле мутаассифам. Ӯ бемории фаромӯшии хотира дорад. Чизеро аз гуфтаҳоятон пай нахоҳад бурд.. Ҳатто маро ҳам намешиносад.
Табаб бо ҳайрат гуфт:
- Вакте, ки намедонад шумо ки ҳастед, чаро ҳар рӯз субҳ барои бо ӯ субҳона намудан наздаш меравед?
Пирамард бо садои гирифта, ба оромӣ гуфт:
- Аммо ман медонам, ки ӯ ҳамсари ман аст...

Комментариев нет:

Отправить комментарий